Главная / Илм / ҚУЛФАК

ҚУЛФАК

kulfakҚУЛФАК (Clavicula), чанбар, устухони ҷуфти китф. Шакли ҳарфи «S»-ро дорад. Бо қисми берунӣ бо шохаи акромионии шона, бо қисми дарунӣ бо тӯш (сарсина) пайваст мешавад. Ҳар ду пайвандгоҳ бо бандакҳои қавӣ устувор гаштаанд.
Ба қисми сарсинагии К. мушакҳои чаноғӣ-чанбарӣ-пистонакӣ, чаноғӣ-ломӣ ва мушаки калони сина пайваст шудаанд; ба қисми акромионии он мушакҳои делташакл ва трапетсияшакл пайваст мебошанд. Дар қисми поёни Қ. мушаки таҳти чанбар ҷой гирифтааст.
Дар сатҳ ҷойгир шудан ва робитаи зич доштан бо даст Қ.-ро дучори ҳаргуна осебҳо мегардонад. Ҳангоми гусастагии пайванди акромионӣ-чанбарӣ қисми берунии Қ. ба пеш ва боло баромада, мисли тугмаҳои роял хаму рост мешавад. Дар мавриди баромадани нӯги сарсинагии Қ. он аз зери пӯст возеҳ ба назар мерасад.
Шикастагии Қ. бо дард, варам, хуномос ва деформатсия падид меояд; фаъолияти даст халал меёбад. Ин гуна осеб бисёр вақт ҳангоми таваллуди тифл ба мушоҳида мерасад. Дар мавриди шикаста пора шудани Қ. хавфи зарар ёфтани асабҳои бозу, рагҳои калон ё гунбази плевра ба миён меояд.
Ҳангоми баромадан ё шикастани Қ. ҷабрдидаро бетаъхир ба беморхона фиристодан лозим аст. То муоинаи рентгенологӣ ҷо ба ҷо кардани устухонҳои шикаста ҷоиз нест. Муолиҷаи осебу шикастагии Қ. бо усули консервативӣ ва дар баъзе мавридҳо бо ҷарроҳӣ сурат мегирад.
КЛ
Қулфаки рост. А – намуд аз боло; Б – намуд аз поён; 1 – нӯги акромионӣ; 2 – нӯги сарсинагӣ; 3 – изи бандаки қабурғаю чаноғӣ; 4 – теппачаи конусшакл ва хати трапетсияшакл; 5 – сатҳи пайванди акромионӣ.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …