Главная / Илм / АРЗАН

АРЗАН

panicum-miliaceum-in-ahaines-aАРЗАН (Panicum milliaceum) говарс, говарса, растаниест ғалладона. Пояаш рости шохаронда, то 1,5 м қад мекашад. Баргаш дарози нӯгтез, пашмакдор. Хӯшагулаш парешон ё ғунча. Донаш хурд, рангаш сафед, зард, норанҷӣ, сурх, хокистарранг ё сиёҳ. Моҳҳои июн – авг. гул мекунад.
А. аз зироатҳои қадимист; онро ҳанӯз 4 – 5 ҳаз. сол пеш аз м. кишт мекарданд. Ватани А.-и мазрӯъро Хитой ва Муғулистон тахмин мекунанд. А. зироати писандидаи қабилаҳои скифу сармат ва суғду бохтариҳо маҳсуб мешуд.
А. яке аз муҳимтарин зироати ғалладона мебошад. Дар таркиби сӯкаш 63% ангиштоб, 12% сафеда, 3 – 4% равған, 1% клетчатка, 2 – 2,5% хокистар, моддаҳои минералӣ, витамини В1 ва намакҳои калий, натрий, калсий, магний, фосфор ва ғ. мавҷуд аст. Аз орди А. таомҳои хушлаззат ва нон тайёр мекунанд. Шавлаи сӯк серғизо ва зудҳазм буда, барои беморони дарди дил, фишори хун, атеросклероз, қабзият ва ғ. парҳезонаи хуб аст.
Табибони халқии украинӣ ҳангоми зуком бӯй кашидани дуди А.-ро муфид мешуморанд. Бино ба ақидаи табибони тоҷик А. ба меъда тақвият мебахшад, халаи рӯдаро бартараф менамояд. Онҳо А.-ро гарм карда ба омоси рӯй ва дар мавриди дарди дандон ба ҷоғ мегузоштанд. А.-е, ки дар шир пухта шудааст, ҳангоми чурра нафъ дорад.
Дар сарчашмаҳои қадимӣ омада, ки агар сӯки А.-ро пухта бихӯранд, печишҳои роҳи нафасро мекушояд, ба бемории назла даво мешавад. Истеъмоли нони А. исҳолро мебандад, пешобро меронад, бачаро аз шиками зани ҳомила меафтонад. Сӯки А.-ро бо шири навҷӯшида пухта бо равғанҳо бихӯранд, ғалаёни хунро таскин мебахшад. Агар баъди ба сӯк гардондани А. як сол гузашта бошад, истеъмоли он ҷоиз нест.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …