Главная / admin (страница 60)

admin

МАРДЕ АЗ АҲЛИ ВАФО

marde

Рўи мизи «П» монанд лабрези нуқлу нўшокӣ буду бўи фораме ба машом мерасид. Бўйҳои гуворо мавҷ зада ба ҳам мепечиданд ва аз ин сари кас чарх мезад. – Ако, як дуо медодед. Аввалан бузургон фармуданд: Бе пир марав, ки дар бимонӣ, Ҳарчанд Сикандари замонӣ. Сониян бе дуо, бе панди шумо …

Муфассал »

ЗИНДАГӢ МАҶРОИ НАВ МЕҶЎЯД

bino

Бале, зиндагӣ чун дарё ҳамеша ба пеш равон аст ва доим маҷрои нав меҷўяд. ҲИКМАТ: Агар ҳар рўз як навид шунавӣ, умрат як рўз тўлонитар мегардад. “ПРИВАТИЗАЦИЯ” Ё “ПРИХВАТИЗАЦИЯ” – Хусусигардонӣ… – Чӣ-чӣ? Хусусигардонӣ? Ин чӣ? – О приватизация-дия. – Ҳа-а, охир прихватизация гўй-дия… Бале, хусусигардонӣ дар ҷумҳурии мо тез …

Муфассал »

ДУХТАРИ КОРХОНА

duxtar

Боре директор ба модари Бозорой гуфт, ки кош, духтари ту барин сад нафар коргар мебуд… – Не-е, гардам, ғалат кардед, – табассум кард модар. – “Духтари ман” нагўед, “духтари фабрика” гўед. Агар ним рўз дар хона монад, тоқаташ тоқ шуда ҳои нишаст намеёбад. …Бозорой роҳравон хаёл мекард. Ногоҳ чашмаш ба …

Муфассал »

ДАРАХТИ ПУРСАМАРИ БАХТ

unnamed

Одамоне ҳастанд, ки бо як дидан дар дил маскан меёбанд. Харроти заводи «Тоҷикгидроагрегат»-и шаҳри Душанбе Ҳимматшоҳ Шукуров аз ҷумлаи чунин касон аст. Дилаш беғаш, чеҳрааш пурханда, чашмонаш меҳрубон. Мо бо ў дар сари дастгоҳи харротӣ шинос шудем. Дастгоҳаш дар назди дастгоҳҳои азимҷуссаи боҳашамат, ки корпуси истеҳсолиро зеб медоданд, ба назар …

Муфассал »

ҒАЙРАТИ ҒАЙРАТ

mid

Он рўз дар хотири Ғайрат Салимов як умр нақш баст. Дар хона паси миз сарашро набардошта хомўш менишаст. Модараш чизеро пай бурда, пурсуҷў карданӣ шуд, лекин саволи тамоман дигар дод: – Хўрок мехўрӣ? – Не, оча, дилам намекашад. – Ягон воқеа шуд магар? – тоқат карда натавониста пурсид модар. – …

Муфассал »

Афғонбача

agfon

– Афғонбачая бин! – Анна ҳамин йигити ҳозиру нозир Афғонбача! – Эъ, ба Афғонбача роҳ диҳед-е! –  Э-ҳа, Афғонбача-ку! Канӣ-канӣ аз боло гузаред! – Эъ, не-не, ҳо-о аз болои ҳафт қабат кўрпача! Ин нидоҳоро на як бору ду бор шунидаем. Ва сад афсўс, ки ин нидоҳо дилсўзонаву бамеҳр не, балки …

Муфассал »

ҲИКОЯ ВА ЗАМОН

hikoya-za

Масъалае, ки имрўз мавриди муҳокима қарор гирифтааст, на танҳо барои адабиёти тоҷик, балки барои тамоми халқи ҷумҳурӣ ҳам масъалаи беандоза муҳим мебошад. Зеро, ҳарчанд ногувори талх аст, бояд иқрор шавем, ки имрўз дар мамлакати мо бўҳрони шадид дар хурўш аст. Ва ин бўҳронро устод Ўрун Кўҳзод чунин ба қалам додааст: …

Муфассал »

САРБОЗИ МАЙДОНИ МАТБУОТ – Раҷабалӣ Аҳмадов

dushanbe-900052907-8

Дар зиндагӣ шахсиятҳое ҳастанд, ки ниёз ба муаррифӣ надоранд. Онҳо тавассути кору заҳмати бисёрсолаи худ миёни аҳли ҷомеа маҳбубият ва ҳурмату эҳтироми зиёдеро соҳиб шудаанд. Яке аз чунин шахсон рўзноманигор ва нависанда Раҷабалӣ Аҳмадов мебошад. Зиндагинома ва роҳи тайкардаи ҳаёти ҳафтодсолаи ў басо рангин, зебо ва омўхтанист. Раҷабалӣ Аҳмадов чор …

Муфассал »

САДҲОИ НОУСТУВОР

xona

Кўҳ ба кўҳ намерасаду одам ба одам мерасад, гуфтаанд. Ман бо шиносам Тоҳир Баротов баъди панҷ сол тасодуфан вохўрдем. Кош вонамехўрдам. Воқеа ин тавр шуд: …Дар яке аз рўзҳои баҳор, ба заводи таъмири механикӣ омадам. Ҳанўз аз дур дидам, ки дарвоза калон кушода аст. Ростӣ, каме ҳайрон шудам. Охир дар …

Муфассал »

Соати Саъд (МАҚОЛА)

soat

Ва инак, соати саъд фаро мерасад. Ва гурўҳи панҷнафараи мо омодаи сафари шаҳри Кўлоб мегардад. Сафари мо ба ин шаҳри бостонӣ бо шарофати фарзанди барўманди миллат Мирзолатиф Раҳимзода ба вуқўъ пайваст. Ин марди матин зиндагиро бо ҳама талхиву ширинӣ, бо ҳама сўзу созаш дўст медошт. Ин аст, ки номи ў …

Муфассал »