Главная / Гуногун / САРБОЗИ МАЙДОНИ МАТБУОТ – Раҷабалӣ Аҳмадов

САРБОЗИ МАЙДОНИ МАТБУОТ – Раҷабалӣ Аҳмадов

Дар зиндагӣ шахсиятҳое ҳастанд, ки ниёз ба муаррифӣ надоранд. Онҳо тавассути кору заҳмати бисёрсолаи худ миёни аҳли ҷомеа маҳбубият ва ҳурмату эҳтироми зиёдеро соҳиб шудаанд. Яке аз чунин шахсон рўзноманигор ва нависанда Раҷабалӣ Аҳмадов мебошад. Зиндагинома ва роҳи тайкардаи ҳаёти ҳафтодсолаи ў басо рангин, зебо ва омўхтанист.

dushanbe-900052907-8Раҷабалӣ Аҳмадов чор даҳсола аст, ки чун сарбози ҷоннисори сухан дар майдони матбуот хидмат мекунад.

Ҳар боре, ки дар бораи ў андеша меронам, пеш аз ҳама одамгариаш пеши назар меояд. Дар ҳақиқат ҳам Раҷабалӣ Аҳмадов табиатан марди фурўтан ва ҳалиму хоксор аст. Сифатҳои инсонии ў на танҳо ёру дўстонашро шод мекунанд, балки дар эҷодиёташ ҳам нақши махсус дорад.

Ва ин хеле хуб аст.

Ҳазрати Муҳаммад (с) мефармояд, ки: “Беҳтарин шахс дар байни шумо касе аст, ки хайрхоҳи халқ бошад”.

Одамият чист? Худро дур аз шарр доштан,

Хайрхоҳи халқ будан нафъи безар доштан.

Имрўз ба аҳли толор, ки ба вохўрӣ бо Раҷабалӣ Аҳмадов омадаанд нигариста, мисраҳои Ҳофизи Шерозӣ ба ёд меояд:

Зи кўи ёр меояд насими боди наврўзӣ,

Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрўзӣ.

Бале, имрўз аз дидори Раҷабалӣ Аҳмадов дар дили ҳамаи мову шумо нури шамъе фурўзон гаштааст.

Ин нур нури маърифат аст.

Ин нур нури фазилат аст.

Ва аз ин нур чеҳраҳо гул-гул шукуфта, дилҳо равшан шудаву лабҳо аз табассум лабрез гаштааст.

Дар адабиёти мо гул на танҳо зебоӣ, ҳатто рамзи ҳаёт аст. Устод рўдакӣ фармудааст:

Бихандад лола бар саҳро,

Ба сони чеҳраи лайло.

Ба қавли устод Лоҳутӣ саҳрои синаи ҳамаи мо лолазор гашта. Ва ин лаҳзаҳо маро шодӣ андоза надорад:

Ҳар ки ҳаққи сўҳбати ёрон шинохт,

Умр ҳаи андар раҳи эшон бибохт.

Раҷабалӣ Аҳмадов дар деҳаи зебои Чормағзаки ноҳияи Обигарм (ҳоло Роғун) ба дунё омадааст. Мардуми ин мавзеъ хеле шўх, мусиқипарвар ва меҳмоннавозанд. Ин мавзеъ боз шамоли машҳуре дорад.

“Файзобода шамолош…” на дар тараннуму васфи шоир аст, дар асл “ватани аслии шамолҳо” Файзобод аст. Ин шамол ҳамеша мевазад ва ман борҳо шоҳиди исёну талотуми шамоли Файзобод гаштаам.

Вале имрўз ба назар орому ботамкин мерсад. Гўё ба ҳурмату эҳтироми фарзанди накуноми диёр сар фуруд овардааст.

Раҷабалӣ Аҳмадов бо шамоли Файзобод ба воя расид. Ва шамоли қисмат ўро ба куҷоҳое ки набурд: муаллими мактаби миёна, хидмати ҳарбӣ, нашриёти “Ирфон”, рўзномаи “Тоҷикистони советӣ”, рўзномаи “Набзи Файзобод”, мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд, кумитиаи ҳзби ноҳия, кумитаи назорати халқӣ, совхози “Қалъаи Дашт”, кумитаи ҳифзи табиат, кумитаи назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои дин дар шаҳри Роғун, Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вале ўро аз майдони адабиёт берун карда натавонист. Вай ҳамеша ҳамқадаму ҳамнафас бо набзи зиндагии мардум ва ҷомеа буд.

Оре, Раҷабалӣ Аҳмадов ҳамеша бо мардум буд. Ғамхоронаю некхоҳонаву некандешона пайваста бо шикасту басти замона роҳ мепаймуд. Ва бо дасту дили гарм, бо тамкину таҳаммул ва бе ҳеҷ тамаъ қалам меронд. Ин аст, ки ҳаёти қаҳрамонҳояшро хеле хуб омўхта, симои онҳоро хеле ҳаётӣ ва самимӣ офарида, арзишҳои ахлоқию маънавӣ дар ҷаҳони ботинӣ ва зоҳириашон иникос намудааст.

Албатта, ин кори саҳл нест.

Рост, мушкил аст, душвор аст, сангин аст.

Аввалан кори матбуот вақту соати муайян, рўзу шаб надорад. Сониян ҳар рўз ба мушкилиҳои зиёд дучор меомад. Солисан ҳар лаҳза чун сарбоз тайёр будан ва дарди ҷонкоҳ кашидан лозим аст. Ва ин байти маъруф дар ин маврид чӣ қадар нишонрас ва барҷою воқеист:

Ҳар кӣ сухан бар сухане зам кунад,

Қатрае аз хуни ҷигар кам кунад.

Оре, сухан бар сухане зам кардан ҳар рўз хуни ҷигар кам кардану умр кўтаҳ кардан бувад.

Аммо Раҷабалӣ Аҳмадов рўҳафтода намешуд.

Мард бояд, ки ҳаросон нашавад,

Мушкиле нест, ки осон нашавад.

Аз ин рў вай бештар аз рўи гуфтаи бузургонамон амал мекард, ки гуфтаанд:

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,

Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

Дар хусуси ҳосил кардани муроди дил бо меҳнати пурсаброна Хоҷа Ҳофизи Шерозии бузургвор некў фармудааст:

Гўянд санг лаъл шавад дар мақоми сабр,

Оре, шавад, валек ба хуни ҷигар шавад.

Раҷабалӣ Аҳмадов бурду бохти зиндагиашро бо Ватан тавъам медонад. Ва бо дили поку орзуҳои пок умри азизи худро сарфи хизмати Ватан карда меояд. Раҷабалӣ Аҳмадов дар роҳи наҷоти Ватан ҷон супориданро хушбахтӣ медонад. Дигар хел шудан ва буданаш ҳам мумкин нест. Зеро ў Тоҷикистонро аз дилу ҷон ва хеле самимона дўст медорад. Ва гўё шоир аз номи ў гуфта:

Ту каъбаи ҷонам Ватан,

Ту ақлу виҷдонам Ватан.

Ту нури чашмонам Ватан,

Ту дину имонам Ватан.

Ҳаққо, ки рост аст.

Ин аст, ки як зарраи хоки Тоҷикистонро аз тамоми қасрҳои ҷаҳон боло мегузораду мепарастад.

Аз он ки тоҷик асту пайванди обу гили Тоҷикистон аст, ифтихор дорад!

Ин аст хушбахтии ў!

Ин аст давлату сарвати ў!

Ва дар сари ҳар нафаси худ шукр мекунад, ки чун як фарзанди дилбанди вай дар домани файзбори диёр растааст ва бо суханаш саногўи ин диёр аст.

Унвони “Корманди шоистаи Тоҷикистон” шаҳодат медиҳад, ки Раҷабалӣ Аҳмадов мардест шоиста. Ин аст ки ў сазовори номи нек гардидааст:

Номи неки кас сазовор оварад,

Гар ниҳоли дасти ў бор оварад.

Ниҳоли дасти ў аз илмро дар амал ҷорӣ кардан шодоб гашт ва ўро ба мақсад бирасонд. Чӣ тавре ки шоир гуфта:

Илмат ба амал чу ёр гардад,

Қадри ту яке ҳазор гардад.

Обрўи Раҷабалӣ Аҳмадов ҳар қадар боло шавад, хоксорию фурўтании ў ҳамон қадар зиёд мегардад. Ҳамчунон ки шоир некў фармудааст:

Шохи бемева кашад сар ба қиём,

Шохи пурмева шавад хам ба салом.

Ҷашни 70 солагии Раҷабалӣ Аҳмадов бори дигар собит сохт, ки осори ў дар хидмати сулҳу субот, ваҳдати миллӣ қарор дорад. Вай ки имрўз ба сўи қуллаи ҳаштод қадам мегузорад боз ҳам як орзу дорад: осудагии оламу одам. Ва ҳеҷ чиз садди роҳи мақсади наҷиби ў шуда наметавонад. Бидуни шубҳа бо азми қатъӣ, дили пок заҳмат кашида, ба муваффақиятҳо комёб мегардад. Ва мо ҳама орзу мекунем, ки Раҷабалӣ Аҳмадов ҳамеша тани сиҳат, нони ҳалол, нияти соф ва сари баланд дошта бошад.

Он, ки аз кори ҳалоли худ саре дорад баланд,

Дар ду дунё, бар сари сабзаш намеояд газанд.

1 майи соли 2007

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …