Главная / Илм / КАМАҚЛӣ

КАМАҚЛӣ

kamakliКАМАҚЛӣ, нуқси фаъолияти рӯҳӣ, ки дар мавриди он донишу малакаҳои қаблан гирифта кам ё батамом ва бе бозгашт нест мешаванд. К. навъҳои гуногун дорад, мас., пирсолӣ, фалаҷӣ, машруботӣ, рагӣ, шизофрениявӣ ва ғ. Вобаста ба дараҷаи зуҳурот К. пурра ва ҷузъӣ мешавад. Ҳангоми К.-и пурра муҳокимаронӣ, ҳофиза, тафаккур аз байн меравад, мариз бепарво аст; ҳамаи он хислатҳое, ки қаблан дошт, барҳам мехӯранд. Духтур беморро муоина карда, дар бораи чи гуна шахс будани ӯ то давраи маризӣ хулоса бароварда наметавонад. Ҳангоми К.-и ҷузъӣ аломатҳои марбут ба К.-и пурра то ҳадде боқӣ мемонанд. Табъи бемор ҳамеша хира аст, ашк мерезад, асабонӣ мешавад. Чунин ҳолат дар мавриди бемории рагҳои силсилаи асаби марказӣ, майзадагии музмин, осеби ҷумҷумаю мағзи сар ба мушоҳида мерасад.
Ниг. низ Олигофрения, Демансия.

Н. М.Шарофова.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …