Главная / Илм / МИЕЛОМА

МИЕЛОМА

mielomaМИЕЛОМА (Myeloma), бемории омосии бадфарҷом. Ҳангоми М. ҳуҷайраҳои плазмавӣ (миеломавӣ) ба мағзи устухон реша ронда, бофтаи онро табоҳ мегардонанд, фаъолияти хунофариро фурӯ менишонанд.
Маҳсули фаъолияти ҳаётии ҳуҷайраҳои миеломавӣ парапротеин – сафеда аз гурӯҳи иммуноглобулинҳо – мебошад. Ба пайдоиши М. тамоюли ирсӣ ва таъсири омилҳои гуногуни омософар ба организм мусоидат мекунанд.
Аломатҳои болинии М.: дарди устухонҳо (оссалгия), манбаъҳои сершумори табоҳат дар устухони ҷумҷума, қабурғаҳо, кос, сутунмӯҳра. Манбаъҳои табоҳат (деструксия) дар устухонҳои найчашакл низ ба вуҷуд меоянд. Ҳангоми тадқиқи таркиби мағзи устухон то 90% ҳуҷайраҳои миеломавӣ ба мушоҳида мерасанд. Таҳлили хун якбора афзудани СОЭ (то 50 – 80 мм/с)-ро нишон медиҳад.
М.-ро дар беморхона муолиҷа мекунанд. Пешомади беморӣ ҷиддӣ аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …