Главная / Гуногун / РИСОЛАИ АБӮҲАНИФА БА АБӮМУСЛИМ АЛ-БАТТӢ-ИМОМИ БАСРА

РИСОЛАИ АБӮҲАНИФА БА АБӮМУСЛИМ АЛ-БАТТӢ-ИМОМИ БАСРА

Чаҳорумин рисолае, ки ба афкори фақеҳи кабир ва Имоми шаҳир Ҳазрати Имоми Аъзам (р) мансуб аст, «Рисолаи Абӯҳанифа, ба Абӯмуслим Ал-Баттӣ Имоми Басра» мебошад, ки мисли расойили дигари ӯ, дар илми усули дин ва илми калом нигошта шуда аст.

«Ибни Қутайба, дар «Ал-маориф» менависад:-Усмон Ал-Баттӣ («ба фатҳи» бо «ва ташдиди то») иборат аз Усмон ибни Сулаймон ибни Ҷирмӯз аст ва дар Кӯфа мезист, баъдан ба Басра нуқли макон карда. Вай барда (ғулом) -и озодшудаи Бани Заҳра буд ва фурӯши ҷомаҳои дурушт, ки дар арабӣ онро «бат» гӯянд шуғл меварзид ва бадон мансуб гардид». 47-148.

«Заҳабӣ дар «Ал-Мийзон» нигошта: – Усмон Ал-Баттии Фақеҳ иборат аз Абӯмуслим аст, ки пешвои аҳли дониш ва мавриди эътимод буд. Номи падараш Аслам ва ба қавле Сулаймон аст». 47-148. Ва дар «Ал-Муштабеҳ» чунин омада: «Фақеҳи Басра буд (Имом Ал-Баттӣ) ва дар асри Абӯҳанифа (р) мезист. Ҳафт сол пештар аз Абӯҳанифа (р), дар Басра вафот ёфта ва байни ин ду донишманд мукотиботе низ сурат гирифта, ки аз он ҷумла ба ҷуз ҳамин рисола «Рисолаи Абӯҳанифа ба Абӯмуслим Ал-Баттӣ -Имоми Басра») дар таърих чизе намонда». 47-148.

Ва Таҳовӣ дар «Ихтилофот Ал-уламо», Абӯбакр Ар-Розӣ дар «Мухтасар»- и хеш ва Ибни Ал-Манзар дар «Ал-ашроф» тасреҳ, кардаанд, ки вай дар фиқҳ дорои назариёти хосе буд… 47-148.

Санад ва силсилаи ривоёти рисолаи мазкур чунин аст, ки омада:

Имом Ҳисомуддин Ҳусайн Ибни Алӣ Ибни Ал-Ҳаҷҷоҷи Исфаноқӣ ривоят намуда, аз Ҳофизуддин Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Наср Ал-Бухорӣ Ал-Форсӣ, аз Шамсулаима Муҳаммад ибни Абдуссатор Ал-Кардарӣ, аз Бурҳониддин Абӯлҳасан Алӣ ибни Абӯбакр ибни Абдулҷалил Ал-Марғиёнӣ Ал-Форсӣ, аз Зиёуддин Абӯбакр Муҳаммад ибни Аҳмад Ал-Самарқандӣ Ал-Форсӣ, аз Ибн Ал-Муъин Маймун ибни Муҳаммад Ал-Макҳул Ан-Насафӣ Ал-Форсӣ, аз Абӯзикриё Яҳё ибни Матраф Ал-Балхӣ Ал-Форсӣ, аз Абӯсолеҳ ибн Ал-Ҳусайн Ал-Самарқандӣ Ал-Форсӣ, аз Абӯсаъид Муҳаммад ибни Абӯбакр Ал-Бастӣ, аз Абӯлҳасан Алӣ ибни Аҳмад Ал-Форсӣ, аз Наср ибни Яҳё Ал-Фақеҳ Ал-Форсӣ аз Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Самоъа Ал-Тамимӣ, аз Имом Абӯюсуфи Яъқуб ибни Иброҳим Ал-Ансорӣ, аз Имоми Аъзам Абӯҳанифа (разиаллоҳу анҳу), ки фармуда: «-Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим. Аз Абӯҳанифа ба Усмон Ал-Баттӣ, салом бар ту! Аммо баъд…». 47-148. «Ал-Баттӣ касе аст, ки Имоми Аъзам (р) дар борааш гуфта:

«-Агар   Ал-Баттӣ   маро   дармеёфт   бисёр   ҳарфҳои маро мепазируфт».

Баъдан «Ал-Баттӣ» ба шакли «Ал-набӣ» таҳриф гардид ва байни ҳама ошкор шуд ва душманону бадхоҳони Имоми Аъзам (р) аз он баҳрабардорӣ карданд ва «Ал-набӣ»-ро ҳам ба «Расулаллоҳ» табдил карданд ва ба Имом (р) тӯҳмат бастанд, ки гуфта» – Агар Расули Худо маро дармеёфт, ба бисёр ҳарфҳои ман амал мекард. Ва Хатиби Бағдодӣ, дар «Таърихи Бағдод» (386-400) мегӯяд:

«-Ба мо хабар дод Аҳмад ибни Ҷаъфар ибни Сол, аз Аҳмад ибни Алӣ Ал-Илбор, аз Иброҳим ибни Саъид, аз Маҳҷӯб ибни Мӯсо, ки гуфт аз Юсуф ибни Исбот шунидам, ки Абӯҳанифа гуфта:

«Агар Расули Худо (с) маро дармеёфт, ё ман ӯро дармеёфтам, Ӯ бисёр ҳарфҳои маро мепазируфт». Ва аз Абӯисҳоқ шунидаанд, ки мегуфт: – Ба Абӯҳанифа аз Паёмбар (с) мерасид ва намепазируфт ва бар хилофи он амал мекард.

Аллома Кавсарӣ, аз ҳошияи асли китоби Хатиби Бағдодӣ «Таърихи Бағдод», ки дар «Дор-Ул-кутуб ал-Мисрия», таҳти нумраи 60 маҳфӯз ва ба хати Аллома-Фақеҳ Муҳаммад ибни Маҳмуд Ал-Ҷазоирӣ-Муфтии Искандария навишта шуда, нақл намуда, ки:- Ин ривоят таҳрифи маҳз аст ва ривояти аслӣ чунин аст: -Лав адракнӣ Ал-Баттӣ… сипас калимаи «Ал-Баттӣ», аз ҷониби бадхоҳони Имоми Аъзам (р) ба «Ан-н-набӣ» ва баъдан ба «Расулаллоҳ» табдил шуд ва назири чунин таҳрифот дар кутуби бисёр дида мешавад.

Масалан, дар ҳадисе, ки аслан чунин аст «Аниллоҳи азза ва ҷалл», чунин таҳриф ба амал омада: – Аниллоҳи ан-раҷул.

Хатиби Бағдодӣ изҳори тааҷҷуб намуда мегӯяд:

– Ин мард, ки Худо аз вай ривоят фармуда кист?

Назири чунин таҳрифот бисёр зиёд ба мулоҳиза мерасад. Имкон дорад асли иборати Имоми Аъзам (р) чунин бошад: – Лав адракнӣ Ан-набӣ ал-ахазнӣ бикасира мин қавлӣ. Яъне: – Агар маро Паёмбар (с) дармеёфт, ба бисёр гуфтаҳоям маро мавохаза мекард. Ва аз иборати мазкур мафъул, яъне, (нӣ) ҳазф гардида, гӯё Абӯҳанифа бо ин ҷумла хоста эътироф намояд, ки тамоми назариёти ӯ савоб набуда, балки мумкин аст дар миёни он афкоре мавҷуд бошад, ки агар ба Паёмбар (с) мерасид, онро намепазируфт ва ин эътироф ва нишонаи вараъ (тақво ва парҳезгорӣ) ва парҳезгории Имом аст. Аммо тавҷеҳи аввал қавитар ба назар мерасад, зеро дар ҷои дигар аз Имом нақл шуда, ки фармуда: «-Лав адракнӣ  Ал-Баттӣ ав-адрактал-ахаз бикасира мин қавлӣ. «Яъне:-Агар Ал-Баттӣ маро дармеёфт ва ё ман бо ӯ мулоқот мекардам, аксари гуфтаҳои маро амалӣ мекард». Ва баъд аз он мегӯяд:

«-Ҷуз назарияи нек, ҳеҷ чиз қобили пайравӣ нест». Хатиби Бағдодӣ ин ривоятро дар «Таърихи Бағдод» (ҷилди 13, саҳ 399) чунин нақл карда: – Лав адракнӣ Ал-набӣ (бо алифу лом ва ташдиди нун) ав-адрактал-ахаз бикасири мин қавлӣ ва ҳал ал-лазина иллал ройи ал-аҳсан-Яъне: Ба ҷои «Ал-Баттӣ», Ал-Набӣ («Ан-Набӣ) ва ба ҷои «ал-ройи», «ал-дин» «сад-дин») нақл шуда ва мумкин аст ин таҳриф қасдӣ набуда, балки ба ҳамин шакл ба мулоҳизаи Хатиби Бағдодӣ расида ва ё хатойии котиб, дар китобат шуда, зеро «Ал-Баттӣ» ба осонӣ ба «Ал-Набӣ» («Ан-Набӣ») таҳриф шуда метавонад ва низ калимаи «ал-дин» («ад-дин») метавонад шакли таҳрифшудаи «ал-ройи» («ар-ройи») бошад. зеро «р» агар каме каҷ ва серранг навишта шавад, шакли «д»-и арабиро ба худ мегирад ва «ё» бо «йн» шабоҳати наздик дорад, махсусан расмулхати қадим, ки ғолибан бидуни нуқта навишта мешавад, ба ҳамин асос лафзи «ал-рой» ба «ал-дин» (саҳеҳтари онҳо «ар-рой» ва «ад-дин») таҳриф ва асли иборат чунин аст: Ва ҳал ар-ройи иллар-р-ройи ал-аҳсан (ё худ «илларойил аҳсан»). Чунончи аз ҳикояте, ки Юсуф Ибни Холиди Самитӣ нақл намуда бармеояд, ки мегӯяд: -Назди олими Басра, яъне, Усмон ибни Муслим Ал-Баттӣ ва назди Абӯҳанифа (р) рафтуомад доштам, ки мегуфт:

«-Лав адракнӣ Ал-Баттӣ латарка касиран мин қавлиҳи». Яъне: -Агар Ал-Баттӣ маро дармеёфт, аксари назариёти худро тарк мекард».

«Албатта Имоме, ки андозаи зӯҳду тақво ва побандии ӯро ба шариъат маълумот дорем, мумкин нест, ки ба чизе забон кушояд, ки ба ҷуз зиндиқ аз забони дигаре наметавон шунид. Дар ҳоле, ки худи Имоми Аъзам (р) фармуда:

«-Лаънати Худо бод бар касе, ки аз Паёмбар (с) мухолифат мекунад, ки Худованд моро ба василаи Ӯ (с) каромат бахшида ва аз бадбахтӣ наҷот дода» («Таъниб Ал-Хатиб»-талифи Аллома Кавсарӣ саҳифаи 86 ва «Маноқиби Абӯҳанифа»-таълифи Маккиӣ, ҷилди 2, саҳифаи (102) 47-150.

Хулосаи мӯҳтавиёти рисола, ё худ китоби «Рисолаи Абӯҳанифа ба Абӯмуслим Ал-Баттӣ-Имоми Басра» ба сурати зайл аст, ки ба шарофати таҳқиқотҳои бардавом ва басо собитқадамонаи устоди фозил Иноятуллоҳи Иблоғ-яке аз уламойи донишманди илм ал-калом, дастраси мо гардида.

«Аз равиши ибороти китоб маълум мешавад, ки Имоми Аъзам (р) дар ин рисолаи хеш хоста худро аз ақидаи мурҷиъа (як фирқаи ғулоти шиъа) табраъа (мунзаҳ кардан) намояд ва ба Ал-Баттӣ-Имоми Басра бинависад, ки: «-Агар дар бораи нисбати ин ақида ба вай чизе шунида бошад ба асос аст…».

Имоми Аъзам (р) китоби худро ба баҳси рисолати Паёмбар (с) оғоз мекунад ва мутазаккир мешавад, ки: «-Мардум қабл аз дини мубин ва …. ростини Ислом ва қабл аз буъсат (ангезиш)-и Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) мушрик буданд. Паёмбари бузургвор (с) онҳоро ба Ислом даъват кард, баъдан касоне, ки Исломро пазируфтанд, ба таъмили фаройиз мукаллаф (таклиф) гардиданд». Сипас мавқуфи амалро дар мавриди Ислом бо аҳамият тасдиқу ташреҳ намуда, мехоҳад барои ин ақида, ки:

«Тарки аъмол, сабаби тарки имон намегардад» – Муқаддимае бар он баён кунад, зеро Имон, тасдиқ аз иқрор ва мӯъмини гунаҳгор, ки амали некро тарк намуда ва ба амали бад даст зада, то вақте, ки иқрор ва тасдифо аз даст надода, кофир шуморида намешавад ва кори мӯъмини ғалатрафта ва гунаҳкорро ба Худованд вогузор медонад, ки агар ирода фармояд, ӯро меомӯрзад ва агар хоста бошад азоб мекунад ва дар ин назарияи хеш Имоми Аъзам (р) ба оёти зайл истидлол меварзад:

«Ва ман юъмину биллоҳи ва яъмала солиҳан». (Яъне: «Ва касе, ки ба Худо имон меоварад ва амали нек анҷом медиҳад…».). Ва: «-Иннал-лазина оману ва ъамилус-солиҳот». (Яъне: «-Ба дурустӣ, касоне, ки имон оварда ва амали некӯ анҷом додаанд»).

Оёти мутазаккира имонро аз амал ҷудо пиндошта, бинобар он касе, ки амалро тарк карда, торики тасдиқ нест ва низ чунин «истидлол мекунад:-Оё ин таъбирот дуруст нест, ки: «-Мӯъмини золим, мӯъмини ливотабоз, мӯъмини гунаҳгор, мӯъмини риёкор, мӯъмини зиноъкор, мӯъмини рибоъхор, мӯъмини хатокор, мӯъмини осӣ, мӯъмини ситамкор ва амсоли он?! Ва илова мекунад ки: «-Гумроҳӣ бо имон манофӣ нест» Ва ба ин ояти шариф истидлол мекунад, ки: «Худованд аз қавли Мӯсо (ъалайҳиссалом) ҳикоят фармуда; «-Фаъалатҳо изо ва ано миназ-золлийн». Яъне, «-Ин корро дар ҳоле кардам, ки, аз гумроҳон будам»). Ва писарони Яъқуб (ъалайҳиссалом) ба падари хеш гуфтанд: «-Иннака лафӣ залоликал-қадим». (Яъне: Ба дурустӣ, ту дар гумроҳии қадими худ мебошӣ!»

Ҳамчунон Алӣ (разиаллоҳ ва Умар (разиаллоҳ) ба номи Амиралмӯъминин мулаққаб гардиданд, дар ҳоле, ки мурод аз мӯъмин танҳо мутеъин нест ва низ Алӣ (р) бо мардуми Шом ҷангида, бо он ҳам эшонро мӯъмин номида ва саҳоба (р) бо ҳам ҷанг мекарданд, дар ҳоле, ки ҳарду ҷонибро наметавон ҳақ ба ҷониб шумурд, пас кадом якеро боғӣ метавон гуфт?

Ва дар ҳоле, ки ҳеҷ гуноҳе бузургтар аз қатл ва он ҳам қатли ёрони Паёмбар (с) нест. Пас бар ин ду гурӯҳ чи унвоне метавон гузошт? Табъан ҳарду ҷониб тарафдори ҳақ набуда ва ҳардуро ҳақ ҷониб шумурдан ё ҳардуро гумроҳ пиндоштан дуруст нест. Ва агар як тараф ҳақ ба ҷониб шумурда -шавад, тарафи муқобил чигуна хоҳад буд? Ва кори хуб он аст (мегӯяд Имоми Аъзам разиаллоҳ), ки қазовати ҳарду ҷонибро ба Худованд биспорем. Имоми Аъзам (р) боз илова мекунад:

«-Бояд донист, ки ба ақидаи ман ҳамаи аҳли Қибла мӯъминонанд ва бо тарки фаройиз, аз имон хориҷ намешаванд ва касе, ки бо вуҷуди имон мукаллифиятҳои амалии худро низ анҷом медиҳад, ба ақидаи мо аз, аҳли Биҳишт ва касе, ки ҳардуро тарк мекунад маҳрум аз Биҳишт ва аҳли Дӯзах аст. Ва онки бо доштани имон гӯшае аз фаройизи амалро тарк мекунад, мӯъмини гунаҳгор ва кори ӯ ба Худованд марбут аст, ҳар тавр иродааш буд мекунад ё ӯро меомӯрзад ва ё муҷозот менамояд. Агар ӯро азоб кард, дар муқобили гуноҳи ӯ аст ва агар омӯрзид гуноҳеро бахшида аст. Ва дар бораи ихтилофоте, ки байни ёрони Паёмбар (с) рӯх дода, ақидаи ман ин аст, ки оқибати онро Худо медонад». 47-152.

Бале, ҳақ, ба ҷониби Ҳазрати Имоми Аъзам (р) аст. Ҳар он кори нангин ва басо сангине, ки аз ҷониби ашхоси мӯъмину мусалмон рӯх медиҳад ва ҳар он қатлу ғорат ва куштору хунрезиҳои ноҳақе, ки аз ҷониби тӯдаҳои ба ҳам мухолифи мусалмонони бо ном мӯъмин (ҳол он, ки Паёбари Худо (с) фармуда, ки «Мӯъмин бародари муъмин аст») сар задаву мезанад, сахттарин ва вазнинтарин ҳукм барояшон он аст, ки ононро ба Худо биспорем. Худованд ҳоким аст ва олиму донойи сирри вал хафиёт ва ҳакам аст ва ҷаббор аст ва саттор аст ва қаҳҳор аст ва одил аст ва раҳмон асту раҳим… Ва ҳар он амре, ки ба иродаи Парвардигор вобаста аст, ҷуз Ӯ (ҷалла ҷалолаҳу) касе аз махлуқот намедонад ва ба иборае-онҷо, ки асрору ҳукму муқаддасоти илоҳист, на фатвойи башар ба кор мераваду на фатвои малак. Онҷо, ки лисонулғайб Хоҷа Ҳофиз-андалеби ин ҷаҳону охират мегӯяд:

Ҳаллоҷ бар сари дор, ин нукта хуш сароид,

Аз Шофеъӣ, напурсанд, амсоли ин масоил.

Дар ҷои дигар Имоми Аъзам (р) хитоб ба Ал-Баттӣ мегӯяд: «Ончӣ дар бораи номи мурҷиъа ёдоварӣ кардаӣ,  бояд гуфт касоне, ки сухани одилона гуфтаанд, гуноҳе надоранд ва аҳли бидъат эшонро ба ин ном мусаммо (номидашуда) кардаанд, дар ҳоле, ки аҳли адл ва суннат мебошанд ва номи «мурҷиъа»-ро мардуми ғалатрафта ва мухолиф бар эшон гузошта». 47.-152.

Аз ин ҷумалот ба вазоҳат маълум мешавад, ки Имоми Аъзам (р) тӯҳмати хушку бебунёди  ирҷоъро аз худ дур месозад (ва ба ин кор ҳақ дошт, чунки аҳли бидъат бо тӯҳматҳои хушку нобаҳангоми хеш гирди Имоми Аъзамро тортанаквор тор метаниданд ва шахсияти ӯро чашми дидан надоштанд (мисли имрӯза фирқаҳои ҷудоиандоз ва риёкор, ки теша ба решаи миллат ва мазҳаби муҳаззаби Имоми Аъзам-ҳанафия зада истодаанд), аммо «Чароғи уммат» баҳри дифоъ аз ному нанг, чун суннати анбиёву авлиёъ, ба ҷиҳоди равонӣ ва лисонӣ бархост ва аҳли бидъат ва ботилро бо афкору андешаи чун шамшер тезу барҳақаш  мағлуб сохт ва нагузошт, ки дигар душманони кӯрдили бо ном мусалмону ботинан кофирпеша, ба шахсияти ӯ ба таълимоти ӯ, ба шогирдони ӯ ва ба пайравони ӯ тӯҳмат зананд. С.Бурҳониддини Бузургмеҳр) ва мазҳаби муҳаззаби каломиашро ба номи ирҷоъ ном намегузорад ва ин номгузориро аз тарафи мардуми мухолиф медонад.   Ногуфта намонад, ки  Аллома Абдулҳайи Лакҳнавӣ, дар китоби хеш бо номи «Ал-рафъ вал-такмил фил-ҷараҳ вал-таъ-дил» иборати «Ал-тамҳид» таълифи Абдулшакур Ал-Соламиро, ки манқул аз Рисолаи Абӯҳанифа ба Абӯмуслим Ал-Баттӣ-Имоми Басра» Мебошад, қисмате нақл карда, ки аз он маълум мешавад, Имом (р) ба пайравӣ, аз ақидаи мурҷиъа мӯътараф ва рисолаи мутаззакира муштаммил бар тафсили мазҳаби мурҷиъа ва эътирофи Имом (р) ба ин ақида мебошад (аз «Муқаддимаи» Кӯшкакӣ, бар «Сирати Ан-Нӯъмон»-таълифи Шиблии Нӯъмонӣ (чопи Кобул саҳифаи 19). Вай мегӯяд: -Ривоят аст, Усмон ба Абӯҳанифа (р) навишт, ки Шумо аз пайравони мурҷиъа мебошед. Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) дар ҷавоб нигошт, ки мурҷиъа ду табақа аст: Мурҷиъаи малъуна ва мурҷиъаи марҳума, ки ман аз табақаи аввалӣ безорам ва дар қатори гурӯҳи дуввумӣ мебошам». 47.-152.

Устод Иноятуллоҳи Иблоғ, ки сари ин масъала муддати тӯлонӣ таҳқиқот бурдаанд, баъд аз назар гузаронидани нусхаҳои гуногуни рисолаи мутазаккира ба хулосае омадаанд, ки ба ақидаи мо ба ҳақиқати ҳол хеле наздик аст. Муҳаққиқи варзидаи ҳаёту фаъолият (биография) ва ҷабҳаи афкору андешаи каломии Имоми Аъзам (р), устод Иноятуллоҳи Иблоғ, дар таҳқиқоти хеш оварда:

«-Ман ба ҳамаи нусхаҳои матбӯъ ва хаттии китоб муроҷиат кардам, аммо ин иборатро дар он наёфтам ва имкон надорад иборати мазкур дар нусхаҳои аслӣ буда, вале аз тарафи ноқил ҳазф шуда бошад, зеро сабки каломи Имоми Аъзам(р) аз аввал то охир нишон медиҳад, ки Имом мехоҳад ин тӯҳматро аз худ дур созад. Донишмандон зимни таҳқиқи рисола гуфтаанд: «-Рисолае, ки Абӯҳанифа (р) ба Абӯмуслим Ал-Баттӣ навишта, рисолае аст дар бораи бароати ӯ аз тӯҳмати ирҷоъ, яъне, мурҷиъа». Ва агар аз ин назариёт ва таъвилот сарфи назар кунем ва асли рисоларо таҳти диққат ва баррасӣ қарор диҳем, ба мақсади Имом, (р) ки дар таълифи он мадди назар дошта пай мебарем, гӯё Имом (р) аз нисбати тӯҳмати ирҷоъ, ки ба вай шуда, мутаассир гардида ва дар мавзӯъ, ба сурати илмӣ таҳқиқ намуда аст.

Пас аз ончи гуфтем, метавон ибрози назар кард, ки назария Соламӣ, бо вуҷуди маълумоти кофӣ, ки дар биогрофии донишмандон дошта, дар даст нест ва мумкин аст, ки вай ба навиштаи мухолифини Имоми Аъзам (р), монанди Хатиби Бағдодӣ иттико намуда ва вай ба асли рисолаи Имом (р) муроҷиъа накарда, балки сирф ба нақлу ривоёти хасмони Имом (р) иктифо варзида ва мо дар собиқ ишора намудем, ки баъзе мардум дар муқобили Имом забондарозиҳо карда ва ба ӯ нисбатҳо ихтироъ ва эҷод кардаанд, ки сазоворашон вай нест, чун ончи ӯро ба номи мубтадеъ (навовар, саркарда ихтироъкор; ба таъбири термин ё худ ифодаи аввали асри ХХ-ҷадид; ҳамчунон аҳли бидъат, касе, ки андешаи нави зиддидинӣ ё қонунӣ ба вуҷуд меоварад: муслиҳиддин, еретик, С.Б.Б.,) ва амсоли он ёд кардаанд ва низ мумкин аст, ки Абдулшакур Ал-Соламӣ бо вуҷуди донишу лаёқати кофӣ, ба ақволи муаллифин иктифо намуда ва натавониста, ки ба асли рисола иттилоъ ёбад ва ин равиш аз Соламӣ ва амсоли вай баъид нест, зеро ғолибан ба назариёти Ӯ дигарон иктифо мекунанд ва замина барои муроҷиъа ба асли кутуб ба эшон мусоидат намешавад. Аз ҷумлаи муаллифине, ки танҳо ба нақли мардум иктифо кардаанд, яке ҳам Аллома Шиблии Нӯъмонӣ (1856-1914, арабшинос, форсишинос, яке аз шуаро ва уламойи намоёни ҳавзаи Ҳинд, ки аз худ теъдоди зиёди асарҳои манзуму мансур ва таърихиву фалсафӣ, илмиву таълимӣ ва филологӣ боқӣ гузошта аст. Шиблӣ худро дар шеър пайрави Бобо Соиби Исфаҳонӣ медонад ва дар ҷое мегӯяд:

«-Ҳамон кард, дар сухан, дар Ҳинд Шиблӣ,

Ки Соиб дар – саводи Исфаҳон кард». С.Б.Бузургмеҳр.

Вай рисолае ба номи «Сират Ан-Нӯъмон» таълиф намуда ва Бурҳониддини Кӯшкакӣ онро ба дарӣ тарҷума карда, ки дар Кобул ба табъ расида. Дар ин китоб назариёти Имоми Аъзам (р) аз забони дигарон бидуни имтиёзи саҳеҳу сақим накл шуда ва муаллиф эътироф мекунад, ки ба асли расойили Имоми Аъзам (р) фурсати муроҷиъа наёфта. Вай пас аз он, ки аз як теъдод манобеъ ном мебарад, ки дар навиштани зиндагӣ ва назариёти Имоми Аъзам (р) мавриди истиноди вай буда, мегӯяд: «-Ин манобеъ дар асри мо дастёб шуда наметавонад ва танҳо «Ал-хайрот Ал-ҳисон», «Уқуд-ал-ҷимон ва қоид-ал-ъақён» дар дастраси ман мавҷуд аст. (Муқаддимаи Кӯшкакӣ бар «Сират Ан-Нӯъмон» таълифи Шиблии Нӯъмонӣ, чопи Кобул саҳифаи 19).

Ва ин ҳам мумкин аст, ки Шиблӣ дар таълифи хеш ба аҳволи баъзе муаллифин монанди Хатиби Бағдодӣ ва амсоли вай, ки дар нақши назариёти Имоми Аъзам (р) ҳеҷ гоҳ тарафи эътимод буда наметавонанд ва дурӯғи эшон ифшо шуда, эътимод намуда, чунончи ин ифтароҳо (ҳарф ё амали нодурустеро ба касе нисбат додан; тӯҳмат, бӯҳтон, С.Б.Б.,)-ро «Миръот-ал-замон» таълифи Ибни Ҷавзо ва «Ал-саҳм-ал-мӯъиб фӣ-кабад Ал-Хатиб» таълифи Исо ибни Абӯбакр Ал-Аюбӣ ва «Таъниб ал-Хатиб»-таълифи Аллома Кавсарӣ ифшо намуда аст.

Шаблӣ (дар китоби хеш «Сират Ан-Нӯъмон тарҷумаи Кӯшкакӣ, чопи Кобул саҳ 128-131) зимни ёдоварии таълифоти Имоми Аъзам (р) менависад: «-Байни мардум машҳур аст, ки «Фиқҳи акбар» ва «Ал-олим вал-мутаалим» мансуб ба Имоми Аъзам (р) буда ва илова мекунад, ки рисолаи дуввумиро дастёб натавониста. Ва дар ҷои дигар мегӯяд: Мо яқин дорем, ки нисбати ин рисолот ба Имоми Аъзам (р) дуруст нест, зеро асри Имом (р) асри таълифу тартиб ба қисме, ки дар ин рисолот машрӯҳ аст набуда ва афкори фалсафӣ, дар асри ӯ ба арабӣ нақл нашуда буд (Дар ҳоле, ки «Фиқҳи акбар» шомили истилоҳоте монанди ҷавҳар, ҳаюло, ъараз ва ғайра мебошад, И.Иблоғ).

Дар каломи Шиблӣ изтироб ва таноқиз ба назар мерасад, зеро нахуст эътироф мекунад, ки рисолаи «Ал-олим вал-мутааллим»-ро дастёб натавониста, баъдан мегӯяд, ки ба мулоҳизаи тартибу равиши хоси он, ки чунин равиш дар асри Имом Аъзам (р) маълум набуда, нисбати расойили мазкур ба вай дуруст нест (Во аҷабо, ин чи баҳоест ба тамаддуни асри Имоми Аъзам, ки асри Имоми Аъзам давраи эҳёи улуми динӣ ва фалсафаи калом буд ва дар асри Паёмбар саллаллоҳу ъалайҳи ва олиҳи ва саллам ва рӯзгори саҳобаву тобиъин ва табаатобиъин низ илму ҳикмат дар марзи Араб нумӯъ дошт ва ҳакимони юнониву эронӣ ва уламойи яҳудиву насронӣ, дар байни мардум мусофиратҳо карда, ба эшон ҳикмати дин ва ё таълимоти хешро баён медоштанд, яъне, ба тарзи шифоҳӣ ва ҳикмату аҳодиси уламойи ҷамъи асҳобу тобиъин ва табаъатобиин ҳам одатан шифоҳӣ буд ва ҳикмати эшон ва афкори онро наинки дар авроқ, балки дар зеҳнҳо сабт меёфт. Зуҳӯри илми калом ибтидои асри XIII-и мелодӣ аст. Оғози истидлолоти ақлӣ, дар Ислом бо номи Ҷаъд ибни Дирҳам қатлаш соли 742-43 ва Ҷаҳм ибни Сафвон қатлаш соли 745 вобаста аст. Ҳикмату аҳодис ва таълимоти Имоми Аъзам раҳамуллоҳ ҳам, ки зиёда ба тарзи шифоҳӣ сурат мегирифт, шогирдон онро менавиштанд, баъди вафоти ӯ аз ҷониби писараш Ҳаммод ва шогирдонаш назариёти ӯ ба шакли китоб дароварда шуд. Агар асри аимаи Ислом, бахусус даврони Ҳаммод ибни Абӯсулаймон, Зайд ибни Алӣ, Имоми Аъзам, Иброҳими Адҳам ва Имом Молик, Иброҳими Нахъӣ, Сӯфёни Саврӣ, Абдуллоҳи Муборак, Имом Ҷаъфари Содиқ ва ғайра давраи инкишофи улуми илоҳиёшиносӣ, ба мисли Қуръон, Ҳадис, тафсир, сарфу наҳв, фиқҳ, калом, шеъру адаб, ҳикмат ва ғайра намебуд, пас Имом Абӯҳанифа аз куҷо ва   дар назди кӣ илм омӯхта, ба чунин мартаба мерасид, масалан  танҳо  як  устодаш-Ҳаммод  ибни  Абӯсулаймонро  мисол меорем, ки яке бузургтарин фақеҳ ва олим, дар таърихи Ислом буд, ки Имом Абӯҳанифа дар овони навҷавонии хеш назди ӯ 18-сол, танҳо илми фиқҳро омӯхт ва азхуд кард ва албатта Ҳаммоди Абӯсулаймон ҳам бе  устод  набуд. Ва   низ  Ҳакими   муҳаддис  Ҳазрати   Имом Ҷаъфари  Содиқ разиаллоҳу  анҳумро  метавон  мисол  овард,  ки шахсияти шарифаш дар олами Ислом басо машҳур буда, ҳоҷат ба муаррифи нест ва ӯ ҳам ба Имом Абӯҳанифа раҳамуллоҳ ҳаққи устодӣ дошт, ба вожжа дар илми ҳадис…

Дар усули таълими асри мо бошад, барои дарёфти маълумоти, ба иборае кофӣ 15 сол, яъне, даҳ сол давраи таҳсили маълумоти мутавассита ва панҷ соли таҳсил, барои дарёфти маълумоти олӣ ва ғайра муқаррар шуда аст С.Б.Бузургмеҳр ).

Акнун аз эшон (чун Шиблии Нӯъмонӣ, Хатиби Бағдодӣ, Абдулшакури Соламӣ ва дигар муддаиён) бипурсем, ки чигуна ба мулоҳизаи назму тартиби китоб қазоват мефармоед, ки нисбати он ба Имом (р) сиҳат надорад, дар ҳоле ки худ (мардона эътироф меварзед, ки онро аз наздик мулоҳиза накардаед? (Мулоҳиза аз мутолиаи зиёд арзи вуҷуд мекунад. Худи эшон бар ин қоиланд, ки ба дурустӣ аз наздик ошно нестанд, ба расойили Имоми Аъзам. Охир, ки ошно нестед, пас чи гуна метавонед, ки сари масъалаи ноошно мулоҳиза намоед?! С.Б.Бузургмеҳр) Ва низ Шаблӣ дар бораи асри Имоми Аъзам (р), ки ҳаракати таълиф дар он оғоз гардида, мутолиъа накарда ва онро аз назар андохта ва танҳо асареро, ки таълиф ба дараҷае ба авҷи худ расида буд, мадди назар қарор дода, ки иборат аз қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ мебошад. Дар ҳоле, ки таълиф, дар асри Имом (р) мавҷуд буда, аммо шакли ибтидоӣ дошта ва аз хусусиёти ҳалқаи дарсии Имоми Аъзам (р) ин буд, ки шогирдон (тавре, ки Шиблӣ низ мӯътараф аст) назариёти фиқҳӣ ва каломии Имомро менавиштанд ва дар мавзеъи истилоҳоти фалсафӣ, қаблан як ба як рӯшанӣ андохтаем, ки такрори он лозим шумурда намешавад.

Шиблӣ, дар таҳқиқи худ роҷеъ ба зиндагии Имоми Аъзам (р), ба гуфтаи дигарон бидуни фарқ байни саҳеҳ ва ғалат иктифо намуда ва ин кор шоистаи як муҳаққиқ нест, ки дар садади мутолиъа роҷеъ ба биюгрофии Имоме мебошад, ки кулли мусалмонон ва мусташриқин ӯро мешиносанд ва ҳеҷ донишманду муҳаққиқе нест, ки бо шахсияти илмӣ ва фикрии ӯ ошноие надошта бошад» 47-154.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …