Главная / Теги: Тиб (страница 14)

Теги: Тиб

МИЕЛИТ

mielit

МИЕЛИТ (Myelitis; юн. myelos – мағзи устухон), илтиҳоби ҳароммағз. М. якумин ва дуюмин мешавад. М.-и якуминро вирусҳои нейротроп ба вуҷуд меоранд. М.-и дуюмин нисбатан маъмул буда, ҳангоми бемориҳои сироятӣ – грипп, сурхча ва ғ. падид меояд. Ангезандаи беморӣ ва заҳри онҳо ба ҳароммағз ворид гашта, муҷиби илтиҳоб ва тағйироти он …

Муфассал »

МИЕЛОГРАФИЯ

mielografiya

МИЕЛОГРАФИЯ (Myelographia; юн. myelos – мағзи устухон ва gpapho – навиштан), рентгенографияи ҳароммағз баъди ба фазои зеранкабутиявӣ ворид намудани моддаи рентгеноконтрастӣ. Ба сифати моддаи рентгеноконтрастӣ (рангбахш) газ (оксиген, закиси нитроген) ё доруҳои йоддори махсус кор фармуда мешаванд. М. ҳангоми ташхиси омоси ҳароммағз ва пардаи он, чурраи диски байни мӯҳраҳо, часпидагӣ …

Муфассал »

МИЕЛОЛЕЙКОЗ

mieloleykoz

МИЕЛОЛЕЙКОЗ (Myeloleucosis; аз юн. myelos – мағзи устухон ва leukos- сафед), миелоз, бемории системаи хун аз гурӯҳи лойкозҳо. Ҳангоми М. дар узвҳои хунофар шаклҳои норасидаи гранулоситҳо (миелоситҳо, промиелоситҳо, баъзан миелобластҳо) барзиёд ҳосил мешаванд. Аломати М. дар хун афзудани адади лейкоситҳо (дар ибтидо 10 – 15 – 20 ҳаз. дар мкл, …

Муфассал »

МИЕЛОМА

mieloma

МИЕЛОМА (Myeloma), бемории омосии бадфарҷом. Ҳангоми М. ҳуҷайраҳои плазмавӣ (миеломавӣ) ба мағзи устухон реша ронда, бофтаи онро табоҳ мегардонанд, фаъолияти хунофариро фурӯ менишонанд. Маҳсули фаъолияти ҳаётии ҳуҷайраҳои миеломавӣ парапротеин – сафеда аз гурӯҳи иммуноглобулинҳо – мебошад. Ба пайдоиши М. тамоюли ирсӣ ва таъсири омилҳои гуногуни омософар ба организм мусоидат мекунанд. …

Муфассал »

МИЁНДАРА

miyondara

МИЁНДАРА, чашмаи минералии обаш сард. Дар соҳ. рости д. Ванҷ, 55 км шарқтар аз маркази ноҳия воқеъ аст. Баландиаш аз с. б. 3500 м. Дебиташ – 1 л/сон., минералнокии умумиаш – 1,65 г/л. Ҳарор. об +80С. Таркиби оби чашма аз ангидриди карбон (800 мг/л), катионҳои калсий (260 мг/л), натрий (116 …

Муфассал »

«МИЗОНУ-Т-ТИБ»

mizonu-tib

«МИЗОНУ-Т-ТИБ», асари ҳаким Муҳаммадакбар ибни Муҳаммадмуқими Деҳлавии маъруф ба Арзонӣ (ваф. баъд аз с. 1718). Китоб мухтасаре дар бораи тамоми бемориҳои тан ва роҳҳои муолиҷаи онҳост. Он аз се мақола ва ҳар мақола аз чанд фасл иборат аст. Мақолаи аввал дар баёни аломати чаҳоргона, яъне ҳарорат, бурудат, рутубат ва юбусат, …

Муфассал »

МИЗОҶ

МИЗОҶ, сиришт, ниҳод, табиат, хулқ, хусусияти ботинии табиии одам, мувофиқи назарияи тибби қадим ва тибби халқии як қатор мамлакатҳои Шарқ сиришт ва табиати инсон аст, кайфиятест, ки аз омезиши чор унсур (ё аносири арбаа) – оташ, бод, хок ва об ба ҳам мерасад. М. дар асоси иртибот ва алоқамандии чор …

Муфассал »

МИКОБАКТЕРИЯҲО

mikobakteriya

МИКОБАКТЕРИЯҲО (Mycobacterium; юн. mykes – занбӯруғ ва бактерияҳо), як навъ мавҷудот, ангезандаи бемории сил. М.-ҳо гуногун мешаванд (М.-и одам, гов, парранда ва ғ.). М. қаламчашакл буда, дарозиашон 1 – 10 ва паҳниашон 0,2 – 0,6 мкм аст. Онҳо ба организм аз роҳи нафас, баъзан меъдаю рӯда ва пӯст ворид мегарданд. …

Муфассал »

МИКОЗ

mikoz

МИКОЗ (Mycosis; юн. mykes – занбӯруғ),бемориҳои занбӯруғии одам ва ҳайвонот. Вобаста ба намуди ангезандаи беморӣ ва тарзи осеб ёфтани бофтаҳо кератомикозҳо, дерматофития, кандидоз ва микозҳои амиқро фарқ мекунанд. Ниг. низ Бемориҳои занбӯруғии пӯст.

Муфассал »

МИКОЗИ КАФИ ПОЙ

mikozi-poy

МИКОЗИ КАФИ ПОЙ, як навъ бемории занбӯруғист. Ангезаи М. ба пӯст ва нохуни пой осеб мерасонад. Манбаи сироят одами бемор буда, ангезандаҳои беморӣ ба муҳити зист тавассути пулакчаҳои пӯст, резаҳои нохун мегузаранд. Одам ба М. аксар вақт дар оила ва хобгоҳ ҳангоми пӯшидани ҷӯроб, пойафзор, либоси таг, инчунин дар натиҷаи …

Муфассал »