Главная / Биология / Ҳосил шудани тухм ва мева

Ҳосил шудани тухм ва мева

Ҳуҷайратухми бордоршуда (зигота) ба ду ҳуҷайра тақсим мешавад. Ҳар кадоме аз ин ҳуҷайраҳо дар навбати худ тақсим мегардад ва ғайра. Дар натиҷаи борҳо тақсим шудани ҳуҷайра ҷанини бисёрҳуҷайраи растании нав ташаккул меёбад.

hosilshavii-tuxmАз ҳуҷайраи калонтарини марказии халтаи ҷанин, ки бо нутфаи дуюм омехта шудааст, ҳуҷайраи эндосперм, ки дар он моддаҳои ғизой захира мешаванд, инкишоф меёбад. Ин моддаҳо барои ғизо ва инкишофи ҷанин заруранд. Аз пӯсти (пардаи) тухммуғҷа пӯстлохи тухм инкишоф меёбад. Баъди бордоршавӣ аз тухммуғҷа тухм ин- кишоф меёбад, ки аз пӯст, ҷанин ва захираи моддаҳои ғизоӣ ибо- рат аст.

Пас аз гардолуд ва бордоршавӣ ба ғӯра моддаҳои ғизоӣ ҷорӣ ғар- дида, вай тадриҷан ба меваи пухта табдил меёбад. Аз девораи ғӯра мевапарда ҳосил мешавад ва он тухмро аз таъсири шароити номусо- ид муҳофизат мекунад. Дар ташаккули меваи баъзе растаниҳо дигар узвхои гул низ иштирок мекунанд.

Вазифаи муҳимтарини мева — муҳофизат ва паҳн кардани тухм мебошад.

Ҳар якмева аз мевапарда ва тухм иборат аст. Тухм аз тухммуғҷа ҳосил мешавад.да девори сабзидаю шаклдигаркардаи ғӯраки гул мебошад. Аксар вақт дар ҳосилшавии мевапарда дигар қисмҳои гулбуни гардбарг, гулбарг, косабарг ва гулгоҳ иштирок мекунанд.

Гуногуншаклии меваҳо хеле зиёду сершумор (бузург) аст. Агар дар гул фақат як мевадон бошад, меваи аз он инкишофёфтаро содда меноманд (гандум, нахӯд, олуболу). Аз гуле, ки якчанд тухмдон дорад, меваи мураккаб ташаккул меёбад (марминҷон, тамашк). Тӯдамева аз тӯдагули тому яклухт дар натиҷаи ба ҳам пайвастша- вии якчанд меваҳо, ки як ҷузъи томро ташкил мекунанд, ҳосил мешавад (ананас, тут, лаблабу).

Аз рӯи миқдори тухм меваҳо ба меваҳои яктухма ва бисёртухма ҷудо мешаванд.

Вобаста ба он, ки мевапарда дар таркибаш чй микдор об дорад, меваҳо ба меваҳои тар ва хушк ҷудо мешаванд. Меваҳои тари пухта дар таркиби мевапардаашон мағзи сероб доранд.

Азбаски мева ва тухм хӯроки инсон аст, ӯ бисёр навъҳои нави сермаҳсулу хушсифати растаниҳоро ба вуҷуд овардааст. Мева ва тухм хӯроки чорво низ мебошанд. Онҳоро дар саноат ва тиб васеъ истифода мебаранд.

Дар навоҳии суб- тропикӣ растаниҳоеро парвариш мекунанд, ки қимати баланди хӯрока доранд (маса- лан, норанҷ (манда- рин), афлесун, анор, зайтун, чормағз ва ғайраҳо).

Дар манотиқи тропикӣ бошад, дарахтони қаҳва ва какавро мепарваранд. Аз тухми онҳо қаҳва, какао ва шоколад тайёр мекунанд. Меваҷоти муз (банан), норгил, дарахти “нон”, нағзак (манго) ва авокадоро со- кинони мамлакатҳои тропикӣ васеъ истифода мебаранд.

  1. Ҷанини бисёрҳуҷайраи растанӣ чӣ тавр ташаккул меёбад?
  2. Эндосперм чӣ тавр ҳосил мешавад ва он чӣ аҳамият дорад?
  3. Мева чӣ тавр ташаккул меёбад?
  4. Мевапарда чист?
  5. Меваи содда аз меваи мураккаб чӣ фарқ дорад?
  6. Вобаста ба миқдори об дар мевапарда меваҳоро ба кадом гурӯҳҳо ҷудо мекунанд?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …