Главная / admin (страница 50)

admin

Малик ва мулк

arabiston

Якеро аз мулук маразе хоил буд, ки иодати зикри он нокардан авлитар. Тоифаи ҳукамои Юнон мутаффиқ шуданд, ки мар ин дардро давое нест магар заҳрае одаме, ки ба чандин сифат мавсуф бошад, бифармуд талаб кардан. Деҳқонписаре ёфтанд бад-он сифат, ки ҳакимон гуфта буданд. Падару модарашро бихонд ва ба неъмати бекарон …

Муфассал »

Мардумозор

arab

Мардумозореро ҳикоят кунанд, ки санге бар сари солеҳе зад. Дарвешро маҷоли интиқом набуд. Сангро нигоҳ ҳаме дошт, то замоне, ки маликро бар он лашкари хашм омад ва дар чоҳаш кард. Дарвеш андар омад ва санг дар сараш куфт. Гуфто: – Ту кистӣ ва маро ин санг чаро задӣ? Гуфт: – …

Муфассал »

Вазири ғофил

Вазир

Вазири ғофилеро шунидам, ки хонаи раият хароб карди, то хизонаи султон обод кунад бехабар аз қавли ҳакимон, ки гуфтаанд: «ҳар ки худойро азза ва ҷалла биёзорад, то дили халқе ба даст орад, худованди таоло ҳамон халқро бар ў гуморад, то димор аз рўзгораш барорад». Оташи сўзон накунад бо сипанд, Он …

Муфассал »

Анўшервони одил

babur_shoh

Овардаанд, ки Нўшервони одилро дар шикоргоҳе сайде кабоб карданду намак набуд. Ғуломе ба русто рафт, то намак орад. Нушервон гуфт: – Намак ба қимат биситон, то расме нашавад ва деҳ хароб нагардад. Гуфтанд: – Аз ин қадар чӣ халал ояд? Гуфт: – Бунёди зулм дар ҷаҳон аввал андаке будаст. Ҳар …

Муфассал »

Маликзода

shoh

Маликзодае ганҷи фаровон аз падар мерос ёфт. Дасти карам баркушод ва доди саховат бидод ва неъмат бедареғ бар сипоҳу раият бирехт. Наёсояд машом аз таблаи уд, Бар оташ неҳ, ки чун анбар бибўяд. Бузургӣ боядат, бахшандагӣ кун, Ки дона то наяфшонӣ, нарўяд. Яке аз ҷуласои бетадбир насиҳаташ оғоз кард, ки …

Муфассал »

Зани болиғ – Ҳикоя

zanaki-zard-2

Тане чанд аз равандагон дар сўҳбати ман буданд, зоҳири эшон ба салоҳ ороста ва яке аз бузургон дар ҳақи ин тоифа ҳусни зане балиғ дошт ва идроре муайян карда, то яке аз инон ҳаракате кард на муносиби ҳоли дарвешон, зани он шахс фосид шуд ва бозори инон косид. Хостам, то …

Муфассал »

Рўзгори вазнин – ҲИКОЯ

maxresdefault

Яке аз рафиқон шикояти рўзгори номусоид ба назди ман овард, ки кафофи андак дораму аёли бисёр ва тоқати бори фоқа намеорам ва борҳо, дар дилам омад, ки ба иқлиме дигар нақл кунам, то дар ҳар он сурат, ки зиндагони карда шавад, касеро бар неку бади ман иттило набошад. Бас гурона …

Муфассал »

Латифаи Сияҳгўш

20200223_152825

Сияҳгўшро гуфтанд: – Туро мулозимати сўҳбати шер ба чӣ ихтиёр афтод? Гуфт: – То фазали сайдаш мехўрам ва аз шарри душманон дар паноҳи савлату зиндагӣ мекунам. Гуфтанд: – Акнун, ки ба зилли ҳимояташ даромадӣ ва ба шукри неъматаш эътироф кардӣ, чаро наздиктар наёӣ, то ба ҳалқаи хосонат дарорад ва аз …

Муфассал »

Ҳалқаи дарвешон – Ҳикоя

darvesh

Яке аз вузаро маъзул шуд ва ба ҳалқаи дарвешон даромад. Баракати сўҳбати эшон дар ў сироят кард ва ҷамъияти хотираш даст дод. Малик бори дигар бар ў дил хуш кард ва амал фармуд, қабулаш наёмаду гуфт: – Маъзулӣ беҳ, ки машғули. Онон, ки ба кунҷи офият биншастанд, Дандони сагу даҳони …

Муфассал »

Лашкари тарсон – ҳикоя

lashkar

Яке аз подшоҳони пешин дар риояти мамлакат сустӣ кардӣ ва лашкар ба сахтӣ доштӣ, лоҷарам душмане саъб рўй намуд, ҳама пушт бидоданд. Чу доранд ганҷ аз сипоҳӣ дареғ, Дареғ оядаш даст бурдан ба теғ. Якеро аз онон, ки қадр карданд, бо ман дўст буд, маломат кардаму гуфтам: – Дун асту …

Муфассал »