Главная / Гуногун / ДАРАХТИ ПУРСАМАРИ БАХТ

ДАРАХТИ ПУРСАМАРИ БАХТ

Одамоне ҳастанд, ки бо як дидан дар дил маскан меёбанд. Харроти заводи «Тоҷикгидроагрегат»-и шаҳри Душанбе Ҳимматшоҳ Шукуров аз ҷумлаи чунин касон аст. Дилаш беғаш, чеҳрааш пурханда, чашмонаш меҳрубон.

unnamedМо бо ў дар сари дастгоҳи харротӣ шинос шудем. Дастгоҳаш дар назди дастгоҳҳои азимҷуссаи боҳашамат, ки корпуси истеҳсолиро зеб медоданд, ба назар хеле хурд, менамуд. Худи ў бошад, боз ҳам хурдтар. Ҳамон вақт мо аз ину он як–ду сухан гуфтем ва ҳусни таваҷҷўҳам ба ў, ба касбу кораш афзун гашт. Ба саволҳоям ҷавоби кўтоҳ медиҳад. Ин ҳам бошад, на бо сухан, балки хомўшона бо ишораи “ҳа” ё “не” сарашро меҷунбонаду халос. Эҳ, чӣ бояд кард? Ман ба чеҳраи  Ҳимматшоҳ диққат медиҳам. Мебинам, ки хаёлу  хотири вай  дар кадом як  олами пур аз афсона, оламе ки танҳо барои худи вай шинос аст, сайр дорад. Дар ин миён  оҳани сард  дар дастгоҳ  гўе ҷон мегираду ба қисме мубаддал мегардад. Чӣ эъҷозе? Бале эъҷози ҳақиқӣ! Санъати баланд, истеъдоду маҳорати беандоза. Беинсофӣ  мебуд дигар хел сифат намудан.

Сарвари бригада  Салоҳиддин Аъзамов ўро, чун коргари меҳнатдўст ва соҳибтаҷриба тавсиф мекард.

– Кор ҳарқадар мураккабтар бошад, ҳамонқадар таъби дили вай аст. Илова бар ин цехи мо цехи махсус буда,  баъзан  кор чунон бисёр мешавад, ки кас сару калобаашро гум мекунад. Ин хел муамморо на ҳамаи харротон дўст медоранд. Ҳимматшоҳ бошад, ба ҳалли он бо ҷону дил мечаспад. Теғи оҳанбуриро худаш интихоб намуда, режими кори дастгоҳро муқаррар мекунад. Боре нашудааст, ки ў аз ўҳдаи ягон кор набаромада бошад. Аз сифати кор ҳоҷати гап задан нест, зеро дар ин бобат ноқисие ба назар  намерасад. Натанҳо дар цех балки дар тамоми завод ўро  ҳамчун инсони комил ва устои кордону моҳир ҳама ҳурмат мекунанд.

Яке аз аввалинҳо шуда дар завод ба Ҳимматшоҳ тамғаи  шахсӣ супориданд, ки чанде нагузашта он ба деталҳои  мураккаби асбобҳои гидравликии комбайнҳои ғалладарав  гузошта шуд. Ў дар мусобиқа барои унвони харроти беҳтарини завод ғолиб омад. Унвони фахрии “Зарбдори меҳнати коммунистӣ”-ро мушарраф гардид. Ба ордени “Шарафи меҳнатӣ” дараҷаи сеюм сазовор шуд. Комёбиҳо  бо ин ҳама тамом намешавад. Гап дар сари номбар кардани онҳо нест; мақсад фаҳмидани сирру асрори комёбиҳои ўст. Ҳамкоронаш мегўянд, ки кори Ҳимматшоҳ аз рўзи аввали ба завод омаданаш омад кард: яъне ў ба дасти мураббии хуб афтод.

– Ҳаёти ў бедоғу нуқс аст, – тавсиф мекунад собиқ шогирдашро Геннадий Кузмин. – Ҳама корро ҳалолу покиза, хубу бо мулоҳиза ба ҷо овардан принципи Шукуров мебошад.

Депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон Рустам Аноятов гуфт, ки Ҳимматшоҳ дар назари аввал камҳаракат, гўе  парвои чизе надорад. Дар асл ғам мехўрад, шабу рўз дар ғами кор, ҷон мекоҳонад, азоб мекашад, ранг зард мекунад. Мабодо касе рафтори ношоям зоҳир кунад, нигоҳи зираки  Ҳимматшоҳ албатта ба вай меафтад ва гўнаҳкор бешубҳа танбеҳ мегирад. Ў ҳаками сахтгири коргарон аст ва аз фиребу дурўғ ниҳоят меранҷад.

Баъдтар боз  сифати  Ҳимматшоҳро шунидам.

Дар райком:

– Пропагандисти боистеъдод.

Дар ҷамъияти дўстдорони китоб:

– Раиси доимии мост ў.

Ҳамсояҳо:

– Оиладўст. Падар ва шавҳари намуна.

Боз ба завод омадам. Охири смена буд. Назоратчидухтар, ки чашмони шўхнигоҳи олумонанд, мўи сиёҳи нимҷингилаи  ба худаш басо зебанда дошт, пас аз муоинаи детальҳои Ҳимматшоҳ нидо кард:

– Мутлақо дақиқ!

Сипас илова намуд:

– Чӣ қадаре, ки ёд дорам, ҳамеша ҳамин тавр.

– Шумо чанд вақт боз дар ин ҷо кор мекунед? – мепурсам аз назоратчидухтар.

– Даҳ сол боз, – бо ифтихор ҷавоб медиҳад ў ва илова мекунад: – Сифати кори Ҳимматшоҳро насанҷанд ҳам, мешавад. Назоратчии асосии вай виҷдонаш аст.

Ҳимматшоҳ хаста менамуд. Барои истеҳсоли ҳашсад дона қисми гидролавики қувваи зиёди ботинӣ ба масриф дода шуда буд. Вай ҳоло фориғ аз ҳама ташвиш оромона  менишаст.

– Душвор буд?

– Душвор? – такрор мекунад ў. – Намедонам. Лекин сменаи хуб буд. Кор файзу барор дошт.

Ман хомўш ба ў менигарам ва дармеёбам, ки ў ҳоло ба худ, ба хотираҳои худ, ба гузаштаи худ ғўтавор шудааст.

Оҳиста лаб мекушояд:

 – Ҳама чиз ва ҳама кас ибтидо дорад. Ибтидои рўд чашмаҳо, ибтидои роҳ пайроҳаҳо, ибтидои одам бачагии ўст.

Айёми кўдакии Ҳимматшоҳ ба солҳои ҷанг рост омад.

…Чӣ рўзҳои сиёҳ, рўзҳои пуразоб буданд! Чӣ рўзҳое, ки ба сари мардум, ба сари марду зан, пиру барно, бачагони бепарастор наомаданд он солҳо! Колхоз он солҳо афгор буд. Аз мардон фақат муйсафедону чор-панҷ нафар маҷрўҳон буданду халос, корро асосан занҳо ўҳда мекарданд.

Соатҳои дамгирӣ аҳён-аҳён аз ҳар тараф садои гиряи  модарон, ки ғами ҳиҷрон доштанд, ба гўш мерасид. Баъд гиряро овози суруд пахш мекард:

          Гандумаки худрўй дарав мекардам–э,

          Ман доғ,

          Ё дўст!…

Боз гиря…

Фиғон…

Ва боз суруд…

Шабҳо нома мехонданд.

“…Имрўз боз як дастаи фашистонро қир карда, хоки Ватанро аз хўнхорон озод кардем…”.

«…Натарс, писарам, мо тоб меоварем, ғалаба мекунем, ва ту шофер  мешавӣ…”.

“…Оҳ чӣ қадар шуморо пазмон шудам. Хокро бў мекашам. Аз он бўи шумо меояд…”.

Мехонданду мегиристанд.

Лекин фақат шаб.

Пас аз ду сол хаткашони колхоз ба дасти Ҳалима мактуби чоргўша дод.

– Эъ… ин дафъа дигар хел-ку, – дар даст мактуб бо камоли тааҷҷуб ба он нигоҳ мекард.

Аз Шукур хати сиёҳ омада буд.

Ҳалима рўйканону мўйканон гиряву нола бардошта сўи деҳа давид.

Дар назди дарвоза ҳамсоязан  ба ў расид.

Бригадир омад.

– Ҷанг бе қурбони намешавад, хоҳарам, – дилбардорӣ кард ў. – Худатро ба даст гир, ба ҳаёт бо умед нигар. Ватан-модарро аз вабои фашизм бояд наҷот диҳем. Барои ин меҳнат кардан лозим…

…Саҳни устохона беодам буд. Ҳимматшоҳ ба цех даромад. Он ҷо ҳам касе наменамуд: ҳама ба хурокхўрӣ рафта буданд. Он гоҳ писарбача давида назди мошини  кўҳнаи “ЗИС” омад, ба чор тараф чашм давонда, сумкаашро рўи зинаи мошин гузошта, ба кабина даромад. Ба назараш ҳама чизи даруни мошин шинос менамуд. Вале ҳар боре, ки ба рўи курсии мулоими мошин нишаста дасташро ба рўи  чанбари рул гузорад, дилаш ба тапиш меояд. Дақиқае дар кабина нишаста, асбобҳои онро бодиққат аз назар гузаронд, дастаки коробкаро ин тарафу он тараф гардонд. Акнун фақат калидро тоб медиҳиву баъд…

Орзўҳо! Онҳо баъзан бачаро аз зодгоҳаш хеле дур мебурданд. Гоҳо чунин мепиндошт, ки ў калон шудаасту дар кадом як кишвари дури Шимол байни талу теппаҳо ва дарахтон мошин ронда гаштааст. Ва гоҳ роҳи мошинаш аз байни дашти тафсони бедолу дарахти роҳаш васеъи  беохир мегузарад. Дар ин лаҳзаҳо ў дигар ҳама чизро фаромўш мекард, ба гўшаш фақат “наво”-и форами мотор  мерасиду халос. Солҳо турнаосо мегузаштанд. Ҳимматшоҳ Шукуров мактабро хатм карда, ба хизмати аскарӣ рафт. Баъди адои хизмат ба қишлоқ баргашт, тракторчӣ шуд.

Боре ба наздаш бригадири колхози ҳамсоя омад.

– Салом, акои Асо! Биёед, кадом шамолҳо шуморо ба ин тарафҳо парронд?

– Эҳ напурс додар, корамон чатоқ. Колхозамон аввалин машинаҳои навро гирифт. Хурсанд шудем. Аммо касеро намеёбем, ки онҳро ҳай кунад. Чӣ мешуд, ки як санҷида бини-а, чӣ гуфтӣ?

Онҳо дар назди трактор  қарор гирифтанд.

– Ҳа-а, ин тамғаи наваш будааст, – ба болои капоташ тап-тап зад Ҳимматшоҳ. – Зўраш.

– Шин, паси рулаш шин, – беқарорӣ мекард Асо.

Ҳимматшоҳ ҳуҷҷатҳои тракторро пурсид. Асо китф ба ҳам кашида гуфт, ки ҳеҷ хел ҳуҷҷат-пуҷат надошт.

– Инаш бад, – Ҳимматшоҳ паси рул ҷо гирифта, ба ҳар як нуқтаю аломатҳои техника чашм давонд. Пас аз каму беш омўхтан моторро ба кор даровард. Лаҳзае газ дода, газ дода, моторро гарм кард. Сипас онро ба ҳаракат овард. Трактор як такон хурду ба пеш давид. Ба назар чунин менамуд, ки гўе лаҷоми мошин ба дасти корноошное афтодааст. Аммо ин тавр набуд. Лаҳзае нагузашта он ба ҳаракат даромад, чанд бор давр зада, баъзе машқҳоро ба ҷо оварда, боз дар ҷои аввал қарор гирифт.

– Ана дидӣ! – хурсандӣ мекард Аcо. – Дидӣ! Ҳиллааш дар дасти ту будааст.

– Ҳа забонаша ёфтам. Аммо ҳанўз бисёр нозукиҳояша намедонам, – хоксорона гуфт Ҳимматшоҳ.

– Ҳеҷ гап не, асосан забонаша ёфтӣ, дар андак вақт ба ҳамааш ошно мешавӣ, – шодона мегуфт Асо.

Ҳимматшоҳ ду моҳ кор карда, дар ин муддат ба ду шогирд касб омўхт…

…Бо дамидани субҳ Ҳимматшоҳ назди раиси колхоз даромад.

Ў  аризаро ба даст гирифта пурсид:

– Чӣ шуд?

– Бригадирӣ нашуд, – мухтасар ҷавоб дод Ҳимматшоҳ. – Ба шаҳр меравам.

– Ба шаҳр? Ё тавба! Ба шаҳр рафта чӣ кор мекунӣ? Ё хондан мехоҳӣ?

– Не, – гуфт вай, – кор.

– Чӣ,  ин ҷо кор нест?

– Гапатон ҳақ, вале росташро гўям ба дилам зад, ҳафтмоҳ кору панҷ моҳ истироҳат кардан. Соле дувоздаҳ моҳ кор кардан мехоҳам. Дилам ба мошинасозӣ кашол.

– Агар аз ўҳдааш бароӣ ман бо ҷону дил розиам, – бо аломати мамнуният дасти Ҳимматшоҳро фишурд раис.

Шаҳр серодам, пурғавғо. Эълонҳои рўи девор даъват мекарданд:  “Коргар лозим аст”, “Қабул мекунад”. Ҳамаи ин табъи дили Ҳимматшоҳ. Ба заводи “Тоҷикагрегат” омад.  Ўро бо Геннадий Кузмин марди рехтақомати газгушт, ки  тақрибан чилсола буд, шогирд гузоштанд.

Геннадий Кузмин ба ў даст дароз карда гуфт:

– Хўш, канӣ биё, шинос шавем. Мо бояд ҳамроҳ кор кунем, бисёр чизҳоро омўхтанат лозим, лекин барои ин вақтамон кам аст. Цеху участкаи мо ҳамеша пешсаф мебошад. Барои ҳамин ҳам биё, тавре кор кунем, ки ин анъана вайрон нашавад.

– Ман мефаҳмам, – бо аломати тасдиқ сар ҷўнбонд  Шукуров. – Кўшиш мекунам, ки анъана вайрон нашавад…

Рости гап, он вақт вай дар ин хусус тасаввуроти дуруст надошт. Ба ҳамааш баъдтар сарфаҳм рафт.

– Ана, ҳамин тавр ман харрот шудам. Рости гап, касбамро  аз ҷонам ҳам дўсттар медорам. Дар бист соли кор аз касбам ягон бор ҳам афсўс нахўрдам. Ед дорам, ки чӣ тавр дастгоҳро бори аввал ба кор андохта, оҳан тарошидам. Лўлаи парахаи оҳан дароз шуда, ба замин фаромадан гирифт. Рангаш авал кабуд, баъд сиёҳча шуд. Ба димоғам бўи равған ва оҳани тафсида расид. Он рўз бароям ид буд, – бо ифтихор нақл мекунад Ҳимматшоҳ, вале якбора мавзўи сўҳбатро дигар намуда мегўяд: – Ман ба навкороне, ки ба омаданашон як моҳ нашуда, ба сари синаашон “мо коргарем” гуфта, ҳавобаландона мушт мезананд, ҳайронам. Обилаи дастонашонро ба дигарон нишон дода, таккабурӣ  кардани онҳо бодигӣ асту бас. Ба ман одамони поквиҷдону дилсоф, одамоне, ки масъулиятро ҳис мекунанд, мусибати дигаронро мусибати худ меҳисобанд, маъқуланд.

Аввал на ҳамаи кори ў дар завод ривоҷу равнақ дошт. Лаҳзаҳое мешуд, ки дар вуҷудаш майли ба деҳа баргаштан  ғалаба мекард. Аммо як навъ андешае, ки шаъни деҳаашро паст назанад, боло мегирифту водораш мекард, ки дар ҷодаи пеш гирифтааш сабуру собитқадам бошад.

Ҳимматшоҳ супориши аввалини худро дар завод шояд як умр аз хотир набарорад. Вай он вақт ҳамчун шогирди харрот бисёр кўшиш мекард. Геннадий Кузмин кори ўро аз назар гузаронида гуфт: “Обилаи даст, бародар, ҳанўз нишони камолот нест”. Ин суханони устод аз чи бошад, ки  маҳз ҳоло ба хотираш омад, онҳо ба гўши ў чунон баланд садо доданд, ки гўе устои пир навакак онро такрор карда бошад. Ба мўрури замон ҷавон тавонист ба устодаш ва асосиаш ба худ исбот намояд, ки аз ўҳдаи супоришҳои душвор  баромада метавонад.

…Як рўз сардори цех ўро ба назди дастгоҳи  кўҳнаи дар як гўшаи цех хобида оварда, пурсид:

– Бигў, Ҳимматшоҳ ба кор меояд?

Вай атрофи дастгоҳро чанд бор давр зада, ин тарафу он тарафашро аз назар гузаронд. Баъд гуфт: “Агар лозим бошад, ба кор даровардан мумкин”.

Сардор хўрсанд шуд:

– Ин тавр бошад, оҳиста-оҳиста онро таъмир кардан гир.

Ҳимматшоҳ остин барзада, ба кор шурўъ намуд. Чанд қисм намерасид. Ба анбори завод рафт.

– Нест.

– Чӣ хел нест?

– Ҳасту нест…

– Нест! – бошиддат гуфт Ҳимматшоҳ. – Инаш нест. Ваяш нест. Чӣ доред шумо?!

Қисмҳои лозимиро аз дигар завод бо пули худаш харида овард. Ҳимматшоҳ “бисёр равад таъмирро дар бист рўз тамом мекунам” гуфта гумон карда буд, аммо тахминаш хато баромад.

Барои давр занондани шпиндели “инвалид”-и бекорхобида якуним моҳ ҷунбуҷўл кардан лозим омад. Дастгоҳ ҷон гирифта, ба кор даромад. Ҳамон шабу рўз дар завод барои ин дастгоҳ кор бисёр буд. Ҳимматшоҳ корҳоро сара, аз рўи  виҷдони поку ҳалол ба ҷо меовард. Вай дар ин дастгоҳ андаке зиёдтар аз ду сол кор кард. Харротони кордида кору бори ўро дида, дар ҳайрат мемоданд. Ҳамаш нағз буд ба ҷўз як чизаш: маҳсулнокии дастгоҳ ба талаботи замон ҷавоб намедод, ки ин таъби ўро хира менамуд.

– Дастгоҳ “инҷиқӣ” мекард, мотору гидронасосаш дуруст кор намекард, – ба ёд меорад ў. – Будагӣ гап, бе мотору гидронасос дастгоҳ ҳеҷ аст. Боре супориши нав гирифтаму  корам ҳеҷ пеш намерафт. Қувваи мотор ва фишори гидронасос камӣ мекард. Э, ба дилам зад-ку, аз дил гузаронидаму рост назди саринженер даромадам, диламро холӣ кардам. Таклифҳоям ба таъби саринженер нафорид. Онҳоро бо дили хоҳам нохоҳам қабул кард. Албатта, ў чун одами кордону ҳолдон медонист, ки ин кори осон нест. Ин ҳам вақт металабаду ҳам малака. Ғайр аз ин самараи таклифро ночиз мепиндошт, бинобар ба ҷорӣ кардани он кўшише ба харҷ намедод. Аммо ман ҳам ду поя ба як мўза тиқондам.

– Хўш, оқибат чӣ шуд?

– Иваз кардем. Иқтидори дастгоҳ қариб якуним баробар афзуд.

Боз як лаҳзаи ҳаёти ин марди кор.

…Ҳамон пагоҳӣ ҳаво тираву тор буд. Бўи борону барф меомад. Бало аз таги по мехезад гуфтагӣ барин қариб дар як вақт дастгоҳҳои харротӣ ва суфтагарӣ аз кор баромаданд. Хавфи то бегоҳ бекор мондан пеш омад. Ба ин роҳ додан мумкин набуд. Ана, дар чунин маврид ҳунари челонгарии Шукуров кор дод. Ў мунтазири таъмиргарон нашуда худаш баҳри бартараф кардани нуқсон камар баст. Кор чандон осон набуд. Ҳимматшоҳ диловарона ва дилпурона кор мекард. Рафиқон ҳоли Ҳимматшоҳи саропо равғанолуду беҳолу бемадорро дида, мегуфтанд, ки андаке дам гирад, нафасашро рост кунад. Вале ў ба гап намефаромад. Ҳамон рўз писари Ҳимматшоҳ ба экскурсия омада будаасту «як падарамро дида равам» гуфта ба участка меояд. Вай ба марде, ки аз сару рўи равғанолудаш кӣ будани ўро фаҳмидан душвор буд, наздик шуда, беҷуръатона салом дода, мепурсад:

– Амак намедонед, падарам дар куҷост?

– Кист падарат? – аз кор сар набардошта мепурсад мард.

– Ҳимматшоҳ Шукуров.

Ў сар бардошта табассумашро ба зўр нигоҳ дошта мегўяд:

– Ҷони дада, наход маро нашиносӣ-а!

Ҳамкорон ба завқ омада механдиданд.

Ҳимматшоҳ писарашро аз хиҷолат раҳонданӣ шуда мегўяд:

– Канӣ, ҷони дада, ба ман ёрӣ деҳ, ин навардро ба ҷояш гузорем.

Падару писар қариби шом шалпар аз цех баромаданд. Вале қаноатманду сарбаланд.

Ман такрор ба такрор аз худ мепурсам, ки ҷиҳати асосии кори Ҳимматшоҳ дар чист? Хатти ҳаёти ў аз куҷо мегузарад? Ҳар кас дар зиндагӣ мавқеи худро меҷўяд, кушиш менамояд, ки худро мустаҳакам намояд, аз худ осоре боқӣ гузорад. Аммо ҷамъият ба он манфиатдор аст, ки ҷустуҷўи шахс дар зиндагӣ ба кадом самт равона карда шудааст. Шоире фармудааст: «Мо ҳама то андозае сақфро сутунем». Ин суханон дар бораи шаъни инсон ва мақоми ў дар рўи замин гуфта шудааст. Бинобар ин ҳар кас ҳуқуқ дорад, ки мақоми худро ҷустуҷў карда, онро дарьёбад. Лекин ҳуқуқ бе ўҳдадориҳо буда наметавонад. Бинобар ин зиндагӣ кардан маънои дар бораи ҳама ва ба ҳама чиз масъулият ҳис карданро дорад. Коргар Ҳимматшоҳ Шукуров чунин ақида дорад ва ҳамин тавр зиндагӣ мекунад.

– Орзуи шумо? – мепурсам аз Ҳимматшоҳ.

– Фоҷиаи бачагии ман аз ҷанг барнагаштани падар буд. Куҷоӣ, эй падари азиз? Мадфани ту дар кадом кунҷи дуньёст? Рўи дастони кӣ ҷон додӣ? Ин саволҳоест, ки то ҳанўз ба онҳо ҷавоб наёфтаам. Сайёраи мо боз ноором аст. Боз одамсуратоне ҳастанд, ки аз нав оташи ҷангро афрўзондан мехоҳанд. Орзуям сулҳ. Нест бодо номи ҷангу ҷангҷў!

Ў ба рўи ҳавли менигарад. Он ҷо бачаҳо ба мо аҳамият надода бозӣ мекарданд.

– Бачаҳои худатон? – пурсидам аз ў.

– Ҳа. Ман аз фарзанд бой. Чор писару се духтар.

Ҳамаашон тозаву озодаанд, аз дидани онҳо ҳаваси кас меояд. Боадабиашонро намегўед? Сабаби ин ҳама дар чист? Сабабаш он аст, ки падару модар дар ҳама бобат худ намунаи ибратанд.

– Аз фазандон он чиро талабед, ки ба онҳо додаед, – андешамандона мегўяд Ҳимматшоҳ. – Ман масъалаи тарбияро дар назар дорам. Мо – падару модарон ҳар қадар меҳнатдўст, бовиҷдон ва хушодобу меҳрубон бошем, меваҳои умри мо ҳам боғи дили мо мешаванд. Чӣ тавре, ки дар урфият мегўянд: «Ҳар чӣ корӣ, ҳамон бидаравӣ».

Ҳимматшоҳ Шукуров ҳамчун марди гармиву сардии рўзгорчашида ба фарзандонаш, ба ҳамкорони ҷавонаш мудом таъкид мекунад, ки барои тарбияи фарзанд асло вақташонро дареғ надоранд, худашон бояд дар чашми аҳли хонавода намуна бошанд. Вай насиҳат карданро дўст намедорад ва аз ин тарзи тарбия канорагирӣ мекунад. Баҳудаю беҳуда ба ҳар рафтори фарзандон хўрдагирӣ накарда, ҳаргиз «хондан лозим», «дарсҳоро тайёр бояд кард», «мактабро эҳтиром кардан даркор» – гуфта таъкид намекунад. Ў ва ҳамсараш дар тўли бисту панҷ соли оиладорӣ гоҳ-гоҳ димоғсўхта шуда бошанд ҳам, ҳаргиз дар ҳузури фарзандонашон «тую ман» нагуфтаанд, ки ин ҳам ба қавли Ҳимматшоҳ яке аз шартҳои асосии тарбия мебошад.

– Эҳтимол мехоҳед, ки фарзандонатон харрот шаванд?

– Интихоби роҳ кори дил аст. Ман ба онҳо ва ба ҳар касе, ки дар сари роҳи зиндагист, дар интихоби касб маслиҳат медодам, ки шитоб накунанд.

Ин дам духтарчаи хурдии Ҳимматшоҳ Наргис аз боғча омад. Ў боадобона салом кард. Ман дасташро дошта истода пурсидам:

– Наргис, дўстонат бисёр аст?

– Бис–ёр!

– Номашонро медонӣ?

– Шаҳло, Юра, Эльза, Карл, Хуршед…

– Исто, исто, кадомаш аз ҳама нағз?

– Ҳамаашон аз ҳама нағз.

– Хуб, имрўз бозӣ кардед?

– Ҳа, хона сохтем.

– Хуб, шеър ҳам хондед?

– Хондем, бисёр хондем.

– Ту ба мо ҳам хонда медиҳӣ? Канӣ хон?

– Ба наздикӣ ид, падару модарон меоянд, ана баъд мехонам.

Маълум, ки ҳадьяи ногаҳонӣ тайёр кардаанду Наргис намехоҳад фош кунад.

Ҳимматшоҳ гул-гул шукуфта бо меҳр ба ў менигарист.

– Ту ба кӣ монанд шуданӣ? – саволи охирин медиҳам ба Наргис.

– Ба падару модарам, – ҷавоб медиҳад ў ва худро ба оғўши падар меандозад…

10 маи соли 1987

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …