МИЕЛИТ (Myelitis; юн. myelos – мағзи устухон), илтиҳоби ҳароммағз. М. якумин ва дуюмин мешавад. М.-и якуминро вирусҳои нейротроп ба вуҷуд меоранд. М.-и дуюмин нисбатан маъмул буда, ҳангоми бемориҳои сироятӣ – грипп, сурхча ва ғ. падид меояд. Ангезандаи беморӣ ва заҳри онҳо ба ҳароммағз ворид гашта, муҷиби илтиҳоб ва тағйироти он мешаванд. Ҳамзамон пардаи ҳароммағз, решачаҳо ва танаи асабҳои он низ осеб меёбанд.
М., одатан, ба таври шадид хуруҷ мекунад: ҳарор. бадан баланд гашта, бемор табларза менамояд, сусту беҳолат мешавад, бисёр вақт нишонаҳои ба сарсом монанд падид меоянд. Баъд аз чанд соат ё 1 – 2 рӯзи оғози беморӣ аломатҳои осеби ҳароммағз ба мушоҳида мерасанд, мас., фалаҷ, ихтилоли эҳсосот ва фаъолияти узвҳои кос.
М. тадриҷан шифо меёбад. Аввал ҳасосият ва фаъолияти узвҳои кос барқарор шуда, сипас дасту пойҳо ба ҳаракат медароянд. М.-ро аз склерози мунташир, осеби ҳароммағз, хусусан сактаи он, фарқ кардан лозим аст.
М.-ро дар беморхона табобат мекунанд: антибиотикҳо, сулфаниламидҳо, доруҳои гормонӣ, антигистаминӣ, пешоброн, васеъкунандаи раг ва ғ. Тоза нигоҳ доштани рахти хоб ва пӯсти бемор аҳамияти калон дорад. Рӯзе чанд маротиба ба пӯст спирти кофур молида, беморро аз ним ба ним гардондан лозим аст. Дар аснои молиш хӯрдани пӯст ва пайдо шудани яғир аз афканишоти ултрабунафш, маҳлули 5% перманганати калий ва диг. воситаҳои табобат истифода мекунанд.
Пешомади беморӣ ба дараҷаи вазнинии он вобаста аст. Дар муддати 6 моҳи беморӣ беҳтар нашудани ҳоли мариз нишонаи хуб нест. Ба ҷараёни М. хусусан пневмония, систит, пиелонефрит таъсири бад мерасонанд.
О. Ҳ. Ҳусейнов.