КЕЛОИД (юн. kele – омос ва eidos – намуд), ташкилаи омосмонандест дар пӯст. К. худ аз худ ё дар пайи ягон осеб ба вуҷуд меояд. Баъди бемориҳои римноки амиқ пайдо шудани он низ аз эҳтимол дур нест. Зуҳуроти К.-ро ба ихтилоли эндокринӣ, сироят ва хусусиятҳои ирсии пӯст вобаста медонанд.
К. омоси сахти рангаш сурхи баланд ё сафеди курашакл (ё дарозрӯя) буда, дар сатҳи пӯст ҷой мегирад. К. ҳақиқӣ ва дурӯғин мешавад. К.-и ҳақиқӣ дар ҷои солими пӯст ба вуҷуд меояд; К.-и дурӯғин дар ҷои қаблан осебёфтаи пӯст (мас., сӯхта) пайдо мешавад ва одатан шаклаш низ ба он мувофиқ мебошад (мас., К.-е, ки дар ҷои буридашудаи пӯст пайдо шудааст, шакли дарозрӯя ва агар дар ҷои пучак ба вуҷуд омада бошад, шакли гирда дорад). К.-ҳо тоқа ё гурӯҳ-гурӯҳ дар рӯй, сарсина, гардан, тахтапушт пайдо шуда метавонанд. Ҷараёни К. дуру дароз буда, гоҳо тамоми умр бетағйир боқӣ мемонад.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Литсейи Умари Хайём дар шаҳри Душанбе
31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон …