Главная / Илм / МИЁНДАРА

МИЁНДАРА

miyondaraМИЁНДАРА, чашмаи минералии обаш сард. Дар соҳ. рости д. Ванҷ, 55 км шарқтар аз маркази ноҳия воқеъ аст. Баландиаш аз с. б. 3500 м. Дебиташ – 1 л/сон., минералнокии умумиаш – 1,65 г/л. Ҳарор. об +80С. Таркиби оби чашма аз ангидриди карбон (800 мг/л), катионҳои калсий (260 мг/л), натрий (116 мг/л), магний (47,0 мг/л), анионҳои гидрокарбонатҳо (342 мг/л), сулфатҳо (78,0 мг/л), хлоридҳо (1,0 мг/л), ҳамчунин микроэлементҳо – оҳан, никел, мис, бор ва руҳ иборат аст. Оби чашмаро барои муолиҷаи гастрит, бемориҳои захми меъда, рӯдаи дувоздаҳангушта, холетсистит, гепатит, пиелонефрит ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо истифода бурдан мумкин аст. Вобаста ба таркиби ионӣ ба обҳои нарзании Кисловодск шабоҳат дорад.
Ад.: Бобоходжаев И. Я., Давлатмамадов Ш. М., Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …