Главная / Илм / ҚОҚУ

ҚОҚУ

kokuҚОҚУ (Taraxcum officinale), гули қаҳқаҳ, дегкафонак, ширгулак, навъе аз гиёҳҳои бисёрсола. Пояаш 5 – 30 см, баъзан то 50 см қад мекашад. Дар нӯги поя «сабадак»-и зард ҳосил шуда, дар ҳар кадоми он то 200 гули тиллоранг мешукуфад. Ду маротиба (баҳор ва тирамоҳ) гул мекунад. Барги Қ. дар бехи поя месабзад. Қ дар ҳама ноҳияҳои Тоҷикистон фаровон аст. Одатан дар лаби ҷӯй, соҳили рӯдҳо, марғзор, талу теппаҳо, ҷангалзор, дашту саҳро, боғ, канори роҳу назди иқоматгоҳҳо ва ғ. месабзад.
Қ. гиёҳи қадимии ғизоист. Барги онро юнониҳо ва румиҳои қадим чун сабзавот истеъмол мекарданд. Тоҷикон аз барги Қ. ва гиёҳҳои дигар самбусаи алафӣ мепазанд, бехи онро тару тоза истеъмол мекунанд. Барои рафтани талхӣ Қ.-ро дар намакоб 30 дақиқа тар карда мондан лозим аст.
Қ. гиёҳи маъмули доруист. Бино ба маълумоти Теофраст (372 – 287 то м.) Қ. доғи кунҷитакро барҳам медиҳад. Абӯалии Сино бо оби Қ.-и тару тоза истисқоро табобат мекард. Бо «шир»-и Қ. «гул»-и чашмро меравонд. Аз баргу пояи он марҳаме тайёр намуда, ба ҷои каждумгазида мебаст, Қ.-ро позаҳр меҳисобид. Бино ба маълумоти «Махзану-л-адвия»-и Муҳаммад Ҳусайн хосияти Қ. асосан ба хосияти коснӣ монанд аст, вале нисбат ба он таъсири сахттар дорад. Қ. хунпартоиро бозмедорад, меъдаро қувват мебахшад. Хокаи решаи Қ.-ро ба ҷои газидаи ҳашарот ва ҳайвоноти заҳрнок мебанданд.
Табибони халқӣ Қ.-ро барои табобати илтиҳоби ҷигар, заъфарма, иллати заҳрадон, дарди санги гурдаву масона, диабети қандӣ, бавосир, қабзияти меъдаву рӯда, касалиҳои пӯст, инчунин ба сифати доруи заҳрарон, мушаҳҳӣ (иштиҳоовар), исҳоловар ва пешоброн истифода мебаранд. Аз барги тару тозаи Қ. хӯрише тайёр мекунанд, ки кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад.
Дар тибби илмӣ ҷӯшоби Қ.-ро барои кушодани иштиҳо, қабзият ва чун давои зардарон кор мефармоянд. Барои ин 1 чумча решаи майдакардаи Қ.-ро дар як истакон об 20 дақ. меҷӯшонанд ва баъди хунук шудан полида, рӯзе 2 – 4 маротиба пеш аз хӯрок ¼ истакон менӯшанд. Қиёми равғании Қ. давои хубест барои ҷароҳатҳои сӯхтагӣ. Ҷӯшоби решаи онро ба сифати доруи зардарон ва иштиҳоовар таъйин мекунанд. Бо ин мақсад 3 чумча (40 г) решаи Қ.-ро дар 1 истакон об 20 дақиқа ҷӯшонда, дар як рӯз 2 маротиба пеш аз хӯрок як истаконӣ меошоманд. Доруҳои Қ.-ро дар амалияи тибби муосир асосан чун омили тақвиятбахши узвҳои ҳозима, иштиҳоовар ва заҳрарон истифода мебаранд. Солҳои охир муайян кардаанд, ки бехи Қ. барои шахсони гирифтори атеросклероз хеле муфид аст. Барои ин хокаи бехи хушки онро истеъмол кардан лозим (дар як шаборӯз пеш аз хӯрок 5 г).
Ад.: Мацку Я., Крейча И., Атлас лекарственных растений, Братислава, 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …