Главная / Маданият ва санъат / Фахруддини Розӣ (Китоб)

Фахруддини Розӣ (Китоб)

Мероси илмию адабии донишмандон ва мутафаккирони гузаштаи мардуми форсу тоҷик то кунун арзишҳои волои худро нигоҳ дошта, мутобиқи талаботи давру замон зарурати пурра пажӯҳишу баррасӣ намудани онҳо пеш омадааст, зеро шинохти шахсиятҳои бузургон ва омӯзишу таҳқиқи осори онҳо дар эҳёи анъана ва суннатҳои ниёгон, худшиносиву худогоҳии мардум, инчунин боло рафтани сатҳу сифати омӯзишу парвариш (таълиму тарбия) ва хубтару беҳтар гаштани донишу маърифат, маҳорату малака, одобу ахлоқи наврасону ҷавонон нақши муҳиму босазое хоҳад гузошт.

kitobi-faxrudini-roziМусаллам аст, ки дар ҳар давру замон ниёзи инсоният ба таълиму тарбия вуҷуд доштааст ва ин эҳтиёҷот ҳанӯз ҳам идома дорад ва дар оянда низ идома хоҳад ёфт, чунки насли наврас барои пешбурди ҳаёт, дастёбӣ ба касбу ҳунар, ризқу рӯзӣ, нутқу гуфтугӯ, илму маърифат ниёз ба мураббию омӯзгор дорад. Он таҷрибаву малакаеро, ки волидайн ба фарзандон, устодон ба шогирдон, калонсолон ба хурдсолон, мутахассисони соҳаҳои гуногун ба навомӯзон медиҳанд, инчунин аввалин ҳаракоту калимоте, ки аз тарафи мураббӣ ба кӯдак ёд дода мешавад, зери мафҳуми «таълиму тарбия» қарор мегиранд. Аммо таълиму тарбия дар натиҷаи раванд ва инкишофи мароҳили гуногуни худ, ба эътибори дастовардҳои ҳаёти одамӣ фароху густариш ёфтааст.  Гирифтани китоб >>> 

Дар ташаккулу такомули ин раванд дар ҳар гӯшаву канори олам, аз ҳар қавму миллат ахтарони равшану тобоне дурахшидаанд ва аз худ нуру сафоеро ҷиҳати таълиму тарбия, такмили одобу ахлоқи инсонӣ ба оламиён нурафшонӣ намудаанд. Аз ҷумлаи онҳо донишманди бузурги охири асри XII ва аввали асри XIII (V-VІ-и ҳиҷрӣ) Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Умари Розӣ аст, ки бо номҳои «Фахруддини Розӣ», «Имом Розӣ», «Фахри Розӣ», «Имом Фахр» маъруф гаштааст ва дар сарчашмаҳои таърихию таҳқиқотӣ дар бораи ӯ маълумотҳои зиёду гуногуне ба мо расидаанд. Чунонки устод Нозир Арабзода қайд намудааст, таваҷҷуҳ ба шахсият ва таълимоти Фахруддини Розӣ ҳанӯз аз давраи зиндагиаш оғоз гашта, то кунун дар бораи ӯ ва афкору осораш дар сарчашмаҳои илмию адабиёти тадқиқотӣ маълумоти фаровоне дарҷ гардидааст. Аммо аксари муҳаққиқону таърихнигорон ӯро ҳамчун донандаи ҷумлаи улуми замонааш, дар радифи файласуфони машҳуру маъруф ном бурдаанд, ҳатто ихтилофи назар намудаанд, ки оё Фахруддини Розӣ файласуф аст ё мутакаллим ва мо шарҳи ин мавзӯъро дар оянда зикр хоҳем кард. Мувофиқи гуфтаи Н. Арабзода дар замони ҳукумати шуравӣ аввалин бор М. Н. Болтаев ҷаҳонбинии фалсафӣ ва мантиқии Ф. Розиро дар асари худ «Масоили гносеологӣ ва мантиқӣ дар осори Ибни Сино ва мактаби ӯ» (Душанбе, 1966) баён кардааст. Сипас Н. Наимов дар мавзӯи «Ақидаҳои фалсафӣ ва мантиқии Фахруддини Розӣ» диссертатсияи номзадӣ навиштааст.

Худи Н. Арабзода соли 1993 рисолаеро ба табъ расонидааст, ки дар он роҷеъ ба ҳаёт, ақоид ва муҳимтарин масоили ҷаҳонбинии фалсафии Фахруддини Розӣ сухан кардааст. Чӣ тавре ки маълум мегардад, то ин дам муҳаққиқони мазкур бештар ба ҷаҳонбинӣ ва масоили фалсафии Ф. Розӣ рӯ оварда, онҳоро то ҳадди имкон таҳлилу баррасӣ кардаанд.

Хонандаи мӯҳтарам, рисолаеро, ки дар даст доред, дар заминаи осори дастрасгаштаи Фахруддини Розӣ ва дигар манобеи таърихию тадқиқотӣ таълиф ёфта, бештар ба масоили тарбиявию ахлоқӣ ё худ афкори педагогии Ф. Розӣ равона гардидааст, ки онро дар илми фалсафа «Фалсафаи иҷтимоӣ» гуфтаанд: «Илми ахлоқи Фахруддини Розӣ, ки аз рӯи анъана фалсафаи амалӣ номида мешавад, ба таълимот дар бораи нафс асос ёфта, таҳқиқи афъолу хислатҳои ахлоқии инсон ва ҳаёти иҷтимоии ӯро дар бар мегирад»1. Сабаби пайгирии мавзӯи мазкур қабл аз ҳама пешниҳоди устоди гиромиқадр М. Лутфуллоев ва баъдан рӯ овардан ба осору афкори ниёгон, омӯзишу пажӯҳиш ва истифодаи онҳо дар замони муосир ҷиҳати хубтар гаштани раванди таълиму тарбия ва камолоти одобу ахлоқи инсонӣ мебошад, зеро замони имрӯза бо вуҷуди дастоварду пешравиҳои илмию техникиаш, аз заъфу норасоиҳои адабию ахлоқӣ, таблиғу ташвиқ ва таҳоҷуми фарҳангҳои бегона орӣ нест. Аз ин рӯ, ба андешаи банда омӯзиш ва истифода аз осору афкор, тавсияву пешниҳодҳои олимону мутафаккирони гузашта, ба хусус ниёгон дар рафъи ин мушкилот кӯмак хоҳад расонид.

Рисола бо баёни муҳити сиёсию иҷтимоии даврони Фахруддини Розӣ, чигунагии ҷараёни афкору ихтилофоти мазоҳибу фирқаҳои мавҷуда ва мактабҳои ақидавию фалсафӣ, инчунин зиндагиномаву осори Ф. Розӣ оғоз гашта, сипас бо баёни афкори тарбиявии Ф. Розӣ ва нақши он дар тарбияи насли наврас ва хулосаву натиҷагирӣ интиҳо меёбад. Ёдовар мешавем, ки ҷиҳати осонии фаҳми хонанада баъзе калимоту ибороти душворфаҳмро дар қавсайн ё поварақ тарҷумаву шарҳ додаем. Матолиби рисола бештар дар асоси манобеи мавҷуда дар ду макон: Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи академияи илмҳои Тоҷикистон ба номи Индира Ганди таълифу тадвин шудааст. Танҳо як асари Ф. Розӣ бо номи «Ал-фиросат» аз тариқи шабакаи интернет, ки дар маҷаллаи «Таърихи илм» (шумораи чорум, соли 1384 ш. дар Теҳрон) ба табъ расидааст, ройгон дастрас гашт. Аз ин хотир ба кормандони ин ду китобхона ва маҷаллаи мазкур, инчунин ба устодони азизу гиромӣ М. Лутфуллоев, Я. Одинаев ва Н. Қличева ҷиҳати кӯмаку дастгирӣ ва маслиҳату роҳнамоӣ дар таълифи ин рисола изҳори сипос менамоем ва аз хонандаи азизу арҷманд барои камбудию норасоиҳои ҷойдошта дар рисола пӯзишу бахшиш мехоҳем.

Зиндагӣ ва фаъолияти Фахруддини Розӣ  Муҳити иҷтимоию сиёсӣ ва фалсафию фикрӣ дар  замони Фахриддини Розӣ.

Мактабҳои илмию адабӣ ва фалсафии мардуми форсу тоҷик дар роҳи инкишоф ва такомули худ таърихи дарозу тӯлониеро аз сар гузаронидаву басо донишмандону мутафаккирони барҷаставу машҳурро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст. Аз ҷумлаи онҳо Абӯабдулло Муҳаммад ибни Умари Розӣ мебошад.

Ҳаёту фаъолияти Фахруддини Розӣ ба нимаи дуввуми асрҳои ХII (5-ҳиҷрӣ) ва оғози асри ХIII (6- ҳиҷрӣ) рост меояд, ки дар он айём дар ҳудуди хилофати Аббосӣ, давлатҳои мустақил ва ниммустақил арзи ҳастӣ мекарданд. Сабаби пайдоиши ин гуна давлатҳоро муаррихон дар заъф ва нотавон шудани хилофати Аббосӣ баъд аз як қарни ҳокимияти он арзёбӣ кардаанд. «Муддати асри Аббосӣ аз соли 132 (ҳиҷри-қамарӣ) то соли 656 ҳ. қ., яъне 524 сол аст. Салтанати бани Аббос дар ин муддат таҳаввулоти зиёд ёфт ва пас аз як қарн, ки дар ниҳояти азамат ва тавоноӣ буд рӯ ба заъф ва инҳитот ниҳод»23. Мусалам аст ки заъфу нотавонӣ ва бепарвоию ғафлат метавонад сабаби ҳар гуна қиёму шӯришҳои иддае аз одамон гардад. Ин ва дигар омилҳое пайдо шуданд, ки аҳли Хуросон ба қиём бархостанд, дар натиҷа давлатҳои мустақилу ниммустақил дар ҳудуди хилофати Аббосиён ба тадриҷ ба вуҷуд омаданд. «Қиёмҳои низомию сиёсии Хуросониён ва заъфи умумии дастгоҳи хилофат мунтаҷ ба ташкили давлатҳои нимамустақил ва мустақили Тоҳирӣ, Сафорӣ ва Сомонӣ гардид».

Ин ҷараён ба хусус аз асри чоруми ҳиҷрӣ шиддат гирифт ва мунҷар ба пайдоиши ҳукуматҳои мухталиф гардид, ки бо ҳамдигар рақобат доштанд ва мавқеъу нуфузи якдигарро танг карда аз миён мебурданд. Монанди Тоҳириён4, Сафориён5, Сомониён6, Ғазнавиён7, Салчуқиён, Ғуриён, Қарахониён ва Хоразмшоҳиён. Ҷараёни мазкур то замони ҳамлаи Муғул идома дошт. Аз миёни давлатҳои мазкур Сомониён ва Хоразмшоҳиён бо вижагиҳои хоси даврони худ зоҳиртару фарқкунандатар маҳсуб мешаванд. «Дар ин ҷо сирф ёдовар мешавем, ки аҳди Сомониён яке аз дурахшандатарин ва олитарин давраҳои таърихи ин сарзамин аст. Аз як тараф русум ва сунани қадим эҳё гашт ва аз тарафи дигар таваҷҷуҳ ба шеър ва адаби дарӣ муҷиб шуд, ки кутуби бешуморе таълиф ва тадвин гардад ва уламо ва шуарои номдоре зуҳур кунад»

Фарқияти Хоразмшоҳиён бештар бо пирӯз гаштани онҳо бар рақибони худ ва бузург сохтани давлати хеш, мебошад. «Ҳукуматҳои маҳаллӣ монанди Атобакони форис ва Озарбойҷон ва Луристон ва бақоёи давлати Салчуқӣ дар мағриби Эрон дар баробари қудрати Хоразмшоҳиён ё таслим ва ё нобуд шуданд… Хоразмшоҳиёни оли Отсиз дар давраи Муҳаммад ибни Алоуддини Текеш тамоми ҳукуматҳои ҷузъии Эронро тобеи худ сохтанд…»

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …