Главная / Илм / МИОМАИ БАЧАДОН

МИОМАИ БАЧАДОН

miomai-bachadonМИОМАИ БАЧАДОН, як навъ омоси некфарҷом, Дар мометрия – мушакпардаи бачадон ташаккул меёбад. М. б. дар натиҷаи ихтилоли фаъолияти силсилаи гипоталамус – гипофиз – тухмдон пайдо мешавад. М. б. дар фазои байни мушакҳо падид омада, минбаъд ҷониби ҷавфи шикам ё луобпардаи бачадон месабзад. М. б. маъмулан дар тана, аҳёнан дар роҳи нутфагузар ва гарданаи бачадон инкишоф меёбад. Ҳангоми дар зери микроскоп тадқиқ кардани омос дидан мумкин аст, ки вай аз дастаи бофтаҳои мушак (ба ҳар тараф парешон шудаанд) иборат мебошад. М. б. метавонад тағйир ёбад. Мас., дар давраи менопауза имкон дорад, ки унсурҳои мушак атрофия шаванд; баъзан омос варам мекунад, сахт мегардад ва ҳатто ба саркома табдил меёбад.
Аломатҳои М. б. ба ҷойгирии омос ва давраи инкишофи он, синну соли бемор, ҳамчунин бемориҳое, ки ҳамзамон бо омос пайдо мешаванд, вобастагӣ доранд. Дарди зери шикам ва миён, хунравӣ аз бачадон, қабзияти доимии шикам ва ғ. нишонаҳои хоси М. б. мебошанд. Вақте ки миома нав ташаккул меёбад, ҳайз бо дард ва хунравии фаровон сурат мегирад. Ҳайз бардавом буда, боиси нороҳатии занҳо мешавад. Ва маҳз бо ҳамин сабаб онҳо бори аввал ба духтур муроҷиат мекунанд. Бо мурури афзоиши омос ҳайз душвориҳои зиёд пеш меорад, занҳо аз ӯҳдаи иҷрои корҳои рӯзмарраи худ намебароянд. Онҳо аз бисёр рафтани хун ва дароз кашидани мӯҳлати хунравӣ (зиёда аз 5 рӯз) шикоят мекунанд. М. б. боиси тул кашидани давраи фаъолияти тухмдонҳо мегардад, бинобар ин хунравӣ ҳатто дар 55-солагии занҳо низ ба мушоҳида мерасад. Гоҳо омос таназзул меёбад.
Аксар вақт бо М. б. полипози эндометрия, гипертония, фарбеҳӣ, бемории ишемияи дил, амрози музмини узвҳои нафас ҳамроҳӣ мекунанд.
Ҳангоми М. б. дард асосан дар натиҷаи кашиш ёфтани шикампарда, ки онро гиреҳҳо фаро мегиранд, пайдо мешавад. Дарди ҳамешагӣ ва шадид аломати хуруҷи омос аст. Агар дард дар давраи ҳайз қабзкунанда бошад, пас ин далели он аст, ки дар зерлуобпардаи бачадон уқдаҳои нав (аз онҳо миомаҳо ба вуҷуд меоянд) ташаккул ёфта истодаанд. Дар сурати дар сатҳи пеши бачадон ҷой гирифтани уқда, дард дар қисми поёни ҷавфи шикам ва масона падид меояд. Агар уқда дар девораи ақиби бачадон ҷой дошта бошад, пас дард дар рӯдаи рост пайдо мешавад. Набояд фаромӯш кард, ки дард метавонад дар натиҷаи бемориҳои дигар, мас., илтиҳоби зоидҳои бачадон ё эндометриоз низ ба вуҷуд ояд. Миома, одатан, суст месабзад. Дар сурати тез сабзидани он метавон аз ҷараёни бадфарҷом гирифтани беморӣ ё пайдоиши варам гумонбар шуд. Сабзиши тези омос гуфта ҳаминро меноманд, ки агар он дар муддати як сол баробари ҳамли 5-ҳафтаина нумӯъ ёбад. Вақте ки андозаи миома ба ҳамли 13-ҳафтаина баробар мешавад, дар беморон ихтилоли пешобронӣ, қабзият, обияти маҳбал ба мушоҳида мерасанд. Миомаи зерилуобпардаӣ, одатан, баъди 40-солагӣ рушд меёбад.
Барои муолиҷаи босамари М. б. сари вақт ва дуруст ташхис кардани он муҳим аст. Дар давраҳои аввали сабзиш миомаро бо дору табобат мекунанд. Дар сурати ба таъхир гузоштани муолиҷа ҷарроҳии омос ногузир аст.

Н. И. Бозоров.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …