Главная / Теги: Ҳикоя (страница 34)

Теги: Ҳикоя

Ҳикояи қарзи Ҳазрати Рисолат

kitob

Нақл аст, ки яке аз зуҳҳодро понсад дирам қарз баромада буд ва Ҳазрати Рисолат (с)-ро ба хоб дид, ки ӯро гуфт: – Бирав, назди Абӯлҳасани Кисоӣ, ки мардест аз машоҳири[1] Нишопур ва ҳар сол даҳ ҳазор бараҳнаро ҷома мепӯшонад. Ӯро бигӯй, ки: «Расули Худо (с) туро салом мефиристад ва мефармояд, …

Муфассал »

Ҳикояи Ҳазрати Сайиду-с-содот

Ҳазрати Абӯҳурайра

Овардаанд, ки марде буд, ки бар Ҳазрати Сайиду-с-содот (с) дар салавот коҳилӣ мекард ва эҳтимом дар он боб наменамуд. Шабе он Ҳазрат (с)-ро ба хоб дид. Он Ҳазрат (с) ба вай илтифот нанамуданд ва аз ҳар ҷониб, ки меомад он Ҳазрат (с) аз вай эъроз менамуд. Он бечора гуфт: Эй …

Муфассал »

Ҳикояи Танбеҳу-л-ғофилин

arab

Дар «Танбеҳу-л-ғофилин» овардааст, ки Суфёни Саврӣ (paҳ) гуфт: «Дар тавофгоҳ будам, мардеро дидам, ки қадам аз қадам барнамедошт, то бар Ҳазрати Рисолат (с) салавот намефиристод». Ва Суфён (paҳ) мегӯяд, аз вай пурсидам, ки: – Чӣ ҳолат аст, ки туро ба тасбеҳу таҳлил он эҳтимом намебинам, ки бар салавот. Бо он …

Муфассал »

Ҳикоя аз Абӯҳурайра (раз) аз Анас

arab

Ва ривоят кардааст Абӯҳурайра (раз) аз Анас (раз), ки вай гуфт: «Ҳар гоҳ ки падид овард Худои таоло Одам (а)-ро ва бидамид дар ҷисми вай рӯҳро ва бинову равшан гардонид чашмони вайро, то ин, ки назар кард ӯ ба сӯйи Арш ва дар зери Арш ногоҳ мактубе дид, ки дар …

Муфассал »

Хосиятҳои оби найсон

boron

Борони оби найсонро[1] гирифта, бар он об ҳафтод бор сураи «Фотиҳа» ва ҳафтод бор «Ояту-л-Курсӣ» ва ҳафтод бор сураи «Кофирун» ва ҳафтод бор калимаи «Субҳоналлоҳи ва-л-ҳамду лиллоҳи ва ло илоҳа иллаллоҳу валлоҳу Акбару ва ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳи-л-Алийи-л-Азим» ва ҳафтод бор калимаи «Ваҳдаҳу ло шарика Лaҳy Илоҳан …

Муфассал »

Озмоиши худованд се нафарро

ibni-zuhr

Дар китоби «Ал-луълуу ва-л-марҷон» аз китоби «Саҳеҳи  Бухорӣ» овардаанд, ки Абӯҳурайра (раз) гӯяд: Шунидам, ки Пайғамбар (с) гуфт: Дар байни қавми Банӣ Исроил се нафар буданд, ки яке аз онҳо ба марази барас[1] ва дуввумӣ ба бемӯӣ ва саввумӣ ба курии ҳар ду чашм мубтало буданд. Худованди мутаол хост ононро …

Муфассал »

Фахруддини Розӣ (Китоб)

kitobi-faxrudini-rozi

Мероси илмию адабии донишмандон ва мутафаккирони гузаштаи мардуми форсу тоҷик то кунун арзишҳои волои худро нигоҳ дошта, мутобиқи талаботи давру замон зарурати пурра пажӯҳишу баррасӣ намудани онҳо пеш омадааст, зеро шинохти шахсиятҳои бузургон ва омӯзишу таҳқиқи осори онҳо дар эҳёи анъана ва суннатҳои ниёгон, худшиносиву худогоҳии мардум, инчунин боло рафтани …

Муфассал »

Ҳусули ризқ тавассути дуо аз хазонаи ғайбии Аллоҳ

Ҳазрати Абӯҳурайра

Ҳазрати Абӯҳурайра (раз) ривоят мекунад, ки дар замони Расулуллоҳ (с) шахсе ба назди хонаводааш омад. Вақте ки онҳоро дар ҳолати фақру тангдастӣ дид, (ба хотири дуо намудан ба сурати илҳоҳу зорӣ) ба тарафи ҷангал рафт. Вақте ки ҳамсари некаш дид, ки шавҳараш ба хотири хостан аз Аллоҳ рафт, ӯ ҳам …

Муфассал »

ҲИКОЯҲО АЗ «ДАСТУР-УЛ-МУЛУК»

Вазир

Оварданд, ки яке аз вузарои мозӣ (гузашта) бар шахсе гуфт, ки аз омадшуди мардум ба танг омадаам. Он шахс гуфт: эй вазир, болиши иззат аз пеш бардор ва аз маснади вазорат бархез, ман зомин, ки туро касе озор надиҳад, дубора пеши ту як кас наёяд. Чунон ки гуфтаанд:  Пеши он …

Муфассал »

ҲИКОЯИ КАБКИ ДАРӢ  

maxresdefault

Овардаанд, ки кабки дарие дар доманаи кўҳе мехиромид ва ғулғулаи садои қаҳқаҳааш дар гунбади сипеҳр мепечид. Иттифоқо, бози шикорие дар он ҳаво мегузашт, чун кабки дариро дид, дилаш ба муҳаббати ў моил гашт ва ба худ андешид, ки дар ин олам ҳар касе бояд ёри мувофиқ ва рафиқи меҳрубоне дошта …

Муфассал »