Главная / Илм / КАЛТСИЙ

КАЛТСИЙ

kaltciyКАЛТСИЙ (Calcium, аз лот. calx – оҳак), Са, элементи химиявии гурӯҳи II системаи давраи Менделеев, мансуби металлҳои ишқорзамин; рақами ат. 20, массаи ат. 40, 08. Аввалин бор с. 1808 Г. Дэви ҷудо кардааст. К.-и табиӣ аз омехтаи 6 изотопи собит (40Ca, 42Ca, 43Ca, 44Ca 46Ca ва 48Ca) иборат аст, ки аз онҳо 40Ca (96, 97%) бештар паҳн шудааст.
К. металли сабук, сафеди нуқратоб; t гуд. 851°С, t ҷӯш. 1482°С, зичиаш 1540 кг/м3 (20°С). К.-и холис металли нарм аст. Дар пайвастҳояш дувалента; аз ҷиҳати химиявӣ ниҳоят фаъол. К. дар ҳарор. муқаррарӣ бо оксиген ва намии ҳаво оксид шуда, ба Ca(OH)2 табдил меёбад; ҳангоми гарм кардан, дар ҳаво ё оксиген – оксид, бо гидроген – гидрид, бо нитроген – нитрид, бо карбон – карбид ҳосил мекунад. Ба об ва кислотаҳо таъсир карда, гидрогенро ҷудо мекунад. Бо металлҳо (Al, Ag, Au, Mg, Pb, Sn ва ғ.) металлидҳо ҳосил менамояд. Мавҷудияти К. дар қишри Замин 2,96% аст.
К. дар организм яке аз элементҳои биогении зарурӣ ба шумор меравад. Вай дар таркиби ҳама бофтаҳо мавҷуд аст. Дар баъзе организмҳо то 38% (дар одам 1,4 – 2%)-ро ташкил мекунад. Қисми зиёди К. (то 97 – 99%) дар организм барои ташаккули скелет сарф мешавад. Миқдори Ca дар хуни одам бо гормонҳои ғадудҳои сипаршакл ва наздсипаршакл ба танзим оварда мешавад. Дараҷаи ҳазмшавии К. ба таносуби Ca, P ва чарб дар хӯрок вобаста буда, ҳангоми коҳиши миқдори туршии рӯда суст мешавад. Ихтилоли мубодилаи фосфору К. дар организми кӯдак сабаби рахит, дар организми одами болиғ сабаби тағйироти таркиб ва сохти скелет мегардад.
Дар тиб доруҳои К.-дор ҳангоми норасоии ионҳои Ca2+ дар организм (спазмофилия, рахит ва ғ.), муолиҷаи бемориҳои аллергӣ, протсессҳои илтиҳобӣ (пневмония, плеврит ва ғ.), баъзе бемориҳои пӯст ва ғ. истифода мешавад. Гач (CaSO4) дар ҷарроҳӣ барои гачбандӣ ва бӯр (CaCO3) ҳангоми баланд шудани туршии шираи меъда ва тайёр кардани хокаи дандоншӯӣ ба кор мераванд.
Ба сифати доруҳои К. глюконати калтсий, лактати калтсий ва хлориди калтсийро кор мефармоянд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …