Главная / Илм / «МИЗОНУ-Т-ТИБ»

«МИЗОНУ-Т-ТИБ»

mizonu-tib«МИЗОНУ-Т-ТИБ», асари ҳаким Муҳаммадакбар ибни Муҳаммадмуқими Деҳлавии маъруф ба Арзонӣ (ваф. баъд аз с. 1718). Китоб мухтасаре дар бораи тамоми бемориҳои тан ва роҳҳои муолиҷаи онҳост. Он аз се мақола ва ҳар мақола аз чанд фасл иборат аст. Мақолаи аввал дар баёни аломати чаҳоргона, яъне ҳарорат, бурудат, рутубат ва юбусат, мақолаи дуввум дар баёни адвияи муфрада ва мураккаба ба ҳасби ҳоҷат ва ағзияи муносиби ҳол, мақолаи севвум дар баёни амроз ва илоҷи онҳо мебошад. С. 1882 Мирсаид Умар ном шахс бар ин китоб шарҳи муфассале бо номи «Уммону-т-тиб шарҳи Мизону-т-тиб» таълиф кардааст. Як нусха аз дастнависи ҷилди дуввуми ин шарҳ дар Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсӣ зери рақами 1729 маҳфуз аст. М. с. 1910 дар Лакҳнав (Ҳинд) ба табъ расидааст, ки аз 184 саҳ. иборат мебошад.
С. Шаҳобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …