Главная / Илм / «ҚОНУНЧА»

«ҚОНУНЧА»

konuncha«ҚОНУНЧА», асарест, ки онро аз рӯи «Ал-Қонун фи-т-тиб»-и Абӯалии Сино Маҳмуд Муҳаммад ибни Умари Ҷағминӣ (ваф. 1344) ба арабӣ таҳия кардааст. «Қ.» аз 10 боб (мақола) иборат аст. Дар «Қ.» оид ба табиати инсон (боби 1), ташреҳия (боби 2), ҳолатҳои гуногуни организми одам (боби 3), набзи шараён (боби 4), беҳдошт ва парҳези одамони солим (боби 5), дарди сар (боби 6), бемориҳои аъзои ҷудогонаи одам (боби 7), касалиҳои гурда (боби 8), амрози умумии организм (боби 9), қувваҳое, ки дар ғизои сахт ва нӯшокиҳо мавҷуданд (боби 10) маълумоти мухтасар дода шудааст. Як нусхаи «Қ.» иборат аз 38 варақ таҳти рақами 2409 дар Фонди дастхатҳои Ин-ти шарқшиносии АИ ӯзбекистон маҳфуз мебошад. Шоир ва табиби а. 19 Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ ҳам ба «Ал-Қонун фи-т-тиб»-и Ибни Сино бо номи «Таҳқиқу-л-қавоид» шарҳ навиштааст. Асари номбурда с. 1822 дар Бухоро ба забони тоҷикӣ таълиф ёфтааст ва яке аз нусхаҳои он (229 варақ таҳти рақами 1306) дар Фонди дастнависҳои Ин-ти шарқшиносии АИ ӯзбекистон маҳфуз мебошад.
Ад.: Энциклопедияи Советии Тоҷик, ҷ. 8, Д., 1988.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …