Главная / Без рубрики / Озмоиши худованд се нафарро

Озмоиши худованд се нафарро

Дар китоби «Ал-луълуу ва-л-марҷон» аз китоби «Саҳеҳи  Бухорӣ» овардаанд, ки Абӯҳурайра (раз) гӯяд: Шунидам, ки Пайғамбар (с) гуфт: Дар байни қавми Банӣ Исроил се нафар буданд, ки яке аз онҳо ба марази барас[1] ва дуввумӣ ба бемӯӣ ва саввумӣ ба курии ҳар ду чашм мубтало буданд. Худованди мутаол хост ононро имтиҳон кунад, фариштаеро ба назди эшон фиристод. Ибтидо ба назди марди барас рафт ва ба ӯ гуфт:

  • Чӣ орзуе ба назди Шумо аз ҳамаи орзуҳо ширинтар ва маҳбубтар аст?

Гуфт:

  • Ширинтарин орзуям доштани рангу пусти зебост, чун мардум аз қиёфаи ман нафрат доранд.

Он фаришта дасташро бар сару сурати ӯ кашид ва осори барасӣ аз баданаш маҳв шуд, соҳиби рангу пусти зебое гардид.

Фаришта ба ӯ гуфт:

  • Чӣ навъ молу сарватеро дӯст дорӣ, тақозо кун.

Гуфт:

  • Шутурро дӯст дорам.

Як шутури даҳмоҳаи обистанро (ки ба назди арабҳо аз ҳар ҳайвони дигаре боарзиштар аст) ба ӯ доду гуфт:

  • Худованд дар он хайру баракат қарор диҳад.

Баъдан ба назди кал рафт ва гуфт:

  • Чӣ чизеро бештар аз ҳар чиз дӯст дорӣ?

Гуфт:

  • Муйи зебое, ки ин бемуиро аз байн бибарад, чун мардум аз ман дурӣ мекунанд.

Фаришта ба сару сурати ӯ даст кашид. Фавран сари ӯ хуб шуд, соҳиби муйҳои зебое гардид. Гуфт:

  • Чӣ навъ сарвату молеро дӯст дорӣ, тақозо кун.

Гуфт:

  • Говро дӯст дорам.

Говеро ба ӯ дод, ки обистан буд ва гуфт: Худованд хайру баракатро барои Шумо дар он қарор диҳад.

Сипас ба назди кур рафт ва ба ӯ гуфт:

– Ширинтарин орзуи Шумо чист?

 Гуфт:

  • Доштани ду чашми солим аст, то мардумро бо онҳо бубинам.

Бар рӯйи чашмонаш даст кашид, фавран Худованд чашмонашро солиму бино гардонид. Гуфт:

  • Чӣ навъ сарватеро дӯст дорӣ, тақозо кун.
  • Гӯсфандро дӯст дорам.

Гӯсфанди бачадореро ба ӯ дод.

Ин шутур ва гову гӯсфанд зоду валад намуданд, то ин ки аввалӣ дорои галаи шутур ва дуввумӣ дорои галаи гов ва саввумӣ дорои галаи гӯсфанд шуданд. Он гоҳ он фаришта ба назди марди абрас дар ҳамон шаклу қиёфаи собиқи ӯ рафт ва гуфт:

  • Ман фақиру бечора ҳастам, тамоми васоилу имконоти сафарам тамом шудааст. Ҳеҷ чораву паноҳе ҷуз Худо надорам ва баъд аз Худо бар Шумо паноҳ овардаам. Ба хотири Худое, ки ин рангу пусти зебо ва сарвати фаровонроба Шумо додааст, шутуреро ба ман бидиҳед, то битавонам ба василаи он ба манзилам баргардам. Гуфт:
  • Ман ҳуқуқ ва ҳарчи фаровоне ба ӯҳда дорам (наметавонам шутуреро ба Шумо бидиҳам).

Фаришта ба ӯ гуфт:

  • Мисли ин, ки ман Шуморо мешиносам, магар Шумо барас набудед, ки мардум аз шумо дурӣ мекарданд? Ва фақир набудед, ки Худованд Шуморо сарватманд намуд?

Гуфт:

  • Не, падар бар падар сарватманд будаам. Фаришта ба ӯ мегӯяд:
  • Агар дурӯғуй бошӣ Худованд туро ба ҳолати собиқ баргардонад.

Он гоҳ ба назди кал бо ҳамон сару сурати собиқи ӯ рафт ва он чи ба марди абрас гуфт ба ӯ ҳам гуфт. Ва айни ҳамон ҷавобро аз ӯ шунид, гуфт:

  • Агар дурӯғгӯй бошед, Худованд Шуморо ба ҳолати собиқ баргардонад.

Саранҷом ба назди марди кур ба сурати як нобино рафт ва гуфт:

  • Ман инсоне ҳастам фақиру мусофир ва нобино ва тамоми васоили сафар ва озуқаам тамом шудааст. Баъд аз Худо ҷуз ба Шумо ҳеҷ умеду паноҳе надорам. Шуморо ба касе қасам медиҳам, ки чашмонатонро ба Шумо баргардонд, гӯсфандеро ба ман диҳед, то ба василаи он битавонам худро ба манзил бирасонам.

Марди кур гуфт:

  • Қасам ба Худо, ба хотири ризои Худо, ҳар чиро, ки Шумо бихоҳед аз сарвати ман бардоред, аз шумо пас намегирам ва монеъ намешавам.

Он фаришта мегӯяд:

  • Сарвату моли Шумо барои Шумо хуб аст. Шумоён се нафар озмоиш шудед, Худованд аз ту розӣ ва аз ду нафари дигар норозист.

Қитъа:

Эй қамар баста касби рӯзиро,

Субҳхезӣ далели фирӯзист.

Баҳри хоби сабоҳ чашм мабанд,

З-он ки ин хоб монеи рӯзист.

[1] Барас – пес.

Инчунин кобед

tajhizot

Таҷҳизот барои ошхона

Аз куҷо дар Душанбе таҷҳизот барои ошхона, кафе, ресторан, ки аз пулоди зангногир — металли …