Главная / Илм / ҚОДИРОВА Дилрабо Абдуқаюмовна

ҚОДИРОВА Дилрабо Абдуқаюмовна

nophoto-womenҚОДИРОВА Дилрабо Абдуқаюмовна (тав. 31. 07. 1957, ш. Душанбе), доктори илми тиб (1997), проф. (2001), Аълочии тандурустии Тоҷикистон (2008). Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1980). Ординатори клиникии кафедраи терапияи госпиталии ДДТТ (1982), Духтур-терапевт ва мудири шӯъбаи Беморхонаи клиникии шаҳрии №2 (1982 – 87), аспирант (1987 – 90), ассистенти кафедраи бемориҳои даруни таҳсилоти дармонгоҳӣ (1990 – 97), мудири кафедраи тибби оилавӣ (1998 – 2003), декани факултаи тибби умумӣ (2003 – 05) ва аз с. 2005 мудири кафедраи тибби оилавии ДДТТ. Аз с. 1987 ба омӯзиши масъалаҳои ғалаёни хун: хусусиятҳои ҷараён, табобат ва пешгирии он дар байни гурӯҳҳои синну солашон гуногун ва аз с. 1998 ба масъалаҳои омӯзиш ва инкишофи тибби оилавӣ машғул аст. Дар мавзӯи «Қиёспазирии клиникию биохимиявии калтсинози шараён ва гипертонияи систолӣ дар калонсолон» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Бӯҳронҳои гипертонӣ ва табобати онҳо дар калонсолони гирифтори гипертонияи систолӣ» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Муаллифи 3 монография, зиёда аз 150 мақолаю тезис, 2 таклифи ратсионализаторӣ, 18 дастури таълимӣ ва тавсияи методӣ мебошад. Таҳти роҳбарии ӯ 1 наф. рисолаи докторӣ ва 3 наф. рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд.
Ос.: Кальциноз артерий у лиц пожилого и старческого возраста, Д., 1999; Биохимические факторы риска атеросклероза и артериальной гипертонии у лиц пожилого и старческого возраста. «Здравоохранение Таджикистана», Д., 2000, №1; Гипертонические кризы, Д., 2000; Семейная медицина, Д., 2001; Наиболее часто встречающиеся заболевания в практике семейного врача, Д, 2003; Модул по обучению семейных врачей профилактики ВИЧ среди трудовых мигрантов, Д., 2007; Гендерные аспекты миграции ВИЧ-инфекции, Алмаато, 2009.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

Витамин В1

Витамин “В1”

Витамин В1 (тиамин) дар организм барои мубодилаи мӯътадили моддаҳо (хусусан ангиштобҳо ё карбогидратҳо) зарур аст. …