Главная / Без рубрики / ЗИНДАГӢ МАҶРОИ НАВ МЕҶЎЯД

ЗИНДАГӢ МАҶРОИ НАВ МЕҶЎЯД

Бале, зиндагӣ чун дарё ҳамеша ба пеш равон аст ва доим маҷрои нав меҷўяд.
ҲИКМАТ: Агар ҳар рўз як навид шунавӣ, умрат як рўз тўлонитар мегардад.

  1. “ПРИВАТИЗАЦИЯ” Ё “ПРИХВАТИЗАЦИЯ”

– Хусусигардонӣ…

– Чӣ-чӣ? Хусусигардонӣ? Ин чӣ?

– О приватизация-дия.

– Ҳа-а, охир прихватизация гўй-дия…

Бале, хусусигардонӣ дар ҷумҳурии мо тез ҳамчун “прихватизация” ворид гашт. Дар забони хурду калон “прихватизация” буд. Чаро? Ҷавоби “Чаро”-ро бисёриҳо чунин шарҳ медиҳанд: баъзе роҳбарони корхонаву иттиҳодияҳо бар хилофи қонун “худам шоҳу табъам вазир” гўён молу мулки дар ихтиёрашон бударо ба ҳар тараф хомталош карданд.

Ин чист?

Гапи ҳавоӣ?

Овоза?

На ину на он!

Мисол. Собиқ директори генералии иттиҳодияи “Тоҷикавторемонт” дигар майдачуйдабозӣ накарда, бидуни мувофиқату огоҳии Шўрои намояндагони халқ ва Кумитаи амвол ва ҳамчунин бе ягон нархгузорӣ 620,6 ҳазор сўмина молу амволи иттиҳодияро ба корхонаи хурду навакак созмондодашудаи “Марҳамат”, ки роҳбарии онро духтараш Марҳамат Расулова ба ўҳда дошт, бахшидааст. Номбурда бо чунин роҳи ғайриқонунӣ бо маблағи 275,4 ҳазор сўмина васоил ва молу мулкро ба муассисаи сохтмону монтажи “Работтранс” фурўхтааст. Ва ё дар Вилояти мухтори Бадахшон дар давоми солҳои 1991-1992 зиёда аз 300 адад васоити нақлиёт ба шахсони алоҳида фурўхта шудааст. Аз ин ҳисоб ба буҷаи давлат зиёда аз се миллион сўм зарари иқтисодӣ расида. Пас аз ошноӣ ба ин қабил аснод беихтиёр мисраъҳои шеъри машҳур – “тақсими мерос”-и Адбураҳмони Мушфиқӣ ба хотир мерасад:

Анбори пур зи ғаллаи бобо аз они ман,

В-он коҳҳои монда ба саҳро аз они ту.

Ҳамаи инро ба назар гирифта раёсати Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 1992 қарор қабул кард, ки ба вазоратҳо, соҳаҳо, корхонаву муассисаҳо фурўхтан ва ба иҷора додани молу амволи давлатӣ манъ карда шавад. Ва ин амал танҳо бо ризояти Кумитаи идораи амволи давлатӣ сурат гирад. пас аз ин қарор хомталошии молу мулк қатъ гардид. Ва, албатта, ин ба табъи роҳбарон нафорид. Ва онҳо ба чор тараф даҳониву хаттӣ ҷор заданд:

– Ҳуқуқи моро поймол карданд! Намегузоранд, ки мустақилона хоҷагидорӣ кунем!

Ва ғайраву ва ҳоказо!

Мутаассифона, онҳо ғалаба карданд. Раёсати Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз панҷ моҳ – 16 июни соли 1992 қарори пешинаи худро бекор кард.

Афсўс, сад афсўс!

  1. С А В Д О

Аҷаб замоне!

Ҳар кас чӣ амале, ки хоҳад мекунаду чӣ сухане, ки хоҳад, мегўяд. Гузашта аз ин ҳамин се-чор кас калла ба калла гаштанд, ҳатман ашхосе ёфт мешавад, ки кунҷковонаву ташвишангез ва дар айни замон ҳангоматалабона мепурсад: “Чӣ гап?! Чӣ воқеа?!”.

Он рўзи баҳор ҳам дар нади клуби коркунони савдои Душанбешаҳр ҳамин савол дода мешуд. Ва ҷавоб чунин буд:

– Ҳеҷ воқеа не, торг мешавад.

– Торт? Чӣ хел торт?

– Торт не, торг. То-р-г-г! Яъне савдо!

– Савдо? Савдои чӣ?

– Оббо, савдои амволи давлатӣ.

Пурсанда аз ин ҳама чизе нафаҳмид. Бо вуҷуди ин дид, ки биринҷи мусоҳибаш оббардор нест ва боз то ин ки “калла-каду” нахонандаш:

– Ҳа-а, фаҳмо, – гуфту ба роҳаш рафт.

Вале дар роҳ худ ба худ андешид:

– Савдои амволи давлатӣ? Ин чӣ бошад? Ё ў хато кард?

Не, посухдиҳанда хато накарда буд. ҳамон рўз, яъне 31-ми майи соли 1991 кумитаи иҷроияи шаҳри Душанбе аввалин бор дар ҷумҳурии Тоҷикистон фурўши корхонаҳои савдо, хўроки умумӣ ва хизмати маиширо ташкил карда буд. ва ҳамон рўз хишти аввали бинои раванди ғайридавлатигардонӣ ва хусусӣ кардани моликияти давлатӣ гузошта шуд.

Собиқ раиси кумитаи идораи амволи давлатӣ Каримов Исматулло Ҳомидович ба ин маъракаи савдо ҳусни оғоз бахшида, ҳозиронро ба мақсаду мароми он шинос кард. Он рўз, ки бешубҳа, ба саҳафоти таърихи ҷумҳуриамон саҳифаи тоза иншо гардид, 13 корхонаи савдо, хўроки умумӣ ва хизмати маишӣ ба фурўш гузошта шуд. вале танҳо 6-тояш ба савдо рафту бас. 7-тои дигараш бо сабабҳои гуногун аз бозор гашт.

  1. Ч А Р О? 

Ҳамзамон саволе ба забон меояд. Чаро ба фурўши амволи давлатӣ даст задем? Ин тасодуфӣ нест. насими бозсозӣ вазиду киштии абадқудрати шўравиро, ки дар баҳри ором шино мекард, ба тўфон дучор овард. Ва он киштӣ дошт надода шикаст. Пора-пора гашт. Киштибудагон собиқ ҷумҳуриҳои бародар, кадоме ба қудрат, кадоме заиф, кадоме хурд, кадоме бузург, ҳар як захмину ба ҷароҳати сахт, ба сари худ мустақилу соҳибихтиёр ба бунёди киштии хеш оғозиданд. Барҳақ, ки шоир гуфта:

Фасона гашту кўҳан шуд ҳадиси искандар,

Сухан нав ор, ки навро тароватест дигар.

Бале, замони муносибатҳои дигари иҷтимоию сиёсӣ, тоза ва қатъиян дигар шудани арзишҳои зиндагии инсон расида.

Бале, асоси зиндагӣ тағйир ва дигаргунӣ аст ва зиндагӣ бидуни он қобили давом нест. Ҳар барге, ки дар баҳор аз шох мерўяд, нишонаи тағйир аст. Ҳар алафе, ки аз замин сар мезанад, нишонаи тағйиротест, ки дар дили хок пайдо шуда. Саросари зиндагӣ дар хеш туғён ва дигаргунӣ аст. Ин буд, ки бо тақозои замон сўи бозори иқтисодӣ қадам гузоштем. Дар ин ҷода мебоист хисораи давлатии моликиятро барҳам медодем. Ҳамагон хуб медонанд, ки тўли зиёда аз 70 сол иқтисод чӣ гуна мутамарказ ва хисора шуда буд. Монополизми иқтисодии собиқ ИҶШС нисбат ба ИМА 15 баробар афзунтар ва боз ифодаи “моликияти умумихалқӣ” низ хеле машҳур буд. Он албатта, нўги забони курсинишинон қарор дошт. Доим такрор мекарданду менавиштанд, вале он ба чашми мардум хок пошидан беш чизе набуд. Охир, як мулоҳиза кунед, ки оё як ашё дар як вақт ба ҳама таалуқ дошта метавонад? Не! ҳаргиз! Ва боз таркиби ҳуқуқии ифодаи “моликияти умумихалқӣ” феълан зиддиятнок аст. Зеро соҳиби моликият пеш аз ҳама бояд ҳуқуқи ягонаи азхудкунӣ – истифодабарӣ ва фармонфармоии ин моликиятро дошта бошад. Оё мо ин ҳуқуқро доштем? Не! ва табиист, ки ин ба решаи дарахти ҳавасмандкунӣ ва ташаббум теша мезад. Ва он хушкид. Қоқ шуд. баръакс, дарахтони бюрократҳову муртадон нумўъ намуд. Гул кард. Самар дод. Ва онҳо истеҳсолкунандагонро аз воситаҳои истеҳсолот дур карданд. Ба ақидаи бисёр олимони соҳаи иқтисодиёт тамоми бадбахтиҳои иқтисод, бўҳрони шаддиди иқтисодии ҷомеаи имрўза маҳз аз ҳамин сарчашма пайдо шуда ва аз он об мехўрад.

Муносибатҳои молу мулкӣ дар доираи тамоми муносибатҳои ҷамъиятӣ асоситарин ва ҳалкунанда мебошад. Аз ин лиҳоз бе тағйир додани ин муносибатҳо ҷомеаро аз вартаи ҳалокат берун кашидан фасонае беш нест. Ягона роҳи баромадан аз монополизми давлатии моликият ин ғайридавлатӣ ва хусўсигардонии моликияти давлат мебошад. Ин буд, ки кумитаи идораи амволи давлат таъсис ёфт. Ва бояд тазаккур дод, ки бо роҳбарии собиқ раиси кумита Исматулло Ҳомидович ва ҷонишинони ў Асрор Аҳрорович Рашидов, Матлубхон Султонович Давлатов ва Исроил Бобоевич Носиров корҳои бағоят муҳим ба сомон расид, ки шарҳи онҳо ин ҷо аз имкон берун аст. Ҳамин қадар меафзоям, ки кўшишу ғайрати онҳо як аст: то биёбад соҳиб моли худ.

То тавонӣ мардуми соҳибҳунарро кун мадад,

Роҳи худро беҳунар бо сад ҳиял пайдо кунад.

  1. КӢ СОҲИБИ АМВОЛ МЕШАВАД?

(Мусоҳиба бо ҷонишини раиси Кумитаи идораи амволи давлатӣ Исроил Носиров)

– Воқеан, имрўз мо “ҷаноза”-и сохти давлатиро хондаву пайи бунёди давлати тозабунёди дигаре ҷаҳд дорем. Ва табиист, ки ҳамзамон бо ин раванд масъалаи муҳиме моро пеш омада: хусўсигардонии молликият, ки аз сохти сосиалистӣ ба мо мерос мондааст. Исроил Бобоевич, бигўед, ба харидани амволи давлатӣ кӣ имтиёз дорад?

– Коллективи меҳнатии худи идораву корхонаву муассиса. Бе ризояти аҳли корхона касе ҳуқуқ надорад, ки корхонаро бифурўшад. Намуди моликияторо ҳам худи коллективи меҳнатӣ интихоб мекунад.

– Чӣ, он бисёр аст?

– Бале, панҷ намуд – моликияти хусусӣ, моликияти коллективӣ, иҷора, иҷора бо хариди оянда ва ҷамъияти саҳҳомӣ.

– Барои хусўсигардонӣ чӣ лозим аст?

– Пеш аз ҳама протоколи маҷлиси умумии коллективи меҳнатӣ бо имзои аҳли корхона, арзномаи хусусигардонӣ ва хат.

– Хуб. Чаро ғайридавлатӣ ва хусўсигардонӣ аз корхонаҳои савдо, хўроки умумӣ ва хизмати маишӣ сар шуд?

– Бале, хусўсигардониро аз ҳамин соҳаҳо оғоз кардем ва ин бесабаб нест. Зеро соҳаи савдо ва хизмати маишӣ дар шаклгирии бозори истеъмолӣ нақши бағоят муҳим мебозад. Ва нафақат, талаби харидоронро дақиқ ба эътибор мегирад, балки ба ҳавасмандкунии истеҳсолкунандагон низ сабаб мешавад.

– Мегўянд, ки Кумитаи идораи амволи давлатӣ моликиятро ба касе, ки хоҳад мефурўшад. Оё ин рост аст?

– Имрўз чизе, ки ба даҳон омад, гуфтан ба ҳукми “муд” даромадааст. Ин аст, ки нафароне ба оташи ғазаби мардум равған рехта мегўянд, ки Кумитаи идораи амволи давлатӣ моликиятро ба касе, ки хоҳад , мефурўшад. Ин гуна овозаҳо асосе надошта, бўҳтони маҳз аст. Ғояи ғайридавлатигардонидани моликият дар ҳамаи ҷумҳурияҳо якест. Вале тарзи иҷрои он аз ҳам фарқ дорад. Масалан, дар Руссия ва чанд ҷумҳурии дигар савдои озод эълон шудааст. касе, ки пул дорад, метавонад амволро бихарад. Дар ҷумҳурии мо ин тавр нест. Ҳуқуқи харидани амволро пеш аз ҳама коллективи меҳнатӣ дорост. То ба имрўз бе ризоияти коллективҳои меҳнатӣ ягон корхона ва ё муссиса фурўхта нашудааст.

– Агар коллективи меҳнатӣ харидан нахоҳад чӣ?

– Он гоҳ тақдири онро Кумитаи идораи амволи давлатӣ ҳал мекунад.

– Зумрае бар он ақидаанд, ки ғайридавлатӣ ва хусўсигардонӣ ин пур кардани буҷаи ҷумҳўрӣ бо маблағ мебошад. Оё ин дуруст аст?

– Ин ақида чандон дуруст нест. Мағзи гап – ин пора-пора кардани риштаҳои монополия ва ба соҳибашон додани моликият, пайдоиши рақобати истеҳсолию бозорӣ ва билохира, ғанӣ намудани бозор.

Бояд гуфт, ки бисёриҳо ба ғайридавлатӣ ва хусўсигардонӣ бо чашми нобоварӣ менигаранд ва онҳоро фаҳмидан мумкин. Охир онҳо аз таҷрибаи нобарори тўли зиёда аз 70 сол хаста шудаанд. Бинобар ба ин масъала хеле боэҳтиёт назар меафкананд, ки ба рафти хусўсигардонӣ халал мерасонад ва боз мушоҳидаҳо собит намуд, ки бисёр одамон ҳоло ҳам ба даҳони роҳбарон менигаранд, ки онҳо чӣ мегўянд. Шояд ин ҳанўз асари тафаккури ғуломона ҳам бошад, ки дар мағзу устухони мо ҷой гирифтааст. Одаме, ки фикри худро надошта бошад, албатта, ба моҳ ҳам барӣ, меравад, ба чоҳ ҳам.

Як қатор коллективҳои меҳнатӣ ба шитобкории зараровар роҳ доданд. Аз рўи шиори “ҳар чи бодо – брд” амал карда, вақти ғалберро аз об бардоштан нишаста монданд. Ҳамин ҳол бо маркази ташкили илмӣ-меҳнатии Вазорати кишоварзӣ, автоколоннаи 2936, заводи торгмаши Ленинобод, хоҷагии “Навобод”-и ноҳияи Панҷакент рух дод. Аламовараш он аст, ки роҳбарон хатогии худро эътироф намекунанд.

– Байни мардум боз ду ақида ҳаст: бархе тарафдори манфиати мардум, бархи дигар ҷонибдори ба манфиати давлат ҳал кардани нархи иншоотҳо мебошанд. Шумо ба ин чӣ мегўед?

– Ба ақидаи мо на ину на он. Бояд ки на сих сўзаду на кабоб. Яъне на харидор ҷабр бинаду на давлат зарар. Бо вуҷуди ин дар қонун инчунин бебозгашт ройгон додани баъзе аз воситаҳои асосӣ ва таҷҳизот, ки ҳафтод дар сад корношоям аст, пешбинӣ шудааст.

– Оё харидор пули харидро якбора месупорад?

– Не, тибқи қоида харидори моликияти давлатӣ бояд, ки маблағи аввалӣ супорад. Он на кам аз 20 фоиз муқарар гашт ва бояд дар давоми панҷ рўз пас аз гирифтани қарордод пардохта шавад. Маблағи боқимонда то се сол ҳисобӣ мегардад.

– Аз сўҳбат бармеояд, ки Кумитаи идораи амволи давлатӣ монополияи давлатиро мешиканад. Албатта, шикастан ин сохтан нест. аз ин рў шумо кадом намуди хусўсигардониро аз рўи адолат меҳисобед?

– Аввалан бояд гуфт, ки мардуми мо асосан камбизоатанд ва на ҳама метавонад соҳиби воситаҳои истеҳсолот гардад. Сониян набояд фаромўш кард, ки ҳар як узви ҷомеа ба рушди моликияти давлатӣ ҳиссагузорӣ кардааст ва ба он ҳақдор ҳам ҳаст. Дар сурати табдили моликияти давлатӣ ба моликияти шахсӣ ва коллективӣ як қатор табақаҳои аҳолӣ, ба монанди муаллимон, духтурон, коркунони соҳаи маданият, матбуоту санъат, олимон, шоиру нависандагон бе моликият мемонанд, ки ин аз рўи адолат нест. Бинобар ташкили ҷамъияти саҳҳомӣ босамар аст ва дар ин сурат ҳақ ба ҳақдор мерасад. Яъне адолати иҷтимоӣ риоя мешавад.

– Дар Руссия барои густариши ҳолати иҷтимоӣ ваучер ҷорӣ гаштааст. Оё дар Тоҷикистон ҳам ваучер қобили қабул буда метавонад?

– Пеш аз ҳама бояд бигўям, ки тақлид ва ё кўр-кўрона пайравӣ намудан ғалат аст. Агар чуқуртар назар афканем, дар Руссия ваучер ба оқибатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ номатлуб оварда расонид. Одамон аз фурўши ваучер мабағҳои зиёд ба даст оварда, ба бозори молҳои истеъмолӣ равона мекунанд. Аз ин лиҳоз дар ин ҷабҳа ҳафт бор чен карда, як бор бурридан лозим.

– Оё ҳамаи корхонаву муассисаҳо ғайридавлатӣ кунонда мешаванд?

– Не. Мувофиқи Қонун қисми асосии нуқтаҳои тандурустӣ, маданият ва маориф, комплекси соҳаи химия, энергетика, алоқа, корхонаҳои коркарди металҳои қиматбаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ғайридавлатӣ кунонда намешаванд.

– Чаро?

– Зеро ин соҳаҳо аввалан маҳсулоти аҳамияти стратегӣ дошта истеҳсол менамоянд, сониян асоси даромадҳои арзӣ, яъне пояҳои давлати мо мебошанд.

– Ба ақидаи Шумо имрўз роҳи наҷот куҷост?

– Мо бояд танҳо ба пеш ҳаракат кунем. Бо роҳе, ки ҳама равонанд…

  1. СОҲИБИ ИНСОФ БОШАНД

Аввалин шахсе, ки дар Тоҷикистон корхонаи давлатиро ба моликияти шахсӣ табдил дод, ин Валентина Абдурашидова мебошад. Вай “кафе-блинная”-и воқеъ дар хиёбони Рўдакиро харид. Пеш аз мусоҳиба ин нуқтаро таъкид кард:

– Вақт чун барқ шитобон мегузарад, ҳушёр бош.

– Бале, ман ба Шумо сад дар сад розиам ва ба суолу ҷавоб мегузарем. Бигўед, чӣ боис шуд, ки ба ин кори сангину хатарнок даст задед?

– Аввалан то ба ин рўз косаи сабр лабрез шуда буд. аз боло фармон медоданд, ки онро куну вайро не, ин қадар куну он қадар не. хостам, ки аз ҳамин фармон-фармонҳо халос хўрам. Ва ба ақлу заковат, фаросат, дасту панҷаи худ такя намоям. Охир шоир беҳуда нагуфтааст:

Ҳар кӣ нон аз амали хеш хўрад,

Миннат аз ҳотами той  набарад.

Сониян, ба гуфти шоир “ман накунам, кӣ мекунад?”. бале, ман насозам, кӣ месозад? Пеш аз ҳама ман насўзам, ки месўзад?

– Бубахшед, Шумо гуфтед, ки “ман насўзам, кӣ месўзад?”. Ин чӣ маънӣ дорад?

– Медонед, бисёриҳо фикр мекунанд, ки озод шудем, ба бозори иқтисодӣ ворид гаштем, корҳо худ аз худ хуб шуда мераванд. Ҳар яки мо бояд бисўзем, то ки ганҷи мақсуд ба каф орем. Мо бояд бисўзем, то ки Ватан обод гардад. Охир, то насўзӣ, насозӣ гуфтаанд.

– Кунун корхона моликияти шахсии шумост. Оё одамонро ихтисор намекунед?

– Не, ин фикр дар гўшаи хаёлам ҳам нест. Худо як чоҳ офарида бошад, сад роҳ офаридааст. Баъзеҳо сад роҳро монда сўи ҳамон як чоҳ мераванд.

– Корхонаи Шумо бой аст?

– Чӣ гўям? Ҳам “ҳа” ва ҳам “не”. чаро? Боигарии мо одамон – мутахассисон ҳастанд. Аз ин ҷиҳат мо бадавлатем.

– Дар савдо меъёри аз ҳама асосӣ бояд чӣ бошад?

– Савдо ҳам санъат аст. Пас меъёр истеъдод ва танҳо истеъдод.

Сипас бе ў бо зердастонаш сўҳбат оростем.

– Кадом хислати ў ба Шумо писанд аст? – пурсидам аз онҳо.

Яке посух медиҳад, ки:

– Ҳақиқатдўстӣ ва ҳақиқатхоҳӣ.

Дигаре мегўяд,ки:

– Принципнокии ў. Одамро нағз мебинад ё бад. Рўзе дар наълу рўзе дар мех намезанад.

Сеюмин чунин нақл намуд:

– Боре ба корхона гурбае даромада, як чи-ним чизро хўрд. Гурбаро дошта заданӣ будам, ки апаи Валентина омад.

– Назан, сар те, убол аст, – гуфт ў.

– Магар гурба ҳам муқаддас аст? – бо ҳайрат пурсидам аз вай.

– Мавҷудоти олам ҳама муқаддасанд, – ҷавоб дод ў.

Ба ҳамаи онҳо боз як савол додам:

– Ба онҳое, ки оянда соҳиби корхонаи худ мешаванд, чӣ гуфтанӣ доред?

Ҳама бо як овоз гуфтанд:

– Соҳиби инсоф бошанд.

  1. МОҲ МЕРАВАДУ МОҲ МЕОЯД

 

Ҳар моҳ файзу баракати ба худ хос дорад. Қариб се соли сипаришудаи хусўсигардонӣ яке аз дигаре фарқ мекард. Хушбахтона, нишонаҳои асосӣ аз камӣ ба зиёдӣ ва аз зиёдӣ боз ҳам зиёдтар буд. сад афсўс, ки моҳи ҳаждаҳум – моҳи октябри соли 1992 бебарор омад. Гуфтан мумкин аст, ки миёни хусўсигардонӣ дар ин моҳ шикаст. Ва сабаби асосии – вазъи ноороми ҷумҳурӣ буд. Бо вуҷуди ин яке аз корхонаҳои калону пешқадами ҷумҳурӣ – фабрикаи кешбофии шаҳри Ўротеппа, ғайридавлатӣ гардонида шуд. 24 октябр байни корхона ва Кумитаи амволи давлатӣ қарордод оиди ба ҷамъияти саҳҳомӣ табдил додани он ба имзо расид. то ба иҷро расидани ин қарордод корҳои зиёдеро паси сар кардан лозим омад. Пеш аз ҳама садди психологиро шикастан лозим шуд. чунки ҳангоме, ки қарор доданд, ҷамъити саҳҳомӣ ташкил кунанд, ашхосе ёфт шуд, ки гуфт:

Мискин харак орзуи дум кард,

Наёфта дум, ду гўш гум кард.

Бале, гуфтанд роҳбарони корхона, кори мушкил, вале талаби айём. Бузурге фармуда:

Бикў, то ба кор орӣ кашфи ганҷи вуҷуд,

Ки беталаб натвон ёфт гавҳари мақсуд.

Кўшишу талошашон самар овард. Ва инак ҷамъияти саҳҳомӣ ташкил шуд. вале он як идда одамонро ҳайрон ҳам кард. Охир, онҳо мегуфтанд, ки ин корхона дар ҷумҳурӣ номдор буд. Чӣ хеле ки мегўянд, овозааш ба ҳафт иқлим расида буд. Маҳсулоташро дар мағозаҳо бо чароғ ковӣ ҳам намеёбӣ. Пас чӣ ҳоҷат буд ба ҷамъияти саҳҳомӣ? Суол қонунист. Дар ҳақиқат чаро?

– Чунки, – посух дод ҷонишини директори корхона Абдуворис Эшонов, – имконияти одам ҳаду канор надорад. Ва танҳо ҷамъияти саҳҳомӣ метавонад ин имкониятҳоро кушояд, сайқал диҳад.

Ҳақ ҳасту рост! Одам – як дунё, як олам аст. Одами пурасрор! Устод Бозор Собир гуфта:

Аз дили мо арзу тўли оламе сар мешавад,

Одаме як оламею оламе як одам аст.

Ва боз Абдуворис Эшонов қисса кард, ки амволи корхона ба онҳо 49 миллиону 145 ҳазор сўм афтод. Аз ҳамин 70 фоизи аксияҳоро корхона мегираду 30 фоизашро Кумитаи амволи давлатӣ. Кумитаи амвола давлатӣ хоҳиши коллективро ба инобат гирифта, фоидаи он 30 фоизро ҳам ба ихтиёри коллектив вогузошт.

  1. КӢ ЗИЁД?

27 октябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд аввалин бор дар ҷумҳурӣ музояда (ауксион)-и фурўши моликияти давлатӣ баргузор гардид. Аслан дар ҷумҳурӣ қариб ҳама муқобили гузаронидани музояда буданд. Вале вақте ки дар рўзномаи “Известия” 3 июли соли 1992 мақолаи “Ҳамагӣ дар як рўз – 140 миллион сўм” чоп шуд, ақидаи бисёриҳо дигар гардид. Он мақола дар борат музоядае, ки дар шаҳри Волгоград гузашта буд, нақл мекард. дар он музояда устохонаи таъмири пойафзол, ки ҳамагӣ 2 ҳазор сўм баҳо дошт, 105 ҳазор сўм, мағозаи 60 ҳазор сўма 3 миллион сўм, мағозаи 336 ҳазорсўма, 10,5 миллион сўм фурўхта мешавад. Пас аз ин роҳбарони ҷумҳурӣ ба Кумитаи идораи амволи давлатӣ супориш доданд, ки музояда гузаронанд.

– Яке бинем, ки чӣ натиҷа медиҳад, – гуфтанд онҳо.

Ва қарор дода шуд, ки музояда дар шаҳри Душанбе доир гардад. Вале вазъи ноороми шаҳри Душанбе ба ин имконият надод. Аз ин рў, он дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. ба ду натиҷа чойхонаҳои №10 ва №21 ба савдо рафт. Баҳои чойхонаи№10 – 40 ҳазору 945 сўм ва чойхонаи №21- 68 ҳазор сўмро ташкил дод. Ташкилкунандагони музояда гумон доштанд, ки бениҳоят одами зиёд меояд. Вале хато карданд. Ба он ҳамагӣ 25 нафар омаду бас. Бо вуҷуди ин музояда баргузор шуд. Пас аз баҳсҳои “Кӣ зиёд?” чойхонаи №10- 210 ҳазор сўм ва чойхонаи №21- 135 ҳазор сўм фурўхта шуд. чойхонаи №10-ро нафақахўр Исохоҷа Зикриёев, чойхонаи №21-ро бошад, ширкати “Исмоил ЛТД” хариданд.

Пас аз музояда аз раиси кумитаи идораи амволи давлатии шаҳри Хуҷанд Муборак Абдусаидовна Неъматова пурсидам, ки оё аз музояда қаноатманд аст?

– Ҳам “ҳа” ҳам “не”, – посух дод ў. – Ин музояда ҷиҳати манфӣ ва мусбати кори моро нишон дод. Ва то як дараҷа мо метавонем кори худро дар оянда мураттаб созем.

– Оё дар оянда гузаронидани чунин музояда лозим аст?

– Бешубҳа лозим аст. Ва аз он бояд хулосаи муҳими иҷтимоӣ бароварда шавад. Ва боз ташвиқи онро ҷоннок кардан лозим, то ки тамоми меҳнаткашон донанд, ки чӣ ва кай ба фурўш меравад, то ки фикру мулоҳиза ва таклифҳои хешро пешкаш намоянд.

  1. ДЕР ОЯДУ ШЕР ОЯД

Бо раиси кумитаи идораи амволи давлатии шаҳри Душанбе Мизроб Юнусов дар рўзҳои хеле вазнин вохўрдем.

– Мизроб Юнусович, чӣ ҳол доред?

Ў табассум мекунад. вале ин табассум ғамангез, табассум лабо-лаб ғамолуд аст. Лаб ба посух мекушояд:

– Хушбахтона, долонҳои кумитаи мо чун баъзе идораву муассисаҳои холӣ набуду нест. Ва ҳам чун дигар идораҳои боло бархе “касал” нашуданду бархе ба “рухсатӣ” набаромаданд. Ҳама сари коранд.

– Машғули чӣ коред?

– Кор бисёр, номбар кардани ҳамаи он аз имкон берун аст. Беҳтараш шумо суол диҳед, ман ҷавоб.

– Соли 1991 чӣ қадар корхонаву муассисаҳо ғайридавлатӣ гардонида шудааст?

– Соли 1991 мо 40 иншоотро ба савдо гузоштем. Аз онҳо 19-тояш ба фурўш рафт. 21 коллективи меҳнатӣ аз хариди корхонаҳои худ даст кашиданд.

– Соли 1992 чӣ?

– Аз рўи нақша мо бояд 180 муссисаи савдо ва хизмати маишӣ мефурўхтем ва аз ин ҳисоб ба буҷаи давлат 140 миллион сўм дохил мегардид. Аммо аз сабаби номусоидии вазъияти сиёсӣ, ҷангу ҷидолҳо нақшаҳо амалӣ нагаштанд. Аз 151 корхонаи ба фурўшмондашуда 115-тояш ба маблағи умумии 117,3 миллион сўм фурўхта шуду халос.

– Кумитаи шумо танҳо ба ғайридавлатӣ ва хусўсигардонии муассисаҳои савдо ва хизмати маишӣ машғул аст. бОз дар шаҳр корхонаҳои зиёди саноатӣ ҳастанд. Онҳоро кӣ ғайридавлатӣ мегардонад?

– Ғайридавлатӣ кардани корхонаҳои саноатӣ ба зиммаи Кумитаи давлатии амволи Тоҷикистон вогузор шудааст.

– Ин маҳдуд кардани ҳуқуқи Шумо нест?

– Бале. Вале чӣ илоҷ? Ҳамин хел қарор карданд.

– Барои сари вақт ба анҷом расонидани корҳо кадом омилҳо садди роҳи Шумо мешаванд?

– Ингуна омилҳо бисёранд. Масалан, барои ғайридавлатӣ ва хусўсӣ гардонидани муассисаҳо то иҷозати корхонаву вазоратҳо набошад, мо ин корро карда наметавонем. Вале бисёр роҳбарони вазорату ширкатҳо ба ин кор розигӣ намедиҳанд. Зеро вазорат бе корхона мемонаду роҳбарони он аз сари мансаб дур мешаванд. Барои ҳамин онҳо ба ин иқдом ҳеҷ гоҳ даст задан гамехоҳанд. Ман инро ҳатто ба баъзе роҳбарон рўирост гуфтам. Ё мисоли дигар. Девони Вазирон қарор баровардааст, ки аз рўи он мо ҳақ надорем, калонтарин муассисаҳои савдою хизмати маиширо ба монанди мағозаи универсалии марказӣ, олами кўдакон, тарабхонаи “Фароғат” ва ғайраҳо ба фурўш барорем. Ин қарор ҳуқуқҳои моро маҳдуд мегардонад ва сураъти гузариш ба бозори иқтисодиро суст мекунад.

– Маблағе, ки аз фурўши обектҳо ба даст меояд, ба куҷо сарф мешавад?

– Асосан дар сохтмони кўдакистонҳо, шифохонаҳо харҷ мегардад. Умуман аз ҳисоби ғайридавлатӣ ва хусўсигардонии амвол соли 1992 ба буҷаи ҷумҳурӣ 31 миллиону 776 ҳазор сўм дохил шуд.

– Нархҳо ҳар сол не, қариб, ки ҳар моҳ тағир меёбанд. Вақти ба савдо мондани обект асосан кадом ҷиҳатҳо ба назар гирифта мешаванд?

– Бисёр ҷиҳатҳо. Масалан, мағозаи молҳои саноатии рақами18, ки дар кўчаи Рўдакӣ воқеа аст 115,4 ҳазор сўм арзиш дошт. Ба ҳисоби иловагӣ коэфисиенти гузариш ба нархҳои нав, арзиши воситаҳои мубодилавӣ, ҷои воқеъ, даромаднокӣ ва ғайра соли гузашта ба маблағи 1 миллиону 328 ҳазору 300 сўм ба савдо рафт. Онро коргаронаш хариданд. Ё мағозаи рақами1 (воқеъ дар Водонасос) ба маблағи 6 миллиону 981 ҳазору 106 сўм фурўхта шуд.

– Баъзе одамони корчалон бо ҳар гуна роҳҳо собиби пули калон гаштаанд. Чӣ бояд кард, ки пеши ин гуна корҳо гирифта шавад?

– Мо пеш аз фурўши обектҳо аввал розигии коллективҳои меҳнатиро ба назар мегирем. Дар акси ҳол пулдорҳое ёфт мешаванд, ки мағоза ё корхонаро харида гирифта, тамоми коргаронашро аз кор озод менамоянд. Дар он ҷо одамоне ҳастанд, ки як умр машғули кор буда, дороие низ захира накардаанд. Баъде ки онҳо бе ҷои кор монанд чӣ рўзҳои сахте ба сарашон меояд. Мо ба ин роҳ намедиҳем!

20-22 декабри соли 1993

Инчунин кобед

tajhizot

Таҷҳизот барои ошхона

Аз куҷо дар Душанбе таҷҳизот барои ошхона, кафе, ресторан, ки аз пулоди зангногир — металли …