Главная / Илм / КАМАҚЛИИ ПИРСОЛӣ

КАМАҚЛИИ ПИРСОЛӣ

kamaklii-pirsoliКАМАҚЛИИ ПИРСОЛӣ (Dementia senilis), як навъ бемории рӯҳӣ, ки асосан дар куҳансолӣ рух намуда, сабаби он атрофияи мағзи сар аст. Дар мавриди К. п. фаъолияти рӯҳӣ тадриҷан коҳиш ёфта, то ба дараҷаи беақлӣ ва аз даст додани хислатҳои шахсӣ мерасад.
Ҳангоми К. п. ноҷӯрии асосӣ ихтилоли авҷгиранда ва бебозгашти хотира аст. Аввал он ҳодисаҳое, ки дар солҳои наздик ба вуқӯъ пайваста буданд, сипас тадриҷан ҳама гуна воқеаҳои дар тӯли умр аз сар гузаронда фаромӯш мешаванд. Беморӣ бисёр вақт дар 65 – 75-солагӣ инкишоф меёбад. К. п. муқаррарӣ ва бофта (хаёлӣ) мешавад. Бемории Алтсгеймер низ мансуби К. п. аст.
Аломати аввалини К. п.-и муқаррарӣ тағйир ёфтан ё аз даст додани хислатҳои шахсии пешина мебошад. Баъзе беморон хислатҳои нав пайдо мекунанд (мас., сарфакорӣ ба хасисӣ, мақсаднокӣ ба гарданшахию зуъмӣ иваз мешавад), ҳол он ки ҳамзамон бо ин хислатҳои дигар фаромӯш мегарданд. Доираи манфиатҳои мариз танг мешавад, ӯ бештар ба хӯрду хӯрок эътибор дода, ба ҷисми худ ғамхорӣ мекунад, худбин, бетафовут ва нисбати дигарон бепарво мегардад. Чунин беморон хеле серҷоғ ва нозуктабъ мешаванд, зуд меранҷанд, нисбати наздикону ҳамсояҳо гумони бад мекунанд, онҳоро дузд мешуморанд.
Бо гузашти вақт ихтилоли ҳофиза хуруҷ ёфта, бемор дар куҷо буданашро намедонад, номи зан, шавҳар, кӯдаконро фаромӯш мекунад, онҳоро намешиносад, мас., духтарашро модараш гумон менамояд. Бисёр вақт чунин маризон дар давраҳои ҷавонӣ «сайр» мекунанд, гумон доранд, ки падару модарашон зиндаанд, дар мактаб мехонанд, ба шавҳар баромаданианд ва ғ. Онҳо рӯзона хоболуд буда, шаб баногоҳ аз ҷой мехезанд, буғчаашонро ғундошта деҳа назди волидонашон рафтан мехоҳанд. Беморӣ оқибат бо маразм ва кахексия анҷом мепазирад.
Бемории Алтсгеймер дар 40 – 45-солагӣ бо аломатҳои амнезия, афазия, апраксия, аграфия ва аксалкулия падид меояд. Беморон тундмиҷоз, асабонӣ ва кинагар мешаванд.
К. п. дар беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ муолиҷа карда мешавад. Фарҷоми маризӣ ҷиддӣ аст.

Н. М. Шарофова.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

magas

МАГАС

МАГАС, номи умумии ҳашаротест аз оилаи дуболаҳо. Дар дунё тақр. 5 ҳаз. намуди М. мавҷуд …