Главная / Илм / МИОПАТИЯ

МИОПАТИЯ

miopatiyaМИОПАТИЯ (аз мио… ва юн. pathos – беморӣ), истилоҳест, ки осебҳои пайдоишашон гуногуни мушакҳои скелет ва халал ёфтани ғизогирии онҳо, костани массаи элементҳои фаъол (атрофияи мушакҳо), сустию беҳолии мушакҳоро ифода мекунад. Ба М. бемориҳои ирсии асабу мушакҳо ва синдромҳои асабу мушакҳо, ки ҳангоми баъзе касалиҳои силсилаи асабҳои марказӣ, узвҳои дохилӣ, бемориҳои сироятӣ ва заҳролудӣ падид меоянд, мансубият доранд. М.-еро, ки бинобар ихтилоли мубодилаи моддаҳо дар худи бофтаи мушак ба вуҷуд меояд, дистрофияи мушакҳо меноманд. М.-и дар натиҷаи ихтилоли асабгирии мушакҳо сарзада амиотрофия ном дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …