Главная / Гуногун / ҒАЙРАТИ ҒАЙРАТ

ҒАЙРАТИ ҒАЙРАТ

Он рўз дар хотири Ғайрат Салимов як умр нақш баст. Дар хона паси миз сарашро набардошта хомўш менишаст. Модараш чизеро пай бурда, пурсуҷў карданӣ шуд, лекин саволи тамоман дигар дод:
– Хўрок мехўрӣ?

– Не, оча, дилам намекашад.

– Ягон воқеа шуд магар? – тоқат карда натавониста пурсид модар.

– Ҳа, – кўтоҳ посух дод писар.

– Чӣ гап шуд? – модар хавотирашро зоҳир накарда пурсон шуд.

– Маро устои калон интихоб карданд.

– Наход, шўхӣ накун-е, бачам, – нобоварона пурсиду аммо аз дилаш гузаронд: «Одамони кордида аз ўҳдааш набаромаданду бачаи бистсола мебаромадааст».

– Маҷлис нав тамом шуд. Устои пешинаро аз кор гирифтанду ба ҷояш маро монданд…

Пас аз каме хомўшӣ модар ба ў рў овард:

– Корро аз чӣ сар мекунӣ?

– Ҳоло намедонам.

Боз дар хона оромӣ ҳукмфармо шуд.

Модар муддате бо меҳрубонӣ ба писараш чашм дўхту баъд лаб ба сухан во кард:

– Медонӣ-чӣ, писарам. Дар заводатон ветеранҳо бисёр. Бо онҳо маслиҳат кун. Онҳо одамони кордида, пастию баландии зиндагиро дидагӣ.

– Фикри хуб, – розӣ шуд Ғайрат.

Коллективи участкаи якуми заводи «Тоҷикгидроагрегат»  он қадар калон нест – вай ҳамагӣ панҷоҳу ҳашт аъзо дорад. Шахси асосии ин участка устои калон аст. Ва ин вазифа насиби Салимов шуд.

Дастгоҳҳо ифлосу чиркин буданд, афзолҳо ҳар куҷо бетартибона мехобиданд, ба ҳоли маҳсулоти тайёр бошад, раҳми кас меомад. Ба устои нави калон ана чунин як хоҷагии бесару сомон мерос монда буд. Дар охири смена ў боз як чизи дигареро пай бурд: ба касофати устои пешина  коллектив басо беинтизом шуда будааст. Ин ҳамаро андеша кардан лозим буд. Устои смена пурсид:

– Корро кай сар мекунӣ?

– Баъди як ҳафта, ҳоло бошад, худат роҳбарӣ кардан гир. Халал намерасонам.

– Шояд, маошатро ҳам медодагистӣ?

Ў ҳарфе нагуфт. «Роҳбарии вай аз ин сари участка ба он сараш давидан аст. Барои ман хуб донистани ҳолату вазъият аст». Баъди пешин устои смена ғайб зад. Рўзи дигар Салимов аз ў пурсид:

– Ба куҷо рафта будӣ?

– Бо супориши комитети касабавии сехӣ бо шароити манзили коргарон шинос шудам.

– Барои чӣ ба ман нагуфтӣ?

– Розигии ту чӣ лозим? Бо корубори худам нарафтаам-ку.

– Интизомро вайрон кардан хуб нест.

– Ман дар ин участка то имрўз даҳто ту барин усторо  дидаам…

Салимов як ҳафта истеҳсолотро омўхт. Плани чорабиниҳоро тартиб дод. План 27 модда дошт ва фақат чортоаш бо суханони «харидан» сар мешуд. Боқимондааш аз «таъмир кардан», «ҷиҳозонидан», «ба тартиб овардан», «сохтан»… иборат буд. Кордонии усто аз ҳамин оғоз меёфт.

Ин чорабиниҳоро усто барои панҷ-шаш моҳи наздик пешбинӣ карда буд. Плани дигар ба мўҳлати аз ин ҳам кўтоҳтар тартиб дода шуд, ки мақсад аз он баланд бардоштани маданияти истеҳсолот буд. Ин ҳама нақшаҳоро ў ба муҳикимаи коллектив гузошт. Дуруст аст, ки ҳозирон аввал ба фикру мулоҳизаҳои ў парвое накарданд. Вай  дилашро «хун» карда гапашро маъқул мекунонд, лекин ҳис мекард, ки касе ба он эътибор намедод. Аз гўшаи зал яке аз ҳозирон луқма партофт:

– Мо ба ин ҷо барои орою торо додан не, барои пул кор кардан меоем. Худаш чӣ гап? Дигар сехҳо мукофот  мегиранд, мо бошем, астағфируллоҳ…

Луқма аҳли маҷлисро ба шавқ овард.

– Охир, ҳамааш ба худатон вобаста, – инони сўҳбатро ба даст гирифтанӣ шуд усто. – Беҳтар кор кунед, мукофот ҳам мегирифтагӣ мешавед. Маданияти истеҳсолот ҳам ба ин мададгор мешавад…

Бисёриҳо бесаброна ба сўи дари баромад менигаристанд. Сўҳбати дилхоҳ муяссар нашуд.

Рўзи дигар дар вақти танаффус ветеранҳоро ба наздаш таклиф намуда, фикру мулоҳизаҳояшро оид ба кори участка ба онҳо баён кард.

– Биёед ҳамроҳ тартибот ҷорӣ кунем, илоҷи корро ёбем.

– Устои пешина бо мо маслиҳат намекард, донистагиашро мекард, – гуфт яке аз ҳозирон.

– Ман ин тавр карда наметавонам, – оромона ҷавоб дод Салимов. – Барои ҳамин ҳам аз шумо ёрӣ металабам.

Дили одамон гарм шуд: онҳо ҳис карданд, ки ба маслиҳаташон мўҳтоҷ будаанд, ёриву мадади онҳо лозим будааст.

Дастгоҳҳои участкаро ранг карданд, ҳама чизи бекораву  беҳударо бароварда партофтанд, ба зери пои ҳар дастгоҳчӣ тахтапанҷара созонданд, сандуқчаҳои асбобу афзолро нав карданд. Ин корҳоро то оғози смена ва баъди он ба ҷо меоварданд. Салимов касеро ба ин маҷбур намекард – бигузор ҳар кас бо хоҳиши худаш кор кунад. Яке аз роҳбарони завод боре таъкидомез чунин гуфт:

– Ғайрат ин қадар саргарми ин корҳо нашавед. Планро дар мадди аввал гузоред.

– Ҳеҷ гап не, яке бар зарари дигаре нест, – қатъӣ ҷавоб дод ў.

Ҳанўз рўзҳои аввал Ғайрат пай бурд, ки авзои баъзе коргарон баъди пешин дигаргун мешавад. Аз участка гузарад, онҳо бар болои дастгоҳ сарашонро хам карда, рўяшонро ба дигар тараф мегардонданд. Зеҳн монда фаҳмид, ки дар танаффус машрубот нўшидаанд. Ҳамаро баъди смена ҷамъ карду гуфт:

– Ин корро бас кардан лозим.

Аз огоҳии усто ранҷиданд, мағал бардошта гапҳои пасту баланд гуфтанд. Рўзи дигар воқеа такрор ёфт. Ин ситезаро  мемонд. Ғайрат ба назди Алесандр Н. омада гуфт:

– Дирўз-ку огоҳ карда будам… Ба хонаатон равед. Имрўз  кор кардан намемонам.

– Эҳа, амири замон! – ба ғазаб омада ҷавоб дод ў. – Ба пули ту наменўшам! Ин ҷо сехи механикиат не ки фармонфармоӣ кунӣ!

Усто ба чашмони пурғазаби ў нигоҳ карду гап назада  монда рафт. Вай метавонист адаби ин ҷавони аз худрафтаро диҳад, лекин ба ў раҳм кард. Вале шабона ҳеҷ хобаш набурд. Салимов мисли ҳарвақта ним соат пеш аз смена ба кор омада дид, ки Александр мунтазири ўст. Ҷавон аз кардааш пушаймон шуда, узр хост ва қавл дод, ки ин кор такрор намешавад. Усто ҳис кард, ки Александр ботинан тағйир ёфтааст, аз ин рў ба ў бовар кард.

– Боре тоқатам тоқ шуд, – иқрор шуд усто. – Як кас ба ҷонам расонд… Ҳар вақте ки дилаш хоҳад корро партофта меравад. Қариб ҳар рўз масту аласт. Ба ў гуфтам, ки ба наздам дарояд. Вай бошад, дар ҷавоб: «Дар идораат ҳеҷ коре надорам!» гуфт. Бо вуҷуди ин даромад. Бо ман чунон муомила кард, ки гўё кори падари маро мекарда бошад. Хунам ҷўшида бо ҳам мардонавор гуфтугузор кардем… То ҳол аз кардаам пушаймонам…

Бояд гуфт, ки коргарони дўстдорандаи машрубот ҳамагӣ панҷ нафар буданд. Лекин ҳамин панҷ кас ба дигарон таъсири бад мерасонданд. Салимов корро ба тарзи дигар ба роҳ монд: коммунистону комсомолон, фаъолони бепартиявӣ гапашонро беш аз пеш мегузарондагӣ шуданд. Тамоми коллектив омўзгору тарбиятгар шуд. Ҳар рафтори ношоямро дар маҷлиси умумӣ муҳокима мекардагӣ шуданд. Зеро агар бо кори тарбия фақат усто машғул шавад, мегўяд Салимов он гоҳ бадахлоқ гуфтанаш мумкин, ки «Сардор ба ман хўрдагирӣ мекунад». Агар ўро коллектив огоҳонад, лаб кушода наметавонад.

Зотан, ҷорӣ гардидани маданияти истеҳсолот, муташаккилӣ ва интизоми меҳнатро Салимов ибтидои кор медонист.

…Ҷавонон аз душ бо димоғи чоқ баромаданд. Ғайрат аз онҳо илтимос кард, ки андаке сабр кунанд.

– Гап ҳаст.

Варақи коғазеро аз кисааш бароварду бодиққат тахту  ҳамвор карда, ба Николай Животов дароз намуд:

– Ўҳдадориҳои сосиалистиамонро дида баромадам. Муҳокима кардан даркор.

Николай бодиққат ба хондан сар кард: «…Зери шиори «Набзи кор – мураттаб, суръат, – баланд, сифат – аъло!» кор мекунем, плани истеҳсолиро 110-115 фоиз ба ҷо меорем, асбобу афзол, энергияи электр, масолеҳро оқилона истифода мебарем. Таҷрибаи пешқадам, усулҳои прогрессии меҳнатро меомўзем, дар кори расионализаторӣ фаъолона иштирок мекунем, проссесҳои нави прогрессивии технологиро татбиқ менамоем. Коллективи участкаи дуюмро ба мусобиқаи сосиалистӣ даъват мекунем».

– Ҳамааш дуруст!

Варақро як-як ҳама аз назар мегузаронад. Фикри ҳама як хел аст:

– Мухтасар, равшану фаҳмост. Маъқул.

Салимов ба гап даромад:

– Иҷрои ин шартҳо осон нест. Металл нарасида мемонад, участкаро аз нав сохтан лозим меояд…

– Моро бо душвориҳо натарсонед, – гуфт Нуров. – Илоҷашро меёбем. Ба кори ҳеҷ кас халал намерасонем.

– Ба навкорҳо ҳам дасти ёрӣ дароз мекунем, – инони сўҳбатро ба даст гирифт Одинаев, ба китфи Александр Самойлович тап-тап зада. – Боварӣ дорам, ки навкорон ба мо баробар мешаванд.

Инак, муваффақияти аввалин ҳамаро шод гардонд: супориши кварталӣ барзиёд иҷро карда шуд. Чанд сол ин ҷониб участка аз ин хел комёбӣ бенасиб буд. Ғайрат коллективро самимона муборакбод намуд. Супориши квартали дигарро коллективи участка хеле барзиёд иҷро кард. Баъд участка дар мусобиқаи умумизаводӣ ғолиб омад, соҳиби Байрақи сурхи сайёри завод гардид…

– Ба ҳар ҳол Салимовро чӣ мададгор шуд, ки қитаи қафомондаро ба сафи пешқадамон баровард? – пурсидам аз директори завод Георгий Александрович Цанаксиди.

– Аз афташ, ғайрати беинтиҳои ў. Ин гуна ғайрат бошад, қалби дигаронро ҳам ба ҷўш меорад…

Қабл аз хайрухуш аз устои калон пурсидам:

– Шумо дар ҳаёт чиро дўст медоред?

– Серкориро, – ҷавоб дод ў. – Майдони васеи меҳнат диламро фараҳ мебахшад. Медонед лаззати умрамро аз серкорӣ медонам…

18 сентяби соли 1987

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …