Главная / Теги: Тиб (страница 175)

Теги: Тиб

АРТРОЛОГИЯ

sovremennaya-artrologiya-1728x800_c

АРТРОЛОГИЯ ( аз arthron – банд ва …логия), як фасли терапия (бемориҳои дарун), ки пайдоиш, ҷараён ва зуҳуроти болинии бемориҳои бандҳо, ҳамчунин усулҳои пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи онҳоро меомӯзад.

Муфассал »

АРЧА

img1bb3

АРЧА (Juniperus seravchanica), бурс, маҳинбурс, дарахтест ҳамешасабз. Аз 8 то 25 м қад мекашад. Навдаҳояш сершох, сабзи сиёҳтоб, баъзан кабудранг. Баргҳои пулакчамонанди нештаршакл ё байзашакл, чалғӯзаи калон дорад. Дар нишебии қ.-кӯҳҳои Қурама, Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Вахш, Боботоғ, Ғозималик ва Сарсарак (800 – 2500 м аз с.б.) мерӯяд. Хосияти шифобахшии А. …

Муфассал »

АСАБ

677058

АСАБ, торҳое, ки байни силсилаи марказии асаб ва узву бофтаҳои гуногун робита барқарор менамояд. А. аз берун бо парда (эпиневрий) фаро гирифта шудааст, ки дорои рагҳои хун ва лимфа мебошад. А. шохаҳо дошта, интиҳои онҳо то узву бофтаҳо рафта мерасад. Дар организми одам маҷмуи А.-ҳо системаи асабҳои канориро ба вуҷуд …

Муфассал »

АСАЛ

honey3

АСАЛ, ангубин, ангабин, салво, шаҳд, маҳсули занбӯри асал, ки аз шаҳд ва гарди гул ҳосил мешавад. Дар Тоҷикистон занбӯрпарварӣ чун соҳаи мустақили хоҷагии халқ с. 1934 ба вуҷуд омадааст. Замонҳои қадим аҳолӣ А.-ро асосан аз ковокии дарахтон мегирифт. А. ду навъ мешавад: А.-и гул (аз шаҳд) ва А.-и шакарак (аз …

Муфассал »

АСАЛРИШҚА

melilotus-officinalis2

АСАЛРИШҚА (Melilotus officinalis), говришқа, зардбеда, зарришқа, харбеда, гиёҳест як ё дусола. Аз 30 то 200 см қад мекашад. Пояи рости сершохча, барги сешохаи дарозрӯя ё байзашакл, гули зард, тухми гирда ё мудаввари дорчинӣ ё зарди сабзтоб дорад. Май – июн гул карда, июл – авг. тухм мебандад. Дар гулзорҳо, соҳили …

Муфассал »

АСЕПТИКА

911330

АСЕПТИКА (аз а – ҳиссачаи инкорӣ ва юн. septikos – мадданок), тадбирҳои пешгирии ба ҷароҳат ворид шудани микробҳои касалиовар. Буқрот, Ибни Сино, Розӣ ва диг. усулҳои безараргардонии ҷароҳатро бо сирко, май, скипидар, равғани ҷӯшон, оҳак, намакҳои мис, оҳани тафсон, марҳам ва ғ. васеъ истифода бурдаанд. Аввалин маротиба А.-ро ҷарроҳи немис …

Муфассал »

АСИРАК

reseda-odorata-fl-mhassler2

АСИРАК (Reseda odorata), асираки атрбӯ, асираки боғӣ, асираки бӯё, як намуди гули хушбӯй. Пояаш рост (баландиаш 15 – 40 см), сершоху барг (баъзан дар рӯи замин мехобад); баргаш сода, яклухт, байзашакл. Гулаш хушбӯй, майда, сабзи зардча ё сафед, дуҷинса. Хӯшагулаш аҳромшакли сершукуфа. Июн – июл гул мекунад (то фаро расидани …

Муфассал »

Аҳмияти машқҳои ҷисмонӣ барои мушак ва скелет

sutunmuhra

Инкишофи системаи такягоҳ ва ҳаракати одам. Скелети мушакҳодар бачагӣ ва наврасӣ инкишоф меёбад. Мушакҳо дар синни 14-17-солагӣ босуръат инкишоф ёфта, дар синни 18-солагӣ баробари мушакҳои калонсолон мешаванд. Ба ҳадди инкишоф ва ташаккул ёфтани кўдак ҳаракатҳояш ҳам торафт мукаммал ва гуногун мешаванд. Дар инкишофи тавоноӣ, чобукию чолокӣ ва тобоварии одам машқҳои …

Муфассал »

Скелети одам

skeleti-odam-768x533

Пайвастшавии устухонҳо. Дар бадани одам зиёда аз 220 устухон мавҷуд аст. Ҳамаи онҳо байни худ пайвастанд. Пайвастшавии устухонҳо гуногунанд. Баъзеашон ба воситаи дандонаҳо беҳаракат пайваст мешаванд (устухонҳои косаи сар), дигар устухонҳо бо якдигар ба таври мутаҳаррик ё ниммутаҳаррик пайваст мешаванд. Пайвастшавии мутаҳаррики устухонҳо, масалан, устухонҳои рон, зону, оринҷро банд меноманд. …

Муфассал »

Сохт ва инкишофи устухоно

tarkibi-ustuxon

Вазифаи системаи такягоҳ ва ҳаракат. Скелету мушакҳо такягоҳи бадани инсон ва аъзои ҳаракат мебошанд. Онҳо ба ҳам пайваст шуда, ковокиҳои махсусро ҳосил мекунанд (расми 4). Дар ин ковокиҳо узвҳо ҷойгир ва ҳимоя карда мешаванд. Масалан, дил ва шушро устухонҳои қафаси сина ва мушакҳои синаю тахтапушт, узвҳои холигии шикам (меъда, рўда, …

Муфассал »