МИОМА (Myoma; аз мио… ва …ома), омоси некфарҷомест, ки аз бофтаи мушак ба вуҷуд меояд. М.-е, ки аз бофтаи суфтаи мушак ташаккул ёфтааст, лейомиома ном дорад; М.-и аз мушакҳои кӯндаланграх (мушакҳои скелет) ба вуҷуд омадаро рабдомиома меноманд. Лейомиома бештар дар бачадон, рабдомиома дар мушакҳои дасту пой пайдо мешавад. М. одатан шакли гирдаро дошта, аз бофтаҳои атроф ҷудо шуда меистад. М.-ро бо ҷарроҳӣ табобат мекунанд.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон
Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …