Главная / Илм / КЕРАТИТ

КЕРАТИТ

keratitКЕРАТИТ (Keratitis; юн. keras – шох), газаки қарния (шохпардаи чашм). Ба пайдоиши он аксаран вирус (ба ном К.-и табхолӣ) ва баъзан дигар микроорганизмҳо сабаб мешаванд. К. баъди осеби қарния (ҳангоми аз хӯша, шохи дарахт, нохун, ҷисмҳои бегона харош хӯрдани чашм), ҳангоми бемориҳои сироятӣ (грипп, сӯзок, нағзак, сил, сифилис), аз норасоии витамини А (ниг. Витаминкоҳиш) рух медиҳад.
Бемори гирифтори К. аз рӯшноӣ метарсад, оби чашм мешорад, чашм дард мекунад; дар даруни чашм эҳсоси ҷисми бегона ба вуҷуд меояд. Бисёр вақт беморӣ тавре ҷараён мегирад, ки шахс чашмонашро кушода наметавонад. Агар маркази қарния низ газак гирифта бошад, он гоҳ қувваи босира хеле заиф мешавад; илтиҳоби гирду атрофи қарния ба қувваи босира (биниш) таъсир намекунад.
Дар мавриди пайдо шудани ин аломатҳо дарҳол ба духтури чашм муроҷиат намуда, ба маслиҳати ӯ қатъӣ риоя бояд кард. Табобати нодуруст ва дер боиси хира шудани чашм мегардад (ниг. Гули чашм). Дар ин сурат қувваи босира ба дараҷае заиф мешавад, ки бемор фақат рӯшноиро аз торикӣ фарқ карда метавонаду бас.
Ҳангоми якбора заиф шудани қувваи босира пас аз 5 – 6 моҳи беморӣ қарнияро тармим мекунанд (ниг. Кератопластика). Он нури чашмро то андозае барқарор менамояд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …