Главная / Илм / МИОКАРДИТ

МИОКАРДИТ

miokarditМИОКАРДИТ (Myocarditis; аз мио… ва кардио…), газак гирифтани мушаки дил – миокард. Бештар дар синни бачагӣ, ҳангоми тарбод, баъзан дар аснои бемориҳои сироятӣ (дифтерия, домана, ангина, махмалак, сепсис, грипп ва ғ.) сар мезанад. М.-и тарбодӣ аксаран якҷоя бо эндокардит зуҳур меёбад. М. хусусияти аллергӣ ҳам дошта метавонад, яъне он натиҷаи ба микробҳо ва маҳсули таҷзияи онҳо, инчунин ба баъзе доруҳо ниҳоят ҳассос будани миокард мебошад (ниг. Аллергия). Мушаки дил метавонад аз саркоидоз сил, сифилис, токсоплазмоз низ осеб ёбад. М.-и пайдоишаш номаълум низ мавҷуд аст, мас., М.-и Абрамов-Фидлер. Ҳангоми М.-и вирусӣ ва сироятию заҳрӣ нишонаҳои осеби дил дар давраи заҳролудшавии возеҳ ба мушоҳида мерасанд; аломатҳои болинии М. дар аснои полиомиелит рӯзҳои аввали рух намудани фалаҷ зоҳир мегарданд; М.-и сироятию аллергӣ, одатан, баъди 2 – 3 ҳафтаи оғози бемории шадид ё хуруҷи бемории музмини сироятӣ инкишоф меёбад. М.-и зардобӣ пас аз 12 – 48 соати ба организм фиристодани зардоб (сиворотка) падид меояд.
Бисёр вақт М. бидуни ягон аломат ҷараён мегирад. Баъзан онро фақат аз рӯи тағйироти ЭКГ муайян мекунанд. Ҳангоми М. бемор аз дарди дил, ихтилоли низоми кашиши дил, зиқи нафас ва бемадорӣ, хастагӣ шикоят мекунад. Дар сурати кори зиёди ҷисмонӣ ҳамаи ин аломатҳо авҷ мегиранд. Ҳарорат метавонад мӯътадил ё андак баланд шавад. Ба чунин вазъи бемор аксар ангина, гайморит, тонзиллит ва ғ. сабаб мегардад.
М. метавонад ба таври шадид, шадидмонанд ва музмин зоҳир шавад; баъзе шаклҳои он гоҳ хуруҷ ёфта, гоҳ аз худ моҳу солҳои дароз дарак намедиҳад. Одатан, ҷараёни М.-ҳои сироятӣ, заҳрӣ, зардобӣ ва радиатсионӣ шадид ва шадидмонанд мешавад. Ҷараёни М.-и сироятию аллергӣ ва заҳрию аллергӣ гоҳо ба таври музмин сурат мегирад.
М.-е, ки сабаби он грипп, сурхакон, сурхча ва гулафшон аст, бисёр вақт бидуни зуҳуроти возеҳи болинӣ (клиникӣ) падид меояд. Вале онро метавон аз рӯи кунд будани оҳанги дил, хусусан ихтилоли гузарониш ва ритми он муқаррар кард. Ҳангоми М.-е, ки бар асари вируси полиомиелит сар задааст, нуқси дил бисёр вақт ба таври шадид оғоз меёбад.
Дар мавриди ба мушоҳида расидани аритмия, дамкутоҳӣ ва диг. аломатҳои нуқси дил (дар одамоне, ки қаблан бемории дил надоштанд, хусусан дар ҷавонон) метавон аз М. гумонбар шуд. Ҳангоми ғундоштани маълумот ба бемориҳои сироятии аз сар гузаронда, заҳролудӣ, ба организм фиристодани зардоб эътибори ҷиддӣ бояд дод. Барои ташхиси М. маълумоти перкуссия ва аускултатсияи дил низ кумак мерасонад. Бо ин ҳама метавон маълумоти тадқиқи рентгенологӣ ва ЭКГ-ро низ ҳамроҳ кард. Оид ба мавҷудияти М. дар хун афзудани савияи L2- ва Y-глобулинҳо низ дарак медиҳад. Аломати асосии ташхиси М. дар хун вуҷуд доштани подтан (антитела) нисбати миокард аст.
Ташхиси тафриқии М. нисбат ба миокардиодистрофия, кардиосклероз, кардиомиопатия, ишемия, стенокардия гузаронда мешавад.
Беморони гирифтори М.-ро дар беморхона муолиҷа мекунанд. Доруҳои ҳозиразамон барои табобати шаклҳои гуногуни он ниҳоят пуртаъсиранд. Ҳангоми муолиҷаи М. тартиби хӯрок аҳамияти калон дорад; хӯроки бемор бояд зудҳазм, сервитамин бошад, аз шир, сабзавот, гӯшти обпаз ва моҳӣ таҳия шавад; истеъмоли нӯшокиҳо ва намаки ош, алалхусус ҳангоми сустии кори дил, кам карда мешавад. Барои бартараф шудани аломатҳои кори сусти дил (варам, зиқи нафас ва ғ.) варзиши шифоӣ таъин мекунанд (он таҳти назорати қатъии духтур мегузарад). Варзишро аз обутоби мушакҳои узви нафас ва гурӯҳҳои миёнаи мушакҳои дасту пой сар мекунанд. Баъди худро хуб ҳис кардани бемор доираи машқҳои варзиширо васеъ менамоянд; дар сурати сабук будани М. аз рӯзҳои аввали беморӣ ба варзиши шифоӣ шурӯъ мекунанд.
М.-и бемориҳои сироятӣ, одатан пурра шифо меёбад. М.-и тарбодӣ ва сироятию аллергӣ метавонад такрор шавад. Аммо назорати диспансерӣ ва муолиҷаи саривақтӣ ба такрор ёфтани онҳо роҳ намедиҳад. Махсусан ба пешгирии манбаъҳои сирояти беморӣ (тонзиллит, гайморит ва ғ.) диққати махсус дода мешавад.
Миокардит дар кӯдакон. Дар кӯдакон М. бештар бар асари вирусҳо (грипп, табхол, вируси Коксаки), баъзан бактерияҳо (стафилококкҳо, стрептококкҳо) пайдо мешавад. Он ҳамчунин метавонад баъди моягузаронӣ (гулбурӣ) низ падид ояд.
Аломатҳои аввалини беморӣ дар заминаи сирояти шадиди роҳи нафас ё 1 – 2 ҳафта баъди он мушоҳида мешаванд. Кӯдак хастаҳол ва камиштиҳо шуда, арақи бисёр мекунад, ранги пӯст мепарад, ӯ беқарору ноором аст, месурфад (сурфаи хушк, хусусан ҳангоми хобондан), хароб мешавад. Тадриҷан лабҳо кабуд гашта, ҳатто ҳангоми оромӣ низ дамкӯтоҳӣ ба вуҷуд меояд, нафасгирӣ халал меёбад, шуш садо медиҳад. Нишонаҳои нахустини М. дар кӯдакон дилбеҳузурии бесабаб, қай, дард кардани шикам низ мебошанд. Ҳарорати бадан, одатан, мӯътадил аст. Дар баъзе кӯдакон мумкин аст беҳушӣ, ташаннуҷ, паридани ранги пӯст ҷой дошта бошад.
М.-и кӯдаконро ба таври комплексӣ муолиҷа мекунанд (антибиотикҳо, доруҳои зидди илтиҳоб, гликозидҳои дил, давоҳои пешоброн, иммунодепрессантҳо ва ғ.). Дар сурати ба таъхир мондани муолиҷа фарҷоми беморӣ бад аст.
Н. Ҳ. Ҳамидов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …