Главная / Илм / ҚОСИМОВ Олим Исмоилович

ҚОСИМОВ Олим Исмоилович

kosimov-olimҚОСИМОВ Олим Исмоилович (тав. 16. 01. 1947, ш. Душанбе), духтури касалиҳои пӯсту зӯҳравӣ, доктори илми тиб (1996), проф. (1999), сармутахассиси Вазорати тандурустии ҶТ оид ба бемориҳои пӯсту зӯҳравӣ (аз с. 2001). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1971). Ординатори кафедраи бемориҳои пӯсту зӯҳравии ДДТТ (1971 – 73), духтури шӯъбаи бемориҳои пӯсту зӯҳравии Беморхонаи клиникии шаҳрии № 1 (1973 – 76), ассистент (1976 – 93) ва дотсенти кафедраи касалиҳои пӯсту зӯҳравии ДДТТ (1993 – 96). Аз с. 1996 мудири кафедраи бемориҳои пӯсту зӯҳравии Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон. Муаллифи 150 асару мақолаҳои илмӣ, 7 пешниҳод, 8 тавсияи методӣ ва 5 китоби дарсӣ барои духтурон. Зиёда аз 20 кашфиёти илмии ӯ дар амал истифода гаштааст. Таҳти роҳбарии Қ. 5 наф. рисолаҳои номзадӣ дифоъ намудаанд. Ҳамчун мудири кафедра баҳри баланд бардоштани савияи дониши духтурони бемориҳои пӯст, акушерӣ ва гинекологӣ, атфол, урологӣ ва табибони оилавӣ саҳми бузург мегузорад. Дар бисёр симпозиум ва конфронсҳои байналхалқӣ иштирок ва маърӯза кардааст.
Бо ордени «Шараф» мукофотонида шудааст (2006).
Ос.: Дерматовенерология, Д., 2007; Роль медицинских работников первичной медико-санитарной помощи (ПМСП) в профилактике инфекций, передаваемых половым путем, Д., 2006; Лабораторная диагностика гонореи, Д., 2007; Лабораторная диагностика сифилиса, Д., 2007; Тестовые вопросы и ситуационные задачи по дерматовенерологии, Д., 2008.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …