Главная / Маданият ва санъат / Ҳикоя аз Абӯҳурайра (раз) аз Анас

Ҳикоя аз Абӯҳурайра (раз) аз Анас

Ва ривоят кардааст Абӯҳурайра (раз) аз Анас (раз), ки вай гуфт: «Ҳар гоҳ ки падид овард Худои таоло Одам (а)-ро ва бидамид дар ҷисми вай рӯҳро ва бинову равшан гардонид чашмони вайро, то ин, ки назар кард ӯ ба сӯйи Арш ва дар зери Арш ногоҳ мактубе дид, ки дар вай навиштааст:

Аллоҳумма салли ало Муҳаммадин би адади кулли зарратин алфа алфа марратив-ва ало оли Муҳаммадив-ва борик ва саллим.

Ва гуфт Одам (а):

  • Парвардгоро, ба чӣ сабаб вай беҳтар аст аз ман?

Пас, фармуд Худованди таоло:

  • Бишнав, эй Одам (а), магӯй ин суханро, зеро ки ҳаройина, аз ин сухани ту хандиданд ҳамаи фариштагон, пас, агар намеофаридам вайро албатта, пайдо накарда будам туро ва зоҳир намекардам Рубубийяти Худро ҳаргиз ва вай аз зуррийяти туст.

Пас, саҷда кард Одам (а) аз рӯйи шукр Худои таолоро. Пас, он гоҳе, ки офарид Худованди таоло Ҳавво (а)-ро дар биҳишт аз устухони паҳлӯи Одам (а) ва истод дар паҳлӯи чапи вай. Чун бедор шуд Одам (а) аз хоби худ ва назар кард ба сӯйи вай ба муҳаббат ва ошиқ шуд бар вай ва пайдо шуд дар Одам (а) шаҳват. Пас, гуфт:

  • Парвардгоро, кист ин зани хубсураг, ки моил шуд дили ман ба сӯйи вай. Пас, сабр кардан наметавонам аз ин, ки назар накунам ба сӯяш?

Пас, фармуд Аллоҳи таборак ва таоло:

–  Он ки нишастааст наздики ту Ҳаввост.

Одам (а) гуфт:

– Парвардгоро, агар бидиҳӣ маро, накӯ гардад зиндагонии ман.

Худои таоло фармуд:

  • Биёр кобинашро.

Одам (а) арз кард, ки:

  • Парвардгоро, нест наздики ман чизе, магар ин як ҳуллаи биҳишт, ки ин ҳам атои Туст, пас, зан бидиҳӣ маро ба туфайли Муҳаммад (с).

Пас, фармуд Худованди азза ва ҷалла, ки:

  • Эй Одам (а), агар медонӣ ту фазилати Муҳаммад (а)- ро, пас, сазовор аст туро ин, ки дуруд хонӣ бар соҳиби ин исми шариф даҳ карат.

Пас, хонд Одам (а) бо ихлоси том даҳ карат дурудро ва ба занӣ гирифт Ҳавворо».[1]

[1] «Тазкирату-л-воизин». Саҳ. 175-177.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …