Главная / Гуногун / ТУЛЎЪ ДАР ҒУРУБ (Ҳикоя)

ТУЛЎЪ ДАР ҒУРУБ (Ҳикоя)

– Модарҷон!.. Омад…

Аз ин нидо, ки булўри сукутро пора-пора месозад, модар як қад мепарад. Дилаш ҷиғғас мезанад ва биму хатар аз гулўяш мегирад. Сипас ба худ мепечаду ҳаросон сар ба рўи писар хам карда, бо тарсу таҳлуқа мепурсад:

– Чӣ гуфтӣ, ҷонакам? Кӣ омад?

– Падарам омад, – чеҳраи писар кушодатар мегардад, чашмонаш гўё лахчавор медурахшанд. – Падарам.

Аз ин ҳарфи ногаҳонии писар тамоми аъзои бадани модар меларзад, набзаш якбора ба талотум меояд. Ба ў чунин менамояд, ки гўё нафасаш қатъ мегардад. Баъд баданаш суст мешавад, безобитаву бесаранҷом зуд-зуд мижа зада мепурсад:

– Падарат омад?.. Канӣ ў?

priroda-rassvet-solnce

Писар сўи тиреза ишора мекунад:

– Ҳў-у, ана, ана.

Модар оҳи сабук мекашад:

– Вай чанор аст, ҷонакам, чанор.

Писар лабони парсинбастаашро лесида, нафаси чуқуре мекашаду даме хомўш меистад. Сипас дар ҳоле, ки чашм аз модар намеканд, боз ба сухан меояд:

– Падари ман ҳам мисли чанор аст… Чанори бузург.

Дили модар аз яъс сих мезанад. Бўғз гулўяшро бўғӣ мекунад. Лаб зери дандон мекашад, ашк марҷонвор рўи рухсораҳояш мерезад.

– Ман барои шумо сиҳат мешавам, модарҷон!

Ин суханон рўҳи модарро бардошта, умед мебахшад: ҷигарбандаш сиҳат мешавад. Сиҳат мешавад!

Оре, ў сиҳат мешавад!

Печидахаёл сўяш бо меҳр нигоҳ мекунад.

Ўро мехононад, хонадор мекунад. Духтареро келин мекунад, ки Вафо дўсташ дорад. Тўйи калон мекунад, ҳеҷ чизро дареғ намедорад. Шаби тўйи ҷигарбандаш ҳамаи армонҳои дилашро мешиканад. Армонҳое, ки дар дили худ дошту нашикаста монд. Охир, дар насиби ў тўю тамошо набудааст…

Нолиши писар ўро ба худ меорад. Ду бари рўи Вафо лолагун, гўё ду нони нав аз танўр канда шуда. Модар кафи даст ба пешонаи писар мегузорад. Ин дам дари палата оҳиста кушода шуда, ҳамшираи мавзунқомати малламўю бодомчашми хандонрўй медарояд.

– Тафс кардааст? – оҳиста мепурсад ҳамшира.

Оҳи сўзоне мекашад Нозанин ва ба тасдиқ сар меҷунбонад. Ҳамшира ҳарорати Вафоро месанҷад. Нўги сутунчаи симоби сурх таги рақами чил қарор дошт. Ин ҳамшираро ба изтироб меорад. Вай зуд ба тани Вафо дору мегузаронад. Лаҳзае пас модар боз каф ба пешонаи писар мегузорад.

– Табаш фаромад, – оҳи сабук мекашад. – Шукр.

Гули чеҳраи ҳамшира аз нав мешукуфад.

Мижгонҳои писар хам хўрда-хам хўрда, оқибат ба ҳам мепечанд. Модар оҳиста дасташро аз пешонаи ў мегирад. Ва ҳамзамон хаёлаш чун мурғи нимбисмил дар ҳастиаш метапад.

“Ёди падар сабаби хурўҷи дард бошад?” – ин андеша чун нештар ба дилаш мехалад. Дили озордидааш бештар дар озор монда, бо дарду алам оҳи сўзоне мекашад. Ва таҷанг шуда, боз ба худ суол медиҳад: “Фоли бад бошад?” Вале аз ин савол дилаш якбора ҳарос мекашад. Ва зуд бо қалби пуризтироб ба илтиҷо меояд: “Худоё, аз андешаҳои бад нигоҳ дор!”

Ин дам зоғе паси тиреза менишинад ва ба қар-қар медарояд. Гўё аз ғаму андўҳи Нозанин завқ мебурд ва табли шодӣ мезад. Нозанин ба зоғ нигоҳи нафратомезе афканда: “Чӣ мехоҳӣ, шумхабар?!” – гўён, назди тиреза меравад. Зоғ тарсида мепараду аз назари ў ғайб мезанад.

Ў оҳи бадарде кашида, ба осмони нопайдоканор чашм медўзад. Аз ҷониби қибла абрҳои тираи боронӣ ҳуҷум карда меомад. Дам ба дам шамол шиддат гирифта, гиёҳу баргҳои хушкро ба ҳар сў пош медод.

– Ҳа-а, поёни умри гулу гиёҳ ҳама хору хас аст, – бо дарду алам худ ба худ мегўяд Нозанин. – Аммо баҳор боз аз нав эҳё мешаванд.

Яъси гароне пахшаш мекунад, оҳи сўзоне мекашаду таҳи дил менолад:

 “ – Қисмато, сад неш бар ҷонам задӣ, боз аз ман чӣ мехоҳӣ?!”

Аз шиддати дилтангӣ лабашро газида, пешонаашро турш мекунад ва ба сукут меравад. Имрўз бисту дуюми декабр, ибтидои зимистон, кўтоҳтарин рўзу дарозтарин шаб.

Вақти ғуруби хуршед расид ва бояд бинишинад. Он гоҳ торикӣ меояду зулмат ҳукмрон мегардад.

Оҳ, ин шаби тори дарозро чӣ тавр ба рўз мерасонад?! Охир, имшаб чун ҳама шаб нест! Ҳа, ба ҷуз дарозӣ боз ёди гузашта ўро азият хоҳад дод.

Шаб фаромада, шаҳрро ба оғўш мегирад. Ҳазору як фикру хаёли ҳавлангез тез-тез аз хотири модар мегузашт.

Паси тиреза саге уллос мекашад. Уллоси саг дили Нозанинро мехарошад. Оҳи сарду дардомезе кашида, бо овози ларзон мегўяд:.

– Чӣ нола дорӣ, эй ҷонвари безабон?

Саг бо ҳузни зиёд менолад.

Ин дам ҳамшира ба палата медарояд ва ба тани абгори Вафо сўзан мезанад. Аз озори сўзан Вафо дардомез нолиш мекунад.

– Шуд, шуд ҷонакам, – ҷои сўзанро молиш дода мегўяд ҳамшира. – Тамом.

Барои модар аз дарди худаш дида дарди фарзандаш ҷонкоҳтар будааст. Модар лаб зери дандон кашида, дилаш сўхта хокистар мешавад. Ҳамшира бо меҳрубонӣ ба чашмони маҳзуни Нозанин менигараду бо тамкин лаб ба сухани тасалло мекушояд:

– Тани гарм бе дард не, мегўянд. Ин қадар ғам нахўред, апаҷон. Дард меҳмон аст, мегузарад. Дард меояд кўҳ воре, мебарояд мў воре.

– Кошкӣ, хоҳарҷон! Дар забони ширинат бимирам…

Давоми суханаш ногуфта мемонад. Чунки духтараке тозон омада хабар медиҳад, ки аҳволи беморе бад гашта. Ҳамшира саросема бадар меравад.

Саг аз нолидан мемонад. Вафо ҳам ором мегирад. Модар ду чашм аз ў намеканад.

Торикӣ торафт бештар шаҳрро фаро мегирифт. Ситораҳо беранг менамуданд. Гўё онҳоро ҳам ғаму ғусса фаро гирифта бошад. Нозанин гушнагӣ ҳис мекунад, дастурхон мекушояд, вале аз гулўяш чизе намегузарад. Ногоҳ Вафо лаб мелесаду чашмонаш нимво мегардад.

– Ягон чӣ мехоҳӣ, ҷонакам? – дарҳол мепурсад модар.

– Не, – пичиррос мезанад Вафо ва боз чашмонашро оҳиста мепўшад.

Писар ғарқ аст ба хоб. Ин хоб ширин аст ё талх, модар намедонад. Ба ҳар ҳол хоби ороми писар ҳарос аз дили ў рабуда, каме мадор мебахшад. Як оҳи чуқур кашида, чои кайҳо хунукшудаи пиёларо ба гулдони сафолӣ мерезад. Аз термос чои гарм рехта, ду-се қулт сўзон-сўзон менўшад. Дарро бесадо кушода, назди ҳамшира меравад.

– Китоби шавқовар аст? – мароқ зоҳир мекунад Нозанин.

– Ҳа, хеле ҷолиб аст, – бо оҳанги дўстона ҷавоб медиҳад ҳамшира. – Романи устод Фазлиддин Муҳаммадиев “Палатаи кунҷакӣ”. Китоби ноёб. Аз як шиносам илтимос карда гирифтам.

Нозанин ба ў рўй оварда, бо оҳанги тавалло мегўяд:

pdf– Ба ман ҳам медиҳед, хонам.

Ҳамшира ба чеҳраи коҳида ва чашмони фурўрафтаи ў бо меҳрубонӣ нигариста, бо тамкин мегўяд:

Давомаш Борбардори намудан >>>

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …