Главная / Илм / ҚУЛОЪ

ҚУЛОЪ

stomatitҚУЛОЪ, афта, ярачаҳои гирда ё байзашакл, ки дар луобпардаи даҳон ва баъзан узвҳои дигар падид меоянд. К. бисёр вақт аломати стоматит, қӯтур, ангинаи табхолӣ мебошад.
Қ. асосан дар нӯг ва канорҳои забон, лаб, луобпардаи лунҷ, коми сахт, қаъри ҷавфи даҳон пайдо мешавад. Дар луобпардаи даҳон падид омадани Қ. боиси дард, ихтилоли ихроҷи оби даҳон, бо душворӣ фурӯ бурдани луқма мегардад; ғуддаҳои лимфавии зери ҷоғ калон мешаванд. Дар баъзе ҳолатҳо ҳарорати бадан баланд гашта, аломатҳои колит ба назар мехӯранд.
Қ. дар ҷои обилачае пайдо мешавад, ки кафида дард мекунад. Беморӣ дар тӯли 7 – 10 рӯз инкишоф меёбад. Баъди шифо ёфтани Қ. дар луобпардаҳо изи он боқӣ намемонад. Дар мавриди суст будани неруи муҳофизии организм ярачаҳо ба ҳамдигар пайваста, яраҳои калонро ба вуҷуд меоранд.
Муолиҷаи Қ. ба рафъи сабаби он равона шудааст. Аз доруҳои тақвиятбахш ва витаминҳо низ истифода мекунанд, ба захмҳо каротолин, равғани настаран, ангат ва ғ. мемоланд. Фарҷоми маризӣ нек аст.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

Витамин В1

Витамин “В1”

Витамин В1 (тиамин) дар организм барои мубодилаи мӯътадили моддаҳо (хусусан ангиштобҳо ё карбогидратҳо) зарур аст. …