Главная / Илм / МИОЗИТ

МИОЗИТ

miozitМИОЗИТ (Myositis), илтиҳоби мушак, газак гирифтани мушакҳои скелет. М. метавонад чун боди бемориҳои гуногун, мас., грипп рӯй диҳад. Аксар вақт М. дар натиҷаи кори пуршиддату ғайрмуқаррарии мушакҳо ё зарбу лат хӯрдани онҳо сар мезанад. М. шадид, шадидмонанд ва музмин мешавад. М.-ҳои мавзеӣ ва густаришёфта низ ба мушоҳида мерасанд.
Дар аснои М. мушакҳои даст, пой, бадан сахт дард карда, дар вақти ҳаракат дард шиддат мегирад. Аксар вақт дар мушак гиреҳҳо ё лӯндаҳои сахт пайдо мешаванд. Дар мавриди кушода будани ҷароҳат дар натиҷаи аз микробҳо сироят ёфтан, М.-и фасоднок ба амал меояд, ки он бо таби баланд, табларза, торафт шиддат гирифтани дард, варам карда сахт шудани мушакҳо, сурх шудани пӯсти рӯи онҳо зуҳур меёбад. М.-и сироятии бефасод ҳангоми бемории сил, брутселлёз, сифилис, грипп, энтеровирусҳо пайдо мешавад; беморӣ бо дарди шадид ва беҳолатӣ ҷараён мегирад.
М. бисёр вақт ҳангоми бемориҳои аутоиммунӣ рух медиҳад. Яке аз шаклҳои вазнини М. полимиозит аст. Дар мавриди ҷараёни вазнин касб кардани он рефлекси пайҳо нест мешавад. Полимиозит имкон дорад боиси иллати дил, шуш, рагҳо, пӯст (миокардит, пневмония, васкулит) гардад.
М.-и устухонгашта шакли махсуси беморӣ буда, ҳангоми он дар бофтаҳои пайвандӣ намакҳои калсий таҳшон мешаванд. Мушак сахт ва дардманд аст.
Шакли махсуси ин беморӣ М.-и паразитӣ мебошад, ки он дар натиҷаи ба мушакҳо осеб расондани паразитҳо (трихинеллаҳо, систисеркаҳо) ба вуҷуд меояд. Таб, дарди мушакҳои дасту пой, қафаси сина, забон, мушакҳои жовиш зуҳуроти маризӣ мебошанд.
Муолиҷаи М.-ро духтур пас аз муайян намудани сабабҳои пайдоиши он таъин мекунад. Барои пешгирии М. аз кори ниҳоят вазнин ва хунук хӯрдан канора ҷуста, қоидаҳои техникаи бехатариро риоя намудан зарур аст; машғулиятҳои спортӣ ва обутоб додани мушакҳо аҳамияти калон дорад.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …