Главная / Гуногун / Афғонбача

Афғонбача

– Афғонбачая бин!

– Анна ҳамин йигити ҳозиру нозир Афғонбача!

– Эъ, ба Афғонбача роҳ диҳед-е!

–  Э-ҳа, Афғонбача-ку! Канӣ-канӣ аз боло гузаред!

– Эъ, не-не, ҳо-о аз болои ҳафт қабат кўрпача!

Ин нидоҳоро на як бору ду бор шунидаем. Ва сад афсўс, ки ин нидоҳо дилсўзонаву бамеҳр не, балки таҳқиромезу ба маломат, писхандомез садо медиҳанд. Он чун тири сўзон ба дил кора мекунад. Наход одамон панди бузургон «аввал андеша он гаҳ гуфтор»-ро фаромўш карда бошанд?

agfonМагар мо кўтоҳақлем?

Ва ё хирад ба мо бегона аст?

На, албатта, не!

Пас чаро ба якдигар неш мезанем?!

Чаро асабҳои якдигарро хароб мекунем?!

Як бор ба қавли бобоҳоямон тоқиро аз сар гирифта чуқур биандешед. Неку бадро ба тарозуи адлу инсоф баркашед. Охир, ки дар ҷумҳуриямон беш аз 11 ҳазор нафаранд, оё бо хоҳиши худ ба Афғонистон рафтанд? Оё онҳо барои пул, мол, тилло ё шўҳрат по ба хоки Афғонистон ниҳоданд? Не   ва боз не! Охир, ки аз сад гулашон як гулашон нашкуфта буд бо амри Ватан лонаи гарму нарми волидонро тарк намуданд. Ҷон ба каф гирифта хун рехтанд. Пас онҳо сарбозанд. Сарбози Ватан! Ва чун сарбоз ба майдони ҷанг бирафтанд. Ин ҷо суханони устод Бозор Собир ба хотирам расиданд, ки дар Анҷумани нависандагони ҷумҳурӣ гуфтааст: «Ба майдони ҷанги Афғонистон кӣ меравад? Фарзанди халқи меҳнаткаш. Дар он набардгоҳ, кӣ кушта мешавад? Фарзанди халқи меҳнаткаш. Аз он муҳориба тобути киро меоранд? Тобути фарзанди халқи меҳнаткашро!» Инчунин ҳамон вақт шунида будам, ки дар оғози ҷанги Афғонистон, яъне баъди ворид шудани қитъаоти маҳдуди урдуи шўравӣ ба хоки ин  кишвар домоди яке «падарон»-и олирутбаи миллат дар сафоратхонаи шўравӣ дар Кобул кор мекардааст. Ҳамон шахси олимақом «мабодо домодам шаҳид шуда, духтари нозанинам бева бимонад» гўён бо роҳи воситаҳои абарқудратон дарҳол домодашро ба Ватан даъват кардааст. Фарзандони халқи меҳнаткаш бошанд, кўр шуда, тир хўрда, замин газида, «супориши интернасионалӣ»-ро иҷро менамуданд.

«Онҳо фармони ғалатро иҷро карданд!» хитоб мекунанд баъзеҳо. Шояд ҳамин тур бошад. Вале оё онҳо вақте замин газида, зери борони тир мехазиданд, дар ин бора фикр мекарданд? Не ва боз не! Охир онҳо қарзи худро аз сидқи дил иҷро менамуданд. Ва маро ҳам вақте соати сеи шаби зимистони қаҳратуни соли 1979 аз хобби ноз бедор карда, аз ҷогаҳи гарм хезонданд, нагуфтам, ки «не, наметавонам, намехоҳам!». Охир, ман ҳамчун афсар қасам ёд кардаам, ки ба ҳар фармони Ватан омодаам. Аз ин рў хестему рафтем. Се шабу рўз бо собиқ раиси суди халқии ноҳияи Октябри шаҳри  Душанбе Шўҳратҷон Мустафоқулов дар Лоҳур бе ҷои хоб, бе як бурида нону як қатра об полкро ба ёрии бародаронаи афғон омода сохтем. Ҳангоме аз ноҳияи Ҳисор мегузаштем, одамон – хурду калон баромада ашк рехта, ба мо чиҳое тўҳфа намекарданд. Ва чунин нидоҳо ба гўшамон мерасид:

– Бо зафар баргардед!

Лек мо ҳоло аниқ намедонистем, ки душман кист. Вале мерафтем. Бе пеш. Бо нишондоди Ватан. Дар полигони шаҳри Термези ҷумҳурии Ўзбакистон зиёда аз як моҳ бе сарпаноҳ гўшнаю ташна истодем. Ба ҷанг тайёр будем. Хушбахтона ба ҷанг надаромадаву сиҳату саломат ба Ватан  баргаштем. Вале ҳайҳот на ба ҳама солим баргаштан муяссар гашт. Ҳазорҳо ҷавонон маслуқ баргаштанд. Яке аз онҳо – Ҳабибулло Содиқовро хуб мешиносам. Вай аз зодгоҳи ман деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Кофарниҳон аст.

Ҳанўз солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шоири шарир,  ватанпарвари номӣ Ҳабиб Юсуфӣ хуш гуфта буд:

Зи ишқи Ватан ҷўш дорад дилам,

Ба ҳарфи Ватан гўш дорад дилам.

Ватанро бинозам, маро дар канор,

Чу модар гирифту намуд бахтиёр!

Мо бахтиёрем. Ишқи Ватан дурусттараш меҳри Ватан- Модар вуҷуди моро хона кардааст. Меҳри дилорои Ватан ба мо қувва, қудрат, шаъну шавқат ато кард, мо соҳиби шоҳроҳи абадӣ шудем.

Ёдовар шуданием, ки шоири ҳама Абдураҳмони Мушфиқӣ нисбати ишқи поки беолоиш суханҳои гаронбаҳо дорад. Дар як ғазали шевои худ фармудааст:

Ишқ хун хўрдану ҳайрон шуданӣ ҳам дорад,

Ҳама хуб асту пушаймон шуданӣ ҳам дорад.

Оре, хуб гуфтааст шоири ҳамадон. Ҷавонмарди зебо Ҳабибулло Содиқов сурудани байти болоиро дўст медорад.  Вай дар паси рўли машинаи пуриқтидори боркаш нишаста, пайваста шеъру таронахонӣ мекард. Гулдухтарони деҳот дилбохтагони суруди Ҳабибуллои мошинсавор гардида буданд. Хизмати Ватан-Модар, амри кишвари ҳамешабаҳор Ҳабибулло барои хизмат роҳнамун сохт.

Як рўз пеш аз ба хизмат рафтан Ҳабибуллои хушқаду қомат либоси корӣ ба бар карду табар ба даст гирифт.

– Ту чӣ кор карданӣ ҳастӣ, ҷони модар?

– Барои шумо ҳезум тайёр мекунам, то зимистон азоб накашед.

– Э, биё мон. Заҳмат накаш. Худамон мекунем.

– Не нагўед, модарҷон. То нашиканам дилам қарор намегирад.

Ва ў ба нею нестони модар нигоҳ накарда зиёда аз сӣ кунда шикаст. Як хара ҳезум шуд. Рўзи дигар ба хидмати Ватан рафт. Ва расо пас аз ду сол…

Рост, аввалҳо тез-тез аз вай нома мегирифтанд. Бо як шавқи кўдакона, ки аскарбачаи нав ба хизмат оғознамударо хос аст, аз ҳоли модари синареш ҷўён мегашт. «Асло ғам нахўред, модарҷон, хидмат ба ман писанд афтод. Онро, ки ба хубӣ оғоз намудам, ҳамин тавр бо некӣ поён расонида наздатон меравам». Модар ин сатрҳои дилангези писарро бе оби дида хонда наметавонист ва хомўш мегирист. Оре,  пинҳонӣ мегирист. Наход писараш, ки пайи ҳифзи инқилоби Савр дар кишвари дўст адои хидмат менамояд, наояд? «Меояд, ғам махўр!» – нидое аз зерпардаи дилаш боло мешуд.

Рост, ў омад. Вале бе ду пой. Оё ягон кас ғаму андўҳи  модари Ҳабибулло – холаи Чамангулро тасаввур карда  метавониста бошад? Ин модари тоҷик, ки умре дар саҳро заҳмат кашидааст, ба ҷигарбандаш менигараду хун мегиряд. Ба фарзандаш менигараду ҷигараш сад пора мешавад. Аз  оҳаш сабзаи тар дар мегирад. Охир Ҳабибулло лахти ҷигараш аст. Лахти ҷигари модар, ки ду пояшро дар набардҳои хунин талаф додаст, акнун бо асочўб базўр масофаеро тай мекунад. Кӣ мегўяд, ки пои навро аз куҷо ва бо кадом арзиш харидан мумкин аст?! Ва оё ягон узви бадани инсонро бо пулу мол қиёс карда мешуда бошад?! Ҳабибулло ва ў баринҳо бешубҳа қаҳрамонанд. Борҳо азм  намудам, ки дар бораи Ҳабибулло чизе нависам. Вале натавонистам. Чун хома ба даст гирам дастонам меларзанд.

Чанде пеш бо ў вохўрдам. Ба ў гуфтам, ки назари мардум нисбати воқеаҳои Афғонистон дигар гашта…

– Рост мегўед, – гуфт ў. – Гоҳо моро ба бародаркушӣ айбдор мекунад. Вале лаҳзае биандешед. Зери фармон мо ба сўи марг мерафтем. Намедонистем, ки бармегардем ё не. Он қадар дилбохтаи ордену медали аз ин ҷанг гирифтан ҳам нестем. Ҳар гоҳе аз ин пичингу кинояҳо дилгир мешавам, шеъри «Афғонбачаҳо»-ро ба ёд меорам.

Эй кош, чу навдаи дарахт аз бориш,

Бозўи буридаи Шумо сабз шавад.

Зонуи буридаи шумо сабз шавад,

Аскарбачаҳои ҷанги Афгонистон,

Ки карда фиғони ин фиғонистонтон…

Ҳамаи иштирокчиёни ҷанги Афғонистон рўҳан ва ҷисман маҷрўҳанд. Ҷароҳате доранд, шифонашаванда. Мо набояд   ба захми онҳо бо таҳқиру носазогўиҳо намак пошем.

Сад бор бадӣ кардиву ҳайфи ту наомад,

Некӣ чӣ бадӣ дошт, ки як бор накардӣ?!

Танҳо некӣ метавонад сўзиши захми онҳоро паст кунад, дилашонро ба зиндагӣ, ба оянда гарм намояд.

Афғонбача! Бигузор чунин ном баранд онҳоро. Лекин инро мо бояд бо муҳаббат, эҳтиром ва ифтихор ба забон орем.

Бале, онҳо ба ин сазоворанд!

19 марти соли 1992.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …