Главная / Теги: Тиб (страница 38)

Теги: Тиб

ҚОДИРОВ Маъруфҷон Худойбердиевич

nophoto-man

ҚОДИРОВ Маъруфҷон Худойбердиевич (тав. 17. 03. 1970, ш. Турсунзода), духтури стоматолог, доктори илмҳои тиб (2007). Хатмкардаи ДДТТ (1993). Ординатори клиникӣ (1993 – 95) ва аспиранти кафедраи стоматологияи ҷарроҳии ДДТТ (1995 – 98), унвонҷӯи кафедраи ҷарроҳии ГИУВ Вазорати дифоъи Федератсияи Россия (2000 – 07). Оид ба дарёфти маҷмӯи усулҳои рафъи нуқсҳои …

Муфассал »

ҚОДИРОВА Дилрабо Абдуқаюмовна

nophoto-women

ҚОДИРОВА Дилрабо Абдуқаюмовна (тав. 31. 07. 1957, ш. Душанбе), доктори илми тиб (1997), проф. (2001), Аълочии тандурустии Тоҷикистон (2008). Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1980). Ординатори клиникии кафедраи терапияи госпиталии ДДТТ (1982), Духтур-терапевт ва мудири шӯъбаи Беморхонаи клиникии шаҳрии №2 (1982 – 87), аспирант (1987 – 90), ассистенти …

Муфассал »

ҚОҚУ

koku

ҚОҚУ (Taraxcum officinale), гули қаҳқаҳ, дегкафонак, ширгулак, навъе аз гиёҳҳои бисёрсола. Пояаш 5 – 30 см, баъзан то 50 см қад мекашад. Дар нӯги поя «сабадак»-и зард ҳосил шуда, дар ҳар кадоми он то 200 гули тиллоранг мешукуфад. Ду маротиба (баҳор ва тирамоҳ) гул мекунад. Барги Қ. дар бехи поя …

Муфассал »

«ҚОНУНЧА»

konuncha

«ҚОНУНЧА», асарест, ки онро аз рӯи «Ал-Қонун фи-т-тиб»-и Абӯалии Сино Маҳмуд Муҳаммад ибни Умари Ҷағминӣ (ваф. 1344) ба арабӣ таҳия кардааст. «Қ.» аз 10 боб (мақола) иборат аст. Дар «Қ.» оид ба табиати инсон (боби 1), ташреҳия (боби 2), ҳолатҳои гуногуни организми одам (боби 3), набзи шараён (боби 4), беҳдошт …

Муфассал »

ҚОСИМОВ Олим Исмоилович

kosimov-olim

ҚОСИМОВ Олим Исмоилович (тав. 16. 01. 1947, ш. Душанбе), духтури касалиҳои пӯсту зӯҳравӣ, доктори илми тиб (1996), проф. (1999), сармутахассиси Вазорати тандурустии ҶТ оид ба бемориҳои пӯсту зӯҳравӣ (аз с. 2001). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1971). Ординатори кафедраи бемориҳои пӯсту зӯҳравии ДДТТ (1971 – 73), …

Муфассал »

ҚУБОИ МӯЙ

ҚУБОИ МӯЙ, бемориест, ки ҳангоми он дар пӯсти хами андомҳои поёнӣ ва болоӣ гиреҳчаҳои хокистарранги карахшбаста пайдо мешаванд. Дар бисёр ҳолатҳо гиреҳчаҳоро мӯй сӯрох карда берун меояд ё дар зери онҳо печида дармемонад. Ҷои осебёфтаи пӯст хушк ва дурушт аст. Зуҳуроти беморӣ дар синни 2 – 5-солагӣ ба мушоҳида мерасад; …

Муфассал »

ҚУЛОЪ

stomatit

ҚУЛОЪ, афта, ярачаҳои гирда ё байзашакл, ки дар луобпардаи даҳон ва баъзан узвҳои дигар падид меоянд. К. бисёр вақт аломати стоматит, қӯтур, ангинаи табхолӣ мебошад. Қ. асосан дар нӯг ва канорҳои забон, лаб, луобпардаи лунҷ, коми сахт, қаъри ҷавфи даҳон пайдо мешавад. Дар луобпардаи даҳон падид омадани Қ. боиси дард, …

Муфассал »

ҚУЛМАТОВ Муҳаммад

nophoto-man

ҚУЛМАТОВ Муҳаммад (тав. с. 1905, Қуқанд), духтури терапевт, доктори илми тиб (1950). Хатмкардаи Академияи тибби ҳарбии Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург; 1931). Дар лабораторияи акад. И.П. Павлов оид ба физиологияи эътидолӣ такмили ихтисос кардааст. Сипас чанд муддат дар ш. Тошкент ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул буд. С. 1937 ба ш. Сталинобод омада дар …

Муфассал »

ҚУЛУН

kulun

ҚУЛУН (Intestinum crassum), рӯдаи ғафс. Аз кунҷи илиосекалӣ (мансуб ба рӯдаи тиҳигоҳ ва кӯррӯда) ибтидо ёфта, то сӯрохи мақъад давом мекунад. Дарозии Қ. ба ҳисоби миёна 150 см, қутраш 7 – 14 (дар аввал) ва 4 – 6 (дар охир) см аст. Девораи Қ. мисли девораи рӯдаи борик аз 3 …

Муфассал »

ҚУЛФАК

kulfak

ҚУЛФАК (Clavicula), чанбар, устухони ҷуфти китф. Шакли ҳарфи «S»-ро дорад. Бо қисми берунӣ бо шохаи акромионии шона, бо қисми дарунӣ бо тӯш (сарсина) пайваст мешавад. Ҳар ду пайвандгоҳ бо бандакҳои қавӣ устувор гаштаанд. Ба қисми сарсинагии К. мушакҳои чаноғӣ-чанбарӣ-пистонакӣ, чаноғӣ-ломӣ ва мушаки калони сина пайваст шудаанд; ба қисми акромионии он …

Муфассал »