Главная / Гуногун / МАРДЕ АЗ АҲЛИ ВАФО

МАРДЕ АЗ АҲЛИ ВАФО

Рўи мизи «П» монанд лабрези нуқлу нўшокӣ буду бўи фораме ба машом мерасид. Бўйҳои гуворо мавҷ зада ба ҳам мепечиданд ва аз ин сари кас чарх мезад.

– Ако, як дуо медодед. Аввалан бузургон фармуданд:

Бе пир марав, ки дар бимонӣ,

Ҳарчанд Сикандари замонӣ.

Сониян бе дуо, бе панди шумо маъракаро сар кардани ман аз рўи одоб нест.

mardeВа Ако бо ҳамон қадду қомати боло, сару либоси воло, чеҳраи зебо, нигоҳи нурполо аз ҷой мехезад. Як– як ба нишастагон менигарад. Аз тамоми вуҷудаш гўё нур медамад ва ҳозирон ҳар як тораи он нурро бо тамоми ҳастиашон ҷабида мегиранд. Ако бо забони буррову ширин, пухта ва суфта дуо медиҳад. Ва маърака оғоз меёбад.

Бале, ягон маъракаи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе дуои Ако – Абдуҷаббор Ваҳҳобов – ёрдамчии Раиси кумита оғоз намеёбад. Воқеан, агар ў кайҳо бобо шуда бошад ҳам, ҳама «Биёед Ако», «Ёрӣ диҳед Ако», «Фалон қарорро ёфта диҳед Ако», «Ҳамина тарҷума карда диҳед Ако» гўён муроҷиат мекунанд.

Ба яке сухан доданд. Ў гуфт, ки имрўз ин аст ва  бигузор, ки ҳар рўзи мо ҳамин хел бошад. Ба қавли Мавлавӣ:

Ид омаду ид омад, рўзе ки расид, омад!

Идона фаровон шуд, то бод чунин бодо!

Яке аз нишастагон ба ваҷд омада гуфт:

– Ба даҳонаш Ако туф кардагӣ.

Ако хандид. Мисли кўдак самимона ва завқида хандид.

Маърака авҷ мегирифт. Гулсухан меборид. Орзуҳои нек меборид. Мерақсиданд, хурсандӣ доштанд. Табъи Ако ниҳоят чоқ буд, дар лабонаш ханда, дар чеҳраашон табассум гул мекард. Дилашон ба ҳаяҷон омада, туғён мекард.

Он рўз табиат дар деҳаи Қалъаи Дўсти ноҳияи Ғончӣ , ки зери осмони кабуд, дар домани кўҳҳои сарбарфалаккашидаи барфпўш, дар иҳотаи арчазорон ҷойгир аст, дар рахшандагию қашангӣ ҳамто надошт. Ҳама дар амалу дар тараб. Ва ба ҳамаи ин 8–уми март – иди занон нуру зиёи тоза эҳдо мекард. Ва дар ҳамин рўзи саид дар кулбаяке Оча ном зане дард мекашид. Нахустфарзанди ў бояд ба дунё меомад. Ҷавонмарде паси дар буду ҳаяҷон гулўгираш. Аз зўрии ҳаяҷон дилаш гуп– гуп метапид. Ҳалқаш қоқ, нафас дар гулўяш мепечид. Дар во гашт. Як қад парид. Аз дар доя баромад.

– Чаро гиря?

Ў лаб во карда натавонист. Доя ҳам ҷавоби ўро интизор нашуда, ким– чӣ гирифту саросема гашта ба хона даромад.

Ва ҷавонмард боз бо ҳаяҷону изтиробаш танҳо монд. Вай ба само дида дўхт ва бо овози баланд гуфт:

– Худоё, дардашро сабук кун!

Ва ҳастиаш гўё ба як пора илтиҷо табдил ёфта буд. Овози гиряи кўдак ўро ба  худ овард. Ва ҳамзамон овози доя ба гўшаш расид.

– Писар!

Дар лабони ҷавонмард, ки падар шуда буд, табассум гул кард.

Тифлро, ки Абдуҷаббор ном ниҳоданд қуллаҳои осмонбўси сарбафалаккашида, чашмасорони шўх, фазои беғубори диёр ба оғўш гирифт. Модар шири сафед дод, падар панди бузургвор. Тифл лаззати чор баҳорро чашида қадам ба  баҳор панҷум мениҳод, ки ҷанги хонумонсўз сар шуд. Падар, ки комиссари ҳарбии ноҳия буд, рўзи авали ҷанг ихтиёрӣ ба ҳифзи Ватан рафт. Дар деҳа мард намонд. Занону кўдакон ба ҷои онҳо шабу рўз меҳнат мекарданд.

«Ҳама чиз барои фронт! Ҳама чиз барои ғалаба!» Ва одамон воқеан ҳам барои ғалаба ҳеҷ чизро дареғ намедоштанд. Дар он миён модари ў ҳам бедареғ заҳмат мекашид.

Ба кўдак гуруснагӣ дўст шуд. Дўсти ҷонӣ. Лаҳзае аз ў ҷудои надошт. Оҳ, чӣ дўсти бераҳм! Меъдаашро ба дард  меовард, мадорашро меҷабид. Дам ба дам дилаш беҳузур мешуд. Сараш чарх мезад. Имрўз нон нахўрдааст. Ҳар рўз модар ба ў як пора нон медод. Чашми  субҳ кушода нашуда ба мағоза мерафту бо нон бармегашт. Вале имрўз бе нон баргашт.

Субҳи рўзи дигар ҳам модар баргашт, аммо канӣ нон?! Маълум шуд, ки ў карточкаи нонро гум карда, аниқтараш кадом беинсофе дуздидааст. Каме картошка доштанд. Модар онро гўр карда монда буд. Онро кушоданд. Картошка ҷо ба ҷо пусида буд. Ҳамон бегоҳ вай ба сар то пои модар бо диққат зеҳн монд. Дарёфт, ки модар худро ниҳоят гирондааст. Чеҳрааш тира, лабонаш парсин баста. Рўяш дар офтоб сўхта, пўст партофта. Ҳар ҷо – ҳар ҷои кафи дасташ яра шуда. Куртааш ранги аслиашро  гум карда. Вай тани кўчаки худро ба модар ҷафс кард. Модар сари ўро ба сандуқи синаи лоғараш ҷафс намуд, сила кард.

– Оча!

– Ҷони оча.

– Немис чӣ мехоҳад?

– Мехоҳад одамонро қир кунад, тамоми дунёро гирад.

– Чӣ, вай зўр–мӣ?

– Ҳа, зўр…

– Набошад одамонро қир карда, тамоми дунёро мегирад?  –  бо андўҳу ғам пурсид бача.

– Не, наметавонад.

– Чӣ хел?

– Чунки зўрба бо зўр ҳаст. Давлату халқи мо зўртар. Ғалаба аз мост. Зеро мо қувва дорем…

– Қувва? Ин чӣ хел қувва?

– Ин қувва ишқи поку самимӣ ба Ватан  аст, –  ҷавоб дод модар ва писарашро ба оғўш гирифта, илова намуд:

– Пас аз шоми тира субҳи босафо медамад.

Малоикаҳо омин гуфта буданд, ки гапи модар шуд. Субҳи босафо даррасид. Чор сол гузашту ҷанг анҷом ёфт. Вале падари ўро бо худ бурд. Абадӣ бурд.

Ҷанг кўдакии Абдуҷабборро ҳам рабуд. Вай дигар кўдак набуд. Мард буд ў. Ва ба китфи кўчаку лоғараш ғаму ғуссаи рўзгор бор шуд. Он касонеро, ки «оҳу воҳ» мекарданд, бад медид, ба онҳо нафрат дошт. Вай ба оянда эътиқод ва боварии том дошт. Аз ин рў аз мушкилиҳои ҳаёт ва носозиҳои замона ҳаргиз афсўс намехўрд. Тухми меҳнат дар дили худ кошта буд. Вай тез ба шикасту рехти рўзгор дил баст. Лаҳзае фориғ набуд. Мактаб, хона, саҳро ва боз мактаб. Дили модар месўхт, обу адо мешуд. Чанд кас маслиҳат доданд, ки шавҳар кунад. Вале ў хаёли шавҳарро ба сар ҷо намедод. Ба «дилсўзон»– аш қатъӣ мегуфт:

– Ин хонаву дар накҳату нақши Ваҳҳобро дорад ва шахси бегона метавонад онро барбод диҳад.

Ва ў писарашро солиму бардам ба воя расонд. Ва инак дар дасти писар номаи камол. Модар гуфт, ки: «Ба Душанбе рафта хонданатро давом деҳ». Вай розӣ нашуд. О, дар оила ягона мард аст. Чӣ хел дилаш мешавад, ки модар ва ду хоҳарчаашро партофта ба шаҳри дур биравад? Чун дид, ки дили модаре, ки ба ҷон дўсташ медорад пурғаму чашмонаш пурнам шуд, чора ҷуз ин надид, ки розӣ шавад. Дуои хайри модар ва  дўстонро қабул намуда ба Душанбе рафт. Рафту бо сари баланду рўи сурх баргашт. Модар  дарвозаро шитобону ашкрезон кушод.

– Писаракам, нури дидаам! – Модар ўро ба оғўш гирифт. Рўю мўяшро бўсид. Шукр кард, ки дида ба дидор расид. О, дар 17 сол бори нахуст писарро ин қадар дуру дароз надида буд. Писар нагуфт, ки азоб кашид, заҳри нокасон чашид. Вале ҳастии ў фиғон дошт.

Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст,

Чун ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем…

Модар меболид. Ба   хаёли ў  ҳамаи одамони деҳа ба сўи вай бо ҳавас менигаранд.

Вай ба хондан чун пашша ба шира часпид. Зеро медонист, ки:

Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост  илм,

Қулфкушои ҳама дарҳост илм.

Ҳамин, ки дари китобхонаи ба номи Фирдавсӣ кушода мешуд, вориди он гашта то пўшида шуданаш машғули мутолиа мешуд. Вай мехонду мехонд, ҳаргиз хаста намешуд. Вале ҳамин, ки хастагиашро ҳис мекард, тез ба кори ҷисмонӣ машғул мегашт.

– Олим мешавад! – нидо медоданд ҳамкурсон.

Ин нидо ҳавас ҳам дошту писханду рашк ҳам. Не, ў олим нашуд, вале одам шуд. Пас аз хатми донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон чун як тоифа шахсон ҷои гарм накофт, луқмаи серравған нахост, ба ҳар коре ки равонаш карданд, рафт. Аз паи роҳат нашуд, бештар заҳмат кашид. Ғам хўрд. Ғами дигарон. Ҷигар хун кард. Ин буд, ки қимат ёфту қадраш афзуд. Баҳори соли 1971 Ҷанобиддин Лафизов мудири корҳои Совети Вазирони РСС Тоҷикистон ба ҳукумати ноҳияи Ленин омад. Ва ўро, ки инструктори ҳукумати ноҳия шуда кор мекард, ба наздаш хонд. Тарсон – тарсону дар сар ҳазору як фикру хаёл рафт.

– Натарс! – гуфт Ҷанобиддин Лафизов. – Ман омадам, ки туро барам.

– Ба куҷо?

– Ба кор, ба Шўрои Вазирон.

Вай лаҳзае гаранг шуда монд. Сипас худро ба даст гирифту оҳиста лаб ба сухан во кард:

– Ман ҳашт фарзанд дорам. Ба онҳо хона, боғча лозим. Ба Шўрои Вазирон гарон намеафтад?

– Не, ба ҳукумати ноҳияи Ленин гарон меафтад. Ҳуқуқшинос, ташкилотчӣ, журналистро ба даст медиҳад. Ҳа, як ноҳия бой медиҳад, вале зиёда аз 50  ноҳия бурд мекунад.  Кадомаш беҳ?

«Не» гуфтанро эб надид. Охир «не» гуфтан нописандию ношукрӣ мешуд.

Абдуҷаббор Ваҳҳобов бист сол дар дастгоҳи Шўров Вазирон заҳмат кашид. Ба ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурӣ рафту омад дошт. Ба ҳар куҷое, ки мерасид, хуш мепазируфтанд, зеро дар чашмаш нури хирад ва дар суханаш фасоҳат медиданд. Ва ҳар чӣ, ки ў мегуфт, қабул мекарданд, зеро ки беҷо сухан намегуфт, ҳар чӣ, ки мегуфт, пухта  буду суфта.

Дар баробари ин, чун занбўри асал баду некро   зарра– зарра ҷамъ оварда, дар намуди мақолаю очеркҳо дар рўзномаву маҷаллаҳо ба чоп мерасонд. Баъд китобаш «Шўроҳо ва бозсозӣ» чош шуд, ки он ҳамчун дастури амалӣ дар фаъолияти органҳои маҳаллии мамлакат, барои баланд бардоштани дараҷаи корҳои оммавӣ – ташкилӣ, маданияти коргузорӣ, шаклу услубҳои роҳбарӣ ба кори соҳаҳои хоҷагии халқ, тарбияи кадрҳо то имрўз аҳмияташро гум накардааст.

Соли 1991  Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ва ўро ёвари Раиси кумита таъин карда гуфтанд:

– Шумо он ҷо чун обу ҳаво зарур!

Дил мекашад по меравад. Аксар касоне, ки назди Раис даромаданӣ бошанд, аввал ба утоқи ў  медароянд.

– Димоғи раис читу?

Агар ҷавоб «чоқ» бошад, хурсанд, «хафа» бошад, зиқу дилтанг мешаванд.

– Эҳ, кор чатоқ гўед?! Кори зарур, ҳал кардан лозим буд.

Илоҷи воқиа қабл аз вуқўъ бояд кард,

Дареғ суд надорад, чу рафт кор аз даст.

Ва ў ки одати «не» гуфтан надорад, медарояд. Раис ҳам волозавқ. Зарифтабъонро дўст медорад.

­­– Ҳарду як ҷуфт мўза!

Он ҳама базлаҳои намакинашон фақат барои дилхўшӣ набуда, дар ҳазлу шўхии бамаврид ҷавҳари ақлу тамиз ва одамият ниҳон аст.

Қобилияти Ако ба панҷ навъ аст: эҷодкорӣ, ташкилотӣ, дилёбӣ, суханронӣ ва накуӣ. Ин мисраҳои Шайх Саъдиро мароми зиндагӣ қарор дода, доим ба дигарон гўшрас мекунад:

Ба даст овардани дунё ҳунар нест,

Якеро гар тавонӣ, дил ба даст ор.

Ҳатто ҳастии ў ба дилҳо умеду ба дидаҳо  нуру зиё мебахшад. Худ месўзаду роҳи аҳли меҳанро  равшан ва зиндагиашро пурнур мекунад. Қариб ҳар рўз як ё ду бор ба утоқи кормандон бо чеҳраи шукуфон ва чашмони аз шодӣ барқзананда ворид мегардад. Ва дасту дили онҳоро ба кору зиндагӣ гарм мекунад.

Шамс чун пайдо шавад, офоқ аз ў рўшан шавад,

Мард чун донно шавад, дил дар бараш дарё шавад.

Як рўз агар ўро набинанд, беқарор мешаванд. Ва ҳамин, ки ўро диданд, чун гул мешукуфанд.

– Э Ако, куҷо будед? О, аз зиқӣ кафидем–ку!

– Ако даратонро чанд бор кашидам, руст буд.

Утоқи кории ў  ҳамеша серодам аст. Касе, ки ба он ғамгин ворид мегардад, шоду мамнун мебарояд.

– Бовар кунед, –  мегўяд Иқтисодчии хизматнишондодаи Ҷумҳурӣ Хайрулло Сулаймонов, –  агар дар ҳамёнаш як сомонӣ дошта бошад ҳам, сарфи дўст мекунад.

– Бе дўст, –  мегўяд Ако, –  зиндагӣ маъно надорад. Ҳарчӣ дорам фидои дўст ва  ҳарчӣ дорам боз дўст. Ҷон бодо фидои дўст!

Ҳар касе, ки як раҳ бо Ако мулоқот менамояд, ҳатман итминон хоҳад ёфт, ки ў мухлиси ҷонфидои адабиёт аст.

– Коми Акоро ба шеър бардоштаанд, – бо ифтихор мегўянд ҳамкорон.

Кўдакии ў бе ранҷу машаққат нагузаштааст. Хушию хурсандӣ ва саодати кўдакиро начашидааст. Аммо бо туфайли панди модар, ҷавҳаре, ки аз падар гузаштааст ва бо тарбияи устодон ба роҳи дурусти зиндагӣ қадам гузошта, то ба шоҳроҳ расидааст. Аксари шабҳо модар ба даст китоб гирифта, ба ў   шеърҳо мехонд. Ва шояд ҳамон шабҳо дар қалби ў тухми муҳаббат ва адабиёт кошта шуда буд.

Дар забони ў доим шеър аст. Ҳар як суханашро бо шеър зеб медиҳад. Ҳар як каломашро бо шеър оро медиҳад. Ако бо ҳаяҷон мегўяд:

– Гўш кунед, ки Шайх Саъдӣ чӣ гуфтааст.

Ё ки:

– Баҳ– баҳ, ки байти Бедилро бишнавед.

Дўстонаш мегўянд, ки:

– На ҳар сухандон ба дасти ў об рехта метавонад.

Бале, ў ёвагўй нест, сухангўй аст. Бисёр медонаду кам мегўяд. Ва он мегўяд, ки ба кор ояд. Ва ҳар чӣ мегўяд, ба андеша ва рост мегўяд.

– Сардсухан мабош, ки сухани сард душманӣ зояд, –  мегўяд Ако.

Суханҳое мегўяд, ки касро ба кори хайр, ба роҳи нек ҳидоят кунад. Ва боз мегўяд:

Гар сухан гўйӣ, зи анҷоми сухани андеша кун,

Ё зи аҳли нуктадони анҷуман андеша кун!

Ако ба андеша меравад ва боз лаб ба сухан во мекунад:

– Гоҳо як сухани хуш кофист, ки дилҳо пур аз суруру табъ болида гардад. Сухани хуш беҳтарин давову дармон аст.

Ин марди аҷиб ва наҷибро як рабту низоме амри воҷиб гашта. Кам хўрок мехўрад ва аз се қадаҳ зиёд май наменўшад. Ин «режим»– и ўро ҳазорон таклифу гиред– гиред, садқаву банда шудан ва ё  таҳдиди «риштаи дўстиро меканам» дигар карда наметавонад.

– Ҳама чиз меъёр бояд дошта бошад, –   мегўяд Ако. – «Андоза нигаҳ дор, ки андоза накўст!» –  гуфтаанд.

Вай бо кӣ нишастан ва меъёри нўшиданро нағз медонад. Ва бисёр вақт ин байти машҳурро хотиррасон мекунад:

Гар май бихўрӣ, бо хирадмандон хўр,

Ё бо санами лоларуху хандон хўр!

Бо як шиносам ба ҷанозаи хешаш рафтам. Он ҷо Акоро дидам. Ашк мерехт. Ҷигараш кабобу дилаш об.

– Маит хеш аст?

– Не.

– Шинос?

– Не.

– …?

Вай оҳи сард кашиду ба осмон, ба абрҳои сиёҳ чашм дўхт ва оҳиста бо овози пур аз ҳузн гуфт:

–  Пас аз марг ба мурдаи худ гириста натавонӣ.

Бо даҳшат ба ў нигоҳ кардам. Ва дилам чун ҳезуми тар ба  сўзиш даромад.

Ба утоқи Ако сардои раёсат – ҷавони хурдакаки сиёҳчашму сиёҳабрў ворид гашт. Ғамгин буд. Чун ҳамеша салом дода аҳволпурсӣ анкард. Хомўшона коғазеро ба ў дод.

– Ин чӣ?

– Ариза… Ҳа, аризаи аз корравӣ. Ба раис диҳед,ки тез имзо гузорад. Дигар як рўз дар ин ҷо намеистам.

Маълум шуд, ки бо ҷонишини раис гапаш гурехтаасту аз кор рафтанист. Ба насиҳати Ако гўш надода, аспи чаҳлро маҳмез мезад. Лаҳзае хомўшӣ ба миён омад. Ако ба рўи ҷавон менигарист, ҷавон ба пеши пояш.

– Ту бояд худро хушбахт биҳисобӣ, – яхи хомўширо шикаст Ако.

– Хушбахт? – ҳайрон шуд  ҷавон. – Хушбахтии ман дар чист?

– Аввалан дар он ки чор ишкелат бутун, сониян кори ба халқ зарур дорӣ…

«Дар суханҳояш ҳақиқат аст» – гуфт дар дил ҷавон ва ба ў дида дўхт. Чеҳраашон лабрези меҳрубонӣ. Ва омехтаи латифию дилороӣ. Ба худ иқрор кард, ки: «Бале, ў хирадманд аст!»

Дар қалби ҷавон пушаймонӣ рў зад. Ва ў аз аспи ҷаҳл фуруд омад. Ҷавонро он шаб хоб набурд. Ў тамоми шаб дар бораи Ако, суханҳои ў фикр кард. Чӣ аблаҳӣ, ки аз бахт рў мегардонад. Вай ҳис кард, ки ба моҷарои дил рў ба рў шуда истодааст. Ва дарахти шукр дар қалбаш боровар мегардад.

Ако тарҷумаро ҳам дўст медоранд.

– Тарҷума тифли муҳаббат аст! – гуфтанд боре Ако.

– Оҳ–оҳ! Чӣ хуб гуфтед! – нигаристам ба ў.

– Инро ман не, Маршак гуфта аст.

Ҳамон рўз маводеро тарҷума кардан лозим буд. Онро бояд ба Ҳукумати Ҷумҳурӣ мефиристодем. Наберачаам касал буд ва дасту дилам ба кор намерафт. Ако омаданд. Аз ҳолам воқиф гашта «Ба ман те»  –  гуфтанд. Додам. Пас аз чанде тарҷума карда оварданд.Он ба ман басо маъқул шуд. Вале аниқ медонистам, ки ба баъзе кормандони дастгоҳи Ҳукумат маъқул намешавад. Зеро ба онҳо тарҷумаи бадеӣ не, расмӣ лозим. Аз ин рў ба андеша рафтам, ки чӣ хел карда фаҳмонам, ки он кас наранҷанду ба қавле «ба хизмат тўҳмат» нашавад. Ниҳоят ба Ако рў оварда гуфтам:

– Инро ба «Адабиёт ва санъат» не, ба  Ҳукумати Ҷумҳурӣ мефиристам. Ако аз паси айнак бо табассум нигоҳ карда гуфтанд:

– Ҳа, шайтоне, те аз сари нав дида мебароям!

Чанде пеш Ако бо ҳаяҷон ба утоқам ворид гаштанд.

– Чӣ гап?

– Дар хоб мондӣ–чӣ? О, имрўз Меҳринисо Набиева панҷоҳсола мешавад.

Меҳринисо – апаи шодравон Муқаддас Набиева, ки дар Кумитаи мо кор мекунад, як  ҳафта пеш илтимос карда буд, ки 50– солагиашро қайд накунем ва ба ҳеҷ кас нагўем. Ман ҳам нархи сабзиву пиёзро напурсида, розӣ шуда будам.

– Хайр чӣ шудааст? – гуфтам бепарво.

– Чӣ хел хайр чӣ шудааст?! Ягон тайёрӣ дидӣ?

– Не.

Мушоҳида кардам, ки он пайкари боло такон хўрда, худро ба курсии паҳлўям расонду ғунча шуда, ба курсӣ нишаст. Сару рўямро арақ зер кард. Хомўшии ҳавлангезе ба вуқўъ пайваст. Даме нештари дудилагӣ ба қалбам чанг мезад. Гўям ё  нагўям? Ноилоҷ асли воқеаро ба ў нақл кардам.

– Э, ин сара дар осиёб сафед кардӣ? Э, содда, соддае. О, мо туро бо ҳамин ният раиси иттифоқи касаба интихоб кардем? О, наход хоксории Меҳринисоро надонӣ? Вай аз  хоксорӣ ин  илтимосро кардааст. Охир одам як бор 50– сола мешавад. Мефаҳмӣ?

Хатоямро фаҳмида дар хиҷолат мондам ва афсўсомез гуфтам:

– Оббо, дер шуд.

– Ҳоло ҳам вақт ҳаст, – гуфтанд он кас  ва роҳи наҷотро фаҳонданд. Бо ёрии он кас тез табрикнома ва гулу тўҳфа омода намуда, коллективро ҷамъ овардему Меҳринисоро табрик кардем. Вай мисли кўдак шод шуда дар куртааш намеғунҷид. Ман сипосгузорона ба Ако дида дўхтам.

Боре пагоҳӣ ба кор омадам, ки дар утоқаш бо ришгираки электрикӣ риш мегирифт.

– Ҳа, Ако дар хоб мондед? – шухиомез гуфтам ман.

– Не, дар хона на барқ ҳасту на газ.

Яке аз кормандонамон, ки он ҷо ҳузур дошт, гуфт:

– Дар мо ҳамеша ҳаст!

Ако бо табъи болида нидо карданд:

– Гарчӣ худ бебаҳраам, шодам ба айши дигарон!

– Шукр, ки дар ҷодаи хеш, – мегўянд Ако, – каҷ по  нагузоштаам. Бале, рост буд, ки аз худ боғ монд на роғ. Ва имону инсоф, нияту муроди некаш ба ў номи нек ато намуд. Вале ў  ҳанўз қонеъ нест аз худ. Дар дил муродҳои тозатаре дорад, агар умр вафо кунад. Як ҳамкори ҷавонаш аз ў пурсид:

– Ватан обод мешуда бошад, Ако?

– Ободӣ ба гуфтор аст ё рафтор?

– Ин суол?

– Бале!

– Ё ҳарду!

– Бале! Агар гуфтору рафтор як бошаду нек. Ватан обод хоҳад шуд.

Оре, чунин аст ў. Ва боз имонаш қавист. Ба ояндаи Ватан боварии комил дорад. Мо ҳам орзумандем, ки ин марди наҷиб, ки имрўз ба синни мубораки шаст қадам гузошт, умри дароз дида, эҳёи дубораи Ватанро, ки дар ободонии он ҳиссаи ў ҳам ҳаст, бо чашмони хеш бубинад. Шастатон бешикаст, Ако!

22 феврали соли 1998

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …