Главная / Теги: Тиб (страница 173)

Теги: Тиб

АРАҚ

holodnij-pot-prichini-2

АРАҚ, моеъи берангест, ки ғадуди арақи баъзе ширмакҳо ва одам ихроҷ мекунад. Ғадудҳои А. дар рӯй, кафи дасту по ва зери бағал ҷой гирифтаанд. А.-и одам аз 98 – 99% об, тақр. 0,1% карбамид, кислотаи пешоб, креатинин, серин, чарб, кислотаҳои чарб, холестерин, намакҳои металлҳои ишқорӣ – хлоридҳо (аз ҳама зиёд …

Муфассал »

АРАҚИ ДАСТӣ

250px-hyper_schweisshand_sb

АРАҚИ ДАСТӣ, нӯшокии дастисохти спиртдор, ки заҳрогин аст. Ғайриқонунӣ дар хона бо роҳи полоиши масолеҳи гуногуни ғизоӣ тавассути дастгоҳҳо тайёр карда мешавад. Истифодаи А. д. аксар вақт боиси заҳролудии вазнини шадид ва музмин мегардад, чунки дар таркиби он омехтаҳои гуногуни зарарнок (равғанҳои сивуха, алдегидҳо, фурфуролҳо ва ғ.) мавҷуданд.

Муфассал »

АРАҚШОРӣ

1328547792

АРАҚШОРӣ, раванди физиологист, ки сардшавии организмро (аз ҳисоби ба буғ табдил ёфтани арақи рӯи пӯст ва нигоҳ доштани мувозинати обу намак) таъмин мекунад. Арақро ғадудҳои махсус, ки дар насҷи чарби зери пӯст ҷойгиранд, ҷудо менамоянд. Ғадудҳои арақ бештар дар зери бағал, кафи дасту пой ҷо гирифтаанд. Арақ аз 99% об, …

Муфассал »

АРАХНОДАКТИЛИЯ

arahnodaktiliya-pri-gomotsistinurii-300x227

АРАХНОДАКТИЛИЯ (Arachnodactylia; аз arachne – тортанак, анкабуд ва dactylo – ангушт), долихостеномалия, анкабутпанҷагӣ, нуқси инкишофи панҷаи дасту пойҳо. Дар мавриди А. панҷаҳо борику дароз шуда, пойҳои тортанакро мемонанд. А. аломати баъзе бемориҳои ирсии бофтаҳои пайвандӣ мебошад, мас., бемории Марфан.

Муфассал »

АРАХНОИДИТ

arahnoidit3

АРАХНОИДИТ (Arachnoiditis; юн. arachne – тортанак ва eidos – шакл), газаки анкабудпардаи мағзи сар ё ҳароммағз. Одатан, ҳамроҳи газаки пардаи нарми мағзи сар пайдо мешавад. А. баъд аз бемориҳои сироятии шадид ва музмин, мас, грипп, газаки римноки бинивораи иловагӣ (ниг. Бинӣ), гӯш (ниг. Отит), бодомак (ниг. Ангина, Тонзиллит), баъд аз …

Муфассал »

АРБОВИРУСҲО

12357

АРБОВИРУСҲО (Arbоviruses), вирусҳои ҳайвонот ва одам, ки ҷонварони бандпой (кана, хомӯшакҳо, кӯрпашша, харакҳо) интиқол медиҳанд. А. дар организми бандпойҳо инкишоф ёбанд ҳам, ба худи онҳо зарар намеоранд. А. ангезандаи энсефалитҳои гуногун, табларзаи хунрез ва диг. бемориҳо мебошанд. Зиёда аз 200 намуди А. маълум аст. Онҳо аз рӯи хусусияти подгунӣ (антигенӣ) …

Муфассал »

АРДОНА

109609_d58b7896

АРДОНА (Althaea armenica), гулхайрии даштӣ, гиёҳест бисёрсола. Аз 30 то 200 см қад мекашад. Пояаш рости серпашмак, арғувонӣ. Баргаш думчадори 3 ё 5-парра, хӯшагулаш майда, гулаш гулобӣ ё бунафши гулобӣ, тухмаш гурдашакли дорчин. Моҳи июн гул мекунад. Одатан, дар заминҳои бекорхобида ва ҳамчун алафи бегона дар юнучқазор, боғҳо, қад – …

Муфассал »

АРЕФЛЕКСИЯ

neyron2-300x232

АРЕФЛЕКСИЯ (аз а – ҳиссачаи инкорӣ ва reflexus – инъикос), ба таъсири ангезандаҳо вуҷуд надоштани рефлекс (яъне ҷавоб). А. дар натиҷаи осеби сохторҳои гуногуни системаи асаб ва хароб гаштани фаъолияти ҳуҷайраҳои он ба вуқӯъ мепайвандад. А. метавонад ҳангоми атрофияи возеҳи мушакҳои устухонбандӣ низ ба вуҷуд ояд (ниг. Амиотрофия, Дистрофия). Зери …

Муфассал »

АРЗАН

panicum-miliaceum-in-ahaines-a

АРЗАН (Panicum milliaceum) говарс, говарса, растаниест ғалладона. Пояаш рости шохаронда, то 1,5 м қад мекашад. Баргаш дарози нӯгтез, пашмакдор. Хӯшагулаш парешон ё ғунча. Донаш хурд, рангаш сафед, зард, норанҷӣ, сурх, хокистарранг ё сиёҳ. Моҳҳои июн – авг. гул мекунад. А. аз зироатҳои қадимист; онро ҳанӯз 4 – 5 ҳаз. сол …

Муфассал »

АРИТМИЯИ ДИЛ

aritmii-serdca

АРИТМИЯИ ДИЛ (аз а – ҳиссачаи инкорӣ ва юн. rhythmos – низом), номураттаб кашиш хӯрдан (тапидан)-и дил, ки дар натиҷаи ихтилоли фаъолияти ҷудогонаи он ба амал меояд. Одам, одатан, задани дилашро ҳис намекунад, бинобар ин аз суръати он бехабар аст. А. д. дар номураттабӣ, бозистодан ва таппиши бетартиби он зоҳир …

Муфассал »