Главная / Илм / КАМАРДАРД

КАМАРДАРД

kamardardiКАМАРДАРД (Lumbago), миёндард, люмбаго, дарди шадиди миён, ки дар натиҷаи зӯр омадан ба мушакҳои сутунмӯҳра (ҳангоми бардоштани бори вазнин ё ҳаракати беҷо), аз ҳад хунук хӯрдан (хусусан шамол кашидани миён) сар мезанад. К. зуҳуроти радикулит, бемориҳои сутунмӯҳра ва ғ. низ мебошад.
К. ҳангоми хаму рост шудан, паҳлӯ гаштан, сурфаи сахт, атса задан ва ғ. шиддат мегирад. Миён дар аснои бо даст зер кардан сахт дард мекунад. Бемор қоматашро рос гирифта наметавонад. Табобтаи К.-ро духтур мегузаронад. Муолиҷаи худсарона боиси оризаҳои ногувор мегардад. Ҳангоми К. бемор бояд бистарӣ шавад; ҷой ҳамвор ва сахт бошад (беҳтараш аз зери кӯрпача фанер ё тахта гузоштан лозим).
Шахсони гирифтори К. бояд барои пешгирии он худро аз хунук хӯрдан эҳтиёт карда, аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоянд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …