Главная / Илм / АРДОНА

АРДОНА

109609_d58b7896АРДОНА (Althaea armenica), гулхайрии даштӣ, гиёҳест бисёрсола. Аз 30 то 200 см қад мекашад. Пояаш рости серпашмак, арғувонӣ. Баргаш думчадори 3 ё 5-парра, хӯшагулаш майда, гулаш гулобӣ ё бунафши гулобӣ, тухмаш гурдашакли дорчин. Моҳи июн гул мекунад. Одатан, дар заминҳои бекорхобида ва ҳамчун алафи бегона дар юнучқазор, боғҳо, қад – қади ҷӯйбору дарёҳо (дар баландии 500 – 600 м аз с.б.) мерӯяд.
Решаи А. зоҳиран ба решаи гули хайрӣ монанд аст, вале ҳангоми шикастан хеле ғоз медиҳад. А. дар тибби мардумӣ ҳамчун растании доруӣ маъмул аст. Ҷӯшоби реша ва появу барги онро ҳангоми хунпартоӣ, сулфа ва дарди сандуқи сина истифода мебаранд. Бо ҷӯшоби гул ва барги А. занҳо мӯяшонро мешӯянд (мӯйро мустаҳкам ва сабзиши онро беҳтар мекунад). Дигар хосиятҳои шифобахшии А. ба гули хайрӣ монанд аст.
Ад.: Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …