Главная / Илм / КАЛМОЧ

КАЛМОЧ

kalmochКАЛМОЧ (Trichodesma incanum), як навъ растании бисёрсола. Баландиаш то 110 см. Пояи сершохчаю барги байзашакл ё нештаршакли дарозрӯяи сермӯяк (дарозиаш 2 – 10 см, бараш 1 – 3 см), хӯшагули туғшакл, гули нилгун ё сафеди кабудтоб, чормағзаки мудаввар ё байзашакли дорчинии ашҳаб (дарозиаш 6,5 – 9 мм) дорад. Май-окт. гулу мева мекунад. Дар ҷумҳурӣ ҳамчун алафи бегона дар киштзор, канори роҳ ва нишебии кӯҳу доманакӯҳҳо месабзад. Ғалладонае, ки аз тухми К. ифлос шудааст, барои одам ва ҳайвон хеле хавфнок аст. Баргу пояи К. 0,2 – 2,5%, ғунчааш 0,57%, гулаш 0,36%, решааш 0,2 – 0,96%, тухмаш 1 – 3,5% алкалоидҳои заҳрнок (триходесмин, инканин ва ғ.) дорад. Аз барги К. пештар ранги дорчинӣ ва бӯр тайёр мекарданд.
Ад.: Короткова Е. Е., Троходесма седая – ядовитый сорняк, Ташкент, 1953; Садыков Ю. Д., Ходжиматов М., Алкалоиды триходесмы седой – Trichodesma incanum, «Доклады АН Таджикской ССР», 1979, № 4.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …