Главная / Гуногун / ТИРУ КАМОН (Ҳикоя)

ТИРУ КАМОН (Ҳикоя)

Он рўз ў якбора чанд сол калонтар шуд.

Гўё дар як он ба воя расид.

Кўдак рафту болиғ баргашт.

Хандон, беғам, бедарду алам рафту гирёну ғамзада, бо дарду алам омад.

Сарфарозу сарболо, бо рўи сурх аз дар баромаду сархам бо рўи чун пахта сап-сафед аз дар даромад.

Гуноҳи падар агарчи заҳр набуд, дар дили босафои ў захм гузошт.

Гавҳар пас аз рўбучини хона хост сари дарзаш нишинад. Аммо касе ин азми ўро боздошт.

– Комрон!?

tiru-kamonКомрон фаҳмид, ки хато кард: бояд дар кўча мегашт, ҳам вақтро мегузаронд, ҳам худро ором мекард. Вай ба падараш чорчашма нигарист, аммо ба рўи модараш нигариста натавонист. Гўё гуноҳро падараш нею ў содир карда бошад.

Мехкўб, гунгу кар, сараш хам, дида ба замин.

Модараш ҳайратзада, ду чашм ба ў, дилаш дар такопў.

– Ҷони ширин, ба ту чӣ шуд?! Чаро сўям нигоҳ намекунӣ?!

Овози тарсолуди модар ўро ба худ овард. Ташвишу таҳлуқаи модарро дарк намуд. Бояд чизе бигўяд, модарашро ором кунад. Аммо ҷоғҳояш сахт ба ҳам часпидаанд. Танҳо садои тапиши дилаш мебарояд. Вай лаб мегазад, ки тапиши дилашро боздорад. Аммо дилаш баландтар садо медиҳад.

– Чаро баргаштӣ?

Ҷавоби ин савол гарон аст, мехоҳад модараш дар ин бора чизе напурсад. Ба чашмҳои модараш наменигарад. Модараш ҳассос аст, дарди ниҳонии ўро аз қаъри чашмонаш хонданаш мумкин. Кўшид аққалан худро хушҳол бигирад. Лекин ин ба ў муяссар нагашт. Охир, чӣ тавр мешавад, ки якбора гўё ҳеҷ воқеае нашуда бошад, аз ғам ба шодӣ гузарӣ?

– Моҳтоби шаби торам! Дар қошу чашми зебоят садқа! Бигў, чӣ шуд? Чаро гап намезанӣ? – илтиҷо мекард модар.

Ў ҳамоно мехкўб, ёрои гап задан надошт.

Модар панҷаҳои нарму мулоими худро ба сари писараш бурд, сила кард, навозиш намуд.

– Ё тобат… э, не, не… гўр забонам шавад. Тавба! Ман чиҳо мегўям?

Вай боз ҳам мехкўб, сархам, дида ба замин.

– Ё… ё бо ягон духтарак-а?

Модар ба захми аз падар расида намакоб чаконд. Дили аз ҳасрат моломолаш якбора тагурў шуд. Хорӣ гулўгираш кард.

– Чӣ-ӣ? – вай якбора ба забон омаду гирён шуд. Ва тозон ба хонаи хобаш рафт. Модар аз пасаш омад. Дар рў ба рўяш дикак нишаст.

– Бубахш, ҷони ширин. Шўхӣ кардам, ба худо, ки шўхӣ… – гуфт модар ва гап дар даҳонашу гиря дар гулўяш дармонд. – Охир чӣ шуд?… Бигў… дилам мекафад?!

Дилаш ба модараш сўхт, раҳмаш омад. Дигар хомўшӣ маънӣ надошт. Ва ў ба забон омад:

– Не, не , ҳиҷ чӣ…

– Дурўғ нагў.

Вале ў бори аввал дурўғ гуфт.

– Тренерамон касал, – гуфт ў бо як азоб ва бо чунин овози гирифта, ки худаш ҳам овозашро базўр шинохт.

– Ҳа-а, – оҳи сабук кашид модараш ва ба чашмонаш нигариста, тасаллояш дод: – Ғам нахўр, писарам. Хайр, ҳеҷ гап не. Тани гарм бе дард не, мегўянд. Дард меҳмон меояду меравад.

– Рост? – худро хурсанд вонамуд карда, зўракӣ табассум кард Комрон. – Сиҳат мешаванд?

– Ҳа, дарди бедармон нест, – хотирҷамъ кард ўро модараш ва худаш ҳам таскин ёфту аз пешонаи писараш бўсида, пас гашта ба сари дарз нишаст.

Комрон тез пушаймон шуда, лаб газид, таассуф хўрд. Рўяш алав гирифт. Ба ман чӣ шуд? Чаро ин тур кардам? Чаро дурўғ гуфтам? Ё росташро гўям буд? Не, не, модараш ин зарбаро намебардорад! Атсаи модар ўро ба худ овард. Модараш дурўғро бад мебинад. Дурўғ бе фурўғ аст, мегўяд. Боз як гапи дигар ҳам дорад. Ба ёд оварда натавонист. Назди модараш рафт.

– Оча?

– Лаббай.

– Як гап ҳаст-ку, шумо онро дўст медоред, тез-тез ба забон меоред… Ҳо дар… Ҳа, дурўғи ким-чӣ, беҳ аз рости ким-чӣ…

– “Дурўғи маслиҳатомез, беҳ аз рости фитнаангез”, – табассуми ширин кард модараш.

– Ҳа, ана ҳамин, – гуфт Комрон. – Ҳамин гап гапи кист?

– Ин мақоли халқӣ, ҷони ширин, – ҷавоб дод модараш.

Комрон боз савол дод:

– Халқ хато намекунад-а?

– Не, ҷони ширин, – гуфт модараш. – Хато намекунад.

Вақти модар бениҳоят танг буд. То соати чор бояд куртаро дўхта тайёр кунад. Мавзуна ба зодрўзи дугонааш бояд бо куртаи нав мерафтааст. Маст набошӣ.

Комрон ба тиреза нигарист. Ва ҳамзамон дар чорчўбаи тиреза ҳамон лаҳзаи “Ҷонакам!” – гўён, аз лабони зан бўсаи давомдор ситондани падараш падид омад. Ботинаш ба туғён омад, безобита шуд. “Не, не, ҳеҷ гоҳ!…” Мижа зад. Лавҳаи тиреза гум шуд. Нигоҳашро аз тиреза канда, ноаён ба модараш чашм дўхт. Гесўвонаш сип-сиёҳ, чашмонаш шаҳло, рухсораҳояш гулгун. Лабонаш нафису ёқутранг. Мўи қатрониаш ба рўи сафедаш бисёр мезебад. Вай бори аввал ба чеҳраи модараш дуру дароз чашм дўхт.

“Оҳ, ин қадар зебост модарам!”

Ин дам модараш нигоҳи ўро ҳис карда, сар бардошту табассум намуд. Раддаи дандонҳои садафвор сафеди беҷирм ва зичаш аҷаб зебо тофтанд. Ҳа, модараш зебост, яктост! Кору бор, рафтору гуфтораш ҳам зебост. Дўзанда, пазанда… Воқеан ҳам Гавҳар аст модараш. Пас чаро падараш ба ў хиёнат мекунад? Ҷавоб намеёбад. Аз “чаро” халосӣ надошт. Ва боз ҳамон эҳсоси гарон вуҷудашро пахш кард. Ва худ нафаҳмида монд, ки чӣ тавр баланд “Чаро?!” – гуфта монд.

– Чӣ чаро? – аз кори худ чашм наканда, пурсид модараш.

– А… ҳа… чаро овози мошинаатон ин қадар баланд? Аз шарақ-шарақаш гўши одам кар мешавад.

– Тамоми аъзои бадани ин бечора қоқ шудагӣ, – хандид модараш. – Равған кардан лозим.

– Чаро намекунед? – беихтиёр пурсид Комрон.

– Отат доим “равған меорам” гуфта, ваъда медиҳанду аз ёдашон мебароранд, – гуфт модараш бо табассуми фарох.

Ин суханон чунон самимона садо доданд, ки вуҷуди Комронро ғазаб фаро гирифт. Аммо мўҳри хомўшӣ бар лаб зада, аз кори модараш чашм намеканд.

Ногоҳ модараш аз кор бозистоду суоломез ба Комрон дида дўхт. Ба ў чӣ шуд? Ин хел одат надошт-ку? Бо ў чақ-чақ мекард, ўро механдонд. Вале ҳоло мурғи дилаш гўё мурда буд.

Дили Комрон ба изтироб омад.

Модар ба чашмони ў дида дўхт. Нигоҳаш ҳам тамоман дигар? Чун нигоҳи дигар кўдакон беғаму бепарво не. Дар чашмонаш як андўҳи ба кўдак хос набудае вуҷуд дошт. Аҷабо! Чашмони ўро ҳеҷ гоҳ чунин надида буд. Ё чашмони ў ҳамеша ҳамин хел буду вай аҳамият намедод? Ин ҳолати фарзанд модарро чун насими сард дар баҳор ба ташвиш андохт. Куҷо шуд табассумҳои ширинаш? Куҷо шуд чашмҳои барқпошаш? Ногоҳ чун барқ бетобии тренери писараш ба ёдаш зад.

– Э, ҳуши парешонам дар гўр, – хандид модараш ва тамоман ба кори худ дода шуд. Писарашро фаромўш кард. Комрон фурсатро ғанимат дониста, оҳиста-оҳиста ва бесадо аз наздаш дур шуд.

Офтоб ғайб зад. Хона берангу танг гашт. Комрон худро чун паррандаи дар қафас эҳсос намуд. Хаёлот ўро домангир шуд. Ғамаш якбора фузуд. Дару деворро гўё бо ғаму андўҳ андова кардаанд. Дам ба дам манзараи дидааш ба ёдаш меомаду дилаш такурў мешуд. “Наход, ки падараш… Не, бовар намекунам! – дар дил нидо мекард ў. – Бовар намекунам!” Ва бештар пеши худ ҳайрон мемонд. Магар ин ҳамаро дар хоб дид?

– Не, буд, – баланд гуфт ў худ ба худ. – Бо чашмам дидам, бо гўшам шунидам.

Аз тиреза насимаке ба хона ворид шуда, пардаи ҳарирро алвонҷ медод. Гўё вай ҳам бо забони худ такрор ба такрор “ҳа, буд, буд!” – гўён, садо медод.

Бале ин ҳама хоб не, ҳақиқат буд, ҳақиқати талх.

Вай шоду хушҳол ба машқ мерафт. Нохост чашмаш ба падараш афтид. Вай дар даст гулдастаи калони зебое дошт. Бетоқатона ба чор сў чашм медавонд. Касеро интизор буд. Баногоҳ “Зебо!” – гўён, даст афшонд. Зане сўи ў шитофт. Комрон таққӣ истод. Гўё мехкўбаш карданд. Табассум аз лабонаш парид. Лаҳзае худро гум кард. Ҳайкал шуд… ба худ омад. Хомўшу ноҷунбон, чорчашма ба онҳо менигарист.

Зан беибо худро ба оғўши падараш андохт. Падараш ҳам беибо занро сахт оғўш кард. “Ҷонакам!” – гўён, аз лабонаш бўсаи давомдор ситонид.

Комронро барқ мезанад. Ҳайкал мешавад, ҳайкали сангин. Яке ба худ меояд. Аз нав ҷон мегирад. Бисёр мехост, ки “ота-а-аҷон!” гуфта, фарёд занад. Вале, аз чӣ бошад, нафасаш дар гулў печид.

Падараш. Зани бегона. Бўсу канор.

“Не, не! Боз не! Ин номумкин аст! Ин мард падари ман нест! Падари ман… падари ман…”

Сад афсўс…

Вай мехоҳад чашмонашро пўшад, то ин ҳамаро набинад. Вале чашмонаш пўшида намешаванд ва мебинад, ҳамаашро мебинад.

Падараш бо зани ношинос гўё як ҷону як тан шуда, чун ҷуфти кабутар, парвозкунон назди мошин рафтанд. Падараш саросема дари мошинро кушод, даст пеши бар занро шинонд. Сипас худаш нишаст. Мошин гўё норозиёна ғур-ғур карду роҳӣ шуд. Ва аз худ дуди сиёҳ боқӣ монд. Он ҳам ғоз-ғоз зуд парешон гашт.

Вале Комрон чун саги сари роҳ сарду лолу хомўш меистод. Сару рўяш ғарқи обу арақ шуда, тамоми баданаш чун барги бед меларзид. Ба ў чунин намуд, ки падарашро ҷодугаре бурд. Абадан бурд. Ва ў падараи азизашро бебозгашт аз даст дод. Ва дар ин олами беканор ў монду модари муштипараш. Дигар ҳеҷ кас! Лаҳзае ҳисси ваҳмангез вуҷудашро пахш кард. Рўяш тафс мебаровард, дилаш сахт-сахт зада, нафасаш тангӣ мекард.

– Чӣ шуд, ёрӣ лозим?

Пурсиши марде ўро ба худ овард.

– Не, раҳмат, лозим не, – гуфт ў ва беихтиёр қафо гашт. Ба роҳ рафтан мадор надошт. Сараш чарх зад. Чашмонашро пўшида, лаҳзае истод. Худро ба даст гирифт. Сипас ба роҳ даромад. Пойҳояш дир-дир меларзиданд, зонуҳояш худ ба худ қат шуда, пешпо мехўрд. Ноилоҷ рўи хараки канори роҳ нишаст. Чизе сари синаашро мефушурд. Дар синааш нахустин захм пайдо мешавад. Онро падараш боқӣ гузошт.

Дар як нафас ба тамоми бадани ў тафс давид. Вай ба деворҳои хона чашм давонд. Гўё ки дар онҳо ҷавоб навишта шуда бошад. Наход модари ўро сар дода, ба он зан расад? Он гоҳ модараш бешавҳару ў бепадар мемонад. Аз ин фикр Комрон ба даҳшат афтод. Вуҷудашро ларза фаро гирифт.

Аҷабо, чаро ин ҳодиса рўй дод? Падараш чаро ба он зан дил дод? Модараш чӣ кор кард? Магар аз ў кўтаҳие сар зад? Ҳазору як савол дар сараш чарх мезад, аммо ба ба ҳеҷ кадоме посухе набуд.

Баъд вуҷудашро як эҳсоси шармолуде фаро гирифт. Худашро сарзаниш кард. Вай чиҳо мегўяд? Чаро дар ҳаққи падараш ин хел гумонҳои бадро раво мебинад? Шояд вай зан ҳамкор, ҳамкурс ва ё ҳамсинфаш буд? Ё… хайр, кӣ медонад? Раваду… Не, ў маъшуқааш. Охир “ҷонакам” гуфт-ку, аз лабонаш бўсид-ку?!

Ҳама ҷо сокиту хомўш. Гўё барои андешида, ба қароре омадан лаҳзаи дилхоҳе муҳаё шуда буд. Чӣ бояд кард? Чаро чунин рўзи талху ногувор насибаш гашт? Кошкӣ ба лагер мерафт? Ин ҳамаро намедиду, намесўхт. Не, нағз ки нарафт! Ё ба тақдир тан диҳад? Ба ҳамааш чашм пўшад? Фаромўш кунад? Гўё ҳеҷ чиз набуд? Ё ба модараш гўяд? Вай андеша мекард, ки гўяд ё нагўяд? Гўяд чӣ мешаваду нагўяд чӣ мешавад? Ба кӣ гузашт кунад? Ба падар? Ба модар? О, ин ҷабр ба модар-ку?! Ботинаш ба туғён омад. Безобита гашт. Тарсу ҳарос фарояш гирифт. Вуҷудашро ба ларза овард. Дилаш доғ-доғ сўхт. Ашки сўзон бари рўяш шорид. Ва ғолиб омад эҳсоси фарзандӣ. Дастболо шуд меҳру бузургии модар.

Назди тиреза рафта, ба берун нигарист. Берун торик, чизе наметобад. Дар чорчубаи тиреза ҳамон лаҳзаи “Ҷонакам!” – гўён, аз лабони зан бўсаи давомдор ситондани падараш падид омад. Боз ботинаш ба туғён омад, безобита шуд. “Не, не, ҳеҷ гоҳ!…” Атсаи модар ўро ба худ овард. Мижа зад.         Лавҳаи тиреза гум шуд.

Агар ба касе буғзи дил кафонад, дарду аламаш сабук мешавад. Вале ў ба кӣ дарду ҳасрат кунад? Ин сирро ба ҳеҷ кас гуфта намешавад.

Ў боз ба давру пеш чашм давонд. Аз ҷой бархост. “Аҷиб, ҳозир отам чӣ кор карда истода бошад? – фикр кард ў. – Эҳтимол дар хонаи ҳамон зан бошад. Ҳа, ҳоло ўро оғўш карда, бўсида истодагист…”.

Иқтидори таҳайюли ў аз ин беш кор накард. Ҳар қадар падарашро бо чӣ кор машғул буданашро тасаввур карданӣ шуд, натавонист.

pdfҲа, чора дидан лозим. Лекин чӣ чора?

– Эҳ, агар суратгирак медоштам, сурати онҳоро мегирифтам. Он гоҳ?!. Ҳа, суратгирак ёфтан лозим.

Ва ҳамин вақт зодрўзаш ба ёдаш расиду як андоза хушҳол гашт. Китобро ба пурраги борбардори намуда хонед >>>>>>

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …