Главная / Гуногун / ҲИКОЯ ВА ЗАМОН

ҲИКОЯ ВА ЗАМОН

Масъалае, ки имрўз мавриди муҳокима қарор гирифтааст, на танҳо барои адабиёти тоҷик, балки барои тамоми халқи ҷумҳурӣ ҳам масъалаи беандоза муҳим мебошад. Зеро, ҳарчанд ногувори талх аст, бояд иқрор шавем, ки имрўз дар мамлакати мо бўҳрони шадид дар хурўш аст. Ва ин бўҳронро устод Ўрун Кўҳзод чунин ба қалам додааст: “Хатаре, ки буду нобуди моро таҳдид мекунад, аз шаш ҷиҳат ҳамла овардааст. Ҳам аз рост, ҳам аз чап, ҳам аз пеш, ҳам аз пушт ва ҳам аз боло ва аз поён. Ҳуҷум овардааст ҳам ба ахлоқу одоб, ҳам ба хўрданиву ошомиданӣ, ҳам ба пўшиданию густурданӣ, ҳам ба шавқу завқ ва ҳам ба ҷисму ҷон”.

hikoya-zaНависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун бо нидои қалб хушдор додааст: “Бемаънавиятӣ мудҳиштарин беморист, ҳатто мудҳиштар аз вабо”.

Боист, ки адибони мо овози таъсирнокии худро баланд кунанд, то ки ба бефарҳангӣ нуқта гузошта шавад!

Ҳоҷат ба шарҳу тафсили калом нест, сухан чунин қудратро дорост. Зеро сухан аз арши барин омадааст. Ва воқеан ҳам сухан нишони Худои таъолост. Аз ҳамин сабаб сухани ҳақ ва судбахш, алалхусус ҳикоя аҳамияти бузург дорад. Зеро ки ҳикоя жанри ҷанговар аст. Дар майдони хурди он хўву хислати инсон, муаммоҳо ва зидиятҳои рўзгор, тасвири ҳаёту табиат, бо образ ва манзараҳои бадеӣ ѓунҷоиш ёфта, ҳикматомез мегардад. Дар ҳикоя чеҳраи қаҳрамонҳо дар робита бо хислату сифатҳояш ва иртиботи қавӣ бо ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва манънавии мамлакат ба риштаи тасвир кашида мешавад.

Аз тарафи дигар хонандаи имрўза барои мутолиаи роману повест фурсат надорад, телевизион ва видео диққати ўро ба худ мекашад.

Ва маҳз барои ҳамин дар ҷамъияти имрўзаи мо ҳикоя аз ҳарвақта бештар мавқеи хоса пайдо мекунад.

Чун мавриди сухан аст, бояд арз кунам, ки камина ба жанри ҳикоя таваҷҷўҳи хоса дорам. Агар гўям, ки ҳикояро дўст медорам муболиѓа наход шуд. Нашри ҳар як ҳикоя боиси шодмонии ман мешавад. Ҳар боре, ки ба дастам ҳикояи хубе меафтад, маро ҳисси беназири хушбахтӣ фаро мегирад.

Ҳар рўз ҳатман камаш як ҳикоя мехонам.

Шояд ягон адиби Тоҷикистон нагуфта бошад, ки: “Ман ҳикояро дўст медорам”. Ё шояд гуфта бошад, аммо ман на шунидаам ва на хондаам. Танҳо Баҳром Фирўз дар як мусоҳибааш чунин гуфта буд: “Дар адабиёти тоҷик, ба гумонам, ҳеҷ адиби дигар ба андозаи ман ҳикоят нанавиштааст”.

Рўҳаш шоду гўраш пурнур бод!

Ба қавли устод Кўҳзод: “Орзу умуман айб нест”. Ва ман бисёр орзу дорам, ки аз забони ҳамватанони худ бишнавам: “Ман ҳикояро дўст медорам!”. Вале мутаассифона имрўзҳо ҳатто тавассути телевизион мешунавем: “Ман пулро дўст медорам. Бе пул мемурам!”

Устод Мирзо Турсунзода ибтидои солномаи адабиёти советии тоҷикро аз “Марши озодӣ”-и устод Садриддин Айнӣ донистааст. Гумон мекунам, ки ҳикояии милли тоҷик ҳам аз ҳамин суруди баландпарвоз ба вуҷуд омад, инкишофу такмил ёфт ва сабзиду ѓанӣ гадид. Яъне, ки қариб 90 сол мешавад ҳикояи тоҷик арзи вуҷуд дорад. Ҳарчанд, ки аз назм қафо монда бошад ҳам, вале агар аз нуқтаи назари дирўз назар афканем, ба таври возеҳу равшан мебинем, ки дар ин давра роҳи пуршараферо тай кардааст, ба комёбиҳои барҷаста ноил гардидааст. Ва имрўз бо камоли эътимод метавон гуфт, ки адабиёти тоҷик ҳикояҳои хуб, ҳамсанги ҳикояҳои адибони ҷаҳон дорад.

Аз ин ҳол шукр ва ифтихор кунем, меарзад.

Устод Мирзо Турсунзода навиштаанд: “Насри мо анъанаҳои классикӣ ҳам дорад, ки аз қаъри асрҳо ибтидо гирифтааст. Вале насри анъанавии тоҷик бо мурури замон аз эҳтиёҷи халқ дар канор монда, чунон мураккаб гардида буд, ки ба оммаи васеъи хонандагон дастрас набуд.

Шоири асри XIII Ҷалолиддини Румӣ тамсиле дорад дар боби баҳси наҳвию нохудо. Наҳвии мутакаббир аз нохудо суол мекунад, ки оё наҳв омўхтааст. “Нахондаам”, – мегўяд нохудо. “Ин тавр бошад, нисфи умрат ботил”. “Ту чӣ, шино омўхтаӣ?”, – суол мекунад дар навбати нохудо. “Не”, – мегўяд наҳвӣ. “Ин тавр бошад, тамоми умрат ботил – киштӣ ѓарқ шуда истодааст”, – мегўяд нохудо.

Насри тоинқилобии мо чунон аз шинои баҳри зиндагӣ маҳрум, чунон пойбанди қоидаву суннатҳо гардида буд, ки ҳамин тамсилро метавон ба он нисбат дод. Ҳатто осори маорифпарвари бузурги мо Аҳмади Дониш танҳо ба касони алоҳида дастрас буд”.

Дар ин ҷо сухани устод Мирзо Турсунзодаро зикр кардани ман тасодуфӣ нест. Имрўз мебоист роҳи такомули ҳикояро аз манбаъ ва сарчашмаҳои он сар карда, то вазъияти имрўзааш аз назар мегузарондем.

Аммо насри кўҳнаи моро муфассал баён кардан босо мушкил аст.

Лекин лоиқи зикр аст, ки ҳикоя ба сифати жанри мустақили наср чунон ки устод Мирзо Турсунзода қайд карда “якҷоя бо тамоми мамлакат роҳи мубориза, пирўзӣ ва корнамоиҳоро тай” карда, аз имтиҳонҳои сахт гузаштааст ва вазифаи худашро сарбаландона иҷро намуда, ба камолот расидааст.

Агар гўям, ки ҳама адибони ҷадид аз устод Садриддин Айнӣ баромадаанд, хато намекунам. Зеро Садриддин Айнӣ асосгузори назму насри реалистии тоҷик, поягузори жанрҳои нави адабӣ, илмӣ, таъриху адабиётшиносӣ, педагогикаву забоншиносӣ, публиситика ва ѓайра мебошанд. Аслан ў на танҳо сардафтари адабиёти даврони шўроии тоҷикон, балки қофиласолори кулли фарҳанги навини халқи тоҷик мебошанд.

Ба забон гирифтани номи устод Айнӣ на танҳо ҳисси ҷасорату матонат, балки инчунин ҳисси нафосату ахлоқро ҳам ба вуҷуд меорад.

Устод Садриддин Айнӣ офтоб аст, ки бедареѓу бетамаъ нур медиҳад.

Садриддин Айнӣ барои ҳамаи мо ҳамеша устод аст ва чуноне ки шоир гуфта: “Ҳаққи устод аз падар беш аст, в-аз падар устод дар пеш аст”.

Бале, устод Садриддин Айнӣ барои ҳамаи мо устод буд, ҳаст ва хоҳад монд!

Чунон ки дар боло қайд кардем, қариб 90 сол мешвад, ки ҳикояи тоҷикӣ арзи вуҷуд дорад. Яъне он солҳои бистуми садаи бист ба майдон омад? Бале, ҳамин тавр. Вале боз ин тавр нест. Ҳамин тавр барои он аст, ки дар ҳақиқат ҳам ҳикояи тоҷикӣ соҳои бисти садаи бист ба майдон омад. Вале ҳамин тавр нест гуфтани мо барои он аст, ки он солҳо республикаи ҷавони моро рўйдодҳои пурошўби инқилобӣ ва муборизаи шиддатноки синфӣ  фаро гирифта буд. Аз ин рў, мебоист, ки ҳикоя ҳамчун жанри ҷанговар аввалин шуда пайдо мешуд. Вале ин тавр нашуд. Ѓайричашмдошт повести устод Садриддин Айнӣ “Ҷаллодони Бухоро” ба майдон омад.

Ва хеле хуб аст, ки ҳамин тавр шуд!

Маҳз дар ҳамин давра ба дунё омадани повести “Ҷаллодони Бухоро”, ки бо санаду далелҳои таърихӣ разолат ва фоҷеаҳои рўзҳои вопасини аморатро фош мекард, ба насри тоҷик такони бузурге дод. Ин буд, ки дар ҳамин давраи пурмоҷаро ҳикояи тоҷикӣ ба дунё омад. Ва ба олами наср нафас ва рўҳи тозае ворид гардид.

Ва инак, қариб 90 сол боз ҳикояи тоҷикӣ арзи вуҷуд дорад. Дар давоми ин солҳо ҳикояи тоҷикӣ ҳамчун жанри мустақили наср роҳи ноҳамвори ташаккули инкишофро тай намуда, ба қуллаҳои баланд расидааст. Ва ҳамзамон дар инкишофи ҳамаи шохаҳои наср ҳиссаи арзандаю босазо гузоштааст.

Инкишофи ҳикояи тоҷикиро метавон ба панҷ давра тақсим намуд:

  1. Давраи ибтидо – солҳои 1920 – 1940;
  2. Давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ – солҳои 1941 – 1945;
  3. Давраи баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ – солҳои 1946 – 1959;
  4. Давраи Шўравӣ – солҳои 1960 – 1990;
  5. Давраи истиқолият – аз соли 1991 то ҳоло.

Дар давраи ибтидо ба арсаи адабиёт чунин адибон ба монанди Алӣ Хуш, Абдусалом Деҳотӣ, Ҷалол Икромӣ, Ҳаким Карим, Ҳомид Обидӣ, Раҳим Ҷалил, Баҳриддин Азизӣ, Ҳоҷӣ Содиқ қадам гузоштанд. Адибони номбаршуда яке аз аввалин ҳикоянависон ва маърифатдўстони он солҳо ба шумор мераванд. Қобили қайд аст, ки онҳо дар инкишофи маданияту адабиёти нави тоҷик ҳиссаи арзандае гузоштаанд. Бе ҳеҷ муҳобот онҳо мардони дилсўзу мушфиқ, ҷасуру мубориз ва соҳиби дили бузург буданд. Вагарна дар он солҳои хатарнок қаламро силоҳ карда, ба чунин фаъолияти мушкилу сангин даст намезаданд.

Ҷолиби диққат аст, ки онҳо ба ахлоқи иҷтимоӣ рўй оварда, инқилобу озодиро ситоиш мекарданд ва шарафу сарбаландии инсонро аз ҳама чиз авлотар медонистанд.

Ин талаби замон ва сарнақши насри он давр буд!

Ин буд, ки ҳикояҳо ба дарди ҷамъият мехўрд, барои решакан кардани нуқсонҳои ҷамъият, пойдор шудани ахлоқи коммунистӣ кўмаки ҷиддӣ мерасонд.

Дар ин давра аввалин ҳикояҳои Ҷалол Икромӣ,  Абдусалом Деҳотӣ, Алӣ Хуш чоп шуданд. Дар эҷодиёти онҳо мавзўҳои инқилоби маданӣ, мубориза ба босмачигарӣ ва барои барҳам додани боқимондаҳои ҳаёти феодалӣ, фош намудани рўҳониён мавқеи намоёнро ишѓол менамуд.

Дар адабиёти бадеӣ офаридани сурату симои бадахлоқону беорон, муфтхўрону фиребгарон, чопсулулону лаганбардорон, порахўрону бюрократҳо кори хеле мушкил аст. Зеро ки хулқу атвор ва хўву хислати онҳоро амиқ омўхтан ва дар образи типӣ муҷассам намудан лозим меояд. Дар ин ҷода Раҳим Ҷалил ва Баҳриддин Азизӣ хидмати шоиста кардаанд. Қобили зикр аст, ки Раҳим Ҷалил яке аз сермаҳсултарин адиб мебошад. Дар баробари иншои роману повестҳо қариб 100 ҳикоя навиштааст, ки 83-тои он дар китоби “Ҳикояҳо” соли 1984 аз тарафи нашриёти “Ирфон” ба табъ расидааст. Истеъдоди Раҳим Ҷалил дар ҳикояҳои оиди душманони синфӣ навиштааш рахшонтар ба назар мерсад. Вай дар ин ҳикояҳо на танҳо зоҳиру ботин, балки рўҳия муқовимати онҳоро низ кушодааст.

“Ҳикояҳои Азизӣ, – ҳанўз соли 1932 навишта буд Сотим Улуѓзода, – аз ҷиҳати сюжет мароқовар ва бо тасвири қаҳрамони реалӣ офарида шуда, ба соддагии забони таҳрираш дастраси омма мебошад… Хато нахоҳем кард, агар бигўем: ҳеҷ як тоҷики босавод нест, ки ҳикояҳои Азизиро нахонда бошад…”. Нависандаи маъруфи тоҷик Ҷалол Икромӣ инро тақвият дода: “Мо дўстдорони адабиёти тоҷик ин ҳикояҳоро бо завқу шавқ мехондем”.

Меарзад, ки дар бораи Ҳаким Карим пуратар нақл намоям. Ҳам мунаққидон ва ҳам ҳамкасбон эътироф кардаанд, ки Ҳаким Карим дар иншои ҳикояҳои марѓуб мумтоз буд. Ин адиб ҷаҳонро аз диду боздидҳои хеш мешинохт. Хусусияти назарраси ҳикояҳои Ҳаким Карим аввалан дар кўтоҳ ва мўъҷаз будани онҳост, сониян онҳо бофтаи хаёли муаллиф набуда, тасвири ҳаёт бо ҳама мушкилоту бурду бохташ мебошад. Аз ин рў ҳикояҳо бо як нафас ва бо завқу шавқ хонда мешавад.

Яке аз беҳтарин ҳикояҳои ў “Марҳабо, баҳор!” мебошад, ки ҳамагӣ 70 сатр аст. Дар ин 70 сатр ба қавли Саттор Турсун “чун дар мусаввара ҳама чизи даркорӣ ҳаст”. Бале, дар он ҳаёти қаҳрамон аз кўдакӣ то ба камолот тасвир ёфтааст. Падари Карим, ѓуломи зархариди бой ҳангоми ҷуфти замин аз гушнагӣ ҷон ба ҷонофарин месупорад.

Ин ҳодиса баҳор ба вуқўъ меояд.

Он замон Карим ҳамагӣ ҳафт сол дошт.

Дар марги падар Карим баҳорро гунаҳгор дониста, онро бад мебинад, кин мегирад. Мегўяд, ки навозишам накардӣ, ба сарам куфтӣ, намондӣ монанди дигарон болу пар занам, аз нашъаи кудакӣ баҳраманд шавам. Ту маро ѓуломи дари хуҷаини падарам кардӣ. Ба як мушт – як бурда нон хўрдам!

Карим чӣ азобҳо кашида, ба воя мерасад ва мефаҳмад, ки дар марги падараш баҳор гунаҳгор нест. Акнун ў кўдаки гирёнчак, ѓуломи зархариди бой нест. Вай яктои миллионҳо муборизони далер аст, ки зимистони қаҳратунро ба баҳори абадӣ мубаддал карда истодаанд. Дар охирин сатри ҳикоя қаҳрамон нидо мекунад: “Марҳамат, баҳористон!”.

Ҷолиби диққат ва шоистаи таҳсин аст, ки Ҳаким Карим ба офаридани образи зан диққати махсус додааст. Ҳикояҳои “Рашк”, “Муҳаббат”, “Оқшуда”, “Бева” аз он ҷиҳат ҷолиби диққат аст, ки дар онҳо образи типии занони ботинан зебо ва мубориз офарида шудаанд.

Дар ҳикояи “Оқшуда” Ҳаким Карим образи Заҳро, чеҳраи зебо ва дунёи ботинии ў, таѓйироти фикру зикри ў ва муносибати ўро ба зиндагӣ моҳирона тасвир намудааст. Муаллиф тавассути хаёлоти рангини қаҳрамони худ олами ботинии ўро кушода, ба ниҳонхонаи дили ў роҳ меёбад ва ишқи покашро месарояд.

Дар ҳақиқат Заҳро зани мубориз аст.

Вай на танҳо ба муқобили душманони халқ, балки ба муқобили урфу одатҳои кўҳна, барои ишқи поки худ мубориза мебарад. Зеро моҳияти зиндагии ўро оштинопазирӣ ба қонунҳои маҳдуди ҷамъиятӣ, қадр намудани шараф ва эътибори инсонӣ ташкил медиҳад.

Ҳикоя хеле моҳиронаву шавқовар ба таври интернасионалӣ ҷамъбаст мегардад, ки дар он замон хеле муҳим буд.

“Фелдшери эскадрон аввал ангушти хуншори Заҳроро баст. Баъд Бобиро дид, ба синаи ў карнайчаашро монда гўш андохт, як дам набзи дасти ўро қапида истод ва пас аз он яраҳои Бобиро шуста ва баста шуд, ба Заҳро нигоҳ карда:

– Апа, твой муж якхшӣ буладӣ! – гуфт.

Заҳро хандакунон калаашро ҷунбонида:

– Харашў! – гуфт”.

Қаҳрамони ҳикояи “Бева” капири Одинамоҳ бо ҳама ѓаму ѓуссааш танҳо мемонад, вале назди касе сар хам намекунад, пеши худ қарор медиҳад: “То зиндаам, нонамро ёфта мехўрам!”. Ин кампири барҷомонда ба муқобили босмачиҳои хунхўр бархеста, сарбози русро наҷот медиҳад.

Қаҳрамони ҳикояи “Рашк” Саодат ба муқобили рашки беасоси шавҳараш, ин заҳри қотил, ки оилаи ҷавони онҳоро заҳролуд карда буд, мубориза бурда, ѓолиб меояд ва оилаашро пойдор нигоҳ медорад.

Қобили зикр аст, ки Алӣ Хуш, Абдусалом Деҳотӣ, Ҷалол Икромӣ, Ҳаким Карим, Ҳомид Обидӣ, Раҳим Ҷалил, Баҳриддин Азизӣ, Ҳоҷӣ Содиқ дар таҳаввулу инкишофи жанри ҳикоя хидмати босазо карда, қарзи муқаддаси худро дар назди адабиёт шоиста иҷро намудаанд.

Рўҳашон шоду гўрашон пурнур бод!

Ба ҳамин тариқ, агар давраи аввали ҳикояи тоҷикиро ҷамъбаст кунем, метавон гуфт, ки он ба адабиёт баҳористони ҳикояро пешкаш намуд.

Аммо…

Бале, аммо Ҷанги Бузурги Ватанӣ осмони ин баҳористонро тира гардонд. Ин ҷанг 1418 шабу рўз тўл кашид. Дар собиқ Иттиҳоди Шўравӣ беш аз 27 миллион нафар, дар қатори онҳо аз Тоҷикистон қариб 100 ҳазор нафар ҷанговарон ҳалок гардиданд. Зиёда аз 1000 нафар шоирону нависандагон ба ҷанг рафта, 417 нафари онҳо ҳалок гардиданд, ба 5 нафарашон унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ доданд.

Чунон ки устод Мирзо Турсунзода баъди бисту як соли ҷанг, дар рўзҳои анҷумани XXV КПСС навишта буд: “Дўстии халқҳо ва адабиётҳои мо дар муҳорибаҳои шадид ва хунин аз санҷиши бузург гузаштаанд”.

Бале, ин ҷанги вазнину беҳамто, ки онро бани башар ёд надошт, барои тамоми адабиёти мо имтиҳони ҷиддӣ гардид. Дар рўзҳои аввали ҷанг сатрҳои ҳаяҷонбахши Ҳабиб Юсуфӣ ба майдон омад:

      Вақти он аст, эй қалам, буррандатар гардӣ зи теѓ,

      Вақти он аст, эй сухан, ѓуррандатар гардӣ зи барқ.

Ин сатрҳо шиори тамоми адибон гардид. Ин буд, ки онҳо қаламро ба теѓ баробар карда, дар сафи пеши майдон буданд ва оромиву танаффусро намедонистанд. Адибони тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ, Сотим Улуѓзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Ҳаким Карим, Ҳоҷӣ Содиқ дар майдони ҳарбу зарбҳои хунин ҳамроҳи рафиқони ҳамяроқи гуногунмиллати худ ба муқобили душмани ѓаддору пурзўр қаҳрамонона меҷангиданд. Дар баробари ин қаламро аз даст раҳо намекарданд, рўзноманигори ҳарбӣ буданд, шеъру ҳикоя менавиштанд.

Дар роҳи дифои Ватан Ҳабиб Юсуфӣ ва Ҳаким Карим шаҳид шуданд.

Бояд иқрор шуд, ки дар ин давра мақолаҳои публисисти ва очерк як қадар майдони ҳикояро танг карданд. Бо вуҷуди ин устод Садриддин Айнӣ як силсила ҳикояҳо таълиф намуда, қалби ватандўстонаи тоҷикро ба ҷушу хурўш меорад ва адовати онҳоро ба муқобили фашизм меафзояд. Дар ин давра маҷмўаи ҳикояҳои Раҳим Ҷалил “Ҳикояҳои даври ҷанг” нашр мешавад, ки он асосан ба ҳаёти ақибгоҳ бахшида шудааст. Ҳикояҳои “Телпакдўз”, “Ҳодисае дар фронт”, ”Комсомол”, “Ҳиммати Ҳалим-бобо” дар бораи меҳнат ва ҳиммати одамони ақибгоҳ нақл мекунад. Қобили қайд аст, ки ҳикояҳои Раҳим Ҷалил шиори маъмули ҳамон замон “Ту барои фронт чӣ кор кардӣ?”-ро таҷассум мекунанд.

Ба фикри ман яке аз беҳтарин ҳикояҳои Раҳим Ҷалил ҳикояи “Модар” мебошад. Модар писарашро ба ҷабҳа гусел мекунад. Баъди чанде ба модар ордени писарашро, ки вазифаи ватандўстиро мардона анҷом дода буд, месупоранд. Модарро андўҳи гароне фаро мегирад, дар чашмонаш ашк ҳалқа мезанад. Муаллиф менависад, ки: “Аммо дидаҳои пуроби ў бо ифтихор буданд”. Сипас модар набераашро ба ҷанг гусел намуда, мегўяд: “Ту ҳам таѓоят барин ҷанг кун. Агар Худо насиб кунаду ба шаҳри немисҳо зер карда дароию ба модари ягон салоти фашист рў ба рў шавӣ, гўй: – Лаънат ба ту барин модар, ки бачакушу хонасўз калон кардаӣ! Лаънати модарони олам ба ту!”.

Муаллиф ҳикояро чунин ҷамъбаст мекунад: “Бузургии модарони мо, модароне, ки фарзандонашон барои саодати одамизод қурбон шудаанд, дар ин пиразан муҷассам гардида буд. Дар ҳақиқат модарони мо чи қадар бузургвор, чи қадар меҳрубон, то чи андоза босуботу тамкинанд! Ин хусусияти хоси модарони советист!”.

Дар баробари Раҳим Ҷалил адиби ҷавон Фотеҳ Ниёзӣ ҳам хеле ҷасурона қалам меронад. Фотеҳ Ниёзӣ он чиро ки дида ва аз сар гузаронидааст, тасвир мекунад. Аз ин рў ҳикояҳояш воқеӣ, шўрангез ва ҳаяҷоновар мебошанд. Яке аз беҳтарин ҳикояҳои ў “Рўймолча” ба ҳисоб меравад. Қаҳрамони ҳикоя сержант Сафар Одинаев мебошад. Муаллиф дунёи ботинӣ ва маънавии ҷанговари шўравиро нишон медиҳад. Сафар Одинаев ба Ватани худ муҳаббати бепоёне дорад. Вай ҷони худро ба ҳалокат андохта, худаш ба пешвози марг меравад ва ба ҳуҷум гузаштани ҷанговаронро таъмин мекунад.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ адабиёт ва санъати тоҷик пеш рафт, оммаро ҷиҳати маънавӣ-сиёсӣ, дарки зебоӣ дар ақибгоҳ ва ҷабҳа, ѓояҳои дўстӣ, меҳанпарастӣ, диловарӣ, шуҷоат ва қаҳрамонӣ талқин намуд.

Аз рўзи ѓалабаи оламшумули Қувваҳои Мусаллаҳи Шўравӣ шаст сол гузашта бошад ҳам, суханони зерини И. В. Сталин: “Шаъну шараф абадӣ бод ба ҷанговароне, ки барои озодӣ ва истиқлолияти Ватани мо ҷони худро фидо карданд!” аҳамияти бузурги худро гум накардааст. Ин аст, ки дар бораи муҳорибаҳои шадид ва диловарони беназири Ҷанги Бузурги Ватанӣ асарҳои бисёре навишта шудааст. Адабиёти тоҷик ҳам қарзи худро адо намудааст. Дар баробари роману повестҳо ҳикояҳои бисёре ҳам офарида шудаанд, ки онҳо дар маҷмўаҳои “Дар оташ” (соли 1975), “Дар оташи ҷанг” (соли1988), “Чакомаи пирўзӣ” (соли 1990), “Шасти зафар” (соли 2006) ба табъ расидаанд.

Асарҳое, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва баъди он офарида шудаанд, барои дар рўҳи вафодорӣ ба Ватан, тарбия намудани ҷавонони мо аҳамияти калоне доранд.

Дар давраи баъди ҷанг адабиёти тоҷик равнақи тоза ёфт ва адибон ба комёбиҳои нави эҷодӣ ноил гаштанд. Зеро дар муборизаи ҷоннисоронае, ки халқи шўравӣ ҳам дар ҷабҳа ва ҳам дар ақибгоҳ бурд, одами наве ба вуҷуд омад. Онҳоро қаҳрамон номем, хато намекунем. Ва онҳо бо ҳамон рўҳи ҷанговарона ба барқарор кардани харобиҳои ҷанг камар бастанд. Ҷараёни хурўшони барқароркунӣ ва обод кардани кишвар манбаи илҳом ва ҷустуҷўҳои эҷодӣ мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки боз ҳам устод Садриддин Айнӣ ба адабиёти баъдиҷангӣ такони бузурге медиҳад. Дар ин давра асари чорҷилдаи тарҷимаиҳолии устод «Ёддоштҳо» ба табъ мерасад, ки дар он муҳимтарин лаҳзаҳои таърихии ҳаёти халқи тоҷик дар охирҳои асри XIX ва ибтидои асри XX инъикос ёфтааст. Ин асар на фақат дар эҷодиёти устод мавқеи марказиро ишѓол намудааст, балки яке аз муваффақиятҳои ба назар намоёни адабиёти тоҷик дар солҳои пас аз ҷанг мебошад.

Сипас романҳои «Шодӣ»-и Ҷалол Икромӣ, «Пўлод ва Гулрў»-и Раҳим Ҷалил, повестҳои «Вафо»-и Фотеҳ Ниёзӣ, «Субҳи ҷавонии мо»-и Сотим Улуѓзода адабиёти тоҷикро бой гардонд.

Ҳикояи тоҷикӣ ҳам қафо намонда, рў ба пешрафт меорад. Ва дар ин давра ҳам Раҳим Ҷалил, Ҷалол Икромӣ Фотеҳ Ниёзӣ, Абдусалом Деҳотӣ пешсафиро аз даст намедиҳанд. Осори онҳо саҳифаҳои адабиёти тоҷикро зинат доданд ва ба адибони ҷавон роҳ кушоданд. Ин буд, ки адабони ҷавон Пўлод Толис, Раҷаб Амонов, Қодир Наимӣ, Абдумалик Баҳорӣ, Ибод Файзулло, Болта Ортиқов, Абдусалом Атобоев ба майдони адабиёт қадам ниҳоданд.

Дар бораи Пўлод Толис мехоҳам қадре муфассалтар таваққуф кунам, зеро жанри асосии эҷодиёти ў ҳикоя мебошад ва ба майдон омадани ҳикояҳояш ҳодисаи шоёни таваҷҷўҳи он солҳо ба шумор меравад. Пўлод Толис дар синни 17 солагӣ ба майдони адабиёт ворид гашт ва ҳамагӣ понздаҳ сол дар он қалам ронд. Дар ин муддати кўтоҳ дар таърихи адабиёти тоҷик нақши абадӣ гузошт. Пўлод Толис бештар мутолиа ва тарҷума мекард, худ кам менавишт, нисбат ба худ ва рафиқони эҷодкораш серталаб буд. Осори адабии ўро шасту шаш ҳикоя, се повест, як очерк, чор фелетон ва як песача ташкил медиҳад. Таносуби жанрии эҷодиёти нависанда собит месозад, ки маҳорати Толис пеш аз ҳама дар ҳикоянависӣ зоҳир гардидааст. Ҳикоёти Толис аз ҷиҳати мазмун ва шакли худ хеле гуногун буда, қариб, ки ҳамаи соҳаҳои зиндагиро тасвир месозанд. Дар ҳикояҳои Толис беҳтарин хислатҳои одамон, пеш аз ҳама модарон, насли калонсол ва ҷавонон тасвир ёфтаанд. Қобили зикр аст, ки Толис дар ду давра ҳикоя эҷод кардааст. Давраи аввал аз соли 1945 то соли 1952 мебошад, ки он дар адабиёт ҳамчун давраи “назарияи беконфликтӣ” эътироф шудааст. Мутаассифона адабиёти тоҷик аз ин давра на танҳо манфиат надид, балки ба қавли баъзе адабиётшиносон зарар ҳам дид. Соли 1952 бо қарори анҷумани XIX КПСС ба муқобили ин назария мубориза оѓоз меёбад. Ҳикояи беҳтарин Толис, ки дар давраи аввал эҷод шудааст, ҳикояи “Модар” мебошад. Ҳангоми дар ҷанг будани Саид, модари ў Фазилатхола Павлик ном русбачаро ба фазандӣ мегирад. Пас аз анҷоми ҷанг Саид бо рафиқаш Савельев ба Тоҷикистон бармегардад.

“Дар сари чой яке пурсид:

– Саидҷон! Ин рафиқатро ҳам бо худат овардӣ-а?

– Ҳа. Фамилияи рафиқам Савельев аст. Вай ҳам пеш аз ҷанг зану фарзанд дошт. Вале немисҳо оилаи ўро нобуд карданд…

– Оббо…

– Афсўс…

– Гўри немис сўзад!…

– Ман ўро намонда ин ҷо гирифта омадам.

– Бисёр наѓз кардед, – гуфт Меҳринисо, – дар шаҳри худашон ҳар чиз ба ёди рафиқатон оилаашро меовард. Ба ин ҷо оварданатон бисёр ақлона шудааст!”

Пас маълум мешавад, ки Павлик, ки ҳама ўро Пўлодҷон мегуфтанд, писари Савельев будааст.

Ҳикояи “Духтар”-ро яке аз беҳтарин ҳикояҳои дар давраи дуюм эҷодкардаи Толис шуморидан мумкин аст. Ҳикоя хеле хурд, ҳамагӣ панҷ саҳифа аст, вале Толис мавзўи муносибати падару фарзандро хеле моҳирона ба қалам додааст. Қаҳрамони ҳикоя Саломат-апа сурати зебо дорад, вале ботинаш сиёҳ аст. Вай на танҳо фарзанди сангдил, на танҳо қарзи фарзандии худро, ки видоъ кардан бо майит аст, ба ҷо наовард, балки барои ба даст овардани мерос ва аз худ кардани пуле, ки аз падар монда буд, кушиш мекунад. Толис образи фарзанди нохалафро моҳирона тасвир карда, олами ботинӣ ва руҳияи ўро кушода додааст.

Ба қавли олими шинохтаи тоҷик Атохон Сайфуллоев: “Ҷумлаҳои Толис муѓлақу печ дар печ нест… вазн ва рукнҳои ба худ хос дорад. Калимаю ибораҳо дар осори ў вазифаи лангареро адо мекунанд. Бисёр образ ва санъатҳои бадеии ў табиӣ ва дар айни замон оригтналӣ мебошанд, ки манзара ва предмети тасвирро ба пеши назар ҷилва медиҳанд. Тавсиф, ташбеҳ, истиора, маҷоз ва амсоли инҳо хеле равшану конкрет, сараю зебо ва реалистонаанд”.

Хулоса, мавқеи Пўлод Толис дар таърихи адабиёти тоҷик калон мебошад. Вале мутаассифона то ба имрўз эҷодиёти ў мавриди омўзиши махсус қарор нагирифтааст.

Дар ин давра дар ривоҷи жанри ҳикоя Абдусалом Атобоев низ саҳми босазо гузоштааст. Ба қавли Абдувалӣ Давронов: “Абдусалом Атобоев аз ҷумлаи нависандагонест, ки адабиёт ва хусусан насри баъди Толисро бо таълифи ҳикояҳои “Салом, эй моҳи мунир!”, “Зистан лозим”, “Вақте ки баҳр меѓуррид…”, “Вақти гули шафтолу”, “Дидори падар”, “Хирмани оташ” дар поя ва сатҳи маърифати адабиёти бадеии нимаи дуввуми асри гузашта нигоҳ дошт”.

Давраи чоруми ҳикояи тоҷикиро давраи Шўравӣ – солҳои 60 – 90 ташкил медиҳад. Ин давра давраи рушду нумўи адабиёти тоҷик ба ҳисоб меравад. Он ба замоне рост омад, ки баъзе қолабҳои замони шахсиятпарастӣ ва диктатураи Сталинӣ шикаста шуд. Дар насри тоҷикӣ таҳаввулоти куллӣ, як гардиши сифатан назаррас падид омад. Ҳикояи тоҷикӣ на танҳо мазмуни бойи миллӣ гирифт, балки бо рангҳои наву ҷолиб ҷило дод.

Ба қавли устод Мирзо Турсунзода “нависандагони тоҷик на танҳо аз адабиёти ҳазорсолаи халқи худ омўхтанд, балки монанди ташнагони Саҳрои Кабир аз сарчашмаҳои пурнеъмати адабиёти рус ва ҷаҳонӣ муттасил баҳраманд гардиданд”.

Аввали солҳои 60: Фазлиддин Муҳаммадиев.

Миёнаи солҳои 60: Ўрун Кўҳзод, Сорбон, Муҳиддин Хоҷаев, Саттор Турсун.

Охири солҳои 60: Абдулҳамиди Самад, Кароматуллои Мирзо, Маъруф Бобоҷон, Шодӣ Ҳаниф, Мубинҷон Юсуфов, Бобо Насриддин, Насим Раҷаб, Додоҷон Раҷабӣ, Ҳабиб Имодӣ, Лутфӣ Саид, Аскар Ҳилолиён.

Солҳои 70: Баҳром Фирўз, Ҷонибеки Акобир, Равшани Ёрмуҳаммад, Сайф Раҳимизоди Афардӣ, Баҳманёр, Абдурофеъ Рабизода, Барот Абдураҳмон, Иноят Насриддин, Муҳаммадзамони Солеҳ, Нур Табар, Бахтиёри Муртазо, Қурбон Алӣ, Муҳибуллоҳи Қурбон, Муҳаммадраҳими Сайдар, Қодири Рустам, Муқим Воҳид, Давлатшоҳи Тоҳирӣ, Субҳон Эҳсон, Карим Давлат, Нозир Ёдгорӣ, Ѓайрат Ҳаким.

Солҳои 80: Мансур Суруш, Маҳкам Пўлод, Акбар Шариф, Раҷаб Мардон, Салоҳ Солеҳ, Неъматулло Худойбахш, Абдуѓаффор Партав, Анвар Олимӣ, Муҳиддин Музаффаров, Хушбахт Ҳайдаршо.

Ҳар яке ба майдони адабиёт бо мавзў ва ҷаҳонбинии хоси худ, бо эҳсоси нотакрори сухан ва дарду ѓами хеш ворид гардиданд. Онҳо ба тадқиқи масъалаҳои ҷиддӣ ва тезу тунди зиндагӣ, паҳлуҳои мухталифи ахлоқи иҷтимоӣ рў оварданд. Ва хушбахтона ба ҷамъбасти бадеии онҳо муваффақ гаштанд. Онҳо ба умқи ҳаёти ҷомеа назари тоза андохта, тавонистанд, ки ҳақиқати бадеиро аз ҳақиқати зиндагӣ боло гузоранд.

Дар ин давра нақши Фазлиддин Муҳаммадиев беназир аст. Маҳз бо ташаббуси Фазлиддин Муҳаммадиев ва ворид шудани ў ҳамчун адиби боистеъдод ба адабиёти тоҷик дар ин солҳо насри мо қадами қатъӣ ба пеш ниҳод. Бояд зикр кард, ки аслан аввалин ҳикояҳои Фазлиддин Муҳаммадиев дар солҳои 50 чоп шудаанд. Вале нерўи суханварии ў дар ҳама жанрҳо аввали солҳои 60 чун офтоб дурахшидааст. Устод Фазлиддин Муҳаммадиев ҳикояро дар насри мо ба пояи устуворе расонидааст, яъне устоди жанри ҳикояи тоҷикӣ гардидааст. Дар баробари ин ў бунёдгузори “насри андеша” дар адабиёти муосири тоҷик мебошад. Ин ҳам аз тарафи адабиётшиносон ва ҳам аз тарафи шоирону нависандагон тавсиф гардидааст.

Асарҳои Фазлиддин Муҳаммадиев монанди оинае буд, ки мардум инъикоси дармондагии худро дар он медиданд. Аз ин рў дар байни ҳамаи табақаҳои аҳолӣ шўҳрати бепоён, маҳбубияту иззату эҳтиром дошт. Бо чӣ сирре асарҳояшро рўи қоѓаз меовард, ки зуд ба дилҳо роҳ меёфт?

Якум истеъдод, ки онро ҳама эътироф кардаанд.

Сирри дуввумашро устод Сотим Улуѓзода кушода: “Нависанда ба ҳамаи кору бори мамлакатамон, хоҳ калон бошад ва хоҳ хурд, хоҳ давлатӣ бошад ва хоҳ ҷамъиятӣ, худро на танҳо шарик, балки масъул ҳам медонад ва аз рўи ҳамин ҳисси ширкату масъулият амал мекунад”.

Сирри сеюмашро устод Муҳаммадҷон Шукуров кашф карда: “Ба фикри ман Фазлиддин Муҳаммадиев ошиқи ҳаёт, дилдодаи одамизод ва наҷобати дили ўст. Аз ҳар сухани ў нисбат ба инсони ҳақиқӣ, нисбат ба корномаҳо ва фикру эҳсосоти олию наҷиби вай дунё-дунё меҳру муҳаббат ҳувайдост”.

Сирри чаҳорум дили сафеди ў мебошад. Худи устод менависад: “Хислати одам ба дилаш мувофиқ мешудааст. Дил сафед бошад, даст кушод, назар баланд мешудааст. Дигар гап не. Ба халқ ҳар қадар зиёд бахшӣ, ба худат ҳамон қадар зиёдтар мемонад”.

Сирри панҷум аз илми эстетика бархўрдор бадани ўст. Дар ягон асараш сухани дурушту нозеб дида намешавад.

Ин сифати махсуси наҷиб – расми хуби тоҷикон аст.

Устод Фазлиддин Муҳаммадиев жанри ҳикояро то ба пояи олӣ бардошт ва чунон ҳикояҳо навишт, ки назирашро дар адабиёти муосири тоҷик надидаем. Дар ҳақиқат ҳам Фазлиддин Муҳаммадиев устоди беҳамтои наср аст.

Бале, устод Фазлиддин Муҳаммадиев яке аз бузургтарин нависандаҳои садаи бистум маҳсуб меёбад ва осори фаровонеро аз худ ба ёдгор монда. Ҳеҷ ҷои баҳс нест, ки асарҳои Фазлиддин Муҳаммадиев ба ганҷинаи адабиёти тоҷик ба таври абадӣ дохил шудаанд. Аз ин рў бо ифтихор ва боварии қатъӣ гуфтан мумкин аст, ки мероси адабии Фазлиддин Муҳаммадиев ин сарвати маънавии Тоҷикистон аст.

Бояд зикр кард, ки мутаассифона ҳикояҳои Фазлиддин Муҳаммадиев ҳадафи тадқиқот ва баррасиҳои адабӣ қарор нагирифтаанд. Омўхтан ва ба хонанда дастрас кардани ҳикояҳои ў шояд кўшишҳои зиёди илмиро талаб менамояд. Вале ин корро ҳар чӣ тезтар бояд анҷом дод. Ин дар замони мо хеле муҳим аст. Зеро он метавонад ба адибони ҷавон ҳамчун манбаъи гаронбаҳо хидмат кунад.

Ҳеҷ ҷои баҳс нест, ки таъсири эҷодии Фазлиддин Муҳаммадиев бўстони насри солҳои 60-80-ро файзу баракат ва нашъунамо бахшид. Абдулҳамиди Самад дар як сўҳбат гуфтааст: “Устод Фазлиддин Муҳаммадиев ба аксари адибон аз худ ҷавонтар, аз ҷумла камина ҳам, бо хислатҳои ҳамида, дастгириҳои ҷавонмардона, осори марѓубу ҳунармандона ва дардошноияш пири маънавӣ ҳисоб мешуд”. Бесабаб нест, ки бисёре аз адабон ҳикоя ва қиссаҳои худро “Ба ёди Фазлиддин Муҳаммадӣ” бахшидаанд.

Бешубҳа Фазлиддин Муҳаммадиев роҳнамои онҳо буд, аммо худи онҳо созандаи худ буданд. Асоси ин созандагиро истеъдод ташкил медиҳад. Агар истеъдод намедоштанд, таъсири устод наметавонист коре бикунад. Ҳамин истеъдод буд, ки худро кашф карданд ва ба майдони адабиёт қадамҳои қатъӣ гузоштанд. Маълум шуд, ки Ўрун Кўҳзод, Сорбон, Саттор Турсун, Муҳиддин Хоҷаев, Абдулҳамиди Самад, Кароматуллои Мирзо, Баҳром Фирўз, Ҷонибеки Акобир, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Баҳманёр, Равшани Ёрмуҳаммад, Абдурофеъ Рабизода, Барот Абдураҳмон, Иноят Насриддин, Муҳаммадзамони Солеҳ дар эҷоди ҳикояи ахлоқии психологӣ ҳунари хосае доранд. Онҳо бо ҳисси масъулият бори суханро кашида, ба хазинаи насри тоҷик ҳикояҳои ҷолибу мондагор ворид намуданд. Чакидаҳои қалами онҳо бўстони насри моро ба қавли устод Мирзо Турсунзода “ҳамчун баҳори сабзу хуррам ва мунаққаш дилкаш ва зебо” кард. Як зумраи онҳо ба пояҳои баланди эҷодӣ расида, офаридаҳои онҳо вирди забонҳо гашт ва берун аз хоки Тоҷикистон арзи ҳастӣ кард.

Ҳикояҳои “Достони муаллим”-и Ўрун Кўҳзод, “Думбура”-и Саттор Турсун, “Кабўтари сафед”-и Сорбон, “Мурофиа”-и Абдулҳамиди Самад, “Гунҷишки сафед”-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ, “Қадри модар”-и Кароматуллои Мирзо, “Кўҳистонӣ”-и Ҷонибеки Акобир, “Қиссаи шеърҳои хунин”-и Муҳаммадзамони Солеҳ, “Гўрков”-и Равшани Ёрмуҳаммад, “Нархи Одам”-и Баҳманёр, “Ҷароҳат”-и Иноят Насриддин, “Моҳи ѓунудаи шаб”-и Бароти Абдураҳмон, “Гуноҳ”-и Абдурофеъ Рабиев беҳтарин ҳикояҳо ба шумор мераванд. Дар ин ҳикояҳо адибон бо дили пурҳарорат ва маҳорати калон сарнавишти инсони имрўзаро бо ҳама дардҳои зиндагию иллатҳои рўзгор, дарки масоили тезу тунди ахлоқӣ ва камолоти маънавии ўро мавриди тадқиқ қарор додаанд.

Маҳдуд кардани таваҷҷўҳ ба эҷодиёти Мубинҷон Юсуфов, Додоҷон Раҷабӣ, Неъматулло Худойбахш, Анвар Олимӣ, Раҷаб Мардон, Маҳкам Пўлод, Субҳон Эҳсон, Карим Давлат, Муҳибуллоҳи Қурбон, Абдуѓаффор Партав, Мансур Суруш, Нозир Ёдгорӣ ва Ѓайрат Ҳаким албатта сазовор нест. Хосса он ки онҳо бо навиштаҳои худ собит сохтанд, ки дар ҷодаи ҳикоя каси тасодуфӣ нестанд. Сабки баёну ҳусни тасвир рангу ҷилои махсус дорад. Аз ин рў, ҳикояҳо соддаю возеҳ ва равону дилчасп мебошанд. Аксари ҳикояҳо ҷанбаи иҷтимоӣ ва интиқодӣ дорад ва гоҳ низ бо пичингу кинояҳои намакӣ ва танзҳои газандаву талх, ки нишонрасу мақбуланд ҳамроҳ аст. Зиёда аз ин аз чакидаҳои қалами онҳо таровати ҳозирҷавобӣ ва хушгўиҳои мардум ба машом мерасад, ки ба қавли устод Асадулло Саъдуллоев: “…аз мўшикофона мушоҳида намудани рўйдодҳои ҳаётӣ сар мезанад”.

Дар ҳама давру замон бори асосии наср бар дўши адибони насли калонсолу соҳибтаҷриба будааст. Боиси қаноатмандист, ки онҳо дар даври истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳам ин рисолатро аз даст надоданд. Бо осори пурмазмун ва хушсифти худ дар равнақу ривоҷи ҳикоя Абдумалик Баҳорӣ, Ўрун Кўҳзод, Саттор Турсун, Абдулҳамиди Самад, Сорбон, Кароматуллои Мирзо, Ҷонибеки Акобир, Равшани Ёрмуҳаммад, Абдурофеъ Рабизода, Неъматулло Худойбахш, Иноят Насриддин, Раҷаб Мардон, Додоҷон Раҷабӣ, Насим Раҷаб, Муҳиддин Хоҷаев, Мубинҷон Юсуфов, Субҳон Эҳсон саҳми шоиста гирифтанд.

Ин шаҳодати он аст, ки онҳо дарди ҷомеаро дар дилу ҷони худ ҳис карданд ва барои дармони он кўшиданд.

Чунонки устод Худоӣ Шарифов менависад: “…камолоти ҳунарӣ ва суханварӣ интиҳои мутлақ надошта, ҳама вақт нисбист”.

Сазовори таъкид аст, ки ба қонунҳои сахти даврони бозаргонӣ нигоҳ накарда ба майдони наср бисёр адибони ҷавони болаёқат қадам гузоштанд. Ин падидаи хеле муҳим аст. Зеро аз як тараф ҷумҳурии мо дар фазои Иттиҳоди собиқи шўравӣ торафт бештар ба сифати механизми афзалиятноки ҳамгироӣ табдил меёбад. Аз ҷониби дигар, мо бо таҳдидҳои рўз то рўз афзоишёбандаи  иқтисодӣ, экологӣ, иҷтимоӣ ва таҳдидҳои дигари ҷиддӣ рў ба рў мешавем

Кистанд онҳо?

Бо камоли мануният исми чанде аз онҳоро, ки бо мавҷи тозаи ҳикоянависӣ ба рўи оби эҷодӣ омадаанд арз менамоям: Юнус Юсуфӣ, Саидалӣ Саид, Салими Аюбзод, Диловари Мирзо, Тоҳири Маҳмадризо, Садриддини Ҳасанзод, Давлатшоҳи Тоҳирӣ, Сипеҳри Ҳасанзод, Равшани Махсумзод, Маҷид Салим, Убайдуллои Мурод, Муродалии Ҷаббор, Акбар Шариф, Сироҷиддини Шароф, Собирҷони Иброҳим, Зариф Ѓулом, Раҳими Рафеъзод, Ѓанӣ Ҷуразода, Абдураҳмон Расулӣ, Хуршеди Атовулло, Исфандиёр, Исмоили Иброҳим, Ҳасан Боқӣ, Саидмурод Расулӣ, Нурмуҳаммад Исҳоқӣ, Нусратулло Абдулло, Ҳабиб Саид, Баҳманёр Муродӣ…

Бисту ҳашт адиб. Бисту ҳашт хел сину сол. Бисту ҳашт хел мизоҷ. Бисту ҳашт забон. Бисту ҳашт тарзи баён. Бо вуҷуди ин, бе шакку шубҳа метавон гуфт, ки онҳо бо ниятҳои неки хизмат кардан ба адабиёт по ба майдони наср ниҳодаанд. Аз ин рў нерўи тозаи насри бадеии тоҷикӣ, бахусус ҳикоя ба шумор мераванд.

Зимнан бояд гуфт, ки ҳақиқати зиндагии воқеӣ манбаи илҳоми онҳо гаштааст. Ҳусни таваҷҷўҳи онҳоро на танҳо воқеаҳо ва масъалаҳои доѓи ҳаёт, балки моҳияти фалсафию ахлоқии печидагиҳои зиндагӣ ба худ мекашанд. Аз ин рў онҳо тавонистаанд, ки чеҳраи қаҳрамонҳоро дар робита бо хислату сифатҳояш ва иртиботи қавӣ бо ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва манънавии мамлакат ба риштаи тасвир кашида, ба ҳикояи муосир мавзўъ ва рангу бори тоза ворид намоянд.

Имрўз меарзанд, ки дар бораи ҳар яки онҳо сухан ронем. Вале тангии вақт ба ин имкон намедиҳад. Танҳо дар бораи чанде аз онҳо истода мегузарам.

Бо камоли эътимод метавон гуфт, ки Юнус Юсуфӣ, Саидалӣ Саид, Салими Аюбзод, Диловари Мирзо нависандаи андешаманд, рўҳшинос, донистакор ва рангинбаён ҳастанд. Ҳар яке мавзўъ, сабки эҷодӣ ва мақоми хоси худро дорад. Он чи дар эҷодиёти онҳо ҷалби назар мекунад, завқи навҷўйӣ ва навандешӣ мебошад. Фаъолияти эҷодии ин адибон тозагиҳое ба даст дода ва навиҳое падид овардааст. Дар ҳикояҳои онҳо наҳваи диду бардошт ва париши таҳайӣул ва тарзи таъбир шоъирона аст.

Аз сўи дигар, ҳикояҳо содаву равон ва дилнишин, бахусус мазмун гуногун, рангин ва тару тоза аст.

Аз инҳо гузашта, забони асарҳои онҳо фарқ мекунад, салису равон ва ба қавли устод Кўҳзод: “…сараву сершираву образдор” ҳастанд.

Маҷид Салим ягона нависандаест, ки дар бораи табиат асар эҷод мекунад. Табиате, ки тамоми ҳастиву нестии инсон буда, ҳаётро нотакрор ва зебову гуворо месозад. Ҷолиби диққат аст, ки қаҳрамонони ҳикояҳои ў ҳайвонҳову паррандаҳо мебошанд. Дар мавзўи саг ва вафодории ў ба одам хеле зиёд навиштаанд. То ҳадде, ки ин мавзўъ забонзадаву обшуста шудааст. Дигар кӣ ҷуръати ба он даст задан мекунад. Аммо Маҷиди Салим ҷуръат кардааст. Ва на як ҳикоя, балки ҳафт ҳикоя иншо намудааст, ки хеле шавқовару дилнишинанд. Дар пешгуфтори китоби “Зоѓеву доѓе” (соли 1995) нависандаи маъруфи тоҷик Абдулҳамиди Самад менависад: “Қаҳрамонҳои хуб ёфтаӣ. Дар инзамон аз ҳама беозор ҳайвонҳову паррандаҳоянд. Воқеан, инсон бояд аз онҳо бисёр ҷиҳатҳои зиндагиро биомўзад, ягон ҳайвону парранда қонун ва қоидаи табии худро поймол намекунад. Аммо инсонҳо…”.

Бале, аммо ҳастанд инсонҳои бераҳму бешафқат!

Ва мутаассифона кам ҳам нестанд!

Онҳо худро ҳокими табиат пиндошта, қоидаҳои табии онро даѓалона поймол мекунанд ва ба сари инсоният чи кулфатҳоеро намеоранд. Худованди бузург дар сураи луқмон дар ояти 20 ба одамон хушдор медиҳад: “Магар шумоён намебинед, ки худованд он чи ки дар осмонҳову заминҳост, тобеи шумо намуда, неъматҳои зоҳиру ботини худро бароятон фаровон кардааст”.

Хусусияти назарраси баъзе ҳикояҳои Маҷид Салим дар он аст, ки онҳо кўтоҳ ва мўъҷазанд. Ин як. Дуввум, дар онҳо дарду доѓи дили нависанда эҳсос мешавад.

Абдулҳамиди Самад ҷиҳатҳои хуби ҳикояҳои ўро равшану фаҳмо ба қайд овардааст, ки ҷолиби диққат мебошад. Ҳикояҳои ў “…аз дарду алам, шикасту мубориза, ҷузъиётҳои аҷоиб, эҳсоси сўзон, мушоҳидаҳои бикр саршоранд”. Вай “…мардиву покӣ, муҳаббати самимӣ, зебоӣ ва иффатро дар инсону олами вуҳуш тараннум мекунад, ба рўи аъмоли бад, кинаву қудурат, сияҳдиливу хусумат хат мекашад”. Бо камоли эътимод метавон гуфт, ки ҳикояҳои Маҷид Салим хонандаро ба дўст доштан ва ҳифз намудани олами вуҳуш, гулу гиёҳ, долу дарахти Тоҷикистони нозанин ҳидоят мекунад.

Равшани Махсумзод нависандаи пуркору сермаҳсул аст. Дар даҳ соли охир 56 ҳикояаш дар саҳифаҳои рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудааст, ки зикри он ҳама ин ҷо ѓунҷоиш надорад. Ин, албатта, аз ҷиҳати миқдор хеле хуб аст. Аммо ин нуқтаро бояд таъкид кард, ки бартарии миқдорӣ на ҳамеша таѓйироти сифатӣ ба вуҷуд меорад. Ман бо ин таъкид карданиам, ки образҳои офаридаи Равшани Махсумзод аз ҷиҳати қувваи таъсири бадеӣ яксон ва дар як поя нестанд. Дар ҳикояҳои ў сужаҳои пурмоҷаро ба назар намерасад. Аслан қаҳрамонҳои ҳикояҳои ў шахсонанд, ки мо онҳоро хуб мешиносем. Тарҷрибаи қаламкашӣ ва мушоҳидаҳои амиқи нависанда ба ў имкон додааст, ки характеру образҳои мушаххас биофарад. Дар баъзе ҳикояҳо кўшидааст, ки пиромуни ҳаёт ва зиндагии гоҳо сангини мардуми як деҳаи дурдати кўҳистон мулоҳиза ронда, хулосаҳои ҷолиб барорад. Дар аксари ҳикояҳо қадру қимати инсон, мақому мавқе ва ҷидду ҷаҳди ў дар ҷамъият, садоқат ба ишқ, пос доштани хотири гузаштагон ва эҳтироми арзишҳои милливу расму оинҳои бобоӣ инъикос ёфтаанд. Адиб дар ҳикояҳои ишқи бештар комёб гардидааст. Дар онҳо эҳсосоти қаҳрамонҳояш амиқтар ва пуратар кушода шудааст. Аз ин рў кас онҳоро бо мароқи афзоянда мехонад. “Асири лонаи ишқ” ва “Духтари кўҳистон” ба фикри ман, аз ҳамин қабил ҳикояҳои шавқовавр мебошад.

Аз он хурсандам, ки Равшани Махсумзод суботкору заҳматдўст аст, ҳаракату пешравие дорад ва аз ҷиҳати мавзўъ ва ҳунари адабӣ рўй ба такомул дорад.

Адиби ҷавоне, ки бо як китоб ҳам ба майдони адабиёт ворид гашт ва ҳам ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд Нурмуҳаммад Исҳоқӣ мебошад. Китобаш “Дарди номус” унвон дошта, баҳори соли 2005 бо фотиҳаи устод Меҳмон Бахтӣ аз чоп баромад. Дар он 10 ҳикоя ва “Дилнома”-ҳои ў фароҳам омадаанд.

Мавзўи ҳикояҳои Нурмуҳаммад Исҳоқӣ замонавӣ мебошанд, ки тақозои замонанд. Нурмуҳаммад Исҳоқӣ дар ҳикояҳои худ пеш аз ҳама ба бадеият, равонии забону баён диққати махсус додааст. Аз тарафи дигар ба тақлидкорӣ роҳ надода, кўтоҳ, пухтаю рехта ва равшанандешона эҷод кардааст.

Хеле муҳим аст, ки Нурмуҳаммад Исҳоқӣ қаҳрамонҳои худро дар мубориза сари хислатҳои ҳамидаи инсонӣ: ҷавонмардӣ, нангу номус тасвир намудааст.

Яке аз сифатҳои хуби Нурмуҳаммад Исҳоқӣ он аст, ки вай эроду таклифҳои рафиқони ҳамқалами худро мардона қабул намуда, дарҳол аз паи ислоҳашон мешавад.

Масалан ҳикояи “Дарди номус” бо ду мисра шеър хулоса мешуд. Эрод гирифтам, ки он ночаспон омадааст. Вай охири ҳикояро ислоҳ намуд. Сарлавҳаи ҳикояи “Арвоҳзада” ба назарам забонзадаву бемавқеъ намуд. Вай онро ба “Шоири хушгил ва Шопури дангил” ном ниҳод.

Аз мутолиаи нахустин китоби Нурмуҳаммад Исҳоқӣ аён мешавад, ки ў аз рўи ҳавою ҳавас не, балки хеле ҷиддӣ қалам ба даст гирифта, ба ҷодаи адабиёт қадам гузоштааст.

Аммо аз як ҷиҳат ҷои афсўс ҳам ҳаст, китоби ў пеш аз чоп муҳокима нашуд.

Аслан лоиқи зикр аст, ки имрўз назорати ѓоявии асарҳо нест шуда. Пеш будааст. Устод Лоиқ дар як сўҳбат гуфта: “Он вақт дар муҳити адабии мо китоби якум муҳокима мешуд, китоби дуюм ҳам ва сеюм ҳам… Муҳокима муҳокимаи ҳақиқиқатан мардона ва холисона буд”.

Назари адибе, ки бори аввал китоби дигар адибро ба даст мегирад, махсусан тез мешавад.

Бо он хотир мегўям, ки идомаи кор нек ояд. Ва шоир низ ҳақ барояд, ки дар ин хусус гуфтааст: “Наққош нақши сонӣ беҳтар кашад зи аввал”.

Сазовори таъкид аст, ки дар фазои наср ду падидаи бисёр ҳам ҷолиб ва фараҳбахш боли ҳиммат кушодааст. Падидаи аввал ин дар чаманистони наср нашъунамо кардани як зумра занон мебошад. Дар замони шўравӣ шоираҳои маъруф Гулчеҳра Сулаймонӣ ва Гулрухсор дар наср ҳам қувваозмоӣ карда, асарҳои хубу марѓуб офарида буданд. Дар давраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Гулрухсор фаъолияти худро дар ҷодаи наср бомуваффақият идома дод.

Ҳанўз соли 1963 устод Фазлиддин Муҳаммадиев навишта буд: “Нависандагӣ, шоирӣ умуман кори заҳматталаби машаққатовар, аммо насрнависӣ дар адабиёт соҳаи аз ҳама зўрталаб мебошад. Ин ситоиши жанри худӣ не, ҳақиқатест, ки ҳама эътироф мекунанд. Ба ин жанр дохил шудани духтарон, ба назари ман, парвози кайҳонии Терешкова барин падидаи фараҳоварест”.

Ба ин нигоҳ накарда Муаззама Аҳмадова, Шамсия, Маҳбуба Турсунова, Мушаррафа Шарифова, Матлуба Ёрмирзоева, Марямбонуи Фарѓонӣ, Гули Зард, Латофат Кенҷаева, Ҳанифаи Муҳаммадохир, Сафияи Носир, Тоҷинисо Султонӣ, Гулнора Усмонова, Нилуфари Равшанёр, Робияи Холмирзо ба майдони наср ворид гардиданд. Ва бо офаридаҳои худ ба адабиёти муосири тоҷик ҳусну таровати тоза ато намуданд.

Олими маъруфи тоҷик Атахон Сайфуллоев хеле дақиқ қайд кардааст, ки: “Ин раванди тозаи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қабл аз ҳама ба он вобаста аст, ки Президент Э. Ш. Раҳмонов мақоми занро дар ҷомеа баланд бардоштанд”.

Падидаи дуввум, ин ба наср, махсусан ба ҳикоя рўй овардани шоирони шинохтаю ҷавони мо мебошад. Онҳо – Ѓаффор Мирзо, Гулназар, Гулрухсор, Зулфия Атоӣ, Муҳаммад Ѓоиб, Абдулқодири Раҳим, Мирзо Файзалӣ, Абдуҷалил Воситзода, Салими Зарафшонфар ҳикояи муосирро чун шеърҳои хеш мўъҷазу нишонрас, ҷолибу андешапарвар, хотирнишину рўҳафзо сохтанд. Офаридаҳои онҳо ҳаҷман калон набошанд ҳам, мазмуну мўҳтавои амиқ доранд. Пеш аз ҳама ба мақом ва арзишу саҳми сухан, ки ягона василаи бадеии нависанда аст, эътибори ҷиддӣ додаанд. Дар ин роҳ аз сухани зебо ва кўтоҳу маънидор бо камоли ҳунар истифода бурдаанд. Ин аст, ки тарзи таркиббандии ҷумлаҳо табиӣ ва суфтаю равонанд. Аз ин рў баробари мутолиа дар дилу дида ҷой мегиранд.

Ин ду падида чун офтоб чеҳра намуданд, ки на танҳо боиси ифтихор, балки омўзиш мебошад.

Аз фурсати муносиб истифода бурда пешниҳод мекунам:

  1. Рўзи таваллуди устод Фазлиддин Муҳаммадиев – 15 июн “Рўзи ҳикоя” эълон карда шавад;
  2. Ҳар сол озмуни ҳикояи беҳтарин сол гузаронида шавад;
  3. Маҷмўаи беҳтарин ҳикояҳои тоҷикӣ бо унвони “Чашмаи ҷўшон” дар се ҷилд рўи чоп оварда шавад. Ҷилди якўм беҳтарин ҳикояҳои тоҷикиро аз соли 1920 то соли 1960, ҷилди дуввум аз соли 1960 то соли 1990 ва ҷилди сеюм аз соли 1991 то соли 2006-ро дар бар гирад.

Кас мехоҳад асарҳои тоза ба тозаи шоистаи даврон ҳар чӣ бештар ба майдон биёяд. Барои ин замина ҳаст. Зеро имрўз идеологияи сиёсию фарҳангии ҳукумати ҷумҳури  Тоҷикистон маълум ва равшан аст: гуманизм, ватандўстӣ ва ваҳдати миллӣ. Аз ин рў мазмуну мундариҷаи асарҳои адибон пеш аз ҳама бояд ба ваҳдати милии халқамон ва якпорчагии мамлакатамон равона карда шавад.

Он чӣ ману шумо набояд фаромўш кунем, ин аст, ки бо ѓайрату шиддат кор кунем. Ва нуктаи муҳим он аст, ки масъулиятро дарк намоем. Ҳикояи талаби замон навиштан муҳимтарин дастури иҷтимоӣ аст. Ҳикоя бояд ба ҳар хонадони тоҷик ворид гашта, ҷону рўҳи ўро навозиш ва парвариш кунад ва раҳнамои эҳсосоти бузург ва софу беѓубор гардад.

Умед аст, ки адибони мо бо ҳамин ѓайрату ҳиммат, баҳри ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизамон қалам хоҳанд ронд.

Бигузор чашмаи илҳоми адибони мо ҳамеша ҷўшон бошад!

20 ноябри соли 2006

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …