Главная / Гуногун / Соати Саъд (МАҚОЛА)

Соати Саъд (МАҚОЛА)

Ва инак, соати саъд фаро мерасад. Ва гурўҳи панҷнафараи мо омодаи сафари шаҳри Кўлоб мегардад. Сафари мо ба ин шаҳри бостонӣ бо шарофати фарзанди барўманди миллат Мирзолатиф Раҳимзода ба вуқўъ пайваст. Ин марди матин зиндагиро бо ҳама талхиву ширинӣ, бо ҳама сўзу созаш дўст медошт. Ин аст, ки номи ў ҳамчун як шахсияти бузурги маънавӣ дар таърихи шаҳри Кўлоб нақш бастааст. Президенти Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз гузоришҳояшон фармудаанд: “Мо бояд аз таърих шўла бардорем, на хокистар…”. Барҳақ, имрўз ёд овардан аз инсонҳои шариф, ки дар пешрафти фарҳангу маданияти кишвар саҳми муносиби хешро гузоштаанд, амри таърих аст.

soatМо боғоят шод ҳастем, ки Шоири халқии Тоҷикистон, устод ва пири хирад Мўъмин Қаноат ҳамроҳи мост. Ҳамсафарӣ бо ин марди фозил, ки чеҳраи гарм, дили нарм ва инсондўсте дорад фоли нек аст.

– Пир нест, тадбир нест!

Дар чашмони Зиё Раҳмон шарораи шодӣ барқ мезанад.

– Табъи дил гап задӣ. Охир, бузургон бесабаб нагуфтаанд:

“Бе пир марав, ки дар бимонӣ,

Ҳарчанд Сикандари замонӣ!”

Пас аз зўҳр бо ҳидояти Шоири халқии Тоҷикистон Раҳмат Назрӣ ду “экипаж” ба роҳ мебарояд. “Экипаж”-и дунафара: Шоирони халқии Тоҷикистон, устод Мўъмин Қаноат ва Сафармуҳаммад Айюбӣ пештар ба роҳ мебарояд. Онҳо бояд аз ноҳияи Ваҳдат Мирзо Файзалиро бигиранд. “Экипаж”-и сенафара: Алии Муҳаммадии Хуросонӣ – номзади илми филология, мудири шўъбаи таҳқиқ ва нашри осори адабии Институти шарқшиносӣ ва мероси хатии Академияи илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои тибб, шоир Зиё Раҳмон ва банда пас аз як соат озими роҳ мегардем.

Ҳаво на гарм буду на салқин, ба қавле мўътадил. Осмони бекарон батамом соф, беғубор. Дар баҳри каб-кабуд ва нопайдоканори хуршеди оламоро ҳокимӣ мекард. Ва нурҳои заррини худро бедареғ нисор менамуд. Гўё ба роҳи мо зиё мерехт ва кушоиши ниятҳои неки моро хоҳон буд. Шаҳр Душанбе хеле сермошин, серодам, сермағал, хуллас, ки пурҷўшу хурўш. Имконе ҳеҷ нест, ки сўҳбати ширине биороӣ. Аз ин рў ҳар кас ғарқи хаёлот ва андешаҳои худ буд.

Инак, шаҳри Ваҳдат ҳам паси сар шуда, мошин ба роҳи Норак баромад.

Мошин ҳамон ба пеш медавид.

Таноби роҳ мекашид.

Ба ростӣ ман ба Сафамуҳаммад Айюбӣ ва Мирзо Файзалӣ ҳасад мебурдам. Бале, ҳасад мебурдам, аз дилу ҷон ҳасад мебурдам. Аз он ҳасад мебурдам, ки аз ҷамоли дидори устод шод гашта, аз сўҳбати ширину гуворо ва панду ҳикматҳои падаронааш лаззат мебаранд.

– Дар Норак истам, як пиёла чой мегиред? – ба мо рў меорад ронанда.

– Не, онҳо моро дар баландӣ интизоранд, – мегўяд ёрдамчии ронанда. – Гуфтанд, ки дангича мехўрем.

“Онҳо”-ро фаҳмидам – “экипаж”-и якум , аммо дангичаро нафаҳмидам.

– Дангича? Ин чӣ хел хўрок аст?

– Намедонед?

Ман бе ҳеҷ андешае ҷавоб додам, ки:

– На!

Ва боварӣ доштам, ки ҷавобам дуруст аст, зеро ин номро бори нахуст мешунидам.

– Расидем мебинед.

– Рост: “Шунидан кай бувад монанди дидан”.

Дар баландӣ капачае намоён шуд. Мошини мо дар назди он қарор гирифт. Се дег рўи дегдончаҳои сангӣ меситод. Соҳиби дегҳо хеле хурсанд шуд. Пас аз аҳволпурсӣ гуфт, ки чӣ мефармоед. Гуфтам, ки ба ман дангичаро нишон бидеҳ. Сарпуши деги миёнаро бардошт. Ман табассум карда гуфтам:

– Инро мо далда мегўем.

Чеҳраи Алии Муҳаммадии Хуросонӣ кушода шуд ва нимтабассум карду гуфт:

– Мо ҳам далда мегўем.

– Дар баъзе маҳалҳо онро гандумкўча мегўянд.

– Дар бисёр қаҳвахонаҳои шаҳри Душанбе онро хаш мегўянд.

Драматурги чирадасту беҳамто Сафармуҳаммад Айюбӣ ҳамзамон ба соҳиби дегҳо фармон дод, ки дангичаро кашад. Шоирон Мирзо Файзалӣ ва Зиё Раҳмон намехоҳем гуфтанд. Аз чӣ бошад, ки ман ҳам он қадар ҳавасу иштиҳои хўрдан надоштам.

– Не, ҳамаамон мехўрем! – қатъӣ гуфт Сафармуҳаммад Айюбӣ. – Гап тамом, вассалом!

Сипас бо табассум афзуд:

– Охир, ин дору аст, дору!

Хуш гуфт, ҳақ гуфт ва маро ҳам ҳаваси хўрдан омад. Дигарон ҳам дигар неву нестон накарданд. Ман дар паҳлўи устод Мўъмин Қаноат нишастам.

– Бо устод нишаста далда хўрдан худ бахти бузург аст.

Сафармуҳаммад Айюбӣ бо қошуқ косаи дангичаро кофт-кофту гуфт:

– О, гўшт надорад-ку?

– Накоб намеёбӣ, – гуфтанд устод Мўъмин Қаноат. – Гўшташ об шудааст.

Бале, устод ҳақ буданд. Аз ҷўшидани зиёд гўшт об шуда буд. Ин аз як ҷиҳат хуб буд, зеро на ба дандон ва на ба шикам зўр намеомад.

Чӣ хуш аст сўҳбат кардан бо устодон дар оғўши кўҳҳо!

Ва нохост чун барқ фикре ба сарам мезанад: ҳаёти ин инсони поктинат ва самимӣ қиссаву достонзеб аст!

– Аз капааш маълум, ки он қадар даромад надорад, – гуфт Алии Муҳаммадии Хуросонӣ.

– Не-е, инҳо доно, барои хок пошидан ба чашми нозирони андоз худро чунин бенаво нишон медиҳанд.

Мо косаро ним накарда, Сафармуҳаммад Айюбӣ ба косаи дуюм часпид. Аз дили ман гузашт: “Кто как кушает, так и работает!”. Воқеан ҳам Сафармуҳаммад Айюбӣ хеле сермаҳсул аст. Ҳама аз меҳнатқаринии ў ангушти ҳайрат мегазанд. Вай 120 асари драмавӣ навиштааст, ки 51-тояш дар театрҳои ҷумҳурӣ ба намоиш гузошта шудаанд. Ду драмааш дар фестивали “Парасту” Гран При гирифтааст. Шаштояш мукофоти аввалро дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ соҳиб гаштааст. Ҳоло ў драмаи “Фоҷиаи шашмақом”-ро ба итмом расонидааст. Қобили зикр аст, ки ў на танҳо бо эҷодиёташ, инчунин туфайли одамгариҳояш обрўю эътибори хосае дар байни мардум пайдо кардааст.

Баъди ним кардани косаи дуюм бо мароқ суол кард:

– Читу?

– Аҷаб бамазза!

Дар лабони ў табассуми шаккарине гул кард. Дар лабони устод Мўъмин Қаноат ҳам табассуми латифе гул мекунад.

Изҳори шукру сипос намуда, бо дуои неки устод Мўъмин Қаноат ба роҳ афтодем.

Инак, боз роҳ. Роҳи дуру дароз. Роҳи ҳамвору ноҳамвор. Роҳи нишебу боло. Роҳи пургардиш. Роҳи хатарнок. Ва мо лаҳзае оиди чун обу ҳаво зарур будани туннел сўҳбат мекунем. Дақиқа аз паси дақиқа медавид. Ва соат мегашт. Ба ноҳияи Данғара ворид гаштем.

– Оббо, аллакай алаф зард шудааст, – ғамгинона гуфт Алии Муҳаммадии Хуросонӣ.

– Ҳа, имсол борон кам борид, – гуфтам ман.

– Не, борид, – эътирозомез гуфт Зиё Раҳмон.

– Борид, – паст наомадам ман, – вале дер, дар вақташ не.

Дар чеҳраи ҳар сеямон ғам соя андохт.

Мошин ба роҳи навсохти ҳамвору беозор баромад. Гирду атроф басо тамошобоб буд. Хаёлоти моро ронанда халалддор кард.

– Ана инҳо чоқула. Бисёр ҳаким аст.

– Бошад?

– Не, вақташ гузашт. Агар мешуд, бачаҳо ҳатман сари роҳ мебароварданд.

– Чоқула? – Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ба бутаҳои чоқула дуру дароз нигаристу сипас гуфт: – Мо инро шоқула мегўем.

Зиё Раҳмон ҳамзамон ба ман нигарист. Мазмун дар шумо чӣ мегўянд. Ман табассум кардам. Ва гуфтам:

– Мо ҳеҷ чиз намегўем.

– Барои чӣ? – бо ҳайронӣ ба ман рў овард Зиё Раҳмон.

– Зеро ки дар мо чунин гиёҳ нест, – ҷавоб додам бо ҳасрат.

Ниҳоят роҳи дусадкилометра қафо мемонад. Дарвозаи кўлоб моро истиқбол мегирад. Ҳар сеямон якбора ба он дида медўзем.

– Зебо!

– Боҳашамат!

– Симои шаҳр!

Ҳаққо, ки рост аст!

Ва ин симои зебову боҳашамат гўё мегўяд:

“Равоқи манзари чашми ман ошёнаи туст,

Карам намову фуруд о, ки хона хонаи туст”.

Шаҳри Кўлоб худро ба оғўши гулу лола андохта, сарсабзиҳо дошт. Дар лабони ҳама табассум гул кард, табассуми самимӣ, табассуми ифтихор. Ифтихор аз он, ки шаҳри Кўлоб на танҳо зебо шудааст, инчунин машҳур ҳам гаштааст.

“Дид гардун партави хуршеду маҳтоби маро,

Ҷашни миллат гуфт дунё ҷашни Кўлоби маро”.

Ҳангоми аз кўчаи марказии шаҳр гузаштан рубоии Суруши Искодарӣ ба ёдам омад:

“Ин кўҳназамин диёри хуни ноб аст,

Ҳамсояи шеду маҳзари маҳтоб аст.

Пас аз ду ҳазору ҳафсад соли вуҷуд

Шаҳре, ки ҷавонпир бувад, Кўлоб аст”.

Раиси шаҳри Кўлоб Ҳамид Абдуллоев гармтарин истиқболро пеша кард.

– Эҳа, ана вохўрию… устод? Ба чашмони худ бовар намекунам!

Онҳо ҳамдигарро сахт ба оғўш кашиданд.

– Хуш омадед, нури дида, тоҷи сар!

Ман медонам, ки Ҳамид Абдуллоев марди заминӣ, хоксор ва дорои сифатҳои нек мебошад. Зеро дар Донишгоҳи техникии ба номи Муҳаммад Осимӣ панҷ сол бо ҳам таҳсил кардем ва баъд солҳои дароз дар як соҳа – мошинсозӣ ҳамроҳ заҳмат кашидем. Аз вохўрӣ ва суханронӣ самимият, меҳру муҳаббат ва хоксории ў хеле равшан зоҳир мегардад. Шоире дар ин маврид мегўяд:

“Хоксорӣ зинати инсон бувад,

Қадри одам ҳам баланд аз он бувад”.

Аз шавқ гўё ба куртааш намеғунҷид. Чашмонаш барқ мезад. Аз шиддати шавқ намедонист моро ба куҷо шинонад. Пас аз он, ки ҷо ба ҷо шудем, табассуми ширин намуду бо фахр гуфт:

– Мо бо устод Мўъмин Қаноат дар як парта менишастем.

Чанд нафар дар ҳайрат монданд. Ман шарҳ додам, ки Ҳамид Абдуллоев ва устод Мўъмин Қаноат Депутати Шўрои Олии СССР буданд. Ва ба раиси шаҳр рў овардам:

– Дирўз тавассути телевизион кушодашавии басейнро тамошо кардем

– Ҳа, чанд нафар омада хоҳиш карданд, ки фавораҳоро бандем, – шарҳ дод Ҳамид Абдуллоев. – Ҳайрон шудам. Охир фавораҳо зеби шаҳр аст. Сабаб пурсидам. Гуфтанд, ки бачаҳо оббозӣ мекунанд. Қарор додем, ки басейн бисозем. Инак, дар як муддати кўтоҳ онро ба истифода додем.

Ҳама дар ин ҷо иззату икром ва меҳрубониҳои зиёде дидем. Сўҳбат гарм ва нарм буд.

Озори роҳи дароз батамом бартараф шуд.

Мо ба ин марди наҷиб барои лутфу самимияташ изҳори миннатдорӣ карда, аз ҷо бархостем. Пеш аз он, ки бо мо хайрухуш кунад, китоби хеле хуб ороёфтаи Энсиклопедияи Кўлобро ба мо тўҳфа намуд:

– Ин хотира аз мо.

Бале, ў “ман” не, “мо” гуфт.

Чашмони устод Мўъмин Қаноат барқ заданд. Устод китобро бағоят дўст медоранд.

Раиси шаҳр то берун моро гусел кард. Ман ба ў нигаристам ва дар дил гуфтам: “Ҳар кӣ об аз дами шамшер хурад, нўшаш бод!”.

Мо дар шаҳри Кўлоби куҳан, вале навҷавону сарсабзу хуррам бо рўҳи болида сайру гашт кардем. Биноҳои боҳашаматро, ки дар се-чор соли охир бо ташаббусу дастгирии Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфтаанд, бо шавқ ва ҳаяҷони зиёд тамошо кардем. Дўстони қадрдону гиромӣ ва деринро дучор омадем. Ва то он ҷое, ки фурсат даст дод, бо афроди воқеӣ сўҳбате оростем.

Шукр, ҳазорон шукр!

Ин суханонро аз забони ҳама мешунидем.

Онҳо бо эҳсоси саршори меҳр изҳор мекарданд, ки аз сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдор ва шукургузоранд. Онҳо аз он меболиданд, ки Президенти кишвар ҳамеша тапиши набзи дили онҳоро эҳсос мекунад. ин аст, ки соле як бор ба Кўлоб омада, садҳо масъалаи ба халқу миллат судмандро ҳал мекунанд. Соли 2004 бо меҳрубонии падарона қарзҳои пешини газу барқи аҳолиро, ки зиёда аз 4 миллион сомониро ташкил медод, бахшид. Ҷашни 2700-солагии шаҳри Кўлоб маҳз маҳсулу шарофати ақлу заковати бузурги фарҳангии Президенти кишвар мебошад. Мардуми Кўлоб некиҳои ўро ҳеҷ гоҳ фаромўш намекунанд ва бо қувваи даҳчанд барои ободонии шаҳру кишвари хеш камар мебанданд.

Бинои меҳмонхонаи “Хатлон” бо ҳашамати худ моро мафтун кард. Воқеан ҳам меҳмонхона ба ҳусни шаҳр ҳусн зам мекард. Бо чашмони пур аз меҳр биноро тамошо мекардем. Гўё аз тамошояш серӣ надоштем. Аз ин чеҳраи маъмури меҳмонхона Шарофиддин Хоҷаев чун гули баҳор шукуфт. Ва моро ба меҳмонхона раҳнамои намуд. Ба мо ду утоқ – дуюм ва ҳафтумро пешниҳод карданд. Мо дарҳол ҳафтумро интихоб кардем. Зеро ки ҳафт рақами муборак аст. Ва хеле хосияти хуб дорад. Ҳамчунон ки ҳафт ганҷ, ҳафт Авранг, ҳафт ситора, ҳафт дарё, ҳафт рўз ва ҳафт осмон, яъне Моҳ, Уторуд, Зўҳра, Хуршед, Миррих, Муштарӣ ва Зуҳал. Қобили зикр аст, ки дохили меҳмонхона ҳам бо технология ва масолеҳи ҷадид таъмир шуда буд, ки ин моро бағоят шод гардонд. Вале набудани об табъамонро каме хира намуд.

– Ҳоло меҳмонхонаро пурра насупурдаанд.

Шарофиддин аз хиҷолат сар ба зер афканд. Суп-сурх шуд. То хиҷолат накашад, ўро тасалло додам:

– Ҳеҷ гап не, як шаб сад шаб нест. Беҳтараш дар бораи меҳмонхона каме ба мо маълумот бидиҳед.

Аз нақли ў аёнамон шуд, ки меҳмонхона аз панҷ ошёна иборат буда, дорои 116 ҷой мебошад. Инчунин ду апартамент ва чор люкс дорад.

Лаҳзае хомўш мондам, рў ба Зиё овардам, то шавқу эҳсоси ўро ба тамом дарк бикунам. Вай бо қавоқи гирифта ҳайрон-ҳайрон ба ман нигоҳ мекард. Вай қаҳр кардагӣ барин даст афшонда тез либос иваз карду гуфт:

– Кўлоб, яъне оби бисёр. Пас канӣ он об?

Хушбахтона раиси шаҳр Ҳамид Абдуллоев огоҳ шуда, ин масъаларо тез ҳал намуд. Зиё Раҳмон ба мутолиаи Энсиклопедияи Кўлоб машғул шуд. Онро варақ мезаду ғур-ғур мекард. Ғур-ғур мекарду варақ мезад. Ман сабаб ҷўё шудам. Оҳи чуқуре беихтиёр аз синааш бадар шуд. Ба худ печид, андеша кард ва ниҳоят гуфт:

– Маро ба Энсиклопедия ворид накардаанд.

Даме сукут кард ва боз гуфт:

– Не, ман шўҳратпараст нестам, вале…

– Алам мекунад, – сухани ўро идома додам. – Ман мефаҳмам.

Воқеан, чаро ў ба Энсиклопедия дохил нашудааст? Зодаи шаҳри Кўлоб, номзади илмҳои тибб, шоир, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

– Боз ҳам инсоф мебояд! – беихтиёр гуфтам ман.

– Ҳақ асту рост, – гуфт ў ва боз ба варақ задани  Энсиклопедия шурўъ намуд.

Ман гоҳ ба ў ва гоҳ ба энсиклопедия нигоҳ карда, аз дилу ҷон мезавқидам.

– Наёфтӣ?

– Ёфтам, – гуфт ў. – Ана “ва дигарон”.

– Зиқ нашав. Охир, ана дар сарсухан навиштаанд, ки: “Табиист, ки чунин кори фарогир аз камбудиву нуқсон орӣ буда наметавонад. Шояд ному насаб ва хизматҳои шоиставу арзишманди бархе аз ҳамдиёрони мо бо сабабҳои гуногун аз китоб берун монда бошад, ё хизмату корномаҳои бархе дигар аз ҳамватанон нопурраву номукаммал инъикос ёфта бошанд”.

Пеш аз шом мо бо писари бузурги Мирзолатиф Ҳоҷӣ Нозимҷон ва фарзандони ў вохўрдем. Зиндагии Мирзолатиф ба фарзандон ва набераву абераҳо таъсири амиқе гузошта. Ҳама чеҳракушод, қавирўҳ ва ғаюр.

– Мўъмин Қаноатӣ! – бо ҳаяҷон нидо намуд Ҳоҷӣ Нозимҷон ва устодро сахт ба оғўш кашид.

Он бегоҳ сўҳбати гарму нарм барогузор гардид. Сафармуҳаммад Айюбӣ гуфт:

– Зиндагии Мирзолатиф Раҳимзодаро метавон зиндагии андешаҳо, дарду ғам, муаммоҳо, мушкилиҳо ном дод. Роҳеро, ки ў интихоб кард, роҳи осон набуд. Соҳиби қувваи бузурги маънавӣ ки буд, онро сарбаландона тай кард.

Вай ошиқона зиндагӣ кард, корҳоеро ба сомон расонид, ки аз некию меҳрубонию хайрхоҳӣ ба мардум иборат буд. Эҷодҳое кард, ки номи пуршарафи инсониро нигоҳ дошт.

Вай марди хоксору фурўтан, сухандону маҳфилоро, дурандешу хайрхоҳ, дастгир ва мураббии эҷодкорон буд. Шеъри ў ҷавҳари худро дорад. Таъсири ў ба ҳамаи шоирони минтақа эҳсос мешавад.

Марги Мирзолатиф Раҳимзода талафи бузург буд. Ин аст, ки дўсташ Сомеъ Одиназода, ки низ аз ҷабри сиёсӣ азият кашида, бо дарду алам чунин суруда:

“Дареғо, андалеби боғи ирфон

Бо сад оҳу фиғон аз ин ҷаҳон рафт.

Ба васли дўст восил гашт охир,

Ба фирдавси барин ў ҷовидон рафт”.

Дўсти дигараш шоири соҳибдили маорифпарвар Мўсо Ғуломӣ ҳам бо андўҳи гарон менависад:

“Водареғо, аз ҷаҳон рафт ахтари тобони мо,

Шоири ширинзабону ҳамдами ҷонони мо.

Чашми мо кай сер буд аз гармии дидори ў,

Водареғо, рафт дилхун булбули хушхони мо”.

Субҳ дамида, шаҳри қадима лаҳза ба лаҳза бедор мешуд ва худро ба оғўши гарми зиндагӣ меандохт. Мо ҳама ба он ҳамроҳ гаштем. Хуршед аз паси кўҳҳо чеҳраи дилкаши худро намудор карда, ба мо гўё рўзи нек, барори кор мехост. Нурҳои офтоб аз қабати барги дарахтон гузашта, дар роҳрав бозӣ мекарданд.

Мақбараи Ҳазрати Амирҷонро зиёрат намудем. Мақбараи ин донишманд ва орифи ҷаҳонгард, ки дар маркази шаҳри Кўлоб ҷойгир аст, зиёратгоҳи мардуми ҷумҳурӣ ва кишварҳои ҳамсоя мебошад. Имрўз ҳам одам бисёр буд. Чун устод Мўъмин Қаноатро медиданд, гўё, ки ҳамин ҳозир ягон чизи гаронбаҳои худро пайдо карда бошанд, басе шодмон мешуданд. Ва хандону шодикунон ба зиёраташ меомаданд. Ва бо эҳтиром “Салом устод!” мегуфтанд. Ман аз ин бағоят шод мегаштам. Зеро ин башорат аз ваҳдати ҳақиқӣ медод.

Ҳа-а, ваҳдати ҳақиқӣ!

Инак, маҳфили адабиро Котиби масъули бахши вилояти Хатлонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб ҳусни оғоз бахшида, риштаи суханро ба раиси шаҳри Кўлоб Ҳамид Абдуллоев медиҳад. Ҳамид Абдуллоев сухани ифтитоҳии худро хеле кўтоҳ ва мўъҷаз баён медорад. Сипас сухан ба Алии Муҳамаммадии Хуросонӣ дода мешавад. Ў дар мавзўъи “Рўзгор ва мероси адабии Мирзолатиф Раҳимзода” маърўза мекунад. Лозим ба ёдоварист, ки ҳар куҷое ки мерафтем Алии Муҳамаммадии Хуросониро ҳамчун Мирзолатифшинос муаррифӣ мекарданд. Ва ин ҳақиқат буд. Бале, ҷои таҳсин ва сипос аст, ки ҷиҳати шинохт ва муаррифии Мирзолатиф Раҳимзода Алии Муҳаммадии Хуросонӣ заҳмати хеле зиёдеро ба харҷ додааст. Мусаллам аст, таҳқиқи осори шоир кори осон набуд. Вале олим аз ин наҳаросид ва бо муҳаббат ва дарки масъулият ашъори гуногунжанру гуногунмавзўи шоирро ба ҳуруфи кириллӣ баргардонда, ба онҳо ҳаёт ва ҳаракату нерў бахшидааст. Муҳаққиқ шоирро “Гавҳарафшон” номида китобашро бо номи “Соати саъд” бори аввал ба пешгоҳи мардум тақдим намуд. Ва мардум аз ғановати тахайюлот ва ҳунари эҷодкории Мирзолатиф Раҳимзода воқиф гардиданд. Шоир ба энсиклопедияи Кўлоб ҳам бо навиштаи Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ворид гардидааст.

Ҳангоми суханронии Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ба чеҳраҳои аҳли толор назар карда, дидам, ки онҳо хеле бодиққат гўш мекунанд. Бешак, мехоҳанд дар бораи Мирзолатиф Раҳимзода ҳар чӣ бештар маълумот дошта бошанд. Ва ман бисёр афсўс мехўрдам, ки ин маърўза пештар дар рўзномаҳои вилоятӣ чоп нашуд, то ки мардум ба он шинос шаванд.

Шоири писандида ва омўзгори варзида, устоди зиндаёд Мирзолатиф Раҳимзода бо ашъори дилошўб ва гуфтори марғуби худ дар миёни мардуми суханпарвари Кўлоб маҳбубияти бисёр ва шўҳрати сазовор дорад. Ў соли 1902 дар деҳаи Сари Намаки деҳшўрои Йоли ноҳияи Дашти Ҷум дар хонаводаи деҳқони соҳибмаърифат ба дунё омадааст.

Сараввал таҳти сарпарастии волидайн аз устодони деҳот сабақ гирифтааст. Сипас дар мадрасаи Домулло Насими Порворӣ таҳсилро идома медиҳад. Баъди даҳ соли илмомўзӣ дар деҳаи Ғеши ноҳияи Мўъминобод назди Домулло Бароти хаттот хушнависиро машқ мекунад.

Баробари барқароршавии Ҳокимияти Шўравӣ то соли 1928 котиби Кумитаи инқилобӣ, котиб ва баъдтар раиси ситоди ноҳиявии тақсимоти ғаллаву озуқаворӣ буд. Соли 1928 курси донишафзоии маорифи шаҳри Душанберо ба итмом расонида, солҳои 1929-1931 дар деҳаҳои Афтовзамин ва Чуск бо барномаи хуруфи лотинӣ дарс мегўяд. Солҳои 1931-1937 мудирии мактабҳои деҳаҳои Шовон ва Сангунели ноҳияи Дашти Ҷумро ба ўҳда дошт. Солҳои таъқиботи сиёсии истолинӣ ў барои донишмандӣ ва худогоҳии миллии хеш ба тўҳмати нотавонбинон гирифтор мешавад ва солҳои 1938-1948 азобу шиканҷаи ҳабси даҳсоларо дар маҳкамаи Соликомск (ҳозира Пермь) аз сар мегузаронад. Соли 1956 Президиуми Шўрои Олии собиқ Иттиҳоди Шўравӣ бо қарори худ бегуноҳии ўро собит мегардонад.

Мирзолатиф Раҳимзода аз соли 1949 то вопасин нафаси худ дар мактаби ҳамагонии ба номи Ворошилови шаҳри Кўлоб ба тарбияи насли наврас машғул буд. Ў соли 1967 ҷаҳонро падруд гуфтааст.

Ин марди ватандўст дар ҳар шароите ки набуд пешқадам, сарбаланд ва баобрў бимондааст. Зеро истеъдод дошт ва онро ҳеҷ нафаре аз ў рабуда наметавонист. Адиби соҳибдилу соҳибназар як умр бо истеъдоди модарзоди худ шеърҳои инсонпарваронаву ошиқона сурудааст.

Мирзолатиф Раҳимзода ҳамеша ба илму дониш ва хираду ахлоқи ҳамида такя мекардааст. Ин аст, ки мефармояд:

“Илм аст, калиди бахти инсон бошад,

Илм аст, чароғи роҳи кайҳон бошад.

Аз илм ҳама азиз гардад ба ҷаҳон,

Доим дили мо зи илм рахшон бошад!”.

Алии Муҳамаммадии Хуросонӣ комилан саҳеҳ фармуда: “…шеър барои Мирзолатиф Раҳимзода воситаест, салоҳест дар роҳи расидан ба ҳадафҳои нек ва даст ёфтан ба орзуҳои баланди иҷтимоъиву умумиинсонӣ”.

Сухан ба устод Мўъмин Қаноат дода мешавад. Аҳли сўҳбат баробар чапак мезананд.

Чӣ лаҳзаи аҷоибу чӣ лаҳзаи ҳаяҷоновар!

Гумон кардам, ки кўҳе ба дўши устод афтода ва ин кўҳро бояд бардошт. Дарк намудам, ки ин кўҳ кўҳи эҳтиром ва масъулият аст. Эҳтиром ва масъулияти сухан.

Толорро хомўшии томе ҳукмфармо гашт. Вуҷуди ҳама ба тамом гўшу ҳуш гашт. Ва суханони пурмағз, пурмаънии ўро бо шавқу завқи зиёду ҳаяҷон гўш мекарданд. Суханонаш кўтоҳ, дилхоҳ, бурро ва гўё буданд. Суханро канда-канда ва санҷидаву баркашида мегўфтанд. Ва мисраҳои устод ба парвоз омада, замину замони зеҳни маро фаро мегирад:

“Суханро вазну тамкини замин бояд,

Суханро қудрати ҷонофарин бояд”.

Аз каломи устод гўё шеър мерехт. Ҳар сухани ў чун дарёҳои хурўшони кўҳистон ҷўшида мавҷ мезаданд. Аз онҳо бўи ҳаёт, накҳату нашъи зиндагӣ эҳсос мешуданд.

Ҳар сухани устод ба дилҳо тухми муҳаббат мекошт. Ба дидаҳо нури маърифат мерехт.

Вай бо салобат, бо ҳусну малоҳат, бо мантиқи суханонаш ҳозиронро тасхир карда буд.

Ҳама сўяш гарм ва нарм чашми муҳаббат дўхта, кафкўбӣ карданд. Чӣ хуш, ки ин лаҳза дар қатори ҳаводорони илму адаб аз таҳти дил ҳай кафкўбиҳо кардам.

Зиҳӣ, устоди сухан!

Инак, риштаи сухан дар дасти Шоири халқии Тоҷикистон Сафармуҳаммад Айюбӣ. Шоир шеъри ба ёди Мирзолатиф Раҳимзода бахшидаашро қироат мекунад. Шеъро аз умқи дил ва пуртаъсир мехонд.

“Дар хоб туро дидам, бедор туро дидам,

Сад бор назар кардам, ҳар бор туро дидам.

Кардам чу қиёси ту, бар ҷумла сухангўён,

Шаҳбайти туро хондам, шаҳкор туро дидам.

Бо шеър садо кардам, даъвои вафо кардам,

Аммо зи вафодорӣ саршор туро дидам.

Ғам кард ба ҷонам хў, бар шери ту кардам рў,

Шеъри ту зи ғамҳо буд, ғамхор туро дидам.

Ҳар лаҳзаи умратро мардона сипар кардӣ,

Дар пешгаҳи мардон, боор туро дидам.

Ҷону дили мо чун кўҳ, бигрифт нидо аз ту,

Дар акси садо бо кўҳ, гуфтор туро дидам.

Кам гашт ба чашмам нур, аммо ту нарафтӣ дур,

Чун пири хирадмандон солор туро дидам.

Мизои Латифи ту, лутфи ту хушоянд аст,

Як асри парешон рафт, подор туро дидам.

Дар хоб туро дидам, бедор туро дидам,

Сад бор назар кардам, ҳар бор туро дидам”.

Мирзо Файзалӣ – ин шоири озодалибос, шўх, зиндадил ва ҳазлу базлагўй шеъри “Ватандорӣ”-ро қироат намуд:

“Ватандорӣ сухан андар сухан нест,

Ба сина мушт бо ғавғо задан нест.

Ватандорӣ ба сидқ асту ба имон,

Ба шўру шангу баҳси “мову ман” нест.

“Ватан!”-акси садои набзи қалб аст,

Магў, пайванд агар бо ҷону тан нест.

Шавад ҷо меҳри он бо шири модар,

Каломе беҳтар аз “Модар-Ватан” нест.

Зи сангу хоку хораш роҳате ҳаст,

Ба мулки ғайр дар боғу чаман нест.

“Ватан!” гуфтан, шакар бар ком бурдан,

Дигар шаҳде гуворо дар даҳан нест.

Ватан обод созад аҳли оқил,

Ривоҷаш з-аксари бе илму фан нест.

Худоё, ҳарфи сониро бубахшой,

Ки он худ омада, ҷурме зи ман нест:

Ба боғи ҷаннатат фориғ набошам,

Агар хоки Ватан атри кафан нест”.

Ўро нагузоштанд, ки биравад. Хоҳиш карданд, ки нақизае бихонад. Ва ў нақизаи “Ману устод”-ро қироат кард:

“Манам шогирд, устодам Аюбӣ,

Ба монанди “Валет”-у “Туз”-и бубӣ.

Насиҳат карда, мегўяд ба ман ў:

“Бадӣ ҳаргиз нагирад ҷои хубӣ”.

Ману устод карда кисарўбӣ,

Бинўшидем дар кунҷе ба хубӣ.

Ба ман таҷрибаашро гуфт устод:

“Давои дарди сар оши ба лубӣ”.

Хамўшӣ ҳар куҷо аз ман-манӣ беҳ,

Муросо кардан аз кашталканӣ беҳ.

Чунин як фикри бикре дорад устод:

“Бародар, дўстӣ аз душманӣ беҳ”.

Риштаи суханро ба дасти камина доданд.

– Устоди бузург, Одамшуаро фармудаанд:

“Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,

Бартар аз дидори рўи дўстон”.

Аз ободии шаҳр ва дидори Шумо дилҳои мо гул-гул шукуфт. Шумо хушбахтед, ки дар давлати соҳибистиқлол дониш меомўзед ва ояндаи давлати мо дар дасти шумост. Латифае нақл намудам:

“Марде ба хонааш хурсанд омада, гуфт:

– Ҳоло ман ҷавон будаам.

Занаш хандид:

– Кӣ гуфт?

Мард гуфт:

– Охир, дар автобус касе ба ман ҷой надод…”.

Ин латифаро шаш-ҳафт сол пеш навишта будам. Шукри Худо ки имрўз вазъит тамоман дигар аст. Ба фарҳанги бузургу ба бунёди иншоотҳои фарҳангӣ рў овардани Президенти кишвар, мўтарам Эмомалӣ Раҳмон баракати хираду маърифатро ба мо ва ояндагон мерасонад. Эҳёи роҳи таърихии абрешим, дар мисоли роҳи бузурги Кўлоб-Бадахшон-Кулма-Қароқурум моро ба ҷаҳон мепайвандад. Ин роҳ аз дили Бадахшон, аз дили Хатлон, аз дили Ваҳдат, аз дили Душанбе, аз дили Зарафшон мегузарад ва гўё риштаи зарринест, ки дилҳои моро ба ҳам мепайвандад. Ва ин лаҳза мисраҳои шеъри “Мавҷи бародарӣ”-и устод Мўъмин Қаноат ба ёд меояд:

“Бародарам,

Бародари ба ҷону дил баробарам!”.

Ва ман орзу дорам, ки ҳама бародари ба ҷону дил баробар бошем. Ба ҳамаи шумо хонаи обод ва дар ин хона нури зиё, сидқу сафо ва ишқу вафоро таманно дорам.

Шоир Зиё Раҳмон бо ҳаяҷон сухан мегуфт. Зеро бори нахуст дар зодгоҳаш, дар назди ҳамдиёронаш сухан мегуфт. Ин суханронӣ гўё имтиҳоне буд барояш.

“Номи туву шуҳрати ту дар ёди ман аст,

Аз хуни ту дар замирам эҷоди ман аст.

Аз нақлу ривояти падар медонам,

Мирзои Латиф пири авлоди ман аст”.

Шоирон Нуралӣ Аюбӣ, Лутфи Хомўш, Раҷабалӣ Назар, Билолӣ шеърҳои тозаи худро қироат карданд. Фарзандон ва набераҳои ҳофизи халқ Маҳмуд Султон, сарояндаи мумтоз Муродмард, фарзанди ҳофизи халқ Шакурӣ – Фахриддин Шукуров, набераи Мирзолатиф Бозоралӣ Иброҳимов бо сурудҳои худ табъи ҳозиронро шод намуданд. Набераю абераҳои Мирзолатиф шеърҳои ўро қироат намуданд. Аз сарояндаи шеърҳои шоир Қурбон Зардаков ёдовар шуда, фонограмаи ў “Рост бигўям гули хандон тўӣ” шунавонида шуд.

Сафари дурўзаамон ба шаҳри бостонии Кўлоб рўзҳои аҷиб, пур аз таассурот ва фаромўшношуданӣ буданд. Қисса кўтоҳ, мо ба мардумони шеъру шоирдўсти ин диёр бо дили кашол хайрухуш кардем. Қабл аз рў овардан ба Душанбе, раиси шаҳри Кўлоб Ҳамид Абдуллоев изҳор дошт, ки устод Мўъмин Қаноат танҳо фарзанди Дарвоз нест. Устод фарзанди тамоми кишварамон мебошад. Ва мо ният дорем, ки моҳи августи соли равон 75-солагии устодро дар шаҳри Кўлоб ҷашн бигирем. Ин бузургдошти адабиёт ва фарҳанги кишварамон мебошад.

Тамоми тули роҳи дусадкилометра пеши назарамон симои Мирзолатиф Раҳимзода ҷилва мекард. Мўъҷиби ифтихор аст, ки миллати мо чун Мирзолатиф  Раҳимзода фарзандон дорад. Ва ин маҳфили адабию ҳунарие, ки ба муносибати 105-умин солгарди ин шоири маъруф ва маҳбуби мардум баргузор гардид, басо амри савоб мебошад. Чунон, ки шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ мефармояд:

“Аз миллату аз забони худ ёд кунед,

Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед”.

Чунин қадрдонӣ равзанае мекушояд ва аз ин равзана нуре ба ҷилва омада, ақлҳоро партав медиҳад. Ва он ба баланд гардидани ҳисси ифтихори миллӣ, ватанпарвариву ватандўстӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносии миллӣ, ваҳдати миллӣ ва ривоҷи минбаъдаи эҳтироми арзишҳои маънавӣ мусоидат мекунад. Ва ин ҳама тавлидгари нерўи иттиҳод ва ҳамбастагӣ мебошад. Бо ин нерў метавон ҳама гуна орзуву омолро ҷомаи амал пўшонд. Ва Хоҷа Ҳофиз барҳақ гуфта: “Оре, ба иттифоқ ҷаҳон метавон гирифт!”

Оре, иттифоқ неруест бузург!

31 майи соли 2007

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …