Главная / Теги: Тиб (страница 47)

Теги: Тиб

КВАС

kvas

КВАС, як навъ нӯшокии ташнашикан. К.-ро дар хона низ тайёр мекунанд. Пораҳои нони ҷавдорро дар тафдон то сурх шудан мехушконанд. Ба нони хушк оби ҷӯш рехта, 3 – 4 соат болояшро пӯшонда мемонанд. Зарф бояд шишагин ё сирдор бошад. К.-ро бо мақсади пешгирии оксидшавӣ дар зарфи алюминӣ тайёр намекунанд. Қиёми …

Муфассал »

КЕЛОИД

keloid

КЕЛОИД (юн. kele – омос ва eidos – намуд), ташкилаи омосмонандест дар пӯст. К. худ аз худ ё дар пайи ягон осеб ба вуҷуд меояд. Баъди бемориҳои римноки амиқ пайдо шудани он низ аз эҳтимол дур нест. Зуҳуроти К.-ро ба ихтилоли эндокринӣ, сироят ва хусусиятҳои ирсии пӯст вобаста медонанд. К. …

Муфассал »

КЕРАТИТ

keratit

КЕРАТИТ (Keratitis; юн. keras – шох), газаки қарния (шохпардаи чашм). Ба пайдоиши он аксаран вирус (ба ном К.-и табхолӣ) ва баъзан дигар микроорганизмҳо сабаб мешаванд. К. баъди осеби қарния (ҳангоми аз хӯша, шохи дарахт, нохун, ҷисмҳои бегона харош хӯрдани чашм), ҳангоми бемориҳои сироятӣ (грипп, сӯзок, нағзак, сил, сифилис), аз норасоии …

Муфассал »

КЕРАТОАКАНТОМА

keratoakantoma

КЕРАТОАКАНТОМА (Keratoacanthoma; юн. keras, keratos – шох, akantha – хор ва …ома), омоси ғайрисаратонии пӯст, ки худ аз худ нест мешавад. Ягон-ягон дар рӯй, гӯш ё пушти панҷаи одамони калонсол пайдо мешавад. Дар ҷавонон мумкин аст ба миқдори зиёд (дар пӯсти андомҳои боло ва поён) инкишоф ёбад. К. ба гиреҳи …

Муфассал »

КЕРАТОЗҲО

keratozho

КЕРАТОЗҲО (Keratosis; юн. keras, keratos – шох), як гурӯҳи бемориҳо, ки дар мавриди он пӯст аз ҳад зиёд шуға мебандад. К. бемориҳои маъмул мебошанд. К. ғайримодарзодӣ ва модарзодӣ мешаванд. К.-и ғайримодарзодӣ дар мавриди баъзе бемориҳои сироятӣ (махав, сифилис, сӯзок), ихтилоли фаъолияти асаб ва ғадудҳои усораи дохилӣ (мас., кератодермияи климактерии кафи …

Муфассал »

КЕРАТОМАИ ПИРСОЛӣ

keratomai-pironsoli

КЕРАТОМАИ ПИРСОЛӣ (Keratoma senile), кератопапиллома, озахи пирсолӣ, озахҳое, ки дар давраи солхӯрдагӣ дар пӯст пайдо мешаванд. Андозаи онҳо 1 – 2 см буда, боляшон бо қабати шохини дорчинӣ ё зардчатоб фаро гирифта шудааст. Сабаби пайдоиши К. п. ихтилоли шуға бастани пӯст мебошад. К. п.-ро ба бемориҳои қаблиомосӣ мансуб медонанд. Озахҳо …

Муфассал »

КЕРАТОМИКОЗҲО

keratomokoz

КЕРАТОМИКОЗҲО (Keratomycosis), шукуфаи сабӯсакмонанд (гуногунранг). Ангезандаи К. занбӯруғи хамирмояшакл буда, дар қабати шохини эпидермис зиндагӣ мекунад. Ба пайдоиши К. серарақӣ ва диатези себореявӣ мусоидат менамоянд. Дар мавриди К. дар пӯсти сарсина, тахтапушт, гардан, китф ва қисми мӯйдори сар доғҳои хурд (қутрашон 3 – 5 мм)-и ҷигарии зардтоб пайдо мешаванд (ҳангоми …

Муфассал »

КЕРАТОПЛАСТИКА

keratoplastika

КЕРАТОПЛАСТИКА (аз юн. keras – шох ва plastice – ташаккул), пайванди қарния, амалиёти ҷарроҳии ивази қарния (шохпардаи чашм). Дар таҳияи ин усули ҷарроҳӣ офталмологи намоёни шӯравӣ В. П. Филатов саҳми арзанда гузоштааст. Дар мавриди тамоман хира шудани қарния (пайдоиши тухмак), ки сабаби якбора заиф шудани қувваи босира мегардад. К.-ро ба …

Муфассал »

КЕФИР

kefir

КЕФИР, як навъ ғизои турши парҳезист, ки аз шири пастеризонидаи гов бо роҳи туршонидан ҳосил мекунанд. Барои туршонидан ба шир сафеда ё мояи махсус меандозанд. Вобаста ба мӯҳлати тайёр шудан К. ширин (якрӯза), нимтурш (дурӯза) ва турш (серӯза) мешавад. Мӯҳлати туршонидани К. ҳар қадар зиёд бошад, миқдори спирти он (аз …

Муфассал »

КИБЕРНЕТИКАИ ТИББӣ

kibernetikai-tibbi

КИБЕРНЕТИКАИ ТИББӣ, як фасли кибернетика, ки раванди идора ва дарёфти ахборро дар организми зинда ва гурӯҳи алоҳидаи одамон (барои ҳаллаи масъалаи табобат ва пешгирии бемориҳо) меомӯзад. К. т. масъалаҳои муолиҷа ва пешгирии бемориҳоро муҳокима мекунад, фаъолияти организми одамро дар асоси қонунҳои идора, ки одатан ба ҳамаи объектҳои табиӣ ва сунъӣ …

Муфассал »