Главная / Илм / ҚУЛМАТОВ Муҳаммад

ҚУЛМАТОВ Муҳаммад

nophoto-manҚУЛМАТОВ Муҳаммад (тав. с. 1905, Қуқанд), духтури терапевт, доктори илми тиб (1950). Хатмкардаи Академияи тибби ҳарбии Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург; 1931). Дар лабораторияи акад. И.П. Павлов оид ба физиологияи эътидолӣ такмили ихтисос кардааст. Сипас чанд муддат дар ш. Тошкент ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул буд. С. 1937 ба ш. Сталинобод омада дар беморхонаи ҷумҳуриявӣ ба кор даромадааст. Баробари таъсиси ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино аввал ассистенти кафедраи бемориҳои тропикӣ (1942 – 44), сипас мудири кафедраи терапияи госпиталӣ (1944 – 46) буд. Бори аввал дар илм усули таҳқиқи сӯзании сипурз (испурч)-ро ҳангоми ташхиси вараҷа кор фармуд. Доир ба мавзӯи «Строфантотерапияи иллати дил» рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст (1943). Муаллифи 15 асару мақолаҳои илмист.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Лисейи Хилол

Лисейи “Ҳилол” дар ш. Душанбе

Лисейи ҲИЛОЛ ё худ онро низ гимназия ҳам меноманд, аз солҳои 2000-ум фаъолият намуда талабагонро …