Главная / Илм / КАЛШТЕЙН Лев Иосифович

КАЛШТЕЙН Лев Иосифович

nophoto-manКАЛШТЕЙН Лев Иосифович (тав. 26. 5. 1924, Кишинёв), оториноларинголог, доктори илми тиб (1968), проф. (1969), Ходими хизматнишондодаи илмии ҶШС Тоҷ. (1974), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1979). Ин-ти тиббии якуми Москваро хатм кардааст (1947). Ординатор, ассистент, дотсент, мудири кафедраи бемориҳои гӯшу бинӣ ва гулӯи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1951 – 87). Муаллифи зиёда аз 100 корҳои илмист, ки ба масъалаи бемориҳои гӯшу гулӯю бинӣ бахшида шудаанд. Дар мавзӯи «Хусусиятҳои ташхису табобати гайморит дар кӯдакон» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Алоқамандии бемориҳои гулӯю гӯшу бинӣ ба бемориҳои меъдаю рӯда» рисолаи докторӣ дифоъ кардааст. К. сармутахассиси Вазорати тандурустӣ, раиси Ҷамъияти оториноларингологҳои ҷумҳурӣ, аъзои ҳайати таҳририяи маҷ. «Вестник оториноларингологии» (Москва) ва «Здравоохранение Таджикистана» буд. Зери роҳбарии ӯ 2 наф. рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст. Бо ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст.
Ос.: Гайморит у детей, Д., 1961; Взаимосвязи патологии ЛОР – органов с гастроэнтерологическими заболеваниями, Д., 1968; Детская оториноларингология, Д., 1976; 1984 (ҳаммуалл. Ю.Б. Исҳоқӣ).

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …