Главная / Илм / МИКОБАКТЕРИЯҲО

МИКОБАКТЕРИЯҲО

mikobakteriyaМИКОБАКТЕРИЯҲО (Mycobacterium; юн. mykes – занбӯруғ ва бактерияҳо), як навъ мавҷудот, ангезандаи бемории сил. М.-ҳо гуногун мешаванд (М.-и одам, гов, парранда ва ғ.). М. қаламчашакл буда, дарозиашон 1 – 10 ва паҳниашон 0,2 – 0,6 мкм аст. Онҳо ба организм аз роҳи нафас, баъзан меъдаю рӯда ва пӯст ворид мегарданд. М. дар маҳсулоти ширӣ метавонанд муддати зиёд (мас., дар равған то 240 рӯз) маҳфуз монанд, вале дар натиҷаи ҷӯшондан баъди 30 дақ. нобуд мешаванд.
Ниг. низ Сил.
Қонуни тиб, китоби I, Д.,1991; Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1999.

Ю. Н. Нуралиев.

Инчунин кобед

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе - пойтахтиТоҷикистон

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон

Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …